Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сабки забони мо

Забони нишонрас, пухта ва пурбор барои ҳар касе, ки бо сухан сари кор дорад, ҷовидона арзишманд хоҳад буд, чӣ барои як навқаламе, ки мехоҳад, биомӯзад ва чӣ барои як кӯҳнакоре, ки гумон мекунад, кайҳо дасташ рост шудааст. Рӯзгори ҷавонӣ аз омӯзгоре шунида будам, ки мегуфт, агар забони равон мехоҳед, ба ғайр аз шеъри бузургони гузашта “Ҳазору як шаб”,  “Гулистон”, “Чор дарвеш” ва “Самаки айёр” бихонед.

Пеш аз он ки хонданро ёд гирем, забонро аз модари худ меомӯзем. Он чӣ модар ба кӯдакаш мегӯяд, шояд рангинтарину ширинтарин забон дар ҷаҳон аст. Ҳанӯз суханони модарам дар гӯшам садо медиҳанд ва ба навиштаҳом менишинанд. Баъдаш афсонаҳои бибиям, ки дилгудозтарини онҳо “Рустаму Сӯҳроб”, “Сабзпарӣ” ва “Водареғ” буданд.

Аз китобҳои зиёди дигар низ мешавад сухан омӯхт. “Синдбоднома”, “Калила ва Димна”, “Саргузашти Ҳотам” ва “Қобуснома”. Албатта, дар канори “Шоҳнома” ва садҳо шеъру ғазали шоирони бузурги форсу тоҷик. Овони ҷавонии мо насри классикӣ камтар ба чоп мерасид. Аммо тавре имрӯз дар “Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ”-и Маликушшуаро Баҳор мехонем, нақши наср дар ҳифзи забони мо низ хеле бузург будааст ва ӯ низ ба таври намуна аз ин китобҳои бостонӣ ном мебарад.

Хондани “Сабкшиносӣ”-и Баҳор ба паймудани роҳи пуршебу фарози забони миллии мо монанд аст. Роҳе, ки ин забони бостонӣ гоҳе бо ҳазорон уштур “симу зар” ва гоҳе ҳам бо як кашкӯли дарвешӣ тай карду ба ин ҷо ва имрӯз расид. Арзишмандии илмии он ба ҷои худ, вале ба гунаи рамзӣ ин китоб як ҳушдорест ба имрӯзиён, ки забони мо дар ин роҳи дароз бадбахтиҳои бузургеро дид, вале зинда монд. Ин забони ширин дар аҳди Сомониён дар Бухоро шакл гирифт ва аз Хуросон то ба Исломбулу Ҳайдаробод, аз Ганҷа то Басра доман паҳн кард. Аз он садаи заррини Оли Сомон то ба имрӯз чӣ зӯровариҳое сари он нашуда! Садсолаҳо онро бо арабӣ омехтанд ва сипас бо муғулӣ, аммо ҳамеша нависандагоне пайдо шуданд, ки бори дигар забону сабки содаву ширини аҳди Сомониёнро зинда карданд ва ҳар эҳё шукуфтанҳое ба дунбол дошту то ба кунун дорад.

Маликушшуаро Баҳор менависад: “зуҳури назму насри дарӣ, ки осори Рӯдакию Шаҳид ва Фирдавсию Балъамӣ ва Абулмуайяду “Таърихи Систон” намунаи зебои он аст, мерасонад, ки ин забон лаҳҷаи хоси мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва Нимрӯзу Зобулистон будааст ва мардуми мағрибу марказ ва шимолу ҷанубу ғарбии Эрон, ки то дере ҷуз ба паҳлавӣ ва табарӣ сухан намегуфтанд, баъд аз нашри осори адабии дарӣ аз Хуросон ба соири булдони Эрон, онон низ аз ин шеваи зебо пайравӣ карданд ва рафта-рафта аз гуфтан ашъори фаҳлавӣ ё розӣ, ё табарӣ, ё  насри табарӣ ва паҳлавӣ, ки дар асри Даёлима мутадовил будааст, даст бардоштанд ва тобеи сабку лаҳҷаи ширину саҳлулмахраҷи дарӣ гардиданд.” (“Сабкшиносӣ”-и Маликушшуаро Баҳор, баргардони Ш. Исрофилниё, Н. Саркоров, зери назари Н. Салимов, талхиси Сайидабутолиби Миробидинӣ, муҳаррирон Қодири Рустам, Мубашшир Акбарзод, Душанбе, нашриёти “Бухоро”, 2012, саҳ. 50)

Аз ин китоб рӯшан мешавад, ки нишонаҳои забони ин ё он рӯзгорон беш аз ҳама на дар назм, балки наср мондагор мешаванд ва Баҳор аз рӯи ин нишонаҳо, монанди ҷумлабандӣ, сабк, нақли қавл, корбурди пешоянду пасояндҳо ё вожаҳои хос роҳи тайкардаи забони моро мепажӯҳад ва мебинад, ки дар ҳар давроне чӣ дигаргуниҳо пеш омадаанд. Ӯ шояд дониста, бахшҳоеро, ки ин ё он рӯзгори муайянро қаламдод мекунанд, бо сабки наздик ба сабки ҳокими он айём менависад. Биноан, хондани бахшҳои марбут ба давраи арабзадгии форсӣ сахт ва бахшҳои пайваст ба давраи соданависӣ осону сабук аст. Оне ки ба “Гулистон”-и Саъдӣ мерасад, сабки бостонро эҳё мекунад. Вале шояд беҳтар буд, муаллиф ҳамаи китобро якдаст ба сабки аҳди Сомониён менавишт, чун ин китоб имрӯз ба тоҷикон мисли обу ҳаво даркор аст.

Ин китоб ба мо арҷгузорӣ ба корномаи гузаштагон ва эҳтиром ба забонро ёд медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар вожаи ноби забони мо як қатра аз хуни нависандагони фарҳехтаи мост, ки барои зинда мондани ин забон ва ин миллат рӯи сафҳа рехтаанд. Агар мо ба қадри қаҳрамонии онҳо нарасем, аз чашми бино маҳрум хоҳем буд. Беэҳтиромӣ ба ҳар ҳарфи ин забон тфу кардан ба таърихи ниёкон аст.

“Сабкшиносӣ”-и Маликушшуаро Баҳор дар рӯзгороне нашр шуда, ки бархе аз соҳибони забон дар бораи забони модарии худ дилсардона сухан мекунанд ва камсаводии худро аз камзарфии забони модари худ медонанд. Онҳо зери ниқоби “навоварӣ” вожаҳои бегонаро бебаркаш ба забон меоранд ва аз ҷумлабандиҳои қолаби русӣ нараҳида, фикри сусти худро ба қолабҳои дигари бегона ҷой мекунанд, то донову фозил намудор шаванд. Як бор ин китобро бихонанду бубинанд, ки чи чизе аз куҷо меояд ва чӣ гуна пасомадон нависандагони каҷзабону нусахбардорони фазилатмаобро лаънат фиристодаанд. Баҳор ба нақл аз онҳо ин рафторро “фасоди забон” меномад. Дар чанд даврае аз таърих, ба гуфтаи Баҳор, рӯзгороне шуда, ки “ғолиби босаводҳо наметавонистанд, ду сафҳа матлабе мутобиқи воқеъ марқум доранд, вале ҳамонҳо метавонистанд, панҷоҳ сафҳа ташбибу муқаддима дар ҳар мавзӯе (…) бинависанд.” (саҳ. 507)

Дар ҷои дигар меорад: “ва эй кош, дар навиштани китобу нома ҳамон забонро, ки бад-он бо падару модар ва фарзанду зан сухан мегуфтанд, ба кор баранд, ки агар чунин будӣ, ҳам луғоту истилоҳоти бисёре аз аҳди қадим барои мо боқӣ мондӣ ва ҳам фаҳми ибороти он кутуб осон шудӣ ва ҳам ин қадр луғоти тозӣ (арабӣ — С.А.) ба ҷои луғоти форсӣ вориди забон нашудӣ ва луғоти форсӣ фаромӯш нагаштӣ… (саҳ. 558)

Эй кош, ошиқони ин забон бештар аз хоинони он мебуданд! Ва эй, кош, хоинони он забоне барои ҳарф задан надоштанд!

Албатта, Баҳор пазируфтааст, ки ҷовидона рӯй надодани дигаргуние дар забон номумкин аст, вале моро савганд додааст, ки бояд дар пуштибонии появу бунёд ва дастури забони худ сусту хоболуд набошем.

15.07.2012 - Posted by | Адабиёт, Забони модарӣ, Китоб, Таърих, Фарҳанг, Худшиносй

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: