Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Вокуниш дар 4 соат

Хабар хеле ғамангез буд. Дар кӯдакистони “Санҷобча” тифлони бечораро мезадаанд ва дар анбори торик ҳабс мекардаанд, то мутеъ ва фармонбар бошанд. Барои чунин шеваи “парвариш” ин муассиса аз падару модарон ба ҷои 25 сомонии қонунӣ 70 сомонӣ мегирифтааст.

Вокуниши мақомот, дақиқтараш суръати вокуниши онҳо ҳайратовар буд. Матлаб нимирӯзӣ нашр шуд ва баъд аз чаҳор соати нашр шудани он дар торнамои Радиои Озодӣ, онҳо хабар доданд, ки худи ҳамин рӯз, яъне 15-уми октябри соли 2012 ин кӯдакистонро тафтиш кардаанд ва фактҳо тасдиқ шудаанд. Ҳамаи қиссаро, бо ҷузъиёташ метавонед дар матлаби ҳамкорам Абдулло Ашӯров бихонед.

Чаҳор соат баъд аз нашри ин гузориш ду мураббӣ аз кор ронда шуданд ва сарвари кӯдакистон ҳамроҳ бо сарошпази он, ки ҳар ду рӯз ба тифлон карамшӯрбо медодааст, сарзаниш шунидаанд. Кормандони шӯъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳатто агар аз тарси бузург шудани моҷаро ё ба гӯши шаҳрдор расидани он даст ба чунин вокуниши зуд зада бошанд ҳам, корашон қобили таҳсин аст. Аммо ҷазои иборат аз сарзаниш ба раҳбаре, ки чунин ҳараҷу мараҷро роҳ додааст, бешубҳа, камӣ мекунад.

Шояд чизе ки раҳбари кӯдакистон Соҷида Назарова ба падари ду тифли ин боғча Хуршед Чӯпонов, гуфтааст, ҷой дорад? Чӯпонов аз бадрафтории мураббиён бо атфол ба мудири кӯдакистон шикоят карда ва шояд чизе мекунам, гуфта бошад, ки хонуми Назарова посух додааст, “шавҳараш дар Оҷонсии коррупсия кор мекунаду касе бо ӯ ҳеҷ кор карда наметавонад”.

Иттифоқан, пулситонии беш аз меъёр дақиқан ҳамон ҷурмест, ки бо фасод ва Оҷонсии мубориза бо корруптсия рабт мегирад. Ҷолиб аст, ки шавҳари мудири кӯдакистон кӣ бошад ва ба ин вазъ чё барохӯрд нишон хоҳад дод?

Хонандае бо номи Абдурраҳим дар ҳошияи матлаби Радиои Озодӣ чунин навишт:

“Салом ба торнамои Озодӣ! Дар кӯдакистони н. Фирдавсии ш.Душанбе музди якмоҳа 55 сомонӣ мегиранд. Абдуло Ашӯров ин масъаларо нағз бардоштаааст. Мо хоҳиш мекунем, ки дар торнамо нархи давлатии моҳонаи кӯдакистонҳоро тибқи қонун муайян намоянд. Мо аз куҷо медонем. Ба боғча кӯдаконро мебарем, аввал 30 сомонӣ буд, баъд 35 шуд баъд 40 сомонӣ шуд, баъдтар 45 сомонӣ шуд, аз моҳи сентябр 55 карданд. Илтимос бародар Абдулло як мақоларо ҳаматарафа таҳлил карда навис. Тибқи қонун маблағ супорем ё тибқи маҷлиси падару модарон? Оё маблағи месупоридагии падару модарон куҷо меравад? То ин ки ҳамаи мардум рӯирост фаҳманд. Баъд мо аз торнамо чоп карда, ба Мудири боғча бурда нишон дихем.”

Шарҳи хонандаи дигари торнамо бо номи Шараф аз шаҳри Душанбе:

“Кӯдакистони № 45 бо номи “Офтобакам”, ки аз худи Вазорати маориф мебошад, 100 сомони таъин кардааст, вале ягон хел ҳуҷҷати (квитанция) баъди пулсупорӣ намедиҳад. Илова бар ин директори кӯдакистон худашро хеши калоншавандахо гирифта, аз ҳеч чиз наметарсад. Аз масъулони ин кӯдакистон хоҳишмандам, ки дар асоси қонуну қоидаи вазорати дахлдор кор ва фаъолият намоянд!!!”

Вақте ки ба шаҳрвандон санади пардохти пул дода намешавад, ин маблағ “дастичапӣ ба шумор меравад, ки мумкин аст, ба кисаи нафаре равад ва ба давлат низ аз ин муомила андозе супурда намешавад. Пас, кӯдакистони “Офтобак” оё ҷайби киро пур мекарда бошад?

Шаҳрдории Душанбе торнамое дорад бо номи “Мо метавонем!”, ки ситоиши онро шунидаем. Шояд нархномаҳоро дар ин торнамо нашр кунанд ва падару модарон огоҳ бошанду шаффофият аз фасод пешгирӣ кунад? Корманди масъули раёсати маориф дар ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт эътироф кард, ки мавридҳои фасод дар бисёре аз боғчаву кӯдакистонҳо вуҷуд дорад ва ин идора ба таҳқиқи вазъ дар ҳамаи онҳо шурӯъ кардааст. Аҷиб аст, ки чаро то ҳоло ба ин мушкил рӯ наовардаанд?

Ба ҳар сурат, Радиои Озодӣ низ ин падидаро дунбол мекунад ва мебинад, ки оё вокуниши сареъ ба ҳалли мушкил на танҳо дар “Санҷобча”, балки ҳамаи кӯдакистонҳои Душанбе ва кишвар хоҳад расонд ё танҳо як зоҳирпарастию намоишкорӣ хоҳад буд? Феълан ин вокуниш ба журналистони Радиои Озодӣ як бовар медиҳад: “Мо барои ин ҳастем, ки чизеро тағйир диҳему беҳтар кунем!”

15.10.2012 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Тоҷикистон, Ҷомеа | ,

1 Comment »

  1. Домулло Аюбзод!Вокуниши Шумо маро аз хондани он гузориш боз махзунтар кард.Нафаре дар гурбат дарду аламхои ин мардумро шунида,дида ва аз дили худ гузаронад ва боз онро бинависад ва хушдор дихад,ки ЭЙ ГОФИЛОН ИН ЧИ БЕДОДГАРИСТ шоёни тахсин ва кадрдонист…….

    Comment by Bovar | 19.10.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: