Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дунёи пластикӣ

Аз сафари Тоҷикистон бо андешае баргаштам, ки гӯё ватанам саропо пластикӣ шудааст. Замоне пластикро “елим” ва зарфҳои пластикиро “елимӣ” меномиданд. Ин вожа имрӯз шояд ба бисёриҳо ноошно бошад, зери кам андар кам истифода мешуд, ҳарчанд яке аз намунаҳои омӯзиши ҳарфи “Е” дар китоби “Алифбо”-и мо буд.

Елим ё пластикро имрӯз мешавад дар ҳама ҷо дид. Пиразани солманд ҳам дар даст пакети пластикӣ дораду мӯйи нозуки духтарони ҷавонро мӯбандаки елимӣ бастааст. Пироҳани “зарандуд”-и занон ва шиму пиҷаки “версачӣ”-и мардон аз акрилику полиестерҳои рангоранг аст. Куртаи додарзодаам, бо вуҷуди “дову дастгоҳ”-и ғарбияш, барчаспе надошт, ки дар куҷо ва аз чӣ матое дӯхта шудааст. Рӯйи дастархонҳо асалу мураббо, мева ё шириниҳо дар зарфҳои гулдори пластикии сохти Чин гузошта шудаанд. Аксу лавҳаҳои бузурги сари хиёбонҳо, шишаву шипанги дӯкону қаҳвахонаҳо ҳам аз пластик аст. Сутунҳову лӯлаҳои обгузар, мизу курсиҳо, кӯрпачаю дастархон ва ҳатто офтобаи таҳораткунии пирон низ.

Падари зиндаёдам намегузоштанд, ки духтарон калуши резиниро бе ҷӯроб ба по гиранд. Ҳоло мебинам, тамоми марду зани ватанам пойабзори пластикии чинӣ пӯшидаанд. Дуруст аст, ки чиноиҳои моҳир елимро чунон ба чарм монанд кардаанд, ки фарқ кардан душвор аст. Аз зер ба боло менигарам ва фикр мекунам, парчами баландтарини ҷаҳон низ аз пластик аст, на аз абрешими нарм.

Аз он ки дар ҳама ҷо ва сари ҳар қадам бо пластик рӯбарӯ мешавам, дигар ба назарам чунин меояд, ки дарахтону биноҳо, ҳайкалҳо ва мошинҳои даргузар ҳама пластикиянд. Дар тарабистону ошхонаву бозорҳо ин ҳама рӯз як помидоре наёфтам, ки бӯйи помидор дошта бошад ва биринҷу макарону гӯшту картошка ҳам дар даҳонам маззаи пластик мекард. Куҷо шуд он ғизои поку тозаву табии тоҷикон? Агар ба гуфтаи Бӯалӣ, мо он чизе ҳастем, ки мехӯрем, пас низ андак-андак пластикӣ мешавем. Ҳазорон нафар ба иллати зиндагӣ дар ҷаҳони сохтаву сунъиву елимӣ ва он ҳам зери офтоби сӯзону андаруни чангу хок то рафт пластикӣ мешаванд. Чеҳраҳои мумиёии пластикӣ, саломҳои пластикӣ, хандаҳои пластикӣ, андешаҳои пластикӣ…

Бадбахтона, касеро ҳам наёфтам, ки ба ин зиндагии пластикӣ мухолиф бошад. Матои пластикӣ аз арбешимӣ 5 баробар арзонтар аст. Пойафзоли пластикӣ 50 сомонист, аммо чармӣ 300. Касе парвои онро надорад, ки ин ҳама елим ба саломатии ӯ ва кӯдаконаш хатари марговар дошта метавонад. Хабарҳои ин ки Иттиҳоди Аврупо истифодаи чанд навъи пластикро, ки зери ҳарорати баланд метавонанд аз худ заҳр ҷудо кунанд ва одамонро гирифтори рак ё саратон намоянд, барои касе ҷолиб ё ибратомӯз набуд. Ин ҳам, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тамоми анвои пластикҳоеро, ки дар таркибашон винил-хлорид ҳаст, ангезандаи саратон эълон кардааст. Ҳамзамон касе гуфта наметавонист, ки Чин солона ба Тоҷикистон чанд миллион тонна пластик ворид мекунад ва ин елим аз кадом анвост.

Гузашта аз ин тамоми ҷаҳон ҳоло дар ин андеша аст, ки бо ғарами азими пластик чӣ кунад. Аз соли 1950 ба ин сӯ дар дунё 1 миллиард тонна пластик тавлид шудааст ва бахши умдаи он на танҳо садсолаҳо, балки ҳазорсолаҳо нест намешавад. Бархе аз навъҳои пластик зери нурҳои ултрабунафши офтоб чанд хел моддаи заҳрогин паҳн мекунанд. Аслан худи пластик аз маводи шабеҳи ахлот ва ҳам пасмондаҳои нафт сохта мешавад.

“Пластик” аз вожаи юнонии “пластикос”, яъне нарм ва дасткоришаванда баромадааст. Дар синфҳои ибтидоии мактаби миёна мо аз пластилин ҳайвончаву одамчаҳое месохтем. Мардуми мо ҳоло ба пластилин табдил ёфтаанд ва дастҳои қавию сахте тавонистаанд, аз онҳо чизеро, ки мехостанд, бисозанд. Албатта, касе ба сару манаҳу дасту пойи онҳо фишор оварда, онҳоро ба ин шакл надаровардааст. Балки рӯзгоре сохта шуд, ки онҳоро ба ин ҳолат афканд. Қарни пирӯзии пластик.

29.09.2012 - Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Рӯзгор, Тоҷикистон, Чин, Ҷомеа

16 Comments »

  1. Салом ва дуруд ба устоди азиз!
    Чи мавзуъи мухимме нигоштаед..Ахсант ба биниши мушикофонаатон!
    Банда низ чанд муддат дар ватани махбуб будам,мутаасифона имрузхо тахочумхо руи тамомии марзу бум,урфу одат,ахлоку одоб,хурду хурок ва гайрахо беамон шиддат меёбад.Сар ба бозорхо мезадам барои сабзавот,руи рафхо бодирингхои сиёху тира ва дарози тобзада дида мешуд ва хеч хабаре аз бодирингхои сабзу тару тоза дида намешуд.Мегуфтанд инхо дар як руз ба воя мерасанд.Дар харбузахо кирмхои ачибу гариб дида мешаванд.Хатто як намуди оруи зебо доштем аз байн рафтаанду орухои почакдарози бенур омадаанд.
    Худоё моро аз офатхои замон нигох дорад!
    Бо таманнои саломати

    Comment by Имоммухаммад | 30.09.2012 | Reply

  2. Аз Фейсбук:

    Sarmaddil Hikmatyor

    суханхо елими ,нигоххо елими ва аз хама дахшатовар умедхо елими …..
    September 29 at 10:10pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  3. Salim Aioubzod

    Мо пас аз 70 соли русхо ба асли худ барнагашта, асолатро аз даст медиҳем ва зери бори дигаре меравем.
    September 30 at 6:58pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  4. Sarmaddil Hikmatyor

    саволи кушода хам ин аст ки ПАС ЧИ БОЯД КАРД ? умри мардум хама дар фикри шикам мегузарад !ба назари ман то ИКТИСОД-амон РУШД накунад на танхо аз АСОЛАТИ МИЛЛИ дур мешавем ,балки БЕ АСОЛАТ монданамон ногузир аст…
    September 30 at 9:05pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  5. Salim Aioubzod Бояд коре кард, аммо чи кор? Кош посухро доштаме…
    October 1 at 3:48pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  6. Илҳоми Муҳаммадиброҳим “.. саломҳои пластикӣ, хандаҳои пластикӣ, андешаҳои пластикӣ…” на танхо… Худотарсихои пластикй , намозхои пластикй…
    Tuesday at 4:35am · Edited · Like

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  7. Аз Радиои Озоди:

    Ном: Беном
    30.09.2012 14:04

    Салими Аюбзод бисер чизи мухимро пешниходи хонандагон кардед ва барои тарчумаи Точикии пластик-нарм ва дастикоршаванд ташакур.
    Чизхое,ки шумо гуфтаед хамааш дуруст аст, факат илова карданиям,ки хаст духтархо ва занхои пластики бовар кунед хозир синахои сунъи,дунбаи сунъи рони пои сунъи ва гайра бисер шудааст дар занхоиУрупо ва Руссия.Худо аз инаш нигох кунад.

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  8. Дар посух
    Ном: Беном аз: Душанбе
    01.10.2012 11:20

    Тамоми пластикхое, ки дар вилояти Сугд истехсол мешавад аз корхонаи Альфапет, ки сохиби бевоситааш духтари президенти давлати хамсоя мебошад, инчунин собик вазири иктисод ва савдо,кумитаи андоз огои Солиев.
    Холо хозир ин кутихои плостики ба чануби чумхури аз хамин ширкат ворид карда мешавад, аммо андозхои ин ширкат касро ба хайрат меорад.

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  9. Ном: Роберт аз: Душанбе
    30.09.2012 17:52
    Посух
    Зиндагии халки мо дигар кайхо маснуи шуда ва на зиндаги балки талоши намурдан аст.

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  10. Ном: JON аз: USA
    30.09.2012 21:03

    Dar Tojikiston vaz’i korthoi bonkii plastiki chi guna boshad?Halk istifoda meburda boshad?Mehostam fahmam.

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  11. Ном: plastik аз: plastikiston
    30.09.2012 22:28

    zik nashave imruz yo fardo dar tojikiston odami plastiki mebaroya dar zamoni shuravi spektakli usto ubayduloi rajaba tamosho mekardum nomi spektakl zani ohani nom dosht aknun ohanam namonday dar tojikiston ay dastai hitoihora aknun spektakli nav boyad tamosho mekunem zani plasmasi chi gufte barodaro ozodi iltimos chopush kun

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  12. Дар посух
    Ном: Duralyumin аз: Dushanbe
    05.10.2012 21:29

    Prikol mekni ha Plastik barodar

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  13. Ном: Osaph аз: Moscow
    02.10.2012 11:41

    >>Мардуми мо ҳоло ба пластилин табдил ёфтаанд ва дастҳои қавию сахте тавонистаанд, аз онҳо чизеро, ки мехостанд, бисозанд.<<
    Магзи макола)

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  14. Ном: Alifbojon
    02.10.2012 18:29

    Ba fikram elim in tarjumai kalimai rusii klei ast va dar Alifbo bo harfi “Э” navishta shuda bud.

    Comment by aioubzod | 05.10.2012 | Reply

  15. “Дар синфҳои ибтидоии мактаби миёна мо аз пластилин ҳайвончаву одамчаҳое месохтем. Мардуми мо ҳоло ба пластилин табдил ёфтаанд ва дастҳои қавию сахте тавонистаанд, аз онҳо чизеро, ки мехостанд, бисозанд. Албатта, касе ба сару манаҳу дасту пойи онҳо фишор оварда, онҳоро ба ин шакл надаровардааст. Балки рӯзгоре сохта шуд, ки онҳоро ба ин ҳолат афканд”.
    Устод, ин суханатон ба ман бисёр писанд афтод. Дар робита ба мавзуъ бошад, хаминро илова карданиам, ки дар вилояти Хатлон муйсафедони камбизоат ва як гурух бачахое пайдо шудаанд, ки аз партовгоххо ва аз хонаи мардум баклашкахои пластмасии когази муаррифиашон нокандаро бар ивази як-ду дона “кукуруз” чамъ намуда, ба равганфурушони бозори Фаровони Кургонтеппа (аз хусурбачаи Президент аст он) бо арзиши паст мефурушанд. Равганфурушон бошанд, ба ин баклашкахои гажди дорои когазхои фирмави равгани истехсоли “маслабойка”-хоро, ки дорои моддаи гассипол аст (гассипол одамро бенасл, кур мекунад ва ба чигару меъда низ зарар дорад), рехта, ба мардум мефурушанд. Фаъолияти ин маслабойкахоро, харчанд карори Хукумати ЧТ аз соли 2006 дар хусуси бархамзаниашон ба тасвиб расидааст, касе то хол боздошта наметавонад. Худатон фахмед, ки онхо аз кистанду “крыша” кист. Ачаб дунёе, дар пешоруйи мо ду бадбахти…. Худо мардуми точикро мадад кунад. ОМИН!!!!!!!!!

    Comment by ZOKIR | 20.10.2012 | Reply

  16. Асалом ман духтари соромо шумо чихел саломатитон чихел агар ин сатро хонед албата нависед хело хурсанд мешавам худо хофиз

    Comment by 917097147j | 11.11.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: