Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Барно ва “Ятран” (2)

aa2Аз хонандаи арҷманд, Маъсуми азиз, ки ба ҳайси як адабиётшиноси хушзеҳн ақидаҳои худро дар бораи оғози достон бароям навишт, то осмонҳо сипосгузорам. Ин дӯсти наҷиб маро водор кард, идома достонро бознависӣ кунам ва инак, порчаи дувумро ба таваҷҷуҳи ӯ ва дӯстони дигар пешниҳод намоям. Боз ҳам интизори андешаву ақидаи хонандагон хоҳам буд, то бубинам, роҳи ман дурусту мустақим аст ё на. Бо дуруд!

Инак, идомаи достон…

Барно ва “Ятран” (2)

Барно фикр кард, садояшро, ки гӯё дар яхистони берун аксандоз шуд, ҳамаи сокинони бино шунидаанд. Беихтиёр шармид ва лаб газид. Аммо ба ёдаш расид, ки дигар дар ин шаҳр бо садои баланд ва дашномҳои гӯшхарош сӯҳбат кардан одате шудааст, ки касеро ба тааҷҷуб намеорад. Ҳатто занҳо чизҳоеро бо садои баланд мегуфтанд, ки аз шуниданашон ба рӯйи кас сурхӣ медавид. Мардҳо чанд ибораи шармоварро “гул”-и сари ҳар ҷумла карда буданд ва аз талаффузи номи ҳеҷ як аз аъзои бадани инсон ҳазар намекарданд. Чанд сол пеш ин одат вуҷуд надошт.

Бо ҳар садое буду набуд, маълум буд, ки Зӯҳра сухани ӯро шунидааст ва бо ишораи тасдиқ сар такон дод. Он сари кӯчакеро, ки рӯймолпеч карда буду танҳо чашмон, бинӣ ва даҳонаш намудор буд ва бордони ба замин гузоштаашро бардошту хаёле ғамзакунон рафт. Вай ба бозор меравад. Ба фурӯшандагӣ. Аммо Барно пеши худ қарор кард, ки дигар ба он ҷо наравад. Дигар сиккаву сурати Нозими бозоркомро набинаду талху пичинги ӯро нашунавад ва ҳам доду фарёди бозорро. Ин ғавғо низ пур аз қабоҳат буд ва рӯзҳои охир, Барно ба гӯшҳояш пунба мегузошт, то садои камтаре шунавад. Вале он вақт сухани баъзе аз харидорони хастаҷонро низ шунида наметавонист.

Сари ҳар соат дар ин ё он гӯшаи бозор ногаҳон доду ғиреве ба ҳаво мехест ва чанд тан занозанӣ мекарданд. Ё касе пулашро гум мекарду моли касеро мерабуданд. Аз ҳама бадаш силоҳдорон ба дили Барно зада буданд, ки меомаданду беибо молашро мегирифтанд ва пуле надода, мисли хурӯсҳои арбадаҷӯ гардан афрохта, песонда, мерафтанд ва касе чизе ҳам гуфта наметавонист. Баъзеи дигараш ба Барно хира мешуд ва чашмони хунгирифтаашон пур аз шаҳват мегашт ва Барно ҳарос дошт, ки рӯзе монанди як духтараки ҳисорӣ хоҳад шуд, ки силоҳдорон ӯро дар мошини сиёҳшишаи худ бурданду се рӯз баъд мурдааш аз соҳили рӯдхона пайдо шуд. Хулоса, дар 43 соли умраш Барно нав донист, чӣ ҷои бадест бозор ва танҳо як бартарӣ дорад, ки пулу нон меорад ва кас агар маҷбур асту илоҷи дигар надорад, рӯз то шаб дар ҳавои сард дар бозор хоҳад нишаст, то чанд тангае кор кунад ва барои кӯдаконаш нон биёрад.

Аммо ба ҳар ҳол ҷои булаҷабе буд ин бозор. Барно он ҷо баъзе чеҳраҳои ошноро медид. Ба монанди профессор Ҳоҷизода, устоди донишгоҳ, ки дар раддаи панҷум себ мефурӯхт. Мегуфтанд, ӯро барои ҳимояташ аз мухолифон аз кор ронда буданд ва акнун ин шахси дар гузашта сарбаланд бо мӯйи мошубиринҷи ба қафо шоназада ва айнакҳои +4-аш ба як бозорнишини фартут табдил ёфта буд. Дар паҳлуи ӯ нависандаи номӣ, муборизи покизагии забон Шаҳриёр лашшу лӯши хонаашро мефурӯхт. Вай Барноро мешинохт, зеро Барно чанд китоби ӯро мошиннависӣ карда буд ва дар ин байн бо ҳам унс гирифта буданд. Ҳамеша бо лабханди беморгуна ва дастафшонӣ аз дур ба Барно салом медод. Ҳатман шарм медошт, ки бозорӣ шудааст.

Чандин нафари дигаре ҳам буданд, ки Барно онҳоро мешинохт ва медонист, ки ҳаргиз даст ба фурӯшандагӣ назадаанду мисли ӯ маҷбуранд, ҳоло ин машаққатро дар дӯш дошта бошанд.

Ин бозор ба таври бадеҳӣ ва бетартиб дар байни биноҳои баландошёнаи яке аз маҳаллаҳои шаҳр пайдо шуда буд. Бахше аз он майдончаи бозии кӯдакон буд, бахши дигараш ялангие, ки солҳо пеш мехостанд, дар он ҷо Кохи фарҳанг бунёд кунанд. Акнун шояд на чунин кохе ба касе даркор асту на фарҳангаш. Ва ҳоло ин ҷо ба қаламрави шоҳигарии Нозими носфурӯш табдил ёфта буд, ки ҳар коре мехост, мекард ва касе пишаки ӯро “пишт” гуфта ҳам наметавонист.

Ҳеҷ кас намедонад, ин мардаки сиёҳсӯхтаи шикамғафсро, ки ҳамеша аз даҳонаш бӯйи бад меояд, кай ва кӣ раиси бозор гузошта бошад. Мегӯянд, замоне ки дар ин ҷо чанд пиразани рус лашшу лӯш мефурӯхтанд, ҳанӯз пеш аз ҷанг, Нозим дар паҳлуи онҳо нишаста, носфурӯшӣ мекард. Вале Барно ба ин суханон бовар надошт. Вай ба Зӯҳра мегуфт, Нозим ҳам монанди ҳазорон нафари дигар аз ақиби Ҷабҳаи халқӣ аз кадом гӯре омадаву худро раиси бозор эълон кардааст. Онҳо мисли аҷуҷу маҷуҷ ба шаҳр рехтанд ва ҳама ҷоро гирифтанд, хурдтарин раисонро ронданду худ раис шуданд, ҳатто дарбонии ҳоҷатхонаҳои умумиро низ мисли ин ки мероси падарашон бошад, аз худ кардаанд.

Дар паси пештахтаҳои нимшикаставу дарҳам-барҳами бозор буд, ки Барно аввалин бор худро дар нақши фурӯшгор дид. Тамоми умр аз фосилаи байни раддаҳо мегузашту ба молу авмоли фурӯшӣ менигарист, акнун нахустин бор буд, ки аз он сӯи радда ба харидорони дар ҳоли гузор нигоҳ мекард. Танҳо ҳоло вай донист, ки харидорон ба мол менигаранд, аммо фурӯшандагон ба харидорон. Ба нигоҳи онҳо, ба сару рӯй ва либос ва ҳатто ба тарзи роҳгардии онҳо. Шояд бештар ба чашмҳо, то пеш аз худи харидор дарк кунад, ки чӣ чизе таваҷҷӯҳи ӯро ба худ кашидааст. Ин нишонӣ фурӯшандаро огоҳ мекард, ки омода ба ситоиши моли худ бошад, маълумоте дар бораи ин мол ба харидор диҳад, ӯро дилпур кунад, ки чизи хубу асилеро интихоб кардааст. Барно шоҳид буд, ки бисёре аз фурӯшандаҳо рӯирост дурӯғ мегуфтанд, то дили харидорро ба даст оранд. Аммо худаш чунин одату ҳавсалае надошт. Вай фикр мекард, фурӯшандаҳо фарқе аз гадоҳои сари роҳ надоранд. Ва агар гадо бенайранг пуле дархост кунад, фурӯшанда бо макру фиреб ва дар ивази колое бояд он пулро биситонад. Аз интизории рӯзи дароз ӯро ғаш меомад ва танҳо ёди фарзандонаш, ки дар хона чашм ба роҳи модаранд ва интизори он ки модар бо нону қанде бармегардад, ӯро дар паси пештахтаи чиркин мехкӯб мекард.

Барно ҳайрон буд, ки чаро дар ин лаҳзаҳо фикраш ин қадар зиёд ба бозор банд аст. Шояд барои он ки дигар ба ҷои доимияш нахоҳад рафт ва шояд нависанда Шаҳриёр ё профессор Ҳоҷизода ҷои ӯро холӣ дида, ба сад дар гумону ҳадс раванд. Аммо Барно мутмаин аст, ки Зӯҳраи чарбзабон хеле зуд ба онҳо ва ҳамаи дигарон хоҳад хабар дод, ки Барно дигар ба бозор намеояд, балки мошинкаашро тармим карда, касби дӯстдоштаи худро идома хоҳад дод. Албатта, агар барояш кор пайдо шавад ва ҳам дар соатҳое, ки барқ медиҳанд.

Чанд рӯзи охир Барно шадидан ба ин фикр афтодааст, ки бояд мошинкаашро тармим кунад ва як ширкати чопи мошинӣ кушода, аз ин роҳ даромаде ба даст орад. Ҷанг тамом шуд, шаҳр камобеш ба ҳолати одии худ бармегардад ва ҳатман газетаҳо аз нав нашр хоҳанд шуд. Корхонаҳо ба кор медароянд ва ба ҳамаи онҳо мошиннавис даркор хоҳад буд. Агар коре дар онҳо наёбад ҳам, боке нест, метавонад, эълон нашр кунад, ҳоло дигар расм шудааст, ки дар телевизиони кишвар ҳам эълон медиҳанд, ки метавонанд ба поку тамиз кардани хонаҳо ё шустушӯи либоси дигарон машғул бошанд ва шунидааст, ки баъзе аз дугонаҳояш бо ин роҳ зиндагиро пеш мебаранд. Ҳеч вақт фикр намекард, ки аз нав хидматгорию ғуломӣ, ки дар китобҳо хондa ва филмҳои ҳиндӣ дида буд, ба ин шаҳр хоҳанд баргашт. Чизе дар ин мардум барои абад шикаста буд. Чизе шикаста буд, ки пораҳои онро дубора ба ҳам часпондан номумкин аст. Агар Барно ҳамон гуна рӯзҳояшро дар бозор сиёҳ кунад, ҳаргиз ақаллан шикастпораҳои зиндагии худро ширеш карда нахоҳад тавонист. Барои ҳамин, фикр мекард ӯ, бояд дубора бархост ва ба пеш ҳаракат кард. Мошинкааш наҷотбахши ӯ хоҳад шуд. Бо вуҷуди бовари ӯ ба роҳи нав, оянда ба назари Барно машкук ва ҳатто ҳаросангез менамуд. Ҳоло кӣ ба фикри чопи мошинист, вақте одамон нони хӯрдан надоранд? Касе ба фикри чизе нест. Ангор, дунё ба поён расидааст. Вай бо тамоми нерӯ ин шубҳаҳоро аз худ дур меронд, зеро чунон аз бозор дилгазон шуда буд, ки дигар ба ҳеч ваҷҳ намехост, ба он ҷо баргардад ва ин тасмимаш қатъӣ буд.

(Давом дорад)

15.12.2012 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳикоя

4 Comments »

  1. Ба забони фаъмою тоза,бисьёр маъкул шуд.

    Comment by Собир | 16.12.2012 | Reply

  2. Аз он ки шарҳи парешони ман дар ҳошияи ин достони дилангез ва таъсирбахш шуморо ба бознавии давоми он водор кард, сарамро ба осмон мерасонад.
    Бори масъулияте ҳам бар дӯшам мегузорад. Ман фикр мекунам, хонандаи асари бадеӣ ҳам дар баробари нависанда масъулияте дорад : вақте ки тасвиру суҳбатҳои муаллиф, гуфтугӯи персонажҳо, хулоса, ҳар калимаву ҷумлаи асарро мехонад, он чӣ муаллиф гуфтан мехоҳад, дармеёбад ё не.
    Дар бораи идомаи достон. Тасвир росту боварбахш аст. Дар он «зишт ба сурати некӯ ва некӯ ба сурати зишт» (ба таъбири иштибоҳ накунам, Низомулмулк ) ба тасвир наомадааст.
    «Дар паҳлуи ӯ нависандаи номӣ, муборизи покизагии забон Шаҳриёр лашшу лӯши хонаашро мефурӯхт. Вай Барноро мешинохт, зеро Барно чанд китоби ӯро мошиннависӣ карда буд ва дар ин байн бо ҳам унс гирифта буданд. Ҳамеша бо лабханди беморгуна ва дастафшонӣ аз дур ба Барно салом медод. Ҳатман шарм медошт, ки бозорӣ шудааст.”
    Ман ҳатман ба ин бовар мекунам.
    Чаро ин пораи хурди достонро барои намуна интихоб кардам?
    Чунки аз пораҳоест, ки маро бештар ба андеша водор кард.
    Ҳоло ҳам дар бозор аҳли қаламу илму адаби тоҷикро дар паси тахтаи дӯкон мебинам.
    Аммо шарми онҳо на аз он аст, ки рӯзгор, ки «оинаро муҳтоҷи хокистар кунад», ба ҷойи дафтару қалам ба дасти онҳо санги тарозу дод. Балки шарму ҳиҷолати онҳо аз он аст, ки чӣ низоме рӯйи кор овардем, ки ҷойи муаллимону зиёиёни ояндаи миллатсозро мардикориву гаражу таҳхонаи русҳо ва ё паси тахтаи бозор таъин кард. Яъне, шояд, дарки ҳамин масъулият онҳоро сарафкандаву хиҷолатзада кардааст.
    Ин гуна лаҳзаҳое, ки мағзи танбали ман, хонандаи асри 21 – ро ба тафаккур ва машқе рӯҳонӣ водор мекунад, дар ҳикояҳои пешинаи шумо, «Соя ва нур», «Оне, ки ҳамеша бо ман аст», «Пой дар занҷир» … ва дар яке аз нахустин достонҳоятон «Девори сафед» (ки замони донишҷӯӣ дар маҷмӯаи нахустини шумо хонда будам ва унвонашро фаромӯш кардаву ин ҷо хато гуфта бошам, маъзур), бисёр аст.
    Саранҷоми ҳикояи аз ин қаблии шумо »«Сиёҳторик» низ саволҳои бисёреро барои андешаву ҷустуҷӯҳо дар сари мо боқӣ мегузорад.
    Яъне, дар ин чизи наватон низ чизҳоеро ногуфта гузоред, гоҳе як ишора зимни тасвир, як суҳбати кӯтоҳ ё нотамоми персонажҳо кофӣ аст. Мисли ҷумлаи «Ҳатман шарм медошт, ки бозорӣ шудааст.»
    Чун:
    Шеър гуфтан гарчи дур суфтан бувад,
    Шеър фаҳмидан беҳ аз гуфтан бувад.

    Ва як кайфияти мутолиа ҳам дар ҳамин аст.
    Боқӣ, боз ҳам ба шумо аз худованд нерӯву илҳоми тоза металабам, устод Салим, то ин достони воқеиро идома бидиҳед.

    Comment by Маъсум | 23.12.2012 | Reply

  3. Салом Огои Салим. Хеле боз ба навиштахои Шумо шарх нанавиштаам, вале ин маънои онро надорад, ки сомонаи Шуморо намехонам. Яке аз хонандагони доимии сомонаи Шумоам. Аввали киссаи болоро хонда, гумон кардам,ки аз зиндагии гузаштаи ман навиштаед. Шумо ба зиндагии гузаштаи ман каму беш ошноед, зеро боре дар ин бора дар раиои Озоди накл карда будед.
    Вакте,ки мохи сентябри соли 1992 мисли хазорхо аз Кургонтеппа гуреза шуда ба Душанбе омадем, дар аввал каме бекор будам. Баъдтар мисли дигар рафиконам ру ба бозор овардам. Чор соли дароз бо оилаам дар бозор менишастам. Дар баробари ин дар се Донишгохи оли ду рузи то нисфирузи ва е баъди нисфирузи дарс медодам. Медонед, барои чи? Маош кам буд, хатто хочати номбар кардан хам нест. Вале хубиаш дар он буд, ки хар руз дар кадом Донишгохе,ки будам ду дона хлеб медоданд. Вале холатхое, буданд,ки хлеб намешуд, онгох соатхои дароз дар назди дари заводи нон ( 65 мкр) навбат мепоидам. Баъзан вакт ба ман нон намерасид ва бе нон ба хона бармегаштам. Ман шахсан шохиди он будам,ки боре чавонеро,ки дар навбат меистод. силох бадастон дар пеши назари хама паронданд. Ман хам чанд маротиба аз сарам лат хурда будам.
    Дар бозор вазъият он тавре буд,ки Шумо баен доштед. Ман,ки пеш аз ин дар яке аз Донишгохи чумхури мудири кафедра шуда кор мекардам, ва дар хаетам боре чизе савдо накарда будам, хеле ба сусти ба кори бозор мутобик мешудам. Дар он чое, ки ман савдо мекардам, дар хотирам хаст, як профессор -зан, химик савдо мекард. Як зани дигареро медонам,ки сину солаш аз 60 гузашта буд ва хангоми тахсил намудани ман дар Донишгох ба мо дарс мехонд, доктори илм, ба чомафуруши машгул буд. Як рафики дигарам, ки хамрохи ман савдо мекард, дар институти астрофизикаи АФ ходими калони илми шуда кор мекард. Номзади илм..Як руз дар бозор яке аз устодони дигарамро вохурдам,ки хеле хушхол буд. Сабаб пурсидам, гуфт, ки имруз як бало карда се дона китоби кимматбахояшро фурухтааст ва бо пули пайдо кардааш ним кило гушт харидааст. Накл кард, ду хафта боз гушт нахарида будааст. Як рафики дигарам аз нохияи Айни, ки аз солхои донишчуи шинос будем ва як факултаро пасу пеш хатм намуда будем, дуртар аз ман савдо мекард. Якчоя ба Уротеппа рафта мол оварда мефурухтем. Боре шохиди он шудам,ки силохбадастон бо кундоки тапонча ба сараш зада кисме аз молхояшро ба ягмо бурданд. Ин хел мисолхо хеле зиеданд. Ташаккури зиед ба шумо,ки чунин киссахо менависед.. ман давоми кассаро бесаброна интизорам. Узр.ки сухан бисьер дароз шуд. Киссаи Шумо якбора аламамро тоза кард ва якбора ба сари компьютер нишаста навиштан гирифтам. Ин катраест аз бахр. Барои хатогихо узр.
    Бо салом Махмадрахим.

    Comment by Махмадрахим. | 24.12.2012 | Reply

  4. […] Барно ва “Ятран” (2) […]

    Pingback by “Ятран” (Поёни достон) « Салими Аюбзод | 04.02.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: