Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Матн барои акс

Ба аксе, ки тасодуфан ба “чашм”-и телефони ман афтод, наздик ба 100 унвон навишта шуд, яке аз дигаре беҳтар ва ҳайрон мондам, ҷоизаро ба кӣ диҳам. Зоҳиран, акси муҳиме нест, аммо як лаҳза аст, ки метавонад, ҳадсу гумону хаёли зиёд ва рангорангро ба вуҷуд орад. Дар акс марде дида мешавад, ки сар ба зону гузоштааст ва зане бояд аз канори ӯ рад шавад.

Ин аксро аз телефони ҳамроҳ рост ба Фейсбук фиристодам ва аз дӯстони фейсбукӣ хостам, барои он матни муносибе пайдо кунанд. Як илова ҳам кардам, ки барои беҳтарин матн ҷоиза хоҳам дод. Ҷоиза аз худам ва аз номи худам ба муаллифи беҳтарин зернависи ин акс. Фейсбукиён бояд зеҳни тезу ҷавони ғании иттилоотӣ ва хаёли дурпарвоз дошта бошанд.

Шахсан ба худам ин навиштаи Маъмур Мирвайсов писанд омад: “Ман дар чӣ хаёлу Аюбзод дар чӣ хаёл”. Дуруст аст. Аммо агар ҳама дар як хаёл бошем, манзара бароямон бисёр танг хоҳад буд. Озодии тахайюл решаи ҳамаи кашфиёту пешрафтҳост.

Аммо хонандагон, ки аз онҳо хоста шуд, бо пахш кардани тугмаи “Лайк” ё “Писанд” беҳтарин зерматни аксро интихоб кунанд, ба ин навиштаҳо бартарӣ доданд:

Фаррух Ҷӯрақулов: Не расстраивайся, счастье всегда поджидает за углом!

October 23 at 6:43pm • Like • 19”

Faizullo Nasrulloev: И он не просит. И она не подаст…

October 23 at 7:12pm • Like • 12”

Povestka Kgb “Кредитную карточку украли”

October 23 at 7:26pm • Like • 10”

Asomiddin Atoev “Ошиқи бечораям ҷое надорам хонае. Шаб ба кӯи ёр будам рӯз ба ҳар вайронае”

October 23 at 11:27pm • Like • 7”

Passer-by: “I’ll marry the next man I meet around THIS corner”….”Oh, no!”

October 24 at 10:43pm • Edited • Like • 5”

Ёкубджон Дустбоев: Умр агар хуш гузарад зиндагй хизр кам аст, В-ар нохуш гузарад ними нафас бисёр аст…

October 23 at 7:03pm • Edited • Like • 4”

Султонхуча Насулоев • Я встретил девушку…

October 23 at 8:25pm • Like • 4”

Navruz Jobirov Яке дар оинаи дунё худро менигарад, дигаре дар оинаи тафаккур.

October 24 at 11:24am • Like • 4”

Qosim Safarov Зиндаги чист хуни дил хурдан. Зери девори орзу мурдан

October 23 at 6:39pm • Like • 4”

Sarmaddil Hikmatyor омадам то боз бинам руйи зебойи туро!!!

October 23 at 6:41pm • Like • 3»

Farrukh Kom Как бы мне хотелось взять и повернуть время вспять… на год назад… не совершить прошлых ошибок… многое изменить… не быть такой доверчивой… и ценить многое!!!

October 23 at 7:20pm • Like • 3”

Шумори зиёде аз шарҳҳо ду ва як тарафдор пайдо карданд. Вале шояд дар байни онҳо навиштаҳои ҷолибе ҳастанд. Ба шарҳе, ки аз ҳама зиёд – 19 “Like” гирифт, мухолифате надорам, вале аз хонандагони арҷманд мехостам, як бори дигар якояки шарҳҳоро бигарданд ва баҳо диҳанд. Он гоҳ хоҳам гуфт, ҷоиза ба беҳтарин шарҳ дода хоҳад шуд. Агар ду шарҳ баҳои баробар гирифтанд, яке ҷоизаро аз ман хоҳад гирифт ва дигаре ҷоизаи муҳаббати хонандагонро (низ аз банда!) Умедворам, баҳо додан ба ин шарҳҳоро заҳмат нашумаред ва аз барандагон ҳам хоҳам хост, ки ками моро ба ҷои беш гиранду аз ҷоиза ношод нагарданд.

30.10.2012 - Posted by | Баҳс, Инсон, Каме латра, Ҷомеа | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: