Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шояд ин касро мешиносед?

Блогнавис Александр Ронин дар сафҳаи худ ду акси як муҳоҷири тоҷикро нашр намуда, хостааст, ки тоҷикон ба ӯ дасти мадад дароз кунанд. Фақат ин зарур аст, ки шахс шиносоӣ ва хешу наздикони ӯ дар Тоҷикистон ёфта шаванд. Ҳоло ҳамдиёри мо дар як бемористони Русия бекасу бесоҳиб аст.

Александр менависад, ин бародари ӯ бо ин нафар дар як палатаи бемористони ба номи Фишери шаҳри Волжский хобидааст. Муҳоҷири тоҷик инсулт ё сактаи дил шуда, се моҷ ба ин сӯ дар шифохона аст ва эҳтимол меравад, ин фалокат дар натиҷаи латукӯби сахт рӯй додааст. Ягон ҳуҷҷат надорад, русиро хуб намедонад ва дар ҳоле ки нимафалаҷ аст, ба тоҷикӣ ҳам дуруст сӯҳбат карда наметавонад.

То ҷое ки ба Александр Ронин маълум шудааст, номи ин ҳамватани мо, эҳтимолан Кенҷа Ҳамдамов аст ва зодгоҳашро Исфара ё Хуҷанд гуфтааст. Эҳтимол меравад, ӯ аввал дар як ферма кор карда, сипас кӯчарӯб шудааст. Мумкин собиқадори Афғонистон аст ва рутбаи капитанӣ дорад. Гуфтааст, дар Тоҷикистон ӯро ҳамсараш, як писар ва як духтараш интизоранд.

Александр Ронин менависад, дар ҷустуҷӯи хешу наздикони ин шахс аст, ки битавонанд, ҳуҷҷатҳои худро барқарор ва ин бечораро соҳибӣ кунанд. Аз ҳамаи хонандагони ин блог даъват мешавад, дар шиносоии ин муҳоҷири сарсахт ва хабардор кардани хешу пайвандони ӯ ёрӣ расонанд.

16.11.2012 - Posted by | Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Тоҷик, Тоҷикистон |

2 Comments »

  1. Hamash dardu…

    Comment by Abdukhalil | 17.11.2012 | Reply

  2. Man manam, Man naman

    Comment by Karma Letter | 21.11.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: