Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Набард бо нафс

Аз субҳи имрӯз ҳама одатҳо дигар мешаванд. Оҳ аз он одатҳое, ки ин ҳама солу моҳу рӯз мехоҳанд, бар ман пирӯз оянд! Акнун бояд ман бар онҳо дастболо шавам. Худоё, тавонам бидеҳ! Ин як имтиҳон аст. Аммо чӣ зарурат ба худситезӣ ва ранҷ додани бадани худ, ки назди ҷон арҷ дорад?

Сар аз имрӯз дида ва санҷида хоҳад шуд, ки хӯрок барои инсон ба он дараҷае, ки бояд тамоми чиз бар пояаш сохта шавад, муҳим набудааст. Аммо Худо инсонро ва на танҳо инсон, миллионҳо махлуқро даҳону шикам додааст. Ин мӯре, ки ба рӯи замин меравад, ба дунболи чист? Вале ҳоло фурсати имтиҳон расид. Сахт бошад ҳам, намемурӣ агар соатҳое худро бидорӣ ва бо нафси хеш дасту панҷа нарм кунӣ. Дидӣ, ки ин субҳ чизи зиёде хӯрда натавонистӣ. Достони ҷолиби устод Адаш Истад ба ёд меояд, ки шахсе буду дар шикамаш море дошт. Ин мор буд, ки мардро ба итоати хеш оварда буд ва ӯро ба андешаву кирдори паст маҷбур ва дар ниҳоят шармсор мекард.

Дар шиками ришвахорони мо чӣ морҳои бузурге хуфтаанд! Морҳое, ки мисли ҳамтоёни худ дар китфони Заҳҳок ҳаргизу ҳаргиз сер нахоҳанд шуд. Аз Парвардигор бояд хост, ин пулдорони носерамро низ ба ҷанги зидди моронашон сафарбар кунад. Пирӯз хоҳанд гашт ё бой хоҳанд дод? Агар аввалӣ, пас ҳоло умеде ҳаст, ки ҷомеа ба сӯи доду инсоф хоҳад рафт ва агар дувумӣ, онҳо худ ба мор табдил хоҳанд шуд.

Нафс ҷудонопазир асту ангезандаи асосии талошҳои инсон, аммо вақте ба ҳама чизи дигар бартарӣ меёбад, ба иблисе бадал мегардад, ки роҳи касро ба ҷаҳаннам ҳамвор мекунад. Ба он намешавад, аммо зиёди он кушандаи виҷдону инсоф аст.

Чӣ имтиҳони сангин! Вале зарур. Дар ҳамаи дину мазҳаби олам ин имтиҳон ҷой дорад. Бо шумори гуногуни рӯзҳо ё шабҳо ва расму оинҳои мухталиф, вале ҳамон як ҳадаф – пирӯзӣ бар нафс ва худхоҳӣ.

20.07.2012 - Posted by | Дин, Инсон, Табиат, Таҷриба, Фарҳанг, Худшиносй |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: