Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Жакони 20 сол пеш

Фикр мекунам, аз миёни журналистони тоҷик шояд аввалин касе ҳастам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) мақола навиштаам. Ин гузориш анқариб 20 сол пеш, ду рӯз пас аз раҳбари порлумон ва амалан сарвари давлат интихоб шудани мавсуф дар моҳи ноябри соли 1992 дар “Чароғи рӯз” нашр шуда буд. Намедонам, кӯҳна шудааст ё не.

Чанд моҳ пеш як дӯстам акси чанд шумораи ҳафтаномаи машҳурро, ки дар таҳхона пинҳон кардааст, бароям фиристод ва шӯхиомез пурсид оё дар ин ду даҳа ба суоли худ посух ёфтаам. Манзураш сарлавҳаи матлаб буд. Ин ҳама муддат бино ба тақозои касбам фаъолияти қаҳрамони мақолаи бист сол пеши худро дунбол кардаам ва ду дафъа бо ӯ ҳамсӯҳбат низ шудаам, вале ҳоло фикр кардам, ҳамоно наметавонам, ба ин суол бо камоли бовар ҷавоби якмаъно ва кӯтоҳ диҳам. Аслан, ин вазифаи журналист нест, ки ба суол посух диҳад ва гоҳо суол танҳо барои он аст, то таваҷҷӯҳи хонандаро ба самти муаяйне равона кунад.

Эътироф мекунам, ки матлаб чандон ҳамвор навишта нашудааст. Шояд бо шитобзадагӣ омода шуда, ки аз нашр дер намонад ва хуб веросторӣ надида, камбуди иттилоъ дар созмону мӯҳтавои он нақши муайян доштааст. Ибораи “Урдуи халқию демократии ҷумурӣ” ҳанӯз ҳамон вақт лабханди маро меовард, аммо таъсиси он як воқеият буд ва имрӯз мебинем, ки “Артиши Сурияи Озод” пайдо ва эътироф шудааст. Ман умедвориҳои ҷомеаро навишта будам, ки аз ду ҷониби даргир ба танг омада буд ва интизории як раҳбари бетарафро мекашид.

Бад нест, агар ин навиштаи деринаро, ки акнун бо мадади дӯсте дастрасам шуд, ин ҷо, ба истилоҳи имрӯза, бикорам. Фаромӯш накунед, ки он моҳи ноябри соли 1992, яъне 20 сол пеш, навишта шудааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ. НАҶОТБАХШ Ё НАЗАРБОЗ?

Вақте ки депутатҳо қариб бо як овоз раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд, дар як они воҳид номи наве дар фазои сиёсии Тоҷикистон чун барқ дурахшон гашт. Эмомалӣ Раҳмонов. Онҳое, ки аз дур ҷараёни бархӯрди гурӯҳҳову кланҳо ва печутоби воқеаро дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ мушоҳида мекарданд, умуман чашмдошт набуданд, ки ин депутат ба чунин маснад баргузида хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмонов чеҳраи маъруф ва шинохта набуд. Дар рӯйдодҳои ним соли охири Тоҷикистон ӯ низ шояд ба андозаи муайян ширкат дошт, аммо иштироки вай ончунон номуассир ва чашмнорас буд, ки дар паҳлуи симоҳои фаъоли ҳарду тараф зери соя мемонд.

Аксарияти депутатҳо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали сессия медонистанд, ки на С. Кенҷаев ба “ҷои дӯстдошта”-и худ бармегардаду на А. Искандаров дар он “курсии сеҳрнок” боқӣ мемонад. Дар рӯзҳои нахустини иҷлосияи Хуҷанд аз Сафаралӣ Кенҷаев пурсида буданд, ки оё ба мансабе, ки як вақтҳо соҳиб буд, бармегардад. “Не”, — посух дод Кенҷаев. “Пас кӣ меояд?” – пурсиданд аз ӯ. Собиқ спикер бо итминон гуфт: “Эмомалӣ Раҳмонов!”

Ин номи нав як қисми мардумро рӯҳбаланд сохта, қисмати дигарро ба зулмоти биму тарс афканд. Вале суханронии аввалини спикери нав ба сурати умум аксариятро ба натиҷае овард, ки раиси нав “чандон одами бад ҳам набудааст”. Суханронии ӯ оддӣ, бенайранг, бе “кадуча”, барои авом хеле фаҳмо буда, чун ба воқеияти рӯзгор хеле мувофиқ буд, бехато ба ҳадаф хӯрд. Садҳо барқияе, ки ба иҷлосия ва садову симо меомад, қариб як хел шурӯъ мешуд: “Аз суханронии аввалини Шумо дар дили мо шӯълаи умед фурӯзон гашт”. Ҳатто гурӯҳҳои мусаллаҳи Душанбе, ки ҳоло дар ҳайати Урдуи халқию демократии ҷумурӣ муттаҳид шудаанд, изҳор намуданд, ки агар Раҳмонов дар амал ба гуфтаҳои худ садоқат зоҳир намояд, тайёранд аз ӯ пуштибонӣ кунанд.

Ҳамаи ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, ки тавонист, ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ карда, хеле зуд образи шахсеро, ки иваз намуд, хира кунад. Баъди ин “плюс”-и калон “плюсҳо”-и нави раиси нав паиҳам намудор гаштанд, ки бешубҳа, то рафт обрӯи ӯро боло мебаранд.

“Плюс”-ҳои дигарро ба таври зайл қайд кардан мумкин аст:

– салобат ва қатъият дорад, ки аз нирӯмандӣ дарак медиҳанд.
– кӯшиш мекунад, ки дар рафтори худ мустақил бошад;
– оҳанги самимият дар гуфтораш бештар аст
– асабонияти худро ошкор намекунад
– ба ҳамаи депутатҳо эҳтиром мегузорад, кӯшиш мекунад, ки ҳамаро ба як чашм бубинад
– содда ва ба “забони халқ” ҳарф мезанад, эҳтироми забони давлатиро нигоҳ медорад
– нисбати депутатҳо гоҳо сахтгир аст.

Албатта, ин хосияти раиси нави Шӯрои Олӣ бештар характери зоҳирӣ доранд ва соҳибашон метавонад, онҳоро на танҳо бо мақсадҳои нек истифода барад. Аз “плюсҳо”-и спикери нав ҳарф зада, “минусҳо”-и ӯро зикр накунем, кори одилона намешавад. Аввалан, муқобилият накардани ӯ ба баъзе суханрониҳои дурушт ва то ҳадде иғвогарона метавонад, боиси шубҳаву гумонҳо гардад. Раҳмонов дар чанд маврид имкон дошт, садди роҳи депутатҳое шавад, ки “созиши сулҳ”-и вакилонро вайрон карда, аз нав ба фазои иҷлосия рӯҳияи қасду қасосро ворид кардан мехостанд. Хомӯшии ӯ дар чунин пайт маънии ҳамақидагии ӯро ба чунин баррасиҳо дошт, хоса ки чунин вакилон аз зумраи ашхоси то ҷое ба ӯ наздик ба шумор мераванд.

“Минус”-и дуюм ин аст, ки спикери нав дар нисбати дастаҳои мусаллаҳи Душанбе агар ҳамчун як шахси ба онҳо хушназар падидор мегашт, обрӯяш дучанд боло мерафт. Хоса ки раҳбарони ин гурӯҳҳо ба ӯ барқияи табрикӣ фиристода буданд ва он аз тариқи телевизион низ садо дода буд.

Ба ҳар сурат ин “минус”-ҳо қобили ислоҳанд ва шарти асосӣ он аст, ки Раҳмонов дар амал худро чун шахси бетараф, довар ва ҳаками барои ҳама тарафҳо баробар зоҳир намуда, шанси бузурги таърихии худро ҳамчун Наҷотбахши Миллат аз таҳти дил татбиқ намояд ва сулҳу бахшоишу оштиро ба миён оварад.

Дар он сурат номи ӯ дар таърихи халқи тоҷик на камтар аз қаҳрамонони миллӣ мақом хоҳад ёфт. Вале барои ин ҳама – аз сарвазир гирифта, то шаҳрвандони оддӣ бояд ба ӯ кӯмак расонанд. Дар акси ҳол…”

“Чароғи рӯз”, N 47 (68) 1992

Дар акси ҳол чӣ шуд, худ медонед…

03.11.2012 - Posted by | Баҳс, Сиёсат, Таҳсил, Таҷриба, Тоҷикистон, Ҷомеа |

17 Comments »

  1. Дар ин чо хочате “дар акси хол” нест. На танхо сарвазиру шахрвандон ба у ердам накарданд, балки у худ ба ердам роб надод, масъулиятро таксим накард. Оддиена менигарем ва бахо медихем: он шахсе ки 20 сол пеш самимона парчами давлатиро бусида руяш молида буду хамагон барояш макоми Начотбахши миллатро зери таъсири эхсосот ба у таъмин карданд, имруз 5 ноябри 2012 ба чи сифат шахсе мубаддал ефтааст? Устод Аюбзод, шумои сохибсухан метавонед садхо далелхое биеред, вале сад фоиз мутмаинам нуктаи назари маро тагйир нахохед дод. Зеро “шароити муташаннич”-е ки он солхо аксари мардуми Душанбе аз сахифахои Чароги Руз байни омма забонзада мекарданд, то тол идома доранд, факат дар сурати модерниаш. Хатто устод Акбар Турсун тасдик карданд, ки монархияро дар Точикистон пешгири кардан гайриимкон аст. Ое касе метавонист 20 сол пеш пешгуи кунад ки масофаи байни начотбахши миллат будан ва оилави намудани хукумат он кадар дур хам нест? Айб дар веростори рузнома набуд, балки дар хамаи онхое ки натавонистанд фосилаи 20 соли баъди 1992-ро дарк кунанд?

    Comment by Faizullo | 05.11.2012 | Reply

  2. Az Facebook:

    Dododjon Atovulloev Ин нахустин макола пас аз ба сари кудрат омадани ЭР буд, ки сардабири “Чароги руз” Салими Аюбзод навишта буданд. Ва ОХИРИН шумораи ” Чароги руз” дар Душанбе.Ва мо Ватанро тарк кардем. Сарнавишти кормандони “Чароги руз” достонест пуршур…Шояд ин достонро хам онхо менависанд.
    November 5 at 9:15am · Like · 5

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  3. Negmat Amonbekov · 45 mutual friends
    Ёд бод он рузгорон ёд бод!!!!!!
    November 5 at 9:37am · Like

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  4. Jovidon Tillozod Огои Додочон, дар шурангези ва фитнаандози хамто надоред ба фикрам ха? Инсони ватанпарвару халкдуст бояд андешаи зиракона карда, ба миллату ватанаш хизмат кунад. На дар медияи хоричи хукуматдоронро росту дуруг танкиду паст занад. Хама аз фаолияти хозираи хукумат бохабар хаст. Он чизе ки аён хаст, хочат ба баён нест, аммо на дар шакли амалхои кардаи Шумо!!!
    November 5 at 9:39am · Like · 2

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  5. Завқибек Солиҳов Аз хамаи матлабхое, ки дар хафтаномаи «Чароги Руз» хондаам, ДАРДОВАРДАТАРИНАШ, матлаби Мунавари Мунаварзод бо номи «Катли оми гулхо» буд ва хаст.
    November 5 at 9:50am via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  6. Ilhom Ilhomjon Кадом кори хукумата тариф кунем? Бе свети, бе кори, бе конуни, бе сохиби… То имруз мушкили зиед шуд вале кам нашуд.
    November 5 at 10:23am via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  7. Jovidon Tillozod Бародар Илхом, шояд аз хама халки чабрдида мардуми чануби кишварамон бошад…На кувваи барк, на об, на газ ва хонахои ободу холи осудаги доранд…
    November 5 at 10:47am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  8. Jovidon Tillozod Локин манзури ман огои Додочон мебошад ки, аз дур рафта хукуматро санг мезанад. Фикр мекунам ки, инсони окил бояд бо хукумату давлат хамзабони ёфта, як зарра хам бошад химмати худро бар мардумаш ато кунад!!! Кахрамонхои гузаштаи таърих бо зами чандин фишорхо хамзабони ёфта, хизмати халкро мекарданд………
    November 5 at 10:49am · Like

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  9. Fayziniso Vohidova Фикр мекунам, ки инсони окил бояд бо хукумату давлат хамзабони ёфта, як зарра хам бошад химмати худро бар мардумаш ато кунад, гуфтааст бародар Човидон. Хеле фикри хуб, аммо бар мукобили инсони окил хукумату давлат низ бояд окил бошад. Карсак аз ду чониб. Садои як даст ношунаво. Аз кахрамонхои гузашта ёд кардед. Дуруст, аммо дар гузашта бар ивази патриотизм мардум аз чониби давлат маоши сазоворе, ки барои мохгузарони кифоя аст, мегирифт. Сиёсати ичтимои таъмин ва баробар буд. (пенсия, стипендия, пособия). Хозир чи?
    November 5 at 11:51am · Like · 4

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  10. Dovud Sulaimon ташакур апаи Файзинисо э кош хама занхои Точикистон мисли шумо мефахмиданд
    November 5 at 12:01pm · Like

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  11. Jovidon Tillozod Fayzoniso: Шумо фикр накунед ки ман, 100% бо хукумати имруза рози хастам. На. бо канд гуфтан дахон ширин намешавад. Аз оне ки лаънат бар торикию шаби сиёх мекунем, хубтараш ин ки як шамъро афрухта кунем то ин ки гирду атроф равшан шавад… Ягон кахрамони гузаштаи таърих дар кайфу сафо набуданд. Хамеша дар дарду азоб гирифтор буданд. Изтироб пайи изтироб буд…Ба хар хол………
    November 5 at 12:07pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  12. Abdullohi Samarkandi Оре,чояш холист,”Чароги Руз”як
    инкилоби маънави,фикри буд ва чун хар як эчоди нобига нотакрор .Тарзи ороиш,хайъат,сухани равону зебо,мавзуъхои мухим,тахлили ояндабин,аз хама мухимтаринаш адолат,гуногунрангии мавзуъхо…..ва боз бисери дигар сифатхои воло дошт.Як минбаре буд олимаком,бехтарини бехтаринхо,арзандатарин,шоистатарин…Хукумати Точикистон ва хусусан Чаноби Оли бо бастани “Чароги Руз” ва торумори хайъаташ руйи худро дар сахифаи таърих сиех кард.Албатта наслхои оянда барои ин икдоми точиккушашон инхоро лаънат мекунанд ва як эпизоди дигар дар сафи Чингизу чагатойу халокуву тамерлану хоказохои дигар зиеда мешавад.Агар ин “хукумат” хукуматдори медонист ва дилсузи ба Миллату Мамлакат медошт,хатман коре мекард,ки “Чароги Руз”дар Душанбе чоп мешуд.Аз шахсияте монанди муассиси “Чароги Руз”,-Додочони Атовуллох,ки дар Русияву Аврупову Амрико хамчун рузноманигори нотакрор мешиносанд ва машхур аст,ин хукумат ба чои истифода ва дастгири душман сохтааст ва намефахмад,ки бо гузашти якчанд солаке чойхояшон иваз мешавад;- хукумат ном сиеху хоини Миллат мешаваду Додочон кахрамони Миллат.Инчунин дустону хамкорони Додочони Атовуллох,ки хар кадоме дар сахифаи чамъияти Мо чойи арзандаи худро доранд,агар “Чароги Руз”-ашон дар Точикистон ичозаи нашр дошта бошад,бовар дорам,ки бори дигар дар хизмати Ватану Миллат фазои гувороеву тозае медамиданд.Ин нобигахоро ки намедонад?!;-Салим Аюбзод,Абдукайюм Кайюмзод,Сочидаи Мирзо,Мирзои Салимпур,Абдукодир Рустам….Чоп шавии “Чароги Руз” дар Точикистон ба инкилобе шабохат медошт.Хукумат низ аз ин амал метавонист,ки чандин маротиба аз туннелкушоиву флагштоксози зиедтар нафъ гирад….
    November 5 at 3:50pm · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  13. Fayziniso Vohidova Бародари азиз Човидон! То кай ман шамъро афрухта атрофро равшан мекунам. Дар ин 20 сол чанд тонна шамъ сухтам ва хеч ин сабили шамъ тамом намешавад, то он даме ки Чин бозорхои тамоми оламро зери тасарруфи худ карор додааст. Бале, кахрамонони гузашта кайфу сафо намекарданд, аммо Шумо асри 21-ро бо кадом аср баробар карданиед? Дар он давру замон фурузонакхои на ильичи буду на каммасраф. Дарду азоб низ ба хар як давру замон такозои худро дошт. Имруз одам бо кайхон гуфтугу дораду Шумо холо хам аз шамъи хитоию буржуйкаи бобои фикр мекунед? Агар ман дар асри пеш аз милоди умр ба сар мебурдам, хеч гох бо Шумо вориди бахс намешудам. Агар ман дар шароити кунуни андозсупоранда намебудам ва ин чиновникхо маоши худро аз хисоби ман намегирифтам, умуман вориди майдони бахс намегардидам. ман танхо он чизро талаб дорам, ки ин давлату ин хукумат тибки Сарконун кафолат додааст. Бо 18 солагии каблуи Сарконуни ЧТ табрик. Як чахон ташаккур.
    November 5 at 12:32pm · Like · 7

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  14. Barzu Ishoki Jovidon tillozod: бале атовуллоев аз дур истода хукуматро танкид мекунад. Аввалин ки хукуки танкиди хукуматро касе манъ накардааст. Дуввум ин ки танкидро метавон хох аз дарун ва хох аз беруни кишвар метавон кард. Сеюм, хукуматро хароина бояд танкид кар…See More
    November 5 at 3:15pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  15. Jovidon Tillozod Fayziniso: Аввалан ки шамъ ин маънои мачози дорад, на хакики. Яъне манзури ман ин буд ки, ватанро бояд ободу равшан созем. Суханхои асри пеш аз мелоду пас аз мелодият асос надоранд Бевосита бо тамоми вазминихои рузгор.. Ман боз мегуям ки, харгиз тарафдори хукумати ришвахури хозираи Точикистон нестам.
    November 6 at 12:42am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  16. Jovidon Tillozod Барзу: Ихтиёр ба Шумо хаст, хохед танкид кунед, хохед таъриф. Ман пеши рохи ягон касро нагирифтам ва гирифта хам наметовонам. Шояд дар саросари кишвар мазлумтарин афроди чомеаи Точикистон мо бошем…
    November 6 at 12:44am · Like

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply

  17. Fayziniso Vohidova Човидон, бародари азиз! Хак бар чониби Шумо, вакте ки дар хусуси хукумати ришвахурон хакикатро мучассам кардед. Ахсант. Ва дуруст гуфтед, ки ватанро мо бояд ободу равашан созем, аммо барои ин харакат кардан даркор, яъне куввахои чисмонию аклонию зехнир…See More
    November 6 at 1:28am · Like · 6

    Comment by aioubzod | 12.11.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: