Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Барно ва “Ятран” (3)

a34Аз номаҳои расида, нашршуда дар ин ҷо ва нашрнашудаи хусусӣ аз як сӯ рӯҳу илҳом гирифтам, аз сӯи дигар масъулиятеро дар дӯши худ ҳис кардам, ки сабаби таъхир дар нашри идомаи достон шуд. Жан Пол-Сартр гуфтааст, ман барои як нафаре менависам, ки навиштаи маро мехонад. Ҳоло ман бояд фахр кунам, ки на як ё ду нафар, балки наздик ба 300 нафар ин навиштаи маро хондаанд ва интизори идомаи онанд. Аммо…

Аммо танҳо се нафар вақти гарони худро сарф кардаву андешаҳои худро дар бораи “Барно” бароям фиристодаанд, ки ин андешаҳо бароям арзиши хеле баланд доранд. Ман ҳоло дӯстони наҷибе дорам, ки аз дастоварди ман шод мешаванд ва камию кӯтоҳии кори маро ба ман мисли оина нишон медиҳанд. Сарафрозам. Номаҳои Шуморо, Маҳмадраҳим ва Маъсум ва дӯсти дигарам, ки намехоҳад, ба дигарон ошкор бошад, садборӣ мехонам ва ин номаҳо маро маҷбур мекунад, сари ҳар калима садборӣ фикр кунам. Бояд эътиироф кунам, ки ҳарсеи Шумо, азизон, ҳаммуаллифони ин бахши достонед.

Ҳамон интитзору муштоқ мемонам, то назари Шумо ва дӯстони дигарро бишнавам. Бовар дорам, ин 300 нафаре, ки достонро то ин ҷо хондаанду мехонанд, низ гуфтаниҳое доранд. Самимона интизор хоҳам монд ва инак идомаи сухан…

Барно ва “Ятран” (3)

Вай духтари калонияш Саҳарнозро аз хоб бедор кард ва оҳиста ба гӯши ӯ гуфт, дар дастархон ду порча нон ҳасту дар токчаи болоии таомхона панҷ дона қанди сафед. То рафтани барқ бояд чой ҷӯшонад, яъне оби ҷӯш омода кунад ва нонро бо додару хоҳаронаш тақсим карда, бо чою қанд бихӯранд. Агар вай дер омад, дар қуттичаи сафеди токчаи боло чанд дона мавиз ҳам ҳаст, бояд як-ду донагӣ ба додарону хоҳаронаш бидиҳад. Саҳарноз бо ҳамёза ҷавоб дод, ки ҳамаро фаҳмидааст ва сарашро гардонду аз нав ба хоб рафт.

Дили Барно ба Саҳарноз ва фарзандонаш сӯхт. Якояк ба ҳар кадоме, ки дар оғӯши ҳамдигар ғунча зада хобидаанд, нигарист ва бухс гурӯгираш кард. Тамоми танаш ларзид. Фикр кард, ин ларза аз хунукӣ набуд, чизи дигар ва дилхароштаре буд ва ҳамаи дардҳои ҷисмашро боло оварду дар мағзи сараш ба як гулулаи хордоре табдил ёфт. Кӯрпаро ба рӯйи тифлон кашид, то онҳоро ба хубӣ пӯшонад. Хоҳиши ногаҳонии фарёд задан баданашро такид. Кафи даст ба даҳон гузошту лаҳзае чашмонашро пӯшид. Симои шавҳараш аз пеши назараш гузашт. Бо қатъият бархост ва боз ба чеҳраи бегуноҳи тифлакон ва муштчаҳои гирҳехӯрдаи онҳо дида дӯхт. Аз он рӯзе ки шавҳарашро ба хок супурд, барои онҳо ҳам модар асту ҳам падар. Сарнавишти талх сахтиҳоро барои ӯву фарзандонаш ба гунае сахттар кард, ки дар мушкилтарин лаҳза инсони азизашонро аз онҳо рабуд. Сари синаи аз тир шикофтаи шавҳарашро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва гӯё ҳамон лаҳзаҳои аввали дар лаби дарё ёфтани ҷасади шахси азизаш буд, ҳамон лаҳзаҳои сар ба синаи пурхуни шавҳараш мондану зор-зор гиристанаш буд, ки гӯё садои беҳолонаи ӯро мешунид, то ваъда диҳад, ки фарзандонашро хор нахоҳад кард. Барно дар он ҳангом бо тамоми овоз фиғон мезад ва мегуфт, магар хоҳад гузошт, ки онҳо хор шаванд, ин меваҳои ширини умри онҳоро…

Ёди он лаҳзаҳо буд шояд, ки дили Барноро ба дард овард. Боз айнан мисли он рӯз фиғоне аз ноҳаққии рӯзгор дар гулӯяш печид ва чашмонашро пуроб кард. Вале ақиб нигаристу якқад парид. Вай шавҳараш Ҳабибро дид, ки дар дами дар истода буд ва ҳарчанд лабханд мезад, сар ба чапу рост мебурду нишон медод, ки аз андешаву аҳволи Барно розӣ нест. Барно якбора ором гирифт ва ҳис кард, ки тасаллои азиме ба дилаш раҳ ёфт. Сар бардошт, вале Ҳабиб дигар дар дами дар набуд, шояд ба утоқи дигар даромад ва ҳатман боз хоҳад гашт. Аҷиб буд, ки Барно ҳамеша ҳузури Ҳабибро ҳис мекард. Вақте пеши оина рафту истод ва ба чеҳраи худ нигарист, фикр кард, Ҳабиб меояду ӯро оғӯш мегирад ва ситоиши ҳусни Барноро мекунад.

Оина мегуфт, ки ҳоло аз он ҳусну ҷамол осоре боқӣ намондааст. Чашмони шаҳлояш дигар ҳеч ҳиссу ҳолеро баён намекунанд. Мисли ин ки холиянд. Мардумаки чашмонаш ба ҳадди сӯрохи сӯзан хурд шудаанд. Моҳҳо шуд, ки абрӯвонашро намечинад ва хатти нозуки онҳо гум гаштааст. Доғҳои хурду калон дар рӯяш зиёдтар ва ожангҳо рӯшантар шудаанд.

Барно ба ҳошияи кабудранги даври чашмони маҳзунаш нигарист. Даст ба рӯяш бурд ва пӯсти шахшӯлеро ламс кард, ки аз шустушӯ бо оби сард ин гуна дурушт шудааст. Ин субҳ низ ҳамагӣ як каф об аз баклашка ба дасташ рехт ва рӯи худро ба истилоҳ, гурбашӯ кард. Об нест, ҳамагӣ як сатил оби дигар мондааст ва Барно фикр кард, бояд ба зудӣ баргардаду бо Саҳарноз сатилҳоро гирифта, барои об равад. Дигар дар ин хонаҳо об нест, ҳамон гуна ки барқ нест ва газ ҳам нест. Пас, магар ин шаҳр аст?

Ҳамсояҳо батареяҳои гармидиҳиро кандаанд ва ба Барно ҳам маслиҳат медоданд, ки ин оҳанҳои беҳударо барканад, хонааш васеътар мешавад. Аммо ӯ натавонист, тасмим гирад. Баръакс ҳар рӯз, вақте ки ҳавои хона ба дараҷаи дардовар сард мешавад, вай ба таври худҷӯш назди онҳо меравад ва даст ба рӯяшон мегузорад, то шояд дар лӯлаҳо оби гарм омада бошаду хонаҳо гарм шавад. Вале ба ёдаш мерасид, ки ҳамсояҳо ҳатто баъзе лӯлаҳои долонро кандаанд ва оби гарм агар биёяд ҳам, то хонаи ӯ нахоҳад расид.

Гирди бахшҳои батареяҳои гармидиҳӣ занге ҷӯшидаву сахт шуда буд. Мисли ин ки дар лӯлаҳо на об, балки хуни мардуми бегуноҳ омада бошад. Хун дар ғовҳои лӯлаҳо ҷӯшидаву ҷигаррангу сиёҳ шудаву шӯша бастааст. Аз замоне ки дар ин лӯлаҳо хунро сар додаанд, хунеро, ки гӯё мисли об беқадр шуда буду ҳарҷо мерехт, моеъ андаруни лӯлаҳо аз гардиш афтодааст ва дармондааст. Барно ангуштонашро нам кард ва хост ин зангҳоро равонад. Нашуд. Ин доғе буд, ки ҳаргиз шуста нахоҳад шуд.

Рӯймоли пашминашро аз сар кашид ва хост, аз нав бандад ва ин пайте буд, беихтиёр ба он хира шавад, ки мӯйҳои сафеди фарқи сараш чӣ қадар бештар шудаанд.

Оре, вай дигар он Барно нест. Вақте рӯймолро гирди манаҳаш мебаст, ба шавҳараш бештару бештар писанд меомад. Вай ин гуна рӯймолбандии Барноро дӯст медошт. Ҳоло вақте рӯймолро басту боз ба оинаи фарсуда ва тирагашта нигарист, донист, ки чаро. Ин гуна бастани рӯймол занро дар чашми шавҳараш ба як мавҷуди беҳимояту маъсум табдил медиҳад ва шояд ин ҳол аст, ки мард худро қавитару бузургтар мебинад ва ӯро ба ҳомию пуштибони зан табдил медиҳад.

Барно ба оинаи ғуборгирифта лабханди дардомез ва гӯё мардонае тақдим кард. Ҳоло ӯст, ҳарчанд як зан, аммо қавию тавоно ва ҳомию пуштибони хонадон. Танҳо акнун дигар намехоҳад, бозоршинӣ кунад ва шамоили зишти атрофиёнро бубинаду алфози қабеҳи онҳоро бишнавад. Аз бозор монда шудааст. Аз зиндагие, ки ба як бозори бузург бадал гаштааст, хаста шудааст. Гоҳе ба назараш ин гуна меомад, ки бозорнишинон дар рӯйи рафҳои чиркину доғдор на молу коло, балки номусу виҷдон, ишқу садоқат, имону инсоф ва ҷасорату шуҷоати худро ба фурӯш гузоштаанд. “Пеш оед, бихаред, инсофу номус, хеле арзон, қариб бепул! Дил мехоҳед, ҷигар мехоҳед, ҳусну малоҳат мехоҳед? Ҳама чиз фурӯхта мешавад, бихаред ва дер намонед!”

Боз барои он ба оина лабханд зад, ки на барои озмуди ҳуснаш пеши он рафт, балки барои дидани ин ки то чи андоза безебу бадафт аст. Ҳоло дар ин бозори қабеҳ чӣ қадар ки зишту назарногир бошӣ, ҳамон қадар беҳтар аст. Шояд ба ҳамин сабаб ҳамаи одамонро, ки дар бозор медид, бадрӯ ва жанда буданд. Махсусан занон. Онҳо намехостанд, бо ҳусни худ авбошони азбандраста ва мушони силоҳдорро ҷалб кунанд. Шаҳри азизаш ҳамоно зери пои ин муғулсиратон аст. Ҳар рӯз мешунид, ки занону духтаронро дар мошинҳои сиёҳшиша мерабуданд. Аслан, зиндагии имрӯза ҳамаро зиштрӯ кардааст. Куҷост дигар он зебоии нотакрору шукӯҳманд? Вақте зӯр, ҳирс ва нафс пирӯз мешаванд, зебоӣ ногузир мемирад.

Зӯҳра мегуфт, хуб аст, ки худи ӯ “шаклу намуд”-е надорад ва касе барояш диққат намедиҳад, аммо Барноро ҳушдор медод, ки эҳтиёт кунад. Барно ба вай мегуфт, ҳусн муҳим нест ва аслан фарқ надорад, ки ту зебоӣ ё на, ин сиёҳсӯхтагон даруни мошинҳои сиёҳшиша ба касе раҳм намекунанд.

Рӯймолаки гулдӯзииро бардошт ва ба назараш чунин намуд, ки мошинка ба ӯ салом дод. Бо дурахшиданҳое. Мисли як мавҷуди зинда. Ба ёди Барно хоби бомдодияш расид, ки андаруни он мусиқии мошинкаро мешунид. Кафи дасташро ба рӯи каретка гузошт ва ангуштонаш тугмачаҳои ҳуруфро навозиш карданд. “Ятран” ба назараш мисли як дӯсти наздик, вафодор, аммо бемор омад. Мисли ҳамкоре, ки бе он намешавад, коре кард. Ҳис кард, ки ин мавҷуди безабон ҳоло мехоҳад, садо занад. Оҳанги рӯзгорони рафтаро бинавозад. Фикр кард, шояд ин мошини хатнавис садҳо ҳазор сафҳа матнро чоп кардаву ба дасти хонандагон расондааст.

Барно паси миз нишаст, “Ятран”-ро ба барқ пайваст намуд ва ба роғи каретка коғази сафед андохтаву тири онро тоб дод. Коғаз чархиду аз ин сӯи каретка баромад ва интизори ҳуруф шуд. Аммо Барно ҷасорат накард ангушт рӯи тугмаҳо занад. Матне ҳам барои чоп надошт. Ҳамин гуна лаҳзае сокит монд ва ба ёд овард, ки бо чи илҳоме ва бе хастагӣ, соатҳои дароз чоп мекард ва мусиқии мошинкаро мешунид. На. Менавохт. Вай ба он дараҷа устоди мошиннависӣ шуда буд, ки матнҳоро ба ягон хато ва бо оҳанги дилхоҳаш чоп мекард. Даруни дил таронаеро замазама менамуд ва мошинка ин оҳангро такрор мекард. Оҳангҳо ҳама шод ва рақсӣ буданд. Барно фикр кард, акнун агар мошинкаро соз кунад, бо кадом оҳангҳое матнҳоро чоп хоҳад кард. Посухе ба худ надод ва бархост.

Вай мошинкаашро ба ҷомадончаи қаҳваранги он ҷо карду баст ва палтои ғафсеро, ки гиребони мӯинааш каме фарсуда буд, пӯшиду лаҳзае беҳаракат истод. Фикр кард, бо чи роҳе бояд ба манзили устои мошинкаҳо – Вася-тағо – расад. Усто Василий Абрамович, ки дар хамгашти фурудгоҳ зиндагӣ мекард ва ин як роҳи дарозе буд аз маҳаллаи “Зарафшон” то хамгашти фурудгоҳ. Барно як роҳ дошт, ки бо маршруткаи 25 то Хонаи радио равад ва аз паҳлуи бемористони атфол ба хиёбони марказӣ барояд ва он ҷо ба троллейбус ё автобусе нишаста, худро то Хамгашти фурудгоҳ расонад. Вале намедонист, вақте ки дар шаҳр барқ нест, троллейбусҳо мегашта бошанд ё на. Роҳи дигар ин буд, ки то Испечак пиёда равад ва бубинад, троллейбусҳо мегарданд ё не, аз он ҷо ба самти “Обшорон” ҳаракат кунад.

Ба ҳуҷра баргашт ва телефонро бардошт. Ҳамоно садое дар гӯшӣ набуд. Чанд моҳ аст, телефонҳо кор намекунанд. Беҳтар буд, бидонад, ки Василий дар манзил аст ё не. Бад хоҳад шуд, агар пас аз тай кардани ин роҳи дароз Вася дар хонааш набошад. Ҳарчанд ҳоло дар ҳеҷ куҷо кор нест, Вася ҳам бояд дар манзилаш бошад. “Таваккул ба Худо,”—гуфт Барно ва аз хона баромад.

(Давом дорад)

06.01.2013 - Posted by | Инсон, Каме латра, Таҷриба, Тоҷик, Ҳикоя | , ,

5 Comments »

  1. Хмммммм… Садокат ва вафодории як занро ба шавхари худ бисёртар дар достонхои нависандагони аврупо мехондам. То холо дар Шарк бештар ин акида роич буда, ки “хар гиряи зани шавхармурда, бошад ба умеди шуи дигар”… Аммо вафодори ва содик будан ба бахти аввал дар достонхои шарки, ба вижа аз чониби зан, бисёр маврид аз равзани шакку шубха дида мешавад. Дар холе, ки на хамеша чунин аст.
    Ба шумо муваффакият мехохам, ки чузъе аз ин достон гумон мекунам барои ислохи ин андешаи носолим навишта мешавад.

    Comment by yoqub | 11.01.2013 | Reply

  2. Акои Салимчон! Ин достони маргубро, ки аз рузгори шахрихо дар замони чанги шахрванди хикоят мекунад ва шояд хама мушкилоти он айёми бесарунуг дар симои Барно ифода хохад ёфт (Боз аз хондани идомаи достон хохам фахмид, ки чи дарача дуруст дарёфтам),хичо-хичо хондам. Холо ин кам, умед дорам боз як-ду бори дигар бихонам. Аслан барои ман вокеае, ки тасвир мешавад, чандон бегона нест. Чун банда низ катори хазорон, балки миллионхо точик дар он дег чуш доштам ва шаммае аз он азобхоро дар пусти худ чашидаам. Дар хусури хакконияти тасвири вокеоти он рузхо баъдтар-ватке хамаи достонро мутолиа кунам, фикри худро хохам навишт, иншооллох! Холо сухан дар бораи чизи дигар. Акои Салимчон! Мехостам дар хусуси номи асар як бори дигар фикр мекардед. “Барно ва “Ятран”. Ба назарам, хушсадо нест ва як номгузории маъмулиро ба хотир меорад. Агар ягон номи хушоянд пайдо кунед, бехтар мебуд. Агар мушкил доред, аз хавасмандони навиштахоятон кумак пурсед, ё озмуне эълон намоед. Шояд ягон варианти ба дил наздик пайдо шавад. Фикр мекунам, номи асарро “Ятран” мемондед. Харчанд ба хонанди одди нофахмо мебуд, аммо чолиб ва касро ба андеша водор карда, мачбур месозад, ки бевосита ба мутолиа пардози. Шояд “Ятран” ё достони садокати як зан” номгузори кард. Боз фикр кардан лозим. Баъдан достони шумо аз хикояти давомдор иборат гаштааст. Гуё шумо хама назари худро аз номи Барно ифода кардаед. Ба назари ман, бехтар мебуд баъзе фиркхо аз номи кахрамон хангоми муколама ифода бигардад ва холати равонии у дар ин мавридхо тасвир гардад. Масалан, Барно ба духтари калониаш, ки масти хоб аст, базе супоришхо медихад. Бехтар мебуд ин сахна ва ин лахза зинда тасвир ёбанд. Муродам, духтару оча бояд як-ду калима радду бадал кунанд. Ва дигархо…
    Ман аз навиштахои Шумо вокеа не, балки калимахою иборахои дилнишин мечуям, ба сабки ин харфу хичохо зехн мемонам. Нихоят, ба таври худ бахра бардошта, холо ки ягон чизи точики руи даст надорам, хонда хоса халоват мебарам. Умедворам дар зудтарин фурсат достонро навишта тамом мекунед ва муштокони суханро болу пар мебахшед.
    Бо эхтиром Шариф.

    Comment by Шариф | 18.01.2013 | Reply

  3. Илоҳо ҳамеша қаламатон сабз бошад. Воқеъан достони хонданбоб хонандаро ончунон ҷазб мекунад, ки фикр мекуни ҳамин лаҳза ҳамон ҷо ҳузур дори. Ин сухан хеле ва хеле ҷолиб буд. “Вақте зӯр, ҳирс ва нафс пирӯз мешаванд, зебоӣ ногузир мемирад”.

    Comment by Алиҷон | 19.01.2013 | Reply

  4. ман низ ин қиссаи шуморо аз аввалаш хондам, муҳтарам, Аюбзод! хуб аст. аслан барои ман пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мӯҳтаво ва дараҷаи дарбаргирии доғи замони ҷанг муҳим аст, на сабки нигориш. вале тавре маълум аст суханони хуб ва самимӣ андеша ва афкори касро нишонрастар мекунанд ва дар баёни ангораҳои шумо кӯмаки зиёд доранд. бинобар ин мехоҳам чанд нуктаро дар шакли кӯтоҳ бароятон пешкаш кунам:
    “То рафтани барқ бояд чой ҷӯшонад, яъне оби ҷӯш омода кунад….” дар ин ҷо шарҳ додани чой ҷӯшонидан, ё ин ки ҷумлаи “яъне оби ҷӯш омода кунад” тамоман нолозим аст ва зиёдатӣ. “Тамоми танаш ларзид.” ин ҷумларо агар дар ин шакл меовардед, бисёр мутаассир мешуд: “Пайкари лоғарашро мурғаки сарде дамид, андомаш ларзид” “Бо қатъият бархост ва боз ба чеҳраи бегуноҳи тифлакон ва муштчаҳои гирҳехӯрдаи онҳо дида дӯхт. ” дар ин ҷо барои кушодани симои кӯдакон сифати бегуноҳ не балки маъсум бамавриду зебост. дигар барои шумо барор мехоҳам!!!

    Comment by масрур | 26.01.2013 | Reply

  5. […] Барно ва “Ятран (3) […]

    Pingback by “Ятран” (Поёни достон) « Салими Аюбзод | 04.02.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: