Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дидор бо Гугуш

Боварам намеояд, ки имрӯз ним соат ё шояд бештар дар рӯбарӯи хонуми Гугуш истода будаму ҳамроҳаш гуфтугӯ мекардам, суолҳо медодаму посухҳояшро мешунидам ва нури чашмони ӯ ба ман меафтод. Боварам намеомад, ки ин ҳамон ҳури осмонист, ки солҳо ба ин сӯ аз садояш маст мешудам ва порчаҳое аз осори худро зери оҳангҳои ӯ навиштаам.

Наход, ин бонуи кӯчак, хоксор ва нармгуфтор ҳамон фариштаи хобҳои нуронии ман аст, ки марғулаҳои садояш гӯши маро навозиш мекард, нидову нолааш ба умқи дилам мерасиду раг-раги ҷонамро такон медод ва калимаҳои сеҳрангезаш дар зеҳни ман манзараҳои афсонавиро ба ҷилва меовард? Оре, ҳамон буд. Чашмам шояд бовар намекард, чун ба симои саҳнаии ӯ одат кардааст, аммо дилам ӯро меламсид ва мешинохт. Наворҳои видеоияшро ҳанӯз дар солҳои хидмати ҳарбӣ дар Афғонистон борҳову борҳо пасу пеш мегардондам, аз ҳаракати дасту бозу, чашму абрӯ ва танаш ба ваҷд омадаву ҷо-ҷои наворро бозмедоштам ва ба ҳар хатту холи ӯ хира шудаву лаҳзаҳои дароз чашм медӯхтам.

Дар он саҳнаҳо Гугуш чусту чобук буд, аммо ҳоло оҳиста ҳарф мезад ва оҳиста, гоҳе беҷуръатона ҳаракат мекард, аммо аз тамоми вуҷудаш муҳаббат, нафосат ва некӯӣ мерехт. Чашмони зебояш ҳамоно дилфиреб буданду аммо нигоҳаш як андоза фосилагир. Фазои давраш фарри ноаёне дошт, ки инсонҳоро ба худ мекашид, сархуш мекард ва ба онҳо ҳисси осоиш медод. Фикр кардам, ин фарри зарандуд аз таронаҳои ӯ тӯре танида буд, ки садҳо нафарро гирдаш ҷамъ меовард. Торҳое нонамоёне ин ҷо буданд, ки дилҳоро ба дили ӯ пайванд мекарданд.

Имрӯз, 21-уми ноябри соли 2012, бешубҳа, бароям як рӯзи хуш ва таърихӣ буд, чун бо овозхоне мулоқот кардам, ки дар хушию нохушиҳоям ҳамроҳи ман буд, дар ҷашну мотам дарди маро сабук мекард ва ба ман илҳоми навиштан медод. На танҳо ба ман. Ҳазорон нафар дар Тоҷикистон сурудҳои ӯро мешуниданд ва ин таронаҳо буданд, ки Эронро ба тоҷикони солҳои 1970-80 ошно менамуданд. Онҳо мусиқӣ ва шеъри Эронро ба Тоҷикистон меоварданд. Ман ҳанӯз солҳо пеш талош карда будам, ки Гугуш аз ин ҷойгоҳи хеш дар Тоҷикистон огоҳ шавад.

Соли 1999 маҷаллаи “The Iranian” (Лондон), ки аз хонандагонаш хоста буд, ба Гугуше, ки дар Эрон монда буду дигар намехонд, нома нависанд. Маҷалла беҳтарин номаҳоро интихоб ва нашр кард. Номаи ман ҳам дар қатори онҳо буд:

* Inspiration for Tajiks

Dear Googoosh,

Let me to thank you for your songs and to say that I am glad, because I live in the same time as you. I am 38, and I am from Tajikistan. You are the favorite person in my homeland. Nobody had so much influence as you did on the political, cultural and national revival of Tajiks during 70 years of Soviet rule. Your songs, coming from the other side of the Iron Curtain inspired people to think, to survive, to live and to love. You were a divine voice, which awoke us. You were a representative of Iran and Persian language and culture.

Rain … Iron Curtain… Eyes full of sadness… Dark and quiet streets… That was Tajikistan a few years ago. [Journalist] Muahiddin Alimpour was our messenger, who brought your love to us. But he was killed shortly after Tajik independence.

We would like to listen to your new songs. Even “qissai digar nadoram,’ but ‘jodeh faryod mezanad biyo’. We would like to listen to your new songs, one of which should be about Muahiddin and Tajikistan, small beautiful country in the heart of Asia. I hope.

Salimjon Aioubov”

Дертар ин нома дар торнамои худи Гугуш низ мунташир шуд ва то ҳанӯз он ҷост. Он замон ман орзу карда будам, ки ӯ рӯзе ба Тоҷикистони дардкашида ояд ва бо садои биҳиштии худ ба захмҳои он малҳам гардад. Номаи ман такрори чизҳое буд, ки шодравон Муҳиддини Олимпур барояш гуфта буд. Ба Муҳиддин ҳасад мебурдам, ба чашмони ӯ, ки Гугушро дидаанд, аммо дар гӯшаи хотирам набуд, ки маро ҳам чунин чизе насиб мегардад ва рӯзе бо худи Гугуш рӯбарӯ хоҳам истод.

Ҳарчанд омадани ӯ ба идораи мо дар Прага ногаҳонӣ рӯй дод, бо даъвати кӯтоҳу шитобзадае даҳҳо хонандаи торнамои Радиои Озодӣ ба ӯ паём фиристоданд. Вақте омад, гуфт, ки Тоҷикистонро дӯст медорад ва дафъатан аз Муҳиддини Олимпур ёд кард. Аз он дидори сабз дар Теҳрони бистучанд сол пеш.

Ман аз номаи худ чизе нагуфтам, аммо муҳаббати тоҷиконро барояш расондам ва хоҳиш кардам ба суолҳои онон посух диҳад. Ҳарчанд хонуми Гугуш намехост, ин дидори кӯтоҳ расонаӣ гардад, ба чанде аз пурсишҳо ҷавоб дод ва гуфт, иншоаллоҳ, ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Ва афзуд, сафараш ба мақомоти тоҷик низ бастагӣ хоҳад дошт. Инро ҳам гуфт, ки омодааст, овозхонони ҷавони тоҷикро дар Академияи мусиқӣ, ки дар Лондон таъсис додааст, бипазирад ва ба рушди онҳо мадад расонад.

Хеле одӣ ва хоксор буд. Мисли даҳҳо нафаре, ки ӯро ҳалқасон печонда буданд ва ҳар кадоме мехост, бо ӯ лаҳзае ҳам бошад, сӯҳбат кунад. Аммо одӣ ҳам набуд, чун дили ҳамаи атрофиёнашро шукуфонд. Ӯ Гугуш буд…

21.11.2012 - Posted by | Каме латра, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳунар |

18 Comments »

  1. good ustod……

    Comment by Sarvinoz | 22.11.2012 | Reply

  2. Az Facebook:

    Hadizha Bobomurodova Браво!!!
    Thursday at 10:13am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  3. Марямбонуи Фарғонӣ Хондам, хавас кардам! Оли!
    Thursday at 10:17am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  4. Илҳоми Муҳаммадиброҳим Дар симои Шумои азиз хамаи точикон ва Точикистонро дид.
    Бисёр олй.
    Thursday at 10:31am via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  5. Nisarahmad Baheer · 9 mutual friends
    zamoni ki bacha budam,Daru devori utoqi darsam az post kart hoe GUGUSH pur bud.
    Thursday at 10:36am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  6. Shohin Samad Оли. Зинда бошед!
    Thursday at 10:46am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  7. Lola Merganova Одамони хушбахт хастед, ки дидори Гугуш насибатон гашт! Аз хурди уро хеле дуст медорам, монанди хазорхо хаводорони дигараш.
    Thursday at 10:36am · Like · 5

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  8. Ariful Suman GREAT..
    Thursday at 12:35pm · Like

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  9. Khiromon Baqozoda мутаассифона, ба мо аксу наворбардориро манъ карданд. Ин аксҳо бо ширкати худи хонум Гугуш аз ҷониби ҳамкорони мо бо роҳи “қочоқӣ” гирифта шудаанд -)
    Thursday at 12:53pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  10. Ariful Suman GREAT TO SEE U SIR…
    Thursday at 12:53pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  11. Anahita Boboeva dilam ob meshavad..
    Thursday at 4:07pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  12. Muhiddin Muminov Одно время с ее песнями спал и просыпался, если честно я ее любил.
    Thursday at 10:38pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  13. Nilufar Ilkhomzoda-Akdik She’s the Best!!! Salim aka dar kujo shumo dided Googooshra dar NY e LA?
    19 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  14. Parvina Ibodova завидую))
    18 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  15. Abdurahmon Rahmonov Ягона хунарманде ки дусташ доштаму хохам дошт хамин Гугуш аст . Вакте ки мешунавамаш , як навъ эсос мекунам ки бо ман аст .
    15 hours ago · Edited · Like · 2

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  16. Lola Merganova Бо миллионхост! Милиун-милиун-милиун гули роз….
    15 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  17. Salim Aioubzod Дар Прага, Нилуфар, дар коргоҳи мо.
    14 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 24.11.2012 | Reply

  18. hi,excusme i had a question..
    Where is this picture taken?and when?
    i cant undrstand your language but i think its Tajik?yes?
    I would be happy to guide me..tanx

    Comment by Taha Olyaee | 28.11.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: