Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Банди Сино боз мешавад?

Як маркази илмӣ дар Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, то соли 2045 мушкили маргро ҳал хоҳад кард. Бандеро хоҳад кушод, ки Абӯалӣ ибни Сино бо вуҷуди ҳалли ҳамаи печидагиҳои ҷаҳон, “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зӯҳал” натавониста буд, онро боз кунад. Дмитрий Ичков, сухангӯйи ин марказ, ки “Initiative – 2045” ном дорад, гуфтааст, барои тарҳи мазкур 50 миллиард доллар ҷамъоварӣ шудааст.

Ба қавли расонаҳои ғарбӣ, ин марказ сездаҳ сол пеш таъсис ёфта, бисёре аз сарватмандони ҷаҳон ба он сармоягузорӣ кардаанду мекунанд. На танҳо онҳо, балки сарони чанд кишвар, аз ҷумла марҳум Муаммар Қаззофӣ ва раҳбари Зимбабве Роберт Муғабе низ ба пажӯҳиши роҳҳои бемаргии инсон ёрии молӣ расондаанд. Чӣ қадар пул додани онҳо маълум нест, вале рӯшан аст, ки натиҷаи ковишҳои ин марказ ба Қаззофӣ дигар лозим нахоҳанд шуд.

Ҷаноби Ичков аз ифшои номи сармоягузорони дигари барномаи бемаргӣ худдорӣ кард, аммо тасдиқ намуд, ки дар байни онҳо сарони бархе аз давлатҳо низ ҳастанд. Ҳоло набояд ҳайрон шуд, ки раҳбарони худкома қисме аз сарвати худро ба чӣ сарф мекунанд ва дигар набояд гуфт, ки чаро онҳо бо дуздидани миллиардҳо доллар сер намешаванд.

Ин хабар “капсулаи ҷавонӣ”-и Леонид Илйич Брежневро ба ёдам расонд. Пизишкони Кремл мегуфтанд, ҳар рӯз ба ӯ доруе медоданд, ки дар меъдааш метаркид ва ба рагу паяш давида, ҷисми ӯро ҷавонтар мекард. Ба қавли ихтироъкорони ин дору, бо ин роҳ Брежнев тавонист, умри дароз бинад. Аммо бо ин низ ӯро аз марг ҷои гурез набуд. Шояд аз ҳамон вақт ҷустуҷӯи доруи бемаргӣ сар шуда бошад?

Вале агар кори маркази “Initiative – 2045” омад кунаду “мушкили Сино” ҳал шавад, бе марг зиндагӣ чӣ маънӣ хоҳад дошт ва ҷаҳонро чӣ чизҳое пеш хоҳад омад? Ичков ба чунин суол посух надодааст, аммо мегӯяд, то соли 2035 барномаи навсозии комили ҷисми инсон омода хоҳад шуд ва даҳ соли дигар ба он сарф хоҳанд гашт, ки чӣ гуна мешавад, мағзи сарро ба ҷисми нав интиқол дод. Дар он сурат оё инсон ҳамон инсон хоҳад буд ё шахси наве ба дунё хоҳад омад? Инсони беҳтар ва комилтар.

Мавзӯъро нависандагони фантаст Алексей Толстой, Айзек Азимов, Рей Бредберӣ, Курт Воннегут, Абдумалик Баҳорӣ, Адаш Истад ва дигарон дар шакли достонҳои илмию тахайюлӣ баррасӣ кардаанд. Устод Адаш Истад қиссаи профессореро навиштааст, ки тавонист, ҳамаи аъзои ҷисми инсонро нав кунад, аммо дили пур аз ишқ натавонист дар ҷисми пур аз кина пайванд гирад. Сохтани ҳуҷайраи зинда, клонҳо ва трансплантацияи аъзои инсониро тиб дар ду даҳсолаи охир ба падидаи одӣ табдил дод. Ҳоло ҳам беморони лоилоҷ ва сарватмандони солманд ҷигару гурдаву дил ва дигар аъзои бадани худро бо аъзои афроди ҷавон иваз мекунанд. Солона миллионҳо нафар аъзои бадани худро ба фурӯш мегузоранд.

Вале як мушкили умдаи дигар пеш хоҳад омад, ки дар он сурат раҳбароне, ки худро ба курсии сарварӣ “кафшер” кардаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, тахтро тарк кунанд, ҳатман аз бемаргӣ истифода хоҳанд кард ва умеди миллионҳо нафари ҷаҳон, ки шабу рӯз дуои марги чунин раҳбаронро мекунанд, чӣ мешуда бошад? Ин ҳам дар ҳоле ки спектаклҳои “Интихоботи демократӣ” ба осонтарин мазҳакаҳои ҷаҳон табдил ёфтаанд. Албатта, то замоне ки ба ягон “баҳор”-у “садбаргҳо”-и сиёсӣ нарасонанд.

Худо кунад, ки “Initiative – 2045” як найранги пулкоркунӣ бошад ва илоҷи марг ҳаргиз пайдо нашавад. Бигзор дунёи мирӣ ҳамон бо навбат бошад, вагарна тағйире пеш нахоҳад омад. Вале магар ҳар яки мо намехоҳем, ҷовидон бошем? Аз марг эмин ва ҳамеша зинда. Шумо мехоҳед?

14.10.2012 - Posted by | Илм, Инсон, Табиат, Таҷриба | , ,

13 Comments »

  1. Аҷоиб, шахсан ҷовидон зистан намехоҳам. Чи хеле ба дунё омадам, бигзор вақту соаташ расад ҳам хел баргардам. Танҳо пири солхурда ва сарсафед шуда давлати пири ронда…бори зиёдати ба фарзандон шудан ҳам намехоҳам.

    Дастатон дард накунда, устод!

    Comment by Ibrahim | 15.10.2012 | Reply

  2. Зиндагии бидуни марг худ марги зиндагист! Он чи зиндагиро такаддус ва микдор мебашад марг аст. Ин тарх, албатта, чуз найранги пулёби чизи дигаре нест! Ба ин сабаб аст, ки ваъдаро ба соли 2045 мавкул гузоштаанд, то он замон мубтакирони тарх мемиранд ва касони сармоягузораш низ.

    Comment by кодири рустам | 17.10.2012 | Reply

  3. Az Facebook:

    Sarmaddil Hikmatyor

    сафсатае беш нест .хаёту марг ба дасти СОХИБАШ аст!сайхунистони маккор бо хар василае шубхаро дар дили мардум мекоранд .
    Monday at 6:08pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

    • Sadulloh Nosirov

      дуруст гуфтед Сармаддил !найранги навбатие беш нест,аммо зиндагии човидонии бихишти ки мавзуяш дигар аст ,албатта хеле олитару ба маротиб хуштар аст,вуруди ба онро ба муштоконаш орзумандам
      Monday at 6:44pm · Like · 2

      Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

      • Dariush Rajabian

        “Саҳюнистҳо” ва банди Пури Сино? “Саҳюнистҳо” дигар чи дастагуле ба об додаанд? Ва решаи тавтеапиндории мо аз кучо об мехурад?
        Monday at 10:30pm · Like

        Comment by aioubzod | 17.10.2012

  4. Dariush Rajabian

    Бомазза буд: “Чӣ қадар пул додани онҳо маълум нест, вале рӯшан аст, ки натиҷаи ковишҳои ин марказ ба Қаззофӣ дигар лозим нахоҳанд шуд”.
    Monday at 10:31pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  5. Dariush Rajabian

    “Ин хабар “капсулаи ҷавонӣ”-и Леонид Илйич Брежневро ба ёдам расонд. Пизишкони Кремл мегуфтанд, ҳар рӯз ба ӯ доруе медоданд, ки дар меъдааш метаркид ва ба рагу паяш давида, ҷисми ӯро ҷавонтар мекард. Ба қавли ихтироъкорони ин дору, бо ин роҳ Брежнев тавонист, умри дароз бинад”.

    Пас далели чалаппосзанон суҳбат кардани Брежнев ҳамон таркишҳои меъдайи будааст! Ҳар бор яке аз он доруҳои чоду дар шикамаш метаркид, лабҳои марҳум як бор садои чалаппосро тавлид мекард.
    Monday at 10:33pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  6. Dariush Rajabian

    Ъолй буд. Бавижа пурсиши ниҳойи. Ҳақиқати ҳол аз ин қарор аст, ки ҳар касе мехоҳад ҳамоно худаш човид бимонаду рақибаш бимирад.
    Monday at 10:36pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  7. Imommuhammad Goibov афсус ки сармоя зи каф берун шуд,
    Yesterday at 6:22pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  8. Imommuhammad Goibov Афсус ки сармоя зи каф берун шуд, В-аз дасти ачал басе чигархо хун шуд.
    Yesterday at 6:23pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

  9. Imommuhammad Goibov

    Чораи фирор аз марг худ бечорагист!Офаридагор мефармояд:(хар як нафси зинда чашандаи марг хаст)
    Yesterday at 6:33pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.10.2012 | Reply

    • Хар ки омад ба чахон ахли фано хохад буд
      Он, ки пояндаву бокист, Худо хохад буд- гуфтааст бузурге.

      Comment by Махмадрахим. | 17.10.2012 | Reply

  10. Ассалому алайкум, устоди азиз.
    Бале, чуноне дигар бародарон болотар ироа доштанд, расидан ба бемарги сафсатае беш нест. Илм худ аз чониби Худост, чи микдореро зарур шуморад, хамонро ба бандагонаш ато менамояд. Чун Худои мехрубон дар Куръон моро аз хакикати марг ва зиндашавии баъд аз он огох кардааст, дар ин маврид бахс кардан камоли нодонист. Мо дар ин дунё мувофики накшаи (такдири) кашидаи хамон ЗОТИ ПОК бояд фаъолият намоем, на беш аз он. Ё ба кавли хазрати Умари Хайём рахималлох “Мо ЛУЪБАТАКОНЕМУ фалак ЛУЪБАТБОЗ”…

    Comment by ZOKIR | 20.10.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: