Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Аввал дарвеш, баъд хеш

Ҳокими аёлати Ню Йорк Эндрю Гиёмо сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати ин аёлат Стивен Куарро аз кор пеш кард. Сабаб ин буд, ки Куар дар айни авҷи рафъи пайомадҳои тӯфони “Сэндӣ” зердастонашро ба манзили худ фиристодааст, то дарахти фурӯафтодаеро аз назди хонааш бардоранд. Ҳоким гуфт, вақте ин хабарро шунид, ҳамон сония фармони барканории Куарро имзо кард.

Нашрияҳои Ню Йорк дар ин бора як хабари кӯтоҳ доданд ва ҷое ҳам барои баҳс боқӣ нагузоштанд. Шояд Куар фикр кард, тоза кардани назди хонаи ӯ низ бахше аз талошҳои рафъи вайронкориҳои тӯфон аст, вале раиси ҳукумат бар ин буд, ки хидматгорони халқ аввал бояд хонаи халқро тозаву дуруст кунанд ва баъд ба фикри худу аҳли хонадони худ шаванд.

Дар Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат борҳо шунидаам, ки ҳукуматдорӣ дар Амрикоро танқид мекунанд. Шояд низоми давлатдории Амрико олӣ ва бенуқс нест, аммо коршоямии он дар лаҳзаҳои фавқулода намудор мешавад. Ман шоҳиди он будам, ки чӣ гуна давлат ба осебзадагони “Сэндӣ” ёрмандӣ мекард. Аммо шикоят низ зиёд шунида мешуд, зеро амрикоиҳо, ки дар роҳату нозпарвардӣ зиндагӣ мекунанд, ба чунин вазъ омодагӣ надоранд ва мехоҳанд, ҳама чиз дар арзи чанд соат дурусту хуб шавад. Гузашта аз ин ишфо гаштааст, ки бархе талош мекунанд, аз чанд ҷою марказ кӯмак гиранд ва дар натиҷа имдод ба дигарон дертар мерасад.

Дар сафарҳои гузаштаам ба Амрико ва махсусан Ню Йорк қиссаҳои зиёдеро шунида будам, ки бархе аз шаҳрвандони Шӯравии пешин ба андозаи зиёд сабаби рахна дидани низоми беҳдошт, бима ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Амрико шудаанд. Онҳо боигарии худро ба номи дигарон сабт мекунанд ва аз давлат ёрии молӣ мегиранд. Нақл мекунанд, ки як рус дар мошини қиматбаҳои навъи охир ва сарулибоси гаронбаҳо, дар даст соати “Ролекс”, дар чашм айнаки “Гуччӣ” ба фурӯшгоҳ медарояд, беҳтарин чизҳоро бармедорад ва бо чекҳои “Велфайр”, ки ба қашшоқтарин одамон дода мешаванд, ҳисобӣ мекунад. Ман даҳҳо сокини собиқи Душанберо мешиносам, ки писаронашон фурӯшгоҳи тилову ҷавоҳирот доранд, аммо худи онҳо нафақаи қашшоқӣ мегиранд.

Ду сол пеш Ню Йорк аз як муҳокимаи додгоҳ такон хӯрда буд. Шаш шаҳрванди Шӯравии собиқ, ки моликияти воқеии ҳар кадом аз 1 миллион долларӣ беш буд, барои фирефтани давлат ва солҳои зиёд истифода кардан аз анвои гуногуни нафақа ва ёрдампулиҳо аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин хабар дар нашрияҳои русизабони Ню Йорк чоп шуда буд. Шиносҳои русзабони ман мегуфтанд, ки “боке нест, ҳама ин корро мекунанд, Шумо ҳам агар, система ё тарзи кори ин чизҳоро фаҳмед, бояд аз он истифода кунед.”

Як бозии дигар ин гуна аст, ки ду нафар машварат мекунанд ва мошинҳои кӯҳнаи худро дар кӯча ба ҳам мезананд. Садамаи роҳ, вале фақат на тасодуфӣ. Сипас, домани бимаро мегиранд ва каме пул барои тармими мошину пули бештаре барои “табобат”-и осебзадагони садама. Дар ин кор пизишкони “худӣ”, яъне онҳое, ки аз Шӯравӣ омадаанд ё пайванде бо чунин афрод доранд, кӯмак мекунанд ва “ҳаққ”и худро ҳам мегиранд. Соҳаи беҳдошт ин қадар имконияти зиёде барои найрангҳои пулӣ медиҳад, ки ҳисоб надорад. Агар солхӯрда бошед ва ҳам омадае аз Шӯравӣ, ки забонро намедонад, бароятон ёд медиҳанд, ки ҷияни худро парастори тиббии худ эълон кунед ва давлат ё ширкатҳои бима ба ӯ барои парастории Шумо пул диҳанд.

Хуб аст, ки найрангҳо тадриҷан фош мешаванд ва ҳоло чандин пизишк ва ширкати бима тафтиш мешаванд. Барои ишора ба бузургии масъала бояд бигӯям, ки танҳо як духтар дар шаҳраки Куинс ба он айбдор мешавад, ки бо ҳамдастии ширкати бима 150 миллион долларро аз худ кардааст ё ба афроде интикол додааст, ки ҳеч ҳаққе ба ин пулро надоштаанд.

Дар рӯзҳои тӯфони “Сэндӣ” ҳукумати аёлати Ню Йорк ҳушдор дод, ки “баъзеҳо қадам пеш гузоштанд ва ба осебзадагон дасти мадад дароз карданд, вале ҳушманд бошед, ки ин даст ба ҷайби Шумо надарояд.” Додситони кулли Ню Йорк Эрик Шнейдерман дастур дод, онҳое таҳқиқ шаванд, ки эълом доштаанд, ба хоҳишмандон бензини бепул медиҳанд. Инҳо афроде буданд, ки аз аёлатҳои ҳамсоя бензин оварда, ба мардум пешниҳод мекарданд, аммо ба нархи аз 10 то 100 доллар, дар ҳоле ки бензин 3 то 4 доллар нарх дорад. Ҷолиб аст, онҳое, ки “системаро мефаҳманд”, мегӯянд, на бензин, балки зарф ё канистра мефурӯшанд, ки нархаш 150 доллар аст ва агар дар даруни он чизе фаромӯш шуда бошад, низ аз они харидор хоҳад буд. Яъне гӯё имкон надорад, онҳоро ба бензинфурӯшӣ айбдор кард. Бархи дигар генераторҳоро бо нархҳои осмонӣ ба фурӯш бароварданд. Дар баъзе мавзеъҳои нархи об, нон, шабкирои меҳмонхонаҳо боло рафт.

Фақат нагӯед, ки магар давлати капиталистӣ ба нарх чӣ кор дорад ва онро бозор муайян мекунад. Ман ҳам айни фикрро мекардам, вале маълумам шуд, ин давлат як қонуни рӯшану фаҳмое дорад, ки ҳеч кас набояд аз беилоҷии касони дигар суистифода кунад. Ин қонун “нархгузории зиёдаравона”ро дар ҷараёни “қатъи ҳолати одии бозор дар шароити фавқулода”ро манъ мекунад ва барои иҷро накардани талаби қонун ҷазои сахт пешбинӣ намудааст. Тавре мебинед, Ню Йорк “ҷангали сангӣ” нест ва аммо дар ҷомеаи он ҳама навъи мардум мавҷуданд. Барои ҳамин фармони ҳоким Эндрю Гиёмо, ки дар чанд сония сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати ин аёлатро аз кор ронд, дучанд боаҳамият намудор мешавад.

12.11.2012 - Posted by | Амрико, Таҷриба, Қонун, Ҷомеа | , ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: