Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Симое бенур шуд

Ӯро барои ҷасорат ва озодагияш эҳтиром мекардам. Ва ҳангоме ки вай худро ба Нелсон Мандела дар як саф мегузошт, мепазируфтам, ба ҳарфаш бовар доштам. Акнун ситораи гарми ӯ дар чашмам сард шуд ва як симои нек аз миёни чеҳраҳои ангуштшумори мавриди эҳтироми ман бар бод рафт.

Шояд бад ҳам нест, ки ниқобҳо биафтанд ва пучии симоҳое, ки иштибоҳан ормонӣ шудаанд, фош гардад. Чунки вақте касеро сидқан эҳтиром мекунӣ, агар хоре ба пояш мехалад, дили ту сих мезанад. Ҳоло тамом шуд. Бигзор Аунг Сан Су Чӣ барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел аст (Горбачёв ҳам буд), Ҷоизаи Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ Барои Тафоҳуми Байнулмилалӣ, Ҷоизаи Андрей Сахаров Барои Озодии Афкор, Ҷоизаи Симон Боливар ва Нишони Ифтихории Валленберг, Ҷоизаи Ҳуқуқи Башари Рафто ва ғайра ва ҳоказост, аммо дигар он фариштаи осмоние нест, ки дар муқобили режими ҳарбӣ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи инсон қомат кашидааст.

Фарри қудсият замоне аз ҳошияи чеҳраи ӯ ғайб зад, ки дар баробари қатли наздик ба 20 000 мусулмони Бирма ё Миёнмор ва бенишон шудани 100 000 мусулмони ин кишвар сукут ихтиёр кард. Режими ҳарбӣ ин мусулмононро муҳоҷир мешуморад ва дар қатори қабилаҳои дигари кишвар ҳадафи зулм қарор медод, аммо акнун гӯё тамоми нерӯяшро ба поккории Бирма аз онҳо равона кардааст. Ҳангоме ки дар Аврупо аз Сан Су Чӣ пурсиданд, магар аҳли қабилаи роҳингя, ки мусулмононанд шаҳрванди Бирма нестанд ва ҳуқуқе надоранд, посух дод, “Ман намедонам. Қонуни шаҳрвандӣ ҳама чиро хеле рӯшан баён доштааст.”

Фикр намекунам, Нелсон Мандела дар ҷойи ӯ низ чунин мегуфт. Хонуми ҷасур, ки 20 сол боз ба режими генералҳо дар ҷангу кашокаш буд, ин ҷо тарсид. Вай натавонист, бигӯяд, ки ҳуқуқи инсон ҳуқуқи инсон аст ва бо шаҳрвандӣ маҳдуд намешавад. Ҳуқуқи инсон зотист ва шаҳврвандӣ як талаби маъмурӣ. Магар ин қадар сол мардуми ҷаҳон мегуфтанд, ки Сан Су Чӣ шаҳрванди кишвари мо нест ва мо набояд аз ҳаққи ӯ дифоъ кунем? Магар солҳо пеш худи хонум барои ҳуқуқи ҳар сокини Бирма мубориза намекард?

Ё шояд иллат дар он аст, ки хонум дигар мухолифи давлат нест? Узви порлумон аст ва мехоҳад дар соли 2015 курсии президентиро ба даст орад. Оре, кӯдак нестам ва борҳо дидаам, ки вақте оппозитсионерҳо ба қудрат мерасанд, наметавонанд ҳукумат ва низомро тағйир диҳанд ва ҳукумату низом онҳоро тағйир медиҳад. Дар пеши чашмам дида будам, ки мухолифони тоҷик дар соли 1992 вориди ҳукумат шуданд ва аз он субҳе, ки ба курсиҳо нишастанд, гӯё одамони комилан дигаре буданд. Нафаре ки “дод аз дасти маҳалгароён!” мегуфт, 90 дарсади як вазоратро аз ҳамшаҳриҳои худ пур кард ва айни чунин нафари дигар ба маҳзи даромадан ба кабинети барҳаво намояндагони як маҳалро аз ниҳоди зери дасти худ бо беху бун берун ронд.

Аммо симое чун Сан Су Чӣ дигар аст ва мебоист ба гунаи дигар рафтор мекард. Дареғ, ӯ ҳаргиз Мандела набудааст ва дигар ҳаргиз ба нохуни пойи Мандела баробар нахоҳад шуд. Шояд сукути дунё дар баробари қатли оми мусулмонон дар Бирма аз сукути ваҳшатангези ӯ ҳаво хӯрдааст? Бигзор ҳазорон нафар кушта шаванд, вале ӯ бояд ба қудрат расад? Пас фарқ байни ӯ ва раҳбарони ҳарбии Бирма ё раисони золими дигар чист? Магар фурсате нарасидааст, ки ҷоизаҳои бузург аз ӯ бозпас гирифта шаванд? Нагӯед, сиёсат палид аст, чун Мандела ва Ҳавел дурӯғ будани ин ҳарфро исбот карданд.

Нуктаи дигари ғамангез ин аст, ки роҳибони буддоӣ аз қатли оми мусулмонон дар Бирма ҳимоят карданд, ҳол он ки худ ҳамагӣ чанд моҳе пеш ҳадафи тиру туфанг ва мӯзаи сарбозони режими ҳарбӣ буданд. Наход, муносибати байни тақводорон аз бархӯрди бехудоён ба онҳо фарқе надошта бошад? Магар динҳо ва аз ҷумла дини Буддоӣ мубаллиғони сулҳу таҳаммулу хираду порсоӣ нестанд. Ҳоло дигар ба нолаҳову паёмҳои Далай-Ламо, ки аз пешвоёни ин дин аст, чӣ гуна бовар кард? Наход боз як симои орифона ва хирадманди дигар ҳам бояд дар чашмам сарду бенур шавад?

05.08.2012 - Posted by | Мазҳаб, Сиёсат, Фалокат, Қонун | , ,

2 Comments »

  1. Voqean joi Taassuf !!Сан Су Чӣ Xudo Xohad Ruzi Siyohe Dar Pesh Dorad!
    (Yahya Bin Kholid Barmaki Ba Farzandash Muhammad Ki Dar Zindon Bud Maktub Menavisad Ki Ei Farzandam:Duoi Mazlume Dar Sahargoh Darhoi Osmonro Shikasta Bolo Raftaastu Mo Dar Xob Budaem Ki Ba In Ruzi SaxtuSiyohamon Darovard)
    Xudoyo Ohi Hamai Muztarmondagonro Ijobat Bifarmo???????

    Comment by Imommuhammad | 05.08.2012 | Reply

  2. Бале. Гапхоятон дуруст аст. Хело хурсандам-ки точикони равшанфикр дар дунье хастанд. Фарк надорад дар ватан монданд е берун аз у. Афсус-ки аудиторияи Шумо на онкадар ваъсе аст. Бисьерихо имконият надоран-ки Шуморо бишнаванд е маколахои шуморо хонанд. Лек шахсан ман аз он хурсандам-ки Шумо равиши асосии асри 21-ро дар Олам нагз мефахмед ва онро ба дигарон мерасонед.

    Бо эхтиром Peter

    Comment by Peter | 13.08.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: