Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Барно ва “Ятран”

yatranИн қиссаро ба ҳамаи онҳое мебахшам, ки ваҳшати ҷанги Тоҷикистонро пас сар кардаанд. Ва пеш аз ҳама ба зани тоҷик, ба бонувоне, ки ин ҷанг онҳоро дар айни ширинии зиндагияшон мотамзада карду танҳояшон намуд. Талош мекунам, дар симои яке аз онҳо дарду андӯҳ ва фоҷиаи ин наслро нишон диҳам. То куҷо ин бароям муяссар шудаву мешавад, ба Шумо, хонандаи арҷманд бастагӣ дорад.

Бо нашри қисм-қисми ин достон аз ҳамаи хонандагони он самимона хоҳиш мекунам, ки фикру ақидаи худро дар бораи ин асар бинависанд ва маро роҳнамоӣ кунанд. Махсусан, рӯйи ниёз ба онҳое меорам, ки худ шоҳиди рӯзҳои сахт буданд ва ҳақиқатро бо чашмони худ дидаанд. Ҳатман бинависед, ки то куҷо лаҳни ин достон ва симои қаҳрамони он самимиянд ва идомаи воқеаро чӣ гуна тасаввур мекунед. Интизори шарҳу номаҳои Шумоям.

Барно ва “Ятран”

Дар сукути шишафоми бомдод аз куҷое, аз дуриҳо, садои пайваста ва рамуздори мошинкаи хатнависӣ ба гӯшаш расид. Барно ҳайрон шуд, ки дар тамоми ин бино ба ғайр аз ӯ касе мошинка надошт, пас ин садо аз куҷо меомад? Он ҳам, ки мошинкаи ӯ ҳафт ё ҳашт моҳ шуд, бекор хобидааст.

Манбаи садо мисли ин ки дар ҳаракат буд. Тиқ-тиқ лаҳзаҳое наздик меомад ва ҳам батадриҷ дур мерафт. Гоҳе пур аз шавқу шӯр буду суръат мегирифт ва садои тиқ-тиқ мисли чоп карданҳои худи ӯ тирвору бефосила меомад ва гоҳи дигар оҳиста, андешмандонаву коҳилона ва ҳатто бехушона, дилу нодилон, лангида пеш мерафт. Тарзи ақиб кашида шудани тирак ё тавре мошиннависон мегӯянд, “каретка”, ки аксаран бидуни садои зангӯла ба вуқӯъ мепайваст, нишонаи он буд, ки ангуштони ҳунарманд ва озмудае тугмаҳои ҳуруфро пахш мекарданд ва касе ҳоло менавишт, ки фосилаҳоро хуб мешинохту ангуштонаш худ ҳарфҳоро “медиданд”, меёфтанду мешумурданд ва медонистанд, ки ҷумла ба ҳошияи сафҳа расидааст. Зангӯла одатан замоне садо медиҳад, ки мошиннависони навкор ё бесалиқа ақиб кашидани кареткаро фаромӯш мекарданд ва садои занг онҳо огоҳӣ медод, ки агар ба сари хат барнагарданд, ҳарфҳо рӯйи ҳам дар як пай хоҳанд афтод ва дар он ҷой ба ҷуз аз як доғи сиёҳ чизе рӯи сафҳаи сафеди шикофтшуда боқӣ нахоҳад монд.

Оваҳ, касе тиқ-тиқ, тақ-тиқ-тиқ, тиқ-тиқ-тақ-тақ-тиқ… ҳарфҳоро рӯи сафҳа мечиду мечид. Худоё чӣ матнеро чоп мекарда бошад?

Ин садо ба гӯши Барно мисли мусиқӣ мерасид. Зеру бамҳои он барояш оҳанги аҷибу дилрасе дошт. Вай фикр кард, ҳатто метавонист, аз рӯи тафовути андаки садоҳо тахмин занад, ки ин сонияҳо дар рӯйи коғази он мошинка чӣ ҳарфҳое пайдо мешавад ва матн дар бораи чист. Аммо замоне ки садо дур мерафт, муайян кардани ҳарфҳо мушкил мешуд. Дар ҳар сурат ҳарфҳо гӯё бо шӯхию шодмонӣ боло меҷаҳиданд, ба сафҳа бармехӯрданд ва нақше аз худ мегузоштанд. Ҳарфҳо, вожаҳо, ҷумлаҳо ё шояд мисраъҳову байтҳое, ки паёмеро ба ҷовидонаҳо мебаранд. Албатта, ҳоло касе матни мансур чоп мекард, зеро ҳуруфчинии назм бо фосилаҳои зудтаре сурат мегирад.

Оқибат садо пасттару пасттар шуд ва дар ҳамон дуриҳо хомӯш гашт. Гӯё ин як мошинкаи сайёр буд. Аз куҷое омад ва ба нокуҷо рафт. Барно фикр кард, шояд садо аз умқи хотирааш берун омадааст, аз кадом гӯшаи фаромӯшиҳои замони кораш, ааз ҳафт моҳ пеш. Аз он даврае, ки садои мошини хатнависӣ мусиқии зиндагияш буд. Рӯзи дароз дар коргоҳ “тиқ-тиқ-тақотиқ” мезад ва ҳам шабони дароз дар хонааш корҳои “дастичапӣ”-ро чоп мекард, то ризқи худу фарзандонашро фароҳам орад. Барно ҳадс зад, ки шояд ҳасрати он рӯзҳо ин садоро дар мағзи хобидааш ба наво овард.

Сукути субҳ аҷаб хосияте дорад. Чанд лаҳзаи кӯтоҳ ҳама ҷо сокит аст ва баъд аз он садоҳои гуногуне дарҳаму барҳам бо ҳам меомезанду симфонияи нозуки субҳро ба какофонияи ваҳшати зиндагӣ табдил медиҳанд.

Касе дари оҳании баромадгоҳро кушод ва башаст пӯшонду шитобкорона қулф кард. Дар хомӯшии бомдод садои тоб хӯрдани дандонаҳои калид ва сагакҳои қуфл бараъло ба гӯши Барно расид. Чанд моҳе буд, ки ба даромадгоҳи бинои нӯҳошёна дари пурвазни оҳанӣ задаанд ва ба ҳар сокини бино калид додаанд. Мақсад ин буд, ки аз меҳмонони нохонда ва махсусан мусаллаҳони сармасту чашмпурхун пешгирӣ шавад.

Қадамҳои тез дур шуданд. Лаҳзае баъд касе бо садои баланд бо каси дигар тунд ҳарф мезад. Шояд чизеро мефаҳмонд ё талаб мекарду исрор дошт. Ҳамсуханаш сарпечӣ мекард. Садои аввала баландтару базарбтар мешуд. Мошине аз роҳи калони пушти хона гузашт. Оҳиста мерафту зув мекашид. Шояд роҳ ҳанӯз яхбаста аст ва ронанда бо эҳтиёт мерафт. Ё шояд бори гароне бар дӯши мошин аст. Кӯче дар субҳидами яхзада аз пойтахт мерафт. Ба ҷои амнтаре. Рӯзе нест, ки касе бо бору колои хонааш шаҳрро тарк накунад. Мошинҳо зери бори лашшу лӯше, ки соҳибонаш солҳо ҷамъ кардаанд, нолон пеш мерафтанд ё шояд аз рафтани як шаҳрии дигар розӣ набуданд ва танҳо аз рӯи иҷбор ҳаракат мекарданд. Мошинҳое, ки дар болояшон тобути махмалпӯш доштанд, низ ҳамин гуна ба оҳистагӣ ва зӯъм ҳаркат мекарданд.

Барно лаҳзае ба нафаскашии фарзандонаш гӯш дод. Ором ва муназзам. Тасаввур кард, ки кӣ дар куҷо ва чӣ тавр хобидааст. Аз сардии зимистон акнун ҳама дар як ҳуҷра мехобиданд, то бо даму нафаси ҳамдигар ин ҳуҷраи хурдакакро гарм кунанд. Барқ нест. Оби гарм нест. Газ нест. Магар замоне Барно тасаввур карда метавонист, ки шаҳри азизаш ба чунин рӯз ҳам хоҳад афтод? Вай ба тифлаш ҷафстар шуд ва кӯрпаро ба сараш кашид.

Ҳамсояҳо кайҳо шармро як сӯ гузоштаву дар манзилҳои худ бухорӣ шинонда буданд. Дидани мӯриҳои зиёд ва хурду калон дар тирезаи табақаҳои боло ва дуди ғализи онҳо барои Барно ҳайратовар буд. Ҳаргиз гумон надошт, рӯзе аз ошёнаҳои панҷуму шашум ва аз он ҳам болотар мӯриҳо берун хоҳанд рафт ва аз онҳо дуди сиёҳу кабуд якҷоя бо он бӯи хоси ангиштсанг ба осмони шаҳр парвоз хоҳад кард. Хонаҳо бо он дудкашҳои хурду бузург ба дарахтони пиру хастае монанд шудаанд, ки аз нуки шоху навдааашон дуд ва бӯйи кумур ба осмони шаҳр мепечад.

Аслан кайҳост, шаҳри дӯстдоштаи ӯ ба як девонахонае табдил ёфтааст, ки саг дар он соҳибашро намеёбад, чи монад ба хонаҳои канораи дурафтода ва дар гузашта деҳотии шаҳр.

Шояд баъд ӯро пинак рабуд, зеро вақте аз ҷеғ заданҳои дугонааш Зӯҳра бедор шуду садоҳои зиёд ва гуногунеро шунид, донист, ки рӯз рӯшан шудааст. Аввал инро дарк кард ва баъд дид, ки тиреза рӯшан аст. Ҳанӯз ранги муайян надорад, аммо рӯшан аст. Садоҳои зиёд далели оғози такопӯҳои зиндагӣ буданд. Дунё баъд аз хоби кӯтоҳу нороҳат ва осемасари шабона аз нав ба ҳаракат омад. Зиндагӣ идома дорад.

Кампали пашмиро, ки акнун нақши пардаи тирезаро мебозид, яксӯ кард ва аз табақаи савум ба поён нигариста, Зӯҳраро дид, ки ду бордони плостикии хонакатаки пур дар даст ӯро фарёд мекард. Бо дидани суроби Барно дар панҷара, Зӯҳра як ҷузвдонро ба рӯйи барфи чиркин гузошт ва бо панҷаи хурдакаки даруни дастпӯшаки пашмияш ишораи рафтан кард. Аз даҳонаш чанд луқма ҳавр берун омад. Барно аз рӯи ҷунбиши лабони Зӯҳра ҳатто инро хонд, ки “фуро, рафтем, дер шуд.”

Барно як табақаи тирезро бо эҳтиёт кушод ва сар аз он берун карду гуфт:

— Не, Зӯҳраҷон, ман дигар намеравам. Бас аст. Ман мошинкаамро соз мекунаму корамро аз сар мегирам. Бозоршинӣ ба дилам зад.

Бо кушодани табақаи бориктари тиреза ҳавои сард ба пешонааш заду даруни бинияшро сӯзонд. Дар чашмонаш ашк дамид. Сараш дар беруни сарди зимистон буду танаш дар хонаи гарм. Дар берун барфи реза меборид. Шояд на барф, балки заҳри ҳаво. Хеле сард!

(Давом дорад)

09.12.2012 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Сарнавишт, Ҳикоя |

4 Comments »

  1. Оғози хеле хуб. Ман ин матнро се бор бодиққат хондам. Бандҳои якум (“Барно ҳайрон шуд, ки дар тамоми ин бино ба ғайр аз ӯ касе мошинка надошт, пас, ин садо аз куҷо меомад? Он ҳам ки мошинкаи ӯ ҳафт ё ҳашт моҳ шуд, бекор хобидааст.”), дуюм (ҷузъиёти “зангӯла”), сеюм (“Худоё, чӣ матнеро чоп мекарда бошад?”), ҳафтум (“Касе дари оҳании даромадгоҳро кушод ва башаст пӯшонду шитобкорона қулф кард…” ), дувоздаҳум (“…бедор шуду садоҳои зиёд ва гуногунро шунид, донист, ки рӯз рӯшан шудааст. Аввал инро дарк кард (ва) баъд дид, ки тиреза рӯшан аст. Дунё баъд аз хоби кӯтоҳу нороҳат ва осемасари шабона…), сездаҳум (“Кампали пашмиро, ки акнун нақши пардаи тирезаро мебозид, …”) ба диди ман, беҳтарин пораҳои аввали достонанд.
    Дар ҳар яки онҳо тасвирҳои тозаю нав ва бозёфти бадеие ҳаст.
    Хондани онҳо ба дилам сахт писанд омад.
    Ва симои қаҳрамони асар, Барно, садои дили вайро рӯшану боварбахш тасвир мекунанд.
    Ин матнро миёни он чӣ аз адибони тоҷик дар ин мавзӯъ дар ду даҳсолаи охир дастрас ва мутолиа кардаам, миёни беҳтаринҳо мебинам. Бо навиштаҳои адибони муосири хориҷӣ дар ин мавзуъ, мутаассифона, шинососии кам дорам, аммо бе муқоиса ҳам ба сари худ оғози достони “Барно ва “Ятран” олист.
    Як намунаи сабки хоси Салими Аюбзод.
    Бандҳои дигар ҳам бисёр нағзанд. Аммо ба назарам, барои аввали достон, ки тасвири маҳкам бо тасвиру фикру ҷузъиёти хеле ҷаззоб дорад, (бандҳои болоӣ), боз афзудани тафсилоти дигар, ҳарчанд хеле ҷолибанд, динамикаи оғозро каме суст мекунад.
    Шояд, беҳтар мебуд, масалан, бандҳои 10 ва 11- ро “Ҳамсояҳо кайҳо шармро як сӯ гузоштаву…” ва “Аслан кайҳост, шаҳри дӯстдоштаи ӯ…” – ро дар давоми достон ҷой диҳед.
    Аммо банди дар бораи бухорӣ хуб мебуд ба шакле дигар сар шавад. Масалан, Барно аз поён халтаи вазнини ангиштро ба хонааш мебарорад. Монанди он ки пас аз чанд лаҳза кампали ба ҷойи пардаи тирезаро мекушояд ва он ҳо гуфта намешавад, ки чаро кампал пардаро иваз кард ва чаро? Хонанда худаш мефаҳмад, пай мебарад.
    Аммо дар гузоштани бухорӣ масалан, дар манзили табақаи 9 – ум, ки барқу газ надорад ва ин мавзуъ солҳои охир мояи шарму ҳаёи хосу ом шудааст, ҳеҷ ҷойи хиҷолату сарафкандагӣ намебинам. Ҳатто ки дидани печ дар хонаи этаж як манзараи тамошобоб, каме романтикӣ аст. Зиёд ҷойи дареғу таассуф дорад ва хавотиркунанда аз сӯхтор ҳам ҳаст, албатта. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷойи шарму ҳаё ва маҳкумӣ надорад. Махсусан, дар достоне, ки дар бораи ваҳшати замони ҷанг аст. “Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест шариф/Натавон мурд ба сахтӣ, ки дар ин ҷо зодам.”
    Банди 6 зебост, зимнан, дар саҳифа танҳо ин ду ҷумла нисбатан мутантан ва муаллақ ҳастанд ва ба давоми достон, умуман ба достон он қадар намечаспанд: “Сукути субҳ аҷаб хосияте дорад. Чанд лаҳзаи кӯтоҳ ҳама ҷо сокит аст ва баъд аз он садоҳои гуногуне дарҳаму барҳам бо ҳам меомезанду симфонияи нозуки субҳро ба какофонияи ваҳшати зиндагӣ табдил медиҳанд.” Чунки пас аз ин, ҳанӯз субҳ надамида, камаш се ҳодиса тасвир мешавад.
    Матн таҳрирхӯрда ва комил аст. Танҳо чанд калима ва ҷумла ба чашмам нозебо намуд: “шикофтшуда”, ки шояд “шикоф” беҳтар, “табақаи бориктар” – “табақи танг”, “Тасаввур кард, ки кӣ” – ба ҷойи “ки” – и аввал вергул беҳтар
    ( махсусан ки агар хато накунам, пеш ҳар ду “ки” ба ҳарфҳои форсӣ аслан як хел навишта мешуданд, акнун дар баъзе китобҳои нав навишти “кӣ” бо “йо” ҳам ба чашм мерасад.”Аз даҳонаш чанд луқма ҳавр берун омад.”
    Равиши ҳодиса росту боварбахш тасвир шудааст, намедонам дар оянда чӣ воқеаву фоҷиаҳое дар пеши роҳи персонажҳо камин гирифтаанд. Чунки зиндагӣ дар давраи ҷанги ноҳақ худ фоҷиа аст. Ин маро ба хондани давоми достон шавқманд мекунад. Рости гап, агар сари достон пуртаъсиру дилписанд намебуд ва медонистам давоми он чӣ мешавад, дар ин нимашаб сари мутолиаи гаштаву баргаштаи ин ҳошияро наменавистам.
    Лаҳни ҳикоят аз забони муаллиф бисёр самимӣ, батамкин, зоҳиран ором аст. Ин сабки тасвирӣ ба назарам, барои мавзӯи ин достон ва нияти нишон додани “дарду андӯҳ ва фоҷиаи” насли ҷангдида роҳе муносиб аст. Дар ҳақиқат, дуруст нест дар бораи ҷанг бо сабки тунд, эҳсосотӣ (ба маъние, ки ақлро бипӯшонад), “ҷанговарона”, заҳролуд, нешдор навишта шавад. Ба ҳар ҳол, ин ақидаи шахсии ман аст.
    Хуб, дигар илҳому барор ёри шумо бод, устоди арҷманд – Салим. Мунтазири хондани давоми достон ҳастам.

    Comment by Маъсум | 12.12.2012 | Reply

  2. истифодаи калимаи “зуъм” бозёфт аст.

    Comment by Мухаммадюсуф | 12.12.2012 | Reply

  3. Акои Салимчон, огози достонро аз нав хондам. Ин дафъа… бодиккат, хичо ба хичо…
    Холо таъриф намекунам, харчанд достон таърифи аст ва сабки Шумо маро писанд омадааст. Зеро ба он ниёз надоред. Баъдан, таъриф касро гох рухбаланд гардонад, гох…кохил. Инак назари банда дар бораи ин бахши достон:
    Калимаи “каретка”-ро “тирак” тарчума кардед, хеле равону хушсадост ва хуб мешуд дар чумлахои дигар хамон “тирак” истифода гардад. Дубора ба “каретка” баргаштан хусни матнро мекохонад.
    Калимаи “андешамандонаву кохилона…” хеле вазнин аст. Ба фикрам, “…баандешаву кохилона…” мегуфтед, бораш сабуку навояш низ дилпазир мегардид.
    Поёнтар: “руз рушан шудааст.” Дар чумлахои баъдина низ калимаи “рушан” такрор гашта, ба хусни матн латма мезанад гуё. Бехтараш чунин ислох шавад: “…,ки руз шудааст.” ва як “рушан”-и дигар низ бо муродифаш иваз гардад, олам гулистон мешуд.
    Акои Салимчон, навиштаед: ” тиреза рушан аст. Хануз ранги муайян надорад, аммо рушан аст.” Поёнтар мехонем:” Кампали пашмиро, ки акнун накши пардаи тирезаро мебозад…” Агар тиреза бо кампали пашми пушида бошад, гумон аст, ки кас субхи солехон дамидани рушноиро бинад. Балки бедор шуда, дар тираравшани хона аз садохои гуногун, ки ба гушаш менишинанд, тахмин мезанад, ки шояд субх дамида бошад.
    Боз поёнтар: “…чузвдонро ба руи барфи чиркин гузошт.” Ва нихоят дар анчоми ин пораи достон мехонем: “Дар берун барфи реза меборид. Шояд на барф, балки захри хаво.” Агар мушохида карда бошед, дар чунин вактхо хамун барфи ба истилох “захрча”, хоса агар ба руи барфи пешин нишинад, низ заминро сафед мекунад ва чирки барфхои аз ин пешро мепушонад. Хуб мебуд, таносуб риоя шавад.
    Бо эхтиром Шариф.

    Comment by Шариф | 25.01.2013 | Reply

  4. […] Барно ва “Ятран” […]

    Pingback by “Ятран” (Поёни достон) « Салими Аюбзод | 04.02.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: