Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Захми табарамалиёт

Нахустин андешаи ман бо шунидани хабари оғози амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ ин буд, ки то куҷо ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон ҳисобшуда ва мантиқист. Ҳисобшуда то охир ва мантиқӣ бар пояи қонун. Гумон намекунам, ин тасмими сахту сангинро ба осонӣ гирифта бошанд, аммо раванди ҳаводис нишон дод, ки пайомадҳои он дақиқ ва пурра пешбинӣ нашудаанд.

Табъан, сокинони Хоруғ гунаҳкор набуданд, ки солҳо ба ин сӯ дар шаҳри онҳо гурӯҳҳои худсаре амал мекарданд, ки ба гуфтаи мақомоти давлати Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ҷанги дохилӣ силоҳи худро насупурданд ва сар аз соли 2006 собиқаи ҷиноӣ пайдо кардаанд. Баръакс, ин камбуди худи мақомоти давлатӣ буд ва гуфта мешавад, сокинони Хоруғ аз ин беқонунӣ ранҷ мебурданд. Пас чаро ҳамин сокинони ҷабрдида, гӯё ба хотири раҳоӣ аз фишори гурӯҳҳои худсар зери тиру туфанг ва тарсу ваҳшат гузошта шуданд?

Ин дар ҳолест, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро олитарин арзишҳо мешуморад ва ҳаёт, номусу шараф ва дигар ҳуқуқи зотии инсонро дахлнопазир медонад. (Ниг. Қонуни Асосии Тоҷикистон, банди 5.) Дар ҳамин банд гуфта мешавад, ки давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эҳтиром ва ҳимоят мекунад. Дар банди 18-и Қонуни Асосӣ гуфта мешавад, ки ҳар шахс ҳаққи зиндагӣ дорад ва ҳеҷ кас аз ин ҳақ маҳрум шуда наметавонад, магар бо ҳукми додгоҳ барои ҷинояти махсусан вазнин. Банди 20 – Ҳеҷ кас то эътибр пайдо кардани ҳукми додгоҳ гунаҳкори ҷиноят шумурда намешавад.

Ҳоло ин масъала, ки то оғози амалиёт давлат чӣ андоза амрҳои Қонуни Асосиро иҷро кард ва то куҷо мардум аз ҳуқуқу озодиҳои худ ва ҳамчунин ғамхории давлат бархӯрдор буданд, чизи дигар аст, бадбахтона, тарроҳони амалиёт фикр накарданд, ки бе ин ҳам хоҳарону бародарони бадахшии мо ба сабаби вижагии забону мазҳаб ва камшумории худ як эҳсоси танҳоӣ, камзарфӣ ва ҳатто то андозае бегонагӣ бо бақияи аҳолӣ доштаанд ва чунин бархӯрди хашинро ба гунаи дигар хоҳанд пазируфт. Раҳбари ҷомеаи тоҷикони вилояти Твер, Муқим Майбалиев дар шабакаи телевизионии “Дожд” гуфт, ки мебоист аввал бо даҳҳо афроди доно ва мутахассис машварат мешуд, ки чунин як амалиёт чӣ пайомадҳо хоҳад дошт ва бо чӣ зарофате бояд ҷараён гирад. Аслан, аввал мебоист ҳамаи роҳҳои дигар озмуда мешуд ва зӯрӣ охирин гузина мебуд. Он ҳам ба шевае бо камтарин осеби мумкин ба ҷону мол ва рӯҳу равони мардум.

Дар чанд навори видео метавон дид, ки амалиёт дар нуқоти муайяни шаҳр ҷараён ёфтааст, аммо чаро пеш аз оғози он мардуми одӣ ба минтақаи амн кӯч дода нашуд? Чаро ба хотири чанд нафар тамоми аҳолии шаҳр ба гаравгонони ҷанг табдил ёфтанд?

Дуруст аст, ки бо муовини сардори ситоди марзбонии Ишкошим Толиб Айёмбеков, ки дар қатли сардори Раёсати амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров айбдор мешавад, гуфтушунид сурат гирифта, ноком гаштааст. Аммо дар ин сурат, яъне таҳдии воқеие, ки ба мақомоти давлатӣ иҷозат намедиҳад, салоҳиятҳои худро иҷро кунанд ва ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат, бино бар банди 46-и Қонуни Асосии Тоҷикистон мебоист аввал вазъи фавқулода эълон мешуд. Вале ҳатто дар он ҳолат низ банди 47 мегӯяд, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бояд риоят шаванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт ва ҳаракати озодона.

Гуфта мешавад, ба амалиёт вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев сарварӣ мекунад. Дар бархе аз акс ва видеоҳо сарбозони артиши Тоҷикистон дар кӯчаҳои Хоруғ дида мешаванд. Ҳол он ки тибқи қонунҳои кишвар артиш ҳомии истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Он бояд посухи таҷовуз аз хориҷро диҳад, дар ҳифзи марз кӯмак намояд, қаламрав ва ҳарими ҳавоии кишварро ҳифз кунад. Агар қарор буд, артиш дар амалиёти боздошти дастае аз гумонбаршудагони ҷиноят ширкат кунад, боз ҳам мебоист, бо эълони вазъи фавқулода қарори истифодаи он дар амалиёт ба тасвиб расида ҳарду палатаи порлумон аз ин қарор ҳимоят мекарданд. Чунин нашудааст. Ин дар ҳолест, ки хабар мерасад, асосан аксарбачаҳои наврас ба хатти аввал фиристода мешудаанд ва намояндагони артиш аз бозпас гирифтани як сарбози асир даст кашидаанд.

Албатта, шояд аз қонун ҳарф задан дар ин шароит як “донкихотизм” бошад, аммо агар ҳама кор бар пояи қонун мешуд, иддаои ҳимоят аз қонун низ боварбахш садо медод ва пайомадҳои иқдом низ аз пеш рӯшантар мегашт. Бисёр чизҳо баҳонаанд ва решаи рӯйдодҳои хунини Хоруғ шояд хеле амиқтар аз таҳаввулоти чанд соли охиранд. Ин решаҳоро бояд аз сулҳи нотамом ва ноодилонаи соли 1997 миёни ҳамин ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик ҷуст. Аз мансабтақсимкуниҳову мансабфурӯшиҳои он давра ва оштии бидуни сидқ.

Раҳбари ҷомеаи тоҷикони вилояти Твер, Муқим Майбалиев дар шабакаи телевизионии “Дожд” аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самимона ташаккур кард, ки ба қатъи амалиёт дар Хоруғ дастур додааст. Воқеан иқдом ба қатъи амалиёт вазъро оромтар кард. Аммо ин шояд ягона сипосгузории як зодаи Бадахшон аз раҳбари давлат буд. Дар Фейсбук ва ҳазорон шарҳе, ки дар торнамоҳои дигар мунташир шудаанд, хашму ғазаб ва нафрати зодагони Бадахшон аз чаҳоргӯшаи ҷаҳон мисли борон меборад. Агар амалиёти густардаи ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз ангезандагони ин нороҳатӣ буда бошад, қатъи куллии робитаи телефонӣ бо Хоруғ иллати асосии он аст. Ҳар шахс агар худро дар ҷои як зодаи Хоруғ бигузорад, ки наметавонад садои азизони худро дар ин рӯзҳои сахт шунавад ва бо ҳамдардию дуое онҳоро дилдорӣ диҳад, хуб дарк мекунад, ки ин чӣ дарди сангинест. Аз сӯи дигар, вақте аз забони пайвандони худ ҳақиқати ҳолро намешунавад, ба ҳар дурӯғу овозае, ки интернетро саршор кардаанд, бовар мекунад ва албатта, дили ӯ пур аз ваҳшату кинаву танаффур мешавад.

Вале хуб аст, ки забонаи ин оташ ҳамзамон бо қатъи амалиёт поин омад ва ҳоло фурсатест, ки иштибоҳҳо ислоҳ ва роҳи беҳтари ҳалли мушкил пайдо шавад.

30.07.2012 - Posted by | Амният, Сиёсат, Қонун, Ҷомеа | , ,

6 Comments »

  1. Вы задаете правильные вопросы. Жаль, что никто из правительства на них скорее всего не ответит.

    Comment by Alexander Sodiqov | 01.08.2012 | Reply

  2. […] his blog, Tajik journalist Salim Ayubzod questions [tj] the legality of the recent military operation launched by the government in Gorno-Badakhshan, […]

    Pingback by Tajikistan: Legality of Government Military Operation Questioned · Global Voices | 01.08.2012 | Reply

  3. Сунатулло 30 июл, 2012 – 13:36

    Салим бародар аз конун зиёд харф мезанй. Пеш аз амалиёт машварат лозим мегуй. Хамон чинояткороне, ки генерали хукумата куштанд, низ одамони хукумат буданд, ба кавле. Чаро онхо машварат накарда, уро вахшиёна куштанд? Русия ба Чеченистону Абхозистону дигар чойхо барои нобуд сохтани чинояткорон низомиёнро сафарбар мекунад, чаро бо одамони боакл машварат намекунад? Як фикр кун!

    Comment by aioubzod | 30.09.2012 | Reply

  4. Тоҷикписар 7 август, 2012 – 17:02

    Сунатулло бародар чунон гап мезанед, ки гуё шумо қотилони худораҳмати генералро ёфтеду ҳукм баровардед. Наход генерал бо муҳофизонаш дорандаи силоҳ бошанду уро 4 нафар бо кордча ба шаҳодат расонанд?Чаро муҳофизон барои сардори худ ҷонфидои накарданд? чаро онҳоро ба додгоҳ накашиданд?Чаро ин масъаларо додситон неву қувваҳои мусаллаҳ пеш бурдаистодаанд? Чаро пеш аз амалиёт шаҳрвандони хориҷиро бароварданду мардуми маҳаллиро не? оё генералро 4 нафар ҷинояткор ба қатл расонд ё 200 000 бадахшиҳо? аскароне, ки аз карнтин нагузашта, ягон маълумоти арбӣ надашта, онҳоро дар амалиёт пашсаф карданд ва онҳо силлоҳашонро ба мардум тақдим карданд.

    Comment by aioubzod | 30.09.2012 | Reply

  5. Ширинбек 15 август, 2012 – 15:38

    Точикписар! Инчо боз хамон стереотипи авзоъ муташаннич нашавад кор додааст, ки генерал фармони хамларо ба мухофизонаш надодааст.Президент чанд бор онхоро авф карданд. Фикр карданд, ки ин чинояткорон окибат мефахманд, ки кори гайриконуни доранд. Охир он чор нафар мисли занон дар пушти мардуми бегунох пинхон шуданд. Дигар ин ки тибки хабархо дар он тарафи марз мучохидони афгон чамъ шуда буданд. Барои хамин хукумат аскар даровард. Охир мо як чумхурй хастем. Чй хел марказ хукук надоштааст, ки ба каламраваш аскар барад. Хонаи Лангариро зад, ончо хам одамони осоишта курбон шуданд, барои чй садо баланд накардед? Дар ончо хам аз армия истифода шуда буд-ку?!

    Comment by aioubzod | 30.09.2012 | Reply

  6. sunnatullo kitob khondan darkor na afsonai buzaki jingilapo tu avval bifahm ki russiya chi zulm bar sari in millatho ovard va baroi chi? bahd bifahm ki u generaltro ki kusht va baroi chi ? bahdash bidon ki baroi yak rikhe ki bo takhmina dolyai geraini afghonistonro taksim karda natavonist dar kishvar dodgoh milica ubop kngb va digar sturukturhoyand ki boyad kotilro paido kunand na 4000 saldate ki tirro faghat dar hamon ruz dodand va beshtarashon hamdigarro meparondand ba joi mujohidini khalkro bo chashmoni pushida dushmanro nameshavad parondan shumo fikr nakuned ki pomir shikast khurd u nav inergi girift va fikr kun ki yak kishvar mukobili yak shahri khorugh shikast khurd in nishonai pastivu notavonii afsaroni tojikiston ast va inho boyad az sharm girya kunand yak lashkari yak kishvari mustakil az dasti 20 nafar shikast khurdand ha ha ha ha hej pomeri khudashro az tojikiston judo kardani nest valle in rejimi Rahmonovro mo tokat namekunem chun churkavu chirkinu8 cherno jopu ghulom budan dar khuni buzurgi mo nest mo jon medihem lekin nomus ne

    Comment by Mahrufi Badakhshoni Langarchiev | 23.07.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: