Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дидор бо Гугуш

Боварам намеояд, ки имрӯз ним соат ё шояд бештар дар рӯбарӯи хонуми Гугуш истода будаму ҳамроҳаш гуфтугӯ мекардам, суолҳо медодаму посухҳояшро мешунидам ва нури чашмони ӯ ба ман меафтод. Боварам намеомад, ки ин ҳамон ҳури осмонист, ки солҳо ба ин сӯ аз садояш маст мешудам ва порчаҳое аз осори худро зери оҳангҳои ӯ навиштаам.

Continue reading

Advertisements

21.11.2012 Posted by | Каме латра, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳунар | | 18 Comments

Шояд ин касро мешиносед?

Блогнавис Александр Ронин дар сафҳаи худ ду акси як муҳоҷири тоҷикро нашр намуда, хостааст, ки тоҷикон ба ӯ дасти мадад дароз кунанд. Фақат ин зарур аст, ки шахс шиносоӣ ва хешу наздикони ӯ дар Тоҷикистон ёфта шаванд. Ҳоло ҳамдиёри мо дар як бемористони Русия бекасу бесоҳиб аст.

Continue reading

16.11.2012 Posted by | Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Тоҷик, Тоҷикистон | | 2 Comments

Аввал дарвеш, баъд хеш

Ҳокими аёлати Ню Йорк Эндрю Гиёмо сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати ин аёлат Стивен Куарро аз кор пеш кард. Сабаб ин буд, ки Куар дар айни авҷи рафъи пайомадҳои тӯфони “Сэндӣ” зердастонашро ба манзили худ фиристодааст, то дарахти фурӯафтодаеро аз назди хонааш бардоранд. Ҳоким гуфт, вақте ин хабарро шунид, ҳамон сония фармони барканории Куарро имзо кард.

Continue reading

12.11.2012 Posted by | Амрико, Таҷриба, Қонун, Ҷомеа | , , | Leave a comment

Жакони 20 сол пеш

Фикр мекунам, аз миёни журналистони тоҷик шояд аввалин касе ҳастам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) мақола навиштаам. Ин гузориш анқариб 20 сол пеш, ду рӯз пас аз раҳбари порлумон ва амалан сарвари давлат интихоб шудани мавсуф дар моҳи ноябри соли 1992 дар “Чароғи рӯз” нашр шуда буд. Намедонам, кӯҳна шудааст ё не.

Continue reading

03.11.2012 Posted by | Баҳс, Сиёсат, Таҳсил, Таҷриба, Тоҷикистон, Ҷомеа | | 17 Comments