Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ним аср дар як рӯз

Зодрӯзи ман рӯҳи идона дорад, чун имсол ба арафаи Иди Фитр рост омад. Вақти саҳарихӯрӣ ҳанӯз дар фикри он набудам, аммо дертар, бо дамидани субҳ чашм кушодаму дар сақфи хонаам нурҳои хандони офтобро дидам, ки дар шикасти худ шакли лабхандеро доштанд. Шояд мегуфтанд: “Ҳай гӯл задем, ин ҷаҳонро, не?… Оре панҷоҳ солу боз як. 18 620 рӯз пеш дар ҳамин гуна субҳ бори аввал ба ин дунё чашм кушода будам.

Модарам мегуфтанд, як-ду бор шиғав задаву гиря кардӣ, баъд сокит будӣ. Намедонам, чаро чунин буд, аммо сукутро дӯст медорам. Сукут модари андеша аст.

Шояд барои он сокит будам, ки дар лаҳзаи ба дунё омадани ман хона холӣ буд, зеро дар ҳуҷраи шафат бобоям Домуллоаюб ибни Муҳаммадсалим бо ин ҷаҳон падруд мегуфтанд ва ҳамаи хешу наздикон ва бегонагони зиёд, аз ҷумла муридони эшон, гирди сари он кас ҷамъ омадаву видоъ мекарданд. Вақте бобои бузургворам охирин нафас сар доданд, ман аввалин нафасамро кашидам. Хулоса, қарздор нестем. Вақте ҳама мегирист, гиряи ман ҳам садо дод ва аммо чун намехостам, шабеҳи ҳама бошам, сокит мондам. Мегӯянд, ҳама мегирист, аммо бобоям механдиданд. Ин нурҳои шикастаи хандони офтоб дар шифти хонаи ман лабханди бобои мананд.

Аз рахтихоб бархостам ва сари ройона нишастам. Интернет, имейл, Фейсбук… Дар замони бобои ман ин ҳама набуд ва зодрӯз ҳам ҷашн гирифта намешуд. Дар буҳбуҳаи даврони коммунистӣ падарам чанд бор ҷашни зодрӯзи маро гирифтанд, аммо бибиям норозӣ буданд: “Солашро нашумуред, кам мешавад ва аслан русуми урусира ба набераи ман, ки мӯяш назри мазори Шайх Муслиҳиддин аст, раво мадоред, увол аст…” Солҳо баъд фикр мекардам, Шайх Муслиҳиддин ин ҳамон Саъдии Шерозӣ бошад. Баъд бибиям маро ба он масҷиди қуббадор бурданд, пире кокулчаи маро аз бех қайчӣ карду гирифт, саҳни масҷид пур аз кафтар буд. Дигар чизе ба ёдам намондааст. Ҳоло вақте ки мӯйи сарам мерезад, ҳамсарам мегӯяд, назри Шайх Муслиҳиддинро дар сартарошхонаҳои аврупоӣ қайчӣ мезанӣ, худо медонад, ин устоҳо онро ба куҷо мепартоянд. Дар сар қариб мӯй намондааст.

“Солашро нашумуред!” Писарам гуфт, зодрӯзатонро дар Фейсбук нагузоред, ширкатҳо бароятон ҳазорон таблиғу реклама мефиристанд. Бардоштам, вале шояд бо он андешаи пинҳон, ки агар дӯсте зодрӯзи маро фаромӯш накардааст, бе огаҳии Фейсбук табрикам кунам ва бубинам, ки барои кӣ қадре дораму барои киҳо на.

Аввалин шуда аз он шаҳре, ки масҷиди Шайх Муслиҳиддин он ҷост, дӯстам зодрӯзро ба ман муборак гуфтааст. Ба воситаи Фейсбук. Дар ин ҷо ва имейлҳои дигарам низ даҳҳо табрикнома ва паёму дуову орзуҳои неку гарм омадааст. Аз ҳамаи дӯстону ёрону наздикону пайвандон сипосгузорам, ки зодрӯзи маро фаромӯш накардаанд. Магар мешавад, рӯзеро фаромӯш кард, ки дар он Абӯалӣ ибни Сино таваллуд шудаву ба ин муносибат он Рӯзи тиббии Тоҷикистон эълон шудааст? Хуб, дар канори ин ва дар қатори даҳо ҳазор нафар аз авлодони Сино ҳамчунин шахсе таваллуд шудааст, ки худро Салими Аюбзод (бе ҳарфи нофорами бегонамизоҷи “й”) меномад ва мегӯянд, вақти зода шуданаш нагиристааст ё кам гиристааст.

Иттифоқан имсол нигоҳ кардам, ки 18 августи соли 1960 рӯзи панҷшанбе ва арафаи ҷумъа будааст. Дар он рӯз Қибрис соҳиби истиқлолият аз Британияи Кабир шуд, нахустин акси замин аз кайҳон ба воситаи моҳвора гирифта ва ба замин расид, филми “Спартак” ба намоиш даромад, Тоҷикистон расман ба савумин кишвари пахтакори Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт ва хишти аввали корхонаи алюмин, ки имрӯз “Талко” ном дорад, гузошта шуд. Дар ин рӯз вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, пеши роҳи зиёдаравиҳои содалавҳонаи раҳбари шӯравӣ Никита Хрушевро бигиранд. Э вой, хуб рӯзи пурғавғо будааст. Аммо ба ёд орем, ки давраи авҷи “нармӣ”-и хрушёвӣ буд, яъне иҷозаи сухани нисбатан озодтар ба мардум. Ана аз куҷо меояд, озодандешии ман, черт подери! Зодрӯз ҳамин гуна касро ба ҳадсу гумони мунаҷҷимона мебарад. Аммо ҳақиқаташ, муҳим нест, кай зода шудаӣ ва чӣ қадар умр дидаӣ, муҳим он аст, ки умр, яъне ҳадяи худовандиро чӣ гуна пос доштӣ ва онро чӣ гуна зистӣ.

Чӣ гуна зистанамро дӯстонам дар паёмҳои табрикии худ нигоштаанд. Он таърифҳоро ин ҷо намеорам, ҳатман хоҳед гуфт, заб одами дур аз хоксорӣ будаам. Паёмҳо аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Британия, Амрико ва ҳатто Австралияву Ҷопону Парагвай ва ҷойҳои дигар. Аз тоҷикон ва дигарон. Аҷиб аст, ки бештар аз хориҷиён, ё беҳтар аст, гуфта шавад, ғарбиёну ғарбнишинон. Шояд сабаб дар он аст, ки зодрӯз барои ғарбиён аҳамияти вижае дораду аз яксолагӣ то охири умр таҷлил мешавад. Вале барои шарқиён он чандон маънову мафҳуме надорад. Дар диёри мо инсон худаш чист, ки зодрӯзаш бошад. Аммо солҳои охир, дастикам, миёни дӯстону ҳамандешон табрики зодрӯз густариши ҳарчӣ бештар пайдо мекунад.

Рӯйи рахтихоб дароз кашидам ва ба нурҳои офтоб дар сақфи хонаам нигоҳ кардам. Имрӯз, як рӯз дар тамоми сол ман подшоҳи умр хоҳам буд. Он ҳам рӯз шанбе. Агар рӯзи корӣ мебуд, лабханди хуршед дар боми хонаамро намедидам. Шояд лаҳзаи истироҳат фаро расид? Чӣ буд, агар ҳамаи рӯзҳои сол мисли зодрӯз мебуд. Эҳ, крокодил Гена! Дуруст месароӣ. 18 620 бор аст, ки субҳ барои ман медамад ва ин шом рӯзи 18620-уми ман ба поён расида, субҳ рӯзи 18621-уми ман сар мешавад. Эй хуршед, ҳамин гуна шӯълавару хандон хоҳӣ монд? Эй дил, ҳамин гуна пур аз ишқу тапиш хоҳӣ буд? Эй тан, ҳамин гуна қавию сарзинда ва эҳёшаванда хоҳӣ гашт? Эй умр, ҳамин гуна вафо хоҳӣ карду шавқангез хоҳӣ буд?

Нурҳои офтоб дар сақфи хонаам лабханд мезананд.

18.08.2012 - Posted by | Каме латра, Рӯзгор, Таҷриба | , ,

9 Comments »

  1. Зодруз муборак ! Бошем. Дар панохи Худованд бошем. Императори Август, номи ин мох бо хотири ин император гузошта шудаги, хеле одами ачиб буд. Шояд барои хамин зодагони ин мох дар сояи ин Император мебошанд. Ва бисьер хислатхои ин Император-ро доранд. Шояд. Бисьерихо, ки дар им мох ба дунье омадан инсонхои бо маълумот, пурандеш ва ростгуй хастанд. Чун фармуданд: “Под какой звездой родишься …”. Боз як бор табрик.

    Comment by Peter | 18.08.2012 | Reply

    • Сипосгузорам, дӯсти азиз. Ростӣ, фикр мекунам, иштибоҳ навиштам, ки касе табрик карду касе накард. Шояд ба дӯстони ғоибона начандон хуш ояд. Ростӣ, банда ба зодрӯзи хеш зиёд арҷе намегузорам ва интизории махсусе аз он надорам, номаҳои дӯстон маро водор ба ин андешаҳо кард, ки ин субҳ беихтиёр рӯйи блог рехта шуданд. Бовар ба ин дорам, ки меҳру ҳисоби дӯстон дар дил аст, на дар забон. Саломат бошеду сарбаланд!

      Comment by aioubzod | 18.08.2012 | Reply

  2. Дуруд бар инсони нек ва нависандаи хушсалика! Зодрузи шуморо аз паси китобатон “Каме латра” барои худ ёддошт карда будам, вале бо тараддудхои Иди Фитр, росташ фурсат наёфтам, салому дуое бароятон фиристам. Умедворам, фикр накунед, ки дар ёди мо нестед. Хамеша хастед агарчанд дар Точикистон солгарди шуморо чашн нагирифтанд ва то замоне ки адабиёту журнализми мо зери мушти ин сарварон аст нахоханд гирифт, вале рузаш хохад расид. Хамеша чавон бимонед!

    Comment by Samandar | 19.08.2012 | Reply

    • Э Самандари ҷун, чаро ҷашн нагирифтанд? Ҳатто пеш аз вақт ҷашн гирифта буданд, дар соли 2002 ҳангоми муаррифии “Сад ранги сад сол”, ки дар он гули сари сабади илм, сиёсат, адабиёт, ҳунар ва журналистикаи тоҷик ширкат карданд ва суханони нек гуфтанд. Бузургтарин донишмандон ба монанди устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, Иржи Бечка, Эраҷи Баширӣ ва дигарон ҳарф заданд. Ҳунарпешагони театри “Аҳорун” порчаҳоеро аз намоишномаи “Аҳмади Дониш” нишон доданд. Аксари кулли нашрияҳо дар ин бора навиштанд. Телевизиони тоҷик онро сабт кард, аз ин бештар дигар чӣ? Он ҷашни банда буд. Дар бораи рӯз — гуфта будам, ҳисоби дӯстон дар дил.

      Comment by Салими Аюбзод | 19.08.2012 | Reply

  3. Zodruz muborak muhtaram Salim Aiubzod! Iloho umri sa’diyona salomatii sibirona va davlati piriaton dihad.
    Hukumati Tj boyad kaiho baroyaton joiza medod, vale mebinam ki khasu khoshokhoi bisyore, ki onhoro hatto dar Tj kase nameshinosad joizai Rudaki giriftaand. Namearzad ki shumoi olim va donishmandi buzurgro dar qatori on khasho binem. Dar Tj hanuz joizae baroi shumo “kashf” nakardaand.
    Piruzu sarbaland boshed!

    Comment by Bogbon | 19.08.2012 | Reply

    • Сипосгузорам аз муҳаббати Шумо, дӯсти азиз! Ҷоизае болотар аз суханони Шумо ва дӯстоне мисли Шумо несту онро касе дода наметавонад, магар Худованд. Саломат ва комёб бошед!

      Comment by Салими Аюбзод | 19.08.2012 | Reply

  4. Агар Фирдавсии бузург намебуд, ки дар бораи Махмуди газнави ягон хабар медошт. Агар Аристотел намебуд шогирди у Искандари зулькарнай-ро оядаи таърихи намебуд. Тацит буд-ки мо дар бораи шоххои кадими Рум хабар дорем. Умари Хайеми бузург буд-ки мо дар бораи ки будани шохи он замон хабар дорем. Короленко имтиези Ленин-ро рад карда буд, чук-ки методхои онро кабул намекард. Имтиезхоро рад кард инсониятро не. Таърихан мегуянд-ки дар зиндагии ин е он шоир е нависандаи бузург хамон шох давлат меронд. Бар акс не. Чунки шоирону нависандахо равиши зиндагиро бо фахмиши худ ба мардум мерасонанд. Ва ин корро, мефахманд-ки, бояд кард. Ва хазор офарин кай ин корро Инсони нек ва Худотарс мекунад.

    Comment by Peter | 20.08.2012 | Reply

  5. Der shudaboshad ham zodruz muborak!!!!!! Hamesha solimu muvaffaqu xursand boshedu umri darozi bobarakat dihad Xudovand!!!!!!!!!!

    Comment by M | 21.08.2012 | Reply

  6. Зодруз муборак!Ба Шумо солимии тану чонро орзумандам.Офаридгори хат дар панохаш нигох дорад.

    Comment by Bovar | 25.08.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: