Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Мастчоҳ” не, “Масчо”

Дар ислоҳи яке аз ҷойном ё топонимҳои Тоҷикистон пешрафти хурде ҳосил гашт. Нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” сафаргуфтаҳои нависандаи саршиноси тоҷик Абдулҳамиди Самадро зери унвони “Достони нотамоми Масчоҳ” ба нашр расонд. Вале шояд як тасҳеҳи дигар ҳам зарур аст, ки ҳарфи “ҳ” дар охири ин ҷойном ё топоним низ ихтисор шавад. Он гоҳ об ба лаби ҷӯй баробар хоҳад гашт.

Чаро? Зеро ягон нафар аз зодагони саргаҳи Зарафшон зодбуми худро “Мастчоҳ” наменомад ва онҳое, ки ба ин мавзеъ сафар кардаанд ё бо мардуми он шинухез доштаанд, низ номи маҳалро “Масчо” ё “Маччо” таллафуз мекунанд.

Устод Абдулҳамид ҳамон гуна, ки устод Айнӣ дар соли 1940 қад-қадди рӯди Зарафшон саросари ноҳияи Панҷекатро гашту чанд матлаби мондагор навишт (зимнан, “Панҷакент” ҳам бояд “Панҷекат” хонда ва навишта шавад), ба деҳоти болооби ин дарё қадам ниҳод ва очерки ҷолибе офарид. Ва ҳам дар матну ҳам дар сарлавҳа на “Мастчоҳ”, балки “Масчоҳ” навишт. Оқилон хурдтарин корро ҳам бе сабаб намекунанд.

Аммо магар ҷои тааҷҷуб нест, ки устод Айнӣ дар ҳама ҷо “Мастчоҳ” навиштааст. Аввалан, мешавад, ҳадс зад, ки шояд ин натиҷаи кори котибонест, ки осори эшонро ба хатти кириллӣ бармегардонданд, зеро устод бо ҳуруфи форсӣ менавишт ва дигарон навиштаҳои он касро ба кириллӣ мечиданд. Вале, фаромӯш накунем, ки Айнӣ як муҳаррири дақиқкор буд ва аз ин лиҳоз имкон надошт, иштибоҳе дар матни зери имзои ӯ роҳ ёбад. Ҳамзамон ному истилоҳотеро метавон дар ин осор дид, ки ба ин ё он сабаб, дар шакли хоссе зуҳур кардаанд. Барои намуна, Панҷекат гоҳо дар шакли “Панҷакат” омадааст ва гоҳи дигар “Панҷакент”. Ва ё номи деҳае, ки имрӯз “Такфон” хонда мешавад, дар осори Айнӣ бо номи “Тахтфон” сабт гаштааст.

Гумон мекунам, дар мавриди “Мастчоҳ” эҳтимол Айнӣ талош кард, “Масчо” ё “Маччо”-и, ба истилоҳ, “халқӣ” ё гӯиши авомро “адабӣ” кунад ва ҳамзамон аз эҳтимол дур нест, ки чунин навишт зери таъсири осори шарқшиносони садаҳои 18 ва 19-и рус низ ба вуқӯъ пайваста бошад. Онҳо дар ҳама ҷо барои таъкид бар ташдиди “ч” “Матча” навиштаанд. Аз сӯи дигар шояд калимаи “Масчинский”-ро барои таллафузи худ душвор дониставу онро “Матчинский” сабт намудаанд. Он гуна ки қатокӯҳи Суғдро дар нақшаҳои худ “Туркистон” ном карданд.

Агар ба номаҳои сафири Петри 1 дар Бухоро, Флорио Беневенӣ, ки миёни солҳои 1718 то 1725 навишта шудаанд, нигоҳ кунем, мебинем, чӣ ҳараҷу мараҷе дар ҷойномҳои форсию туркии минтақа роҳ ёфтааст. Бархе аз онҳо бо мурури замон ва ошноии бештари русҳову ғарбиён бо забони мардуми минтақа ислоҳ шуданд, вале бархи дигарро ҳукумати Шӯроҳо “қонунӣ” кард. Барои намуна, дар ин номаҳо Тошканд гоҳо “Таскент” ва ҷое ҳам “Шошкант” (аз “Чочканд”) навишта шуда ва Андиҷон, масалан, “Идизан” омадааст. (Посланник Петра 1 на Востоке. Москва, “Наука”, с. 1986)

Аммо дар осори ҷаҳонгардон ва ҷуғрофидонҳои арабзабон, аз ҷумла “Китоб-ул-масолик-вал-мамолик”-и Ибни Ҳавкал (асри Х) саргаҳи рӯди Зарафшон (он замон Суғд) “Масҳо” номида шудааст. Дар зимн, ин аввалин зикри топоними мазкур шумурда шуда, он куллан дар рисолаҳои қадимии шарқиён хеле кам ба назар расидааст. Аз олимони садаи 20, онҳое, ки катибаҳои бостонӣ ё вижагиҳои гӯишу этнографияи Масчоро пажӯҳидаанд, ба монанди А. Мухторов, Н. Неъматов, А. Хромов, М.С. Андреев, М. Ҳомидҷонова, Р. Абдулҳаев ва дигарон кандукови кофие дар топоним анҷом надодаанд.

Ёфтани реша ва маънои ин ҷойном кори осон ҳам набудаву нест, зеро то ҳанӯз калиде барои боз кардани маънии “Масчо” ба даст наомадааст. Нависандаи саршиноси тоҷик, зодаи ин мавзеъ – Муҳаммадзамони Солеҳ мегуфт, он аз “Массҳо”, яъне “массагетҳо” пайдо шудааст. Бархи дигар ин ҷойномро ба “Машо”-и “Авесто” рабт медиҳанд. Ва ақидае низ садо додааст, ки ном ба ойини митроӣ бармегардад. Лек то ҳол фарзияе пешниҳод нашудааст, ки ҷое барои шубҳа боқӣ нагузорад ва комилан қобили қабул бошад.

Аммо чаро устод Айнӣ ба “Мастчоҳ” бартарӣ дод, дар ҳоле ки устоди ӯ, донишманди бузург Аҳмади Дониш дар “Таърихча”-и худ номи маҳалро “Масчо” сабт кардааст: “Ва алҳақ давлати салотини мамолики Мовароуннаҳр бисёр хурд аст, чунки заминашон маҳдуд. Маазолика дар он панҷ-шаш нафар даъвои истиқлол доранд – аз Қуқанд ва Қошғар ва Хоразм ва Бухоро ва баъзе майдазаминҳо чун Ҳисор ва Масчо ва Кӯлоб.”

Муносибати Айнӣ ба Мастчоҳ дар мақолаи ӯ зери унвони “Тоҷикони кӯҳистон” рӯшан ба чашм мехӯрад. Вай аз ҷумла навиштааст: “Тоҷикони кӯҳистон мисли сойири кӯҳистониҳо қадре дурушт ва зудхашманд.” “Шеъру адабиётро дӯст медоранд. Шоирҳои он ҷо мисли шоирҳои шаҳрӣ қоидадон нестанд, устод надидаанд ва шеърашон аз ғалбери танқид нагузаштааст, маазолик, шоиранд ва истеъдоди шеърии худро ҳар вақт намоён карда меистанд.” Дар мақолаи дигараш – “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон” устод Айнӣ лаҳҷаи Самарқанд, Ӯротеппа ва Хуҷандро танқид мекунад ва мегӯяд, бояд аз забони кӯҳистониёни “Фалғар – Мастчоҳ гирифта, то Қаротегин ва Дарвоз” истифода шавад.

Айнӣ бо вуҷуди адли илмияш намояндаи фарҳанги шаҳрии тоҷикон буд ва дар Бухорои айёми ҷавонии вай муборизаи сулолаҳои қудратталаб дар ин пойтахти сиёсӣ ва дини минтақа идома дошт. Шояд амири Бухоро гурӯҳҳои гуногуни тоҷикон, аз ҷумла шаҳриёну рустоиёнро ба ҷони ҳамдигар меандохт, то ҳокимияти худро эмин дорад. Дар ин кашокашҳо бархе худро “бухороии асил” ва дигаронро “омада” мешумурданд. Онҳо “омадаҳо”-ро ғолибан “маччоӣ” низ меномиданд ва ин як истилоҳ шуда буд.

Аз қазо нақши ин вожа ҳамчун истилоҳи нажодпарастона дар даврони шӯравӣ низ идома кард. Гурӯҳҳои бонуфузи сиёсӣ дар Хуҷанд байни худ зодагони ҳамаи маҳалҳои дигар, аз ҷумла Истаравшану Ғончию Ашту Исфараро ҷамъан “маччоӣ” меномиданд ва ин истилоҳе буд барои “омадаҳо” ё “сойовардаҳо”. Ҳикоят мекунанд, як шахс дар ин шаҳр баъд аз ошноии наздиктар бо кӯлобиҳо, ки онҳоро ҳам “маччоӣ” меномидааст, гуфтааст, танҳо акнун фаҳмидааст, ки “маччоиҳои худамон беҳтар будаанд.”

Кӯтоҳи сухан, фарҳанги ҷойафтода наметавонист ба Айнӣ таъсиргузор набошад ва ҳамчун адиби инсонпарвар ӯ талош кардааст, топоними “Мастчоҳ” ҷойгузини “Маччо” ё “Масчо” гашта, то андозае он тобиши тавҳиномезро бартараф намояд ё ҳадди ақал ёдовари он набошад. Иттифоқан, як омили таъсиргузори дигар аз он ҷо маншаъ мегирифт, ки дар солҳои 1920-30 Масчо ба яке аз марказҳои муборизаи зидди болшевикон табдил ёфта буд ва бори дигар барои андешаи ҳокими вақт рӯйи “Масчо” ё “Маччо” сояеро фуруд меовард.

Ҳоло суол ин аст, ки чаро бояд варианти ғалати номи як ноҳия, ки зимни сиёсатзадагиҳо ва ҳамчун мероси номгузории русҳо ва хилофи ҳақиқати таърихию воқеӣ ба миён омадааст, ҳифз карда шавад? Дар солҳои шӯравӣ мо тавонистем, номи Шаҳритузро ба Шаҳритӯс табдил диҳем. Қаротегин Рашт шуд. Эҳёи номи Хуҷанд ба ҷои Ленинобод яке аз комёбиҳои бузурги кишвар буд. Солҳои охир хеле аз топонимҳо дар Тоҷикистон иваз шуданд, вале Мастчоҳ ҳамон хел Мастчоҳ монд ва ба ёди касе нарасид.

Такрор шавад ҳам мегӯям, шояд сабаб дар он буд, ки дар ягон шаклаш маънии аслии ин ҷойном шарҳи илмӣ пайдо накард, то ҳусну қубҳи ҳар вариант рӯшан гардад. Муаллифони китобчаи “Аз таърихи Мастчоҳ” (Хуҷанд, 1996) менависанд, баъзеҳо Мастчоҳро бо тамасхур Чоҳи мастҳо меноманд ва гӯё амирони Бухоро мардуми бадмасту авбошро ба ин гӯшаи дур бадарға мекардаанд. Чунин тавзеҳ дар ягон мадраки таърихӣ дида нашудааст ва боз хоҳам гуфт, ин як ғалати донистаи онҳоест, ки он вақт дар сари кор буданду шояд бархӯрди муайяне доштанд.

Нависандагони ин асар суоли баҷо пеш меоранд. Онҳо мегӯянд, вақте ки номи қариб ҳамаи деҳаҳои Масчо (Ғузн, Падрох, Арнохун, Муждиф, Табушн, Виткон, Узвор, Камодон, Пакшиф, Резгиф, Рогиф, Худгиф, Ланглиф ва ғайра) суғдиянд ё беҳтараш бигӯем, тоҷикии имрӯза нестанд, чаро маънии номи умумии мавзеъро бояд ба тоҷикии имрӯза ҷуст?

Иттифоқан, ин китобча аз тарафи ҳукумат ва Бунёди забони ноҳия нашр шудааст. Пас оё имкон надорад, як назарсанҷие баргузор карду аз мардум пурсид, ки оё номи ҳозираи ноҳияро қабул доранд ё на? Сад дарсад бар инам, ки касе аз мардуми ноҳия барои “Мастчоҳ” раъй нахоҳад дод ва ҳамагон тағйиру ислоҳи онро талаб хоҳанд кард. Ноҳия бояд “Маччо” ном гирад ё беҳтараш “Масчо”.

09.10.2012 - Posted by | Баҳс, Таърих, Фарҳанг, Худшиносй | , ,

16 Comments »

  1. Дар солхои 60 дар Исфара бобои ман-ро, ки зодаи дигар чо буд кухансолон “маччоӣ” меномиданд, яъне одами бегона.

    Comment by Peter | 10.10.2012 | Reply

  2. Az Facebook:
    Aminzodeh Daler

    Маччо- ин калима дар замони имруз хамчун “хулиган” -ро ифода мекунад, алал хусус дар байни чавонони шахри…Хубтараш ин варианташро кабул накунанд
    18 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 10.10.2012 | Reply

  3. Mirvaisov Mamur

    Ба фикри ман, аввалан маънии аслии Масчо-ро муайян кардан даркор аст ва ба мардум фахмонидан лозим аст. Дар кишвар светкуши сар шуд, мардум холо дар гами гузапояву, чароги карасини, движоку, таппаку, кумуру дигар проблемахои зимистон машгул мешаванд.
    5 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 10.10.2012 | Reply

  4. Qori Bahrullo

    Paldorak inashro faromush karded ustod?
    Yesterday at 9:55pm · Like

    Comment by aioubzod | 10.10.2012 | Reply

  5. Salim Aioubzod

    Қорӣ, ман фақат баъзе намунаҳоро овардам, деҳаҳои Масчо аз 50 адад бештаранд.
    2 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 10.10.2012 | Reply

  6. Fayziniso Vohidova

    Дар замони шурави низ Масчо меномиданд ва хозир низ тарчумаи русиаш Масчо аст. Аслан Мастчох на он кадар ибораи хуб аст, зеро агар бо диккат назар афканем “чохи мастон” мешавад, яъне бо истилохи руси “яма пьяных или яма алкашей”.
    5 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 10.10.2012 | Reply

  7. Мавзуе, ки Салим Аюбзод бардоштаанд, мухим аст. Зеро дар мавриди топонимхо сахлангори нашояд. Одатан, вакте мардум аз номчойхои кухнаву бостони маъни наёбанд, бидуни истихола он вожагонро наздик ба фахмиши худ тагйир медиханд, ки хуб нест. Бигзор, агар имруз мо аз он номчойхо маъни наёфта бошем, рузе мерасад, ки аз чониби нуктадоне, олиму доное асрори онхо боз мешавад
    Хамагон медонем, ки дар вилояти Намангони водии Фаргона шахре бо номи Чуст мавчуд аст. Аммо устоди зиндаёд Сотим Улугзода дар асари хеш “Субхи чавонии мо” он маконро Тус номидаанд. Баъзе мухаккикон бар онанд, ки устод чун шефтаву волаи “Шохнома” буданд, дар повесташон номи зодгохи худро бо зодбуми Хаким Фирдавси хамгун сохтаанд. Банда бар онам, ки ин даъво беасос аст. Зеро мардуми калонсол (точикони Намангонро дар назар дорам) хануз ин шахри кадимии Фаргонаро Тус ном мебаранд. Чуст амсоли вожаи Туркистон аст, ки умри дароз надорад. Номи зодгохи инчониб “Ровон” аст, вале чавонони имруз чун аз он маъни наёфтанд, мехоханд, ки “Равон” бошад. Ва аммо ин галати махз аст. Ба ин сабукназари набояд рох дод. Хуллас, “Маччо” бояд бошад!
    Бо эхтиром Марямбонуи ФАРҒОНӢ.

    Comment by Марямбонуи ФАРҒОНӢ. | 15.10.2012 | Reply

  8. Dariush Rajabian

    Бисёр матлаби судманд аст, Салими арҷманд. Таъкидатон бар “Панҷекат” ҳам дақиқу баҷост. Аммо бо хондани ин навиштаи ноб пурсиши “Маччо чист?” дар зеҳни ман баландтар садо медиҳад.
    Дар садаи 19-и мелодӣ барои “хулиган”-ҳо ё тоҷикони носуфта дар шаҳрҳое чун Самарқанду Бухоро аз лафзҳои “ғарча”, “ғалча” (кӯҳистонӣ) ва “фалғарӣ” ҳам баҳра мебурданд. Таклифи “ғарча” мушаххас аст: рӯида аз вожаи “ғар”-и суғдӣ ба маънои “кӯҳистонӣ” ва ҳамреша бо “горец”-и русӣ. “Фалғар” ҳам пеш аз фурӯ уфтодани ъарабӣ бар сари забони мо “Парғар” буд ва то дерзамон дар ҷойномҳои русӣ ба шакли “Паргар” ё “Пальгар” зоҳир мешуд, ба маънии “бар кӯҳ”, яъне ҷое бар баландои кӯҳ. Ин навиштаи шумо боъис шуд, то бар сари “Маччо” бештар биандешам. Дар гуфтори мардуми минтақа номи он ноҳия дақиқан ба шакли “Маччо” талаффуз мешавад ва бояд аслро дар он ҷуст. Ҳамонанди “Панҷекат”, ки талаффузи маҳаллии номи он ноҳия аст ва маънои дақиқе дорад, баромада аз забони суғдӣ: панҷ (деҳ)када.
    October 12 at 7:02am · Edited · Like

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  9. Salim Aioubzod

    Сипос аз лутфи Шумо, Дориюши фарзона, ки сари ин чизҳо меандешед ва арзиши наве ба навиштаи банда афзудед. Ростӣ, гуфтам, ки то ҳол калиде барои боз кардани чистони ин ҷойном ба даст наомадааст, ки иллати галатнависии он шуда. Умедворам, ҷавонони закие мисли Шумо дар ин амр ёрмандӣ бикунанд ва ҳақиқатро бар маснадаш биншонанд. Дар мавриди Парғар ё Варғар бо Шумо ҳамнавоям, дӯсти арҷманд.
    October 12 at 6:59am · Like

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  10. A’zam Khujasta

    Хеле чолиб ва арзишманд аст ин дидгох дар мавриди решаёбй аз асолати номи махалхо.Аммо мушкил, дар дастае аз олимон аст ки бар мабнои эхтимология дар пайи халли ин маъала бар омаданд.Аз чумла дар мавриди Маччо низ замоне барои исботи дуруст будани “Мастчох” иддао карданд, ки реша “мост” -ҷурғот(кефир) аст ва “мостҷо”, яъне макон ё махалли мост – ҷурғот.Дар таквияти ин дидгохи худ ба чорводорй машгул будани мардуми ин минтакаро таъкид мекарданд.Ин эхтимологияе беш набуд.Комилан мувофикам, ки асли номро бояд дар худи махал ва аз гуиши мардумони хамон махал бояд чуст.
    Ташаккур Салимчон, хеле хушхол ва дилбаумедам, ки сари ин мавзуъхо дар канду кобед.
    October 12 at 7:21am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  11. Fayziniso Vohidova

    Ман бо Шумо хамфикрам. Сипосгузорам барои пешниходхои чолиб.
    October 12 at 3:09pm via · Like

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  12. Sino Goziev

    Ассалому алейкум акои Салим (агар ичозат дихед ман ба шумо хам хел мурочиат кунам) пешрафти??? ба фикри ман номи таърихи бояд таъгир дода нашавад. Шумо хам медонед ку на хама чизе ки таллафуз мешавад бо овоз вакти навиштан дуруст навишта мешавад (чи дар забони русси чи дар хоричи- кстати на рускои пишется как – Матча) ин хаст яке аз хатогихо калонтарин вакте ки аз забони форси моро ба лотини гузарондан баъд ба кирили дар ин вакт дар номгузорихо бисьёр хатогихо шуд. Ман дар шахри Вахдат(Орджникидзеобод-> Кофарнихон-> Вахдат) калон шудам падарам хама вакт манро таъкид мекард ки тоза гардам,аъло хонам барои он ки ман писари Джобири мастчохи мешавам! Ин маънои он ро надорад ки бояъ ки – буквально соответствовать этому слову, дар вакти джанги исолхои 90-ум бачакои боли ай боло хамидаги бо ярок маноро боз дошта мепусида – а бача ай чо мешай ман мегуфтам аз Мастчох! яке аз он хо гуфт ман медонам он чо дар техникум хонда будам бисьераш хайрон мемонданд, баъдар ин дар хамачо шухи ба шухи ин тарз гап мезаданд ман фикр мекардам , ки хамшари мепурсам не (да так ради прикола сказал).

    Дар Руссия (агар ин калимаро бо маънои точики ва лахчаи ягон минтака таллафуз кунем – тарджумаи на он кадр хуб дорад :)) бисьер шахрхое хастанд ки номхои на он кадар адаби доранд лекин хеч кас онхоро таъгир намедихад.

    Агар ки ин номгузори ба Мастчохи кхна дахл дорад то хеч чиз гуфта наметавонам лекин Мастчои нав аз ин номаш хам баъдтар шароит дорад – зами зах, об шур, аз сахар то бегох хама дар замини пахта, умри миёнаи ахоли аз 50 боло нест – кариб бисьерашон аз саратон(онкологические заболевания) мемиранд. Извините если были грамматические ошибки очень редко пишу на родном языке, оправил ссыkre папе почитать он любит Ваши статьи. Саломат бошед акои Салим худо дар панохаш нигахдор бошад шуморо.
    October 13 at 10:27am · Like

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  13. salom ustod.
    Bo ijozati shumo in matlabro dar tornigori Фирдавси Аъзам
    Адабу фарҳанги Мастчоҳ bo zikri nomi janoboli ovardam.
    http://mastchoh.wordpress.com/мастчоҳ-не-масчо/

    Comment by Firdavsi Azam | 03.11.2012 | Reply

  14. Устод Салими Аюбзод! Рости сари ин топоним хеле хам бахс аст ва шаклхои мухталифи он ба гунахои МАСТЧОХ, МАЧО, МАСЧО, МАЧЧО, МОСТЧО имруз роичанд ва гунаи тахрифёфтаи он МАСТЧОХ дар коргузори кабул шудааст. Вокеан устоди забоншиносамон Толибчон Ваххобов дуруст таъкид доштаанд, ки асли ин топонимро аз забони сугди бояд чуст. Чун банда тахлил намудам дар хеч кадом минтака касе МАСТЧОХИ намегуяд, баръакс МАЧОИ, МАСЧОИ ном мебаранд. Чун МАСТЧОХ дар талаффузи мардум низ дуруст намеояд. Аз ин ру, бояд ин топони МАСЧО (боз гирифта аз МАСХО) бошад. Худо нигохдори Шумо

    Comment by Фазлиддин Убайдов | 07.11.2012 | Reply

  15. Bo arzi salomu adab khidmati barodari arjmand Salimjon! Voqe’an khele khush shudam az in ki in mavzu’ro matrah karded va in hama duston izhori nazar kardand, Khudovand ajr dihad (sharmandaam, ki khele der khondamash). Voqe’an, bori avval nest, ki hamchunin bahse doir meshad, ammo, mutaassifona, paigiri nameyobad, lizo benatija meanjomad, InshaAlloh in navbat, ba iborai shour, “azm durustu sa’i komil ast”. Man ba in nukta muvofiqam, ki khele az nomhoi jughrofi ba’di kasbi istiqlolamon ba aslashun ivaz shudand (ki voqe’an khub ast), ammo kase ba suroghi nomi in kuhandiyor naraft va shoyad ham yak illatash sukuti mo bud, yo un ishorahoe, ki raft (in ki hanuz daleli qote’ nadoshtem). Ba har hol, deri nadorad va khub ast chunin bahse peshoghozi ivazi nom boshad, to misli tabdili ba’ze nomho az karda pushaimon nashavem. Hine, ki in matlabro mekhondam, yak she’ri Ustod Jura Yusufi yodam rasid, ki khele solho pesh dar kadom nashriyae, shoyad “Mashal” – i Mascho (mazarat zamonu nomi ma’khaz az yodam rafta), nshru shudvy durust ba hamin mavzu’ ikhtisos meyoft, hanuzam yak misraash az yodam namerad: ” Na chohi maston, na mostjo hast, az Sughd paido Mascho, Mascho”. Az muhtavoi she’r ayon bud, qabl az one, ki in misraho tavlid yoband, pazuhishe joi doshta, az in ru, mutmainam, ustod niz guftanihoe arzishmand ziyod dorand. Va dustoni digare, ki dar in rosto pajhuhishe kardand va albatta muisafedoni diyor, ki voqe’an ma’khazi zinda hastand. Banda, guishi Mascho-ro beshtar mepisandam.

    Ba umedi piruziho va tamanniyoti nek, Abdusaloh

    Comment by Abdusaloh | 15.11.2012 | Reply

  16. Дуруд устоди гироми! “Иф” дар охири калимахои Пакшиф, Резгиф, Рогиф, Худгиф, Ланглиф кадом маъноро ифода мекунад? Пасванди чамъбанди ё чизи дигар?

    Comment by Ошурмахмади Саркори | 10.12.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: