Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Ятран” (Поёни достон)

imagesДӯстон, Шумо намедонед, чӣ қадар ба ман ёрмандӣ кардед. Ба андозае, ки бахши ниҳоии достонро се бор аз нав навиштам, то ҳис кунам, ки як миқдор сазовори бовари ҳамаи Шумо бошам. Сипос мегузорам ба Шарифҷон, Масрурҷон, Алиҷон, Ёқубҷон, Маъсумҷон, Маҳмадраҳим, Собирҷон ва Муҳаммадюсуфи арҷманд. Баъд аз номаҳои Шумо ман наметавонистам, сустие нишон диҳам ва ба ин сабаб нашри бахши ниҳоӣ ба дарозо кашид.

Ҳамаи эродҳои Шуморо мепазирам ва дар матни ниҳоӣ ислоҳ мекунам, аммо акнун шояд мушкилтарин кор навбати Шумост, ки ҳам поёни қиссаро баҳо диҳед ва ҳам кулли достонро, ки оё арзише дорад, ҳифз шавад ё шояд як нокомие беш нест ва бояд маҳв гардад? Саломат, шодком ва сарбаланд бошед! Боз ҳам сипосу шукр аз ёриҳои якояки Шумо! Дӯстони дигар низ, агар гуфтание доранд, фақат мавриди истиқболи ман хоҳанд буд.

Барои онҳое, ки бахшҳои гузаштаро нахондаанд, ин торҳо пешкаш мешаванд:

Барно ва “Ятран”

Барно ва “Ятран” (2)

Барно ва “Ятран (3)

“Ятран”

Сардии ҳаво мисли мушти оҳанин бадани касро он гуна мефишурд, ки устунхонҳо ба нола меомаданд. Чашмҳо худ ба худ пуроб мешуданд ва ашк дар рухсораҳои аз ғояти сардӣ хушкида ҷӯя мегашт. Агар ҳоло Барно ба чеҳраи одамон менигарист, фикр мекард, ҳама гирёну нолонанд ва ӯ ҳам дар амвоҷи ин мотами умумӣ куҷое меравад. Баъзе аз раҳгузарон талош мекарданд, гиряи худро аз чашми дигарон пинҳон доранд, вале Барно рост ба пеш мегаристу мерафт ва ашк аз чашмонаш шашқатор буд. Роҳгардияш салиқае надошт, дилаш тунд мезад ва танаш меларзид. Ангор дар миёни дуде меҳ мерафт ва ба чизе нигоҳ намекард.

Дар манзараи сармозада ва ашколуд макони ошное ба чашмонаш гармӣ кард ва таконе хӯрд, чун надонист, ки чаро ба назди бозор омадааст. Ончӣ медид, бо ошноии худ ба Барно ҳисси бозгашт ва амниятро медод ва ӯро аз ҳолати сардаргумӣ берун меовард. Ёдбудҳое, ки дар ин чанд соати охир дар пеши назараш мечархиданд, ба як бор пок шуданд ва бухор гаштанд. Гӯё дар осмонҳое буду акнун ба замин фуромад. Аз нав издиҳоми сиёҳу хокистарии харидорон, абрӯвони чин ва чашмҳои ҳариси онҳо ва ҳаракатҳои тунду лабони ҷунбандаи фурӯшандагонро медид.

Талош кард, ба ёд орад, ки куҷоҳо рафта буд ва мақсадаш чӣ буд. Чизе дар дасти росташ сангинӣ мекард, вале ӯ дарк карда наметавонист, чӣ чизе дар даст дорад. Хеле хаста буд ва ҳис кард, ки дигар рост истода наметавонад. Зӯҳраро дид, ки бо хушҳолии беш аз ҳад ӯро оғӯш мегирифт ва ба хараки чӯбӣ менишонд, чӣ чизҳое мегуфту механдид. Аммо Барно ҳамоно дар худ набуд, чизе намешунид ва намедонист, чаро Зӯҳраро “Нозия” меномид ва “Салом, Нозияҷон!” мегуфту ҳайрати Зӯҳраро меовард, ҳолаш ба ҳам хӯрда буд, аммо акнун ин фурсатро дошт, ки биншинад, каме ором шавад ва фикр кунад. Хоса ки харидороне пеш омада буданд ва Зӯҳра рӯ ба онҳо овардаву машғул ба савдои худ мегашт.

Хеле нерӯ зарур буд, то Барно хаёлоти печидаи худро ба низом орад ва ғалаёни дарунии худро дарк кунад. Чӣ чиз ё чӣ чизҳое буд, ки ҳушу ёди ӯро ба ҳам заданд ва худашро ба як ҷасади раҳнавард табдил доданд? Дари мехкӯби Василийро ба хотир овард ва ҳамсояи жӯлидамӯйи Васяро, ки мегуфт, Абрамович кайҳо ба Русия кӯчидааст. Аз ин хабар малул шуд, аммо на ба ҳадде ки худро аз даст диҳад. Ором баргашт, лаҳзаҳое дар сармои сахт интизори автобус истод ва дақиқ медонист, ки бояд ба хона баргардад, зеро кӯдаконаш чашм ба роҳи ӯянд. Дар иваз ба ҷое омад, ки ҳафтаҳои охир меҳвари танаффур ва кароҳати Барно буд.

Пас чӣ шуд ва дар кадоми фурсат он рӯй дод, ки ақли Барноро аз ӯ гирифт? Чизҳои дигаре худ ба ёдаш омаданд, ки намедонист, ангезаи ин хотираҳо чӣ буд. Вақт дар зеҳни ӯ печ хӯрдаву гиреҳ зада буд ва ҳама чиро бо ҳам меомехту нофаҳмо ва ваҳмангез мекард. Рӯйдодҳои солҳои гуногун тавре ба ҳам пайванд ёфта буданд, ки гӯё аз батни ҳамдигар берун омадаанд. Барно тахмин мекард, ки зеҳни ӯ бо сактае рӯбарӯ шудааст ё зарб хӯрдаву дар он ҳама чиз ба ҳам омехтааст. Вай аз нав ба наворе, ки дар сараш мегашт хира шуд. Дӯстони қадимияшро ба ёд овард, ки чанд сол пеш аз тарси марг ба хориҷ фирор кардаанд ва Барно гӯё кӯдаке будааст, ба гусели онҳо баромадааст. Дар маркази шаҳр киштии бузурге лангар андохтааст ва дӯстони ӯ аз нардбоне боло мераванд, то дар паси девори сафеди ин киштӣ гум шаванд. Онҳоро гусел мекарду худро дар либоси арӯсӣ медид, ки канори Ҳабиб истодааст. Ҳабиб ҳам либоси сафед дорад. Ин замон падараш меояд, аз дасти Барно мегирад ва акнун онҳо дар боғи ҳайвонот мечарханду ин ҷо аз ҳама бештар барояш товус писанд меояд, думи товус, рангомезиҳои назаррабои думи товус… бӯзинагону гӯсфандон зери садои сурранойи арӯсӣ мерақсанд.. аммо, намедонад, чаро Ҳабиб нест ва ногаҳон худро дар идораи рӯзнома медид, ки мебоист то нимашаб чандсад сафҳа нутқи раҳбари кишварро мошиннависӣ кунад ва маҷбур буд, зери диктаи муҳаррир дар охири ҳар банд дар қавсайн “чапакзанӣ” ё “чапакзаниҳои бардавом” нависаду ду навбатдори шумора ин иловаҳоро баршумуранд, то кам наояд, аз ин нагузашта, дигарбора падари меҳрубонаш ба ёдаш мерасид, ки бо лабханд аз ӯ мепурсид, оё ҷавонеро дӯст медорад… ва дафъатан баъд аз он худро дар зоишгоҳ меёфт, ки бе ягон оҳу нола, аммо саршор аз ҳаяҷону тарс зӯр мезанад, ки Саҳарнозро ба дунё орад, дар кӯчаи торику ваҳмангез зиреҳпӯшеро медид, ки бо фағонаи дуди сиёҳ ва қаҳқаҳаи мастона сарозер мешуд ва одамон ба ҳар сӯ мегурехтанд, пасон нависандаеро медид, ки румони худро барояш оварда буду акнун ақидаи нахустин хонандаро аз як мошиннавис пурсидан мехост ва Ҳабиб бо нигоҳи рашкомезе ба сӯҳбати онҳо менигарист, шаби пурбарфи зимистонро медид, ки мусаллаҳон мардеро аз хонаи рӯбарӯ берун оварда, ба кашолу вазза мебурданд ва заневу духтарчае тани пироҳан ва бо пойҳои урён рӯйи барф ба думболи онҳо медавиданду илтиҷо мекарданд ва ба касоне лаънат мефиристоданд, рӯзе ҳам буд, ки калиди манзили навро гирифта буданду Ҳабиб онро зери гӯшаи тоқияш монда мерақсид… Ин қадар хотираҳои дарҳаму барҳам!

Барно мехост, дарк кунад, ин сардии ҳавост, ки ӯро ба ин ҳол афкандааст ё нокомияш дар тармими “Ятран”.

На, зеҳни ӯ аз рафтани Василий зарба нахӯрдааст. Шояд ҳатмӣ набуд, ки танҳо барои дидани дари бастаи Василий Абрамович ва аз ҳамсоягон шунидани хабари ба Русия кӯчидани ӯ Барно ин қадар роҳро кӯбидаву ба ин гӯшаи дури шаҳр биёяд, то ончиро, ки худ ҳадс мезад, бо чашмони хеш бинад. Ин зарба набуд, чун мешунид, ки аксари русҳо, украинҳо, молдаванҳо ё осетинҳо кишварро тарк карда буданд. Касе ба онҳо коре надошт, тоҷик тоҷикро мекушт, аммо онҳо тарс хӯрда буданд ва дигар ояндаеро барои худу фарзандони худ дар ин диёр намедиданд, ки манзилу бору колои худро фурӯхтанд ва рафтанд.

Бо зӯру фишоре Барно ба ёд овард, ки баъдаш дар автобус шогирди пешинаш Нозияро дида буд. Бале! Нозия! Бо давъати вай ба коргоҳи Нозия, ки дар сари роҳ буд, рафтанд. Ҳоло Барно мефаҳмад, ки зарбаи зеҳнӣ аз дидани коргоҳи Нозия ва нақлҳои ӯ буд, ки Барноро водор кард, дарк намояд, ки кайҳост аз қатораи зиндагӣ поин афтодаву дигар, агар сад ҷон дошта бошад ҳам, нахоҳад тавонист, ба он бирасад. Нозия ба ӯ нишон дод, ки акнун ба ҷои мошинка чизи дигаре бо номи компютар ё ройона пайдо шудааст ва аз мошинка дида ҳазорон бор беҳтар аст. Дар он ҳама вақт мешавад, хатоҳоро ислоҳ кард, порчаҳои матнро пасупеш бурд ва агар ҳазор нусха ҳам хостӣ, чоп кард. Аммо ба назари Саҳарноз ҳарфҳо дар рӯи монитор дар қиёс бо ҳарфҳои рӯи когази даруни тираки мошинка мурдашакл намудор мешаванд, ҳарчанд дар асл шояд баракс бошад. Ҳарфҳои ройона саршор аз ҳаракат буданд ва бо амри нависанда метавонистанд, ба ҳар гӯшае ки хостӣ гузошта шаванд ё аз таркиби ҳар вожае, ки пештар чоп кардӣ, ихроҷ гарданд ва ё аз ҷо ба ҷое интиқол ёбанд. Ин як мӯъҷизае буд, ки Барно ҳатто тасаввур карда наметавонист. Оре, ин буд, зарба ба зеҳни Барно, ки ӯро аз роҳ берун андохт ва ӯ худаш надонист, ки куҷо мераваду ба чӣ меандешад ва чаро назди бозоре омад, ки онро чашми дидан надошту ба худ қавл дода буд, ки дигар ҳаргиз пой ба ин макон нахоҳад гузошт?

Барно фикр кард, он чанд лаҳзае, ки сари ройонаи Нозия нишаст ва матнеро ҳуруфчинӣ кард, хушбахттарин лаҳзаи ҳаёташ буд. Ҳарчанд ҳуруфтахтаи ройона аз тартиби ҳарфҳо дар мошинка каме фарқ дошт, вай хеле зуд ин тафовутҳоро ёд гирифт ва пас аз ҳуруфчинии сафҳаи аввал дигар метавонист, мисли солҳои пеш ба тугмачаҳои ҳарф нигоҳ накарда, бо суръати тез матнро чоп кунад. Тугмачаҳои ҳуруф мусиқӣ надоштанд. Садои баланде мисли «Ятран» надоштанд, ки Барно бо онҳо мисли оҳангсозе бо нотаҳо бозӣ кунад ва оҳангҳои худро навозад. Аммо пахши онҳо роҳати ангуштон буд. Вай метавонист, ҳам матнро ҳуруфчинӣ кунад ва ҳамзамон бо Нозия ва дугонаи ӯ сӯҳбат кунад. Медид, ки аз ин ҳунарнамоияш чашмони ҳарду духтари ҷавон аз косахонаашон берун омада буду бо ҳайрат ба кори Барно менигаристанд. Дар даҳ дақиқа тамоми матнеро, ки мебоист, Нозия ба чоп мерасонд, тамом кард ва бозистоду фикр кард, сараш давр мехӯрад. Ин як таҷрибаи нав ва чизи комилан дигаре буд.

Нозия, ки дар оғози мулоқоти тасодуфӣ дар кӯча ва даъвати Барно ба идораашон хеле шод ба назар мерасид, баъд аз ин воқеа хаёле ошуфтахотир буд ва мехост, ҳарчӣ зудтар Барноро гусел кунад. Вақте Барно тарафи дар рафт ва мошинкаашро диду, аз дастаки ҷомадончи он бардошт, дилаш ба ҳоли «Ятран» сӯхт. Акнун «Ятран» ба назараш як ятими бепарастор ва як чизи комилан нодаркор менамуд. Аз ҳамон лаҳза буд, ки Барно дигар дар худ набуд ва ҳама чиз дар мағзаш ба ҳам омехта буд. Сараш сангин буд ва фикр мекард дар як тирагии комиле фурӯ афтодааст. Роҳу кӯчаву одамонро низ намедид ва намедонист, куҷо меравад ва надонист, ки чӣ тавр ба назди бозор омад. Ҳоло малул нишаста буд ва ба пурсишҳои беохири Зӯҳро, ки «Нозияаш кист?» посухе намедод. Замоне такон хӯрд, ки Нозим дар рӯбарӯяш гӯё аз зери замин рзйид ва навори чиптаҳои иҷораи фурӯшҷойҳои бозорро дар даст дошт.

Барно фикр кард, дар зиндагӣ лаҳзаҳое мешавад, ки бояд аз ду якеро интихоб кард: Ё аз баҳри ҳама касу ҳама чиз гузашта, сар ба дарё занӣ ё боз ҳам аз баҳри ҳама гузашта, ҷовидона сар хам кунӣ, тан диҳӣ ва лаб фурӯ бандӣ.

Чунин лаҳзаҳо монанди онанд, ки гӯё дар сари баландтарин қулла истодаӣ ва ҳамаи дунё дар нигоҳат мегунҷад, ҳама ҷо, ҳама кас ва ҳама чиро мебинӣ, ҳис мекунӣ ва рӯшан мефаҳмӣ. Аз ин қулла ё ба баландиҳо парвоз хоҳӣ кард ё сарозер ба қаъри варта фурӯ хоҳӣ афтод.

Барно фаҳмид, ки ҳоло дар умри ӯ чунин лаҳза фаро расидааст. Дунё дигар шудааст ва ӯ ҳам бояд иваз шавад.

Барно бархост, «Ятран»ро рӯйи пештахта гузошт ва дасташ худ ба худ ба тарафи Нозим дароз шуд, то чиптаи иҷора бигирад…

(Поён)

03.02.2013 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя

27 Comments »

  1. Ростӣ, умед надоштам достон ба ин зудӣ ва ногаҳонӣ поён меёбад. Нашри бахши охир маро ҳангоми навиштани фикре дарёфт, ки оё ин достони хурд (ҳикоя) хоҳад буд ё калон (повест). Тасвирҳо, ҷузъиёт ва персонажҳои 3 пораи аввал ба ин андеша мебурд. Шояд, аз дилнишиниаш буд, ки намехостам ба зудӣ тамом шавад…
    Оғозе олӣ ва анҷоме наву тоза : “Дунё дигар шудааст ва ӯ ҳам бояд иваз шавад.”
    Танҳо саволе, ки ба сарам зад : дар дуроҳаи бӯронӣ гузоштани ӯ чаро, ки ё сар ба дарё занад ё ба қаъри варта сарозер биафтад?…
    Ҳикояи хубест ва ин ки дигаргуниҳои 20 соли охир воқеан одамҳоро ба тағйири маънавӣ ва ҷиҳод бо худ дар ин роҳ водор карда, ҳарфи нав аст. табрики самимонаи маро бипазиред, устод Салим.

    Р. С. Аммо ба назарам, номи аввали достон зеботар буд: “Барно ва “Ятран”. Баъзан кас ба чизе ҳам дил мебандад, ҳатто сахттар аз одам. Масалан, ба китоб. Пас, чаро ақлу дили инсон пойбанди машинкаи чоп ва компутери беҷон ҳам нагардад, хусусан ки онҳо барои одам “сандуқе маънавӣ” ҳам ҳастанд ? Ҷамоли дунёву нафспарастӣ чашми ишқро дар дили инсонҳо кӯр карда, дар атрофи Барно ҳеҷ касро намебинам ҷойи “Ятран” – ро бигирад.

    Comment by Маъсум | 03.02.2013 | Reply

  2. Az FB:

    Kayumars Ato Дастатон дардро набинад, устод.
    Monday at 7:50pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  3. Илҳоми Муҳаммадиброҳим Олй шудааст.
    Monday at 7:55pm via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  4. ردوس اعظم ففДунё дигар шудааст ва ӯ ҳам бояд иваз шавад.
    Monday at 7:58pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  5. ردوس اعظم Дуруд бар устод Аюбзод ва калами рушанашон!
    Monday at 7:58pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  6. Salim Aioubzod Дӯстон, ситоиш не, интиқод кунед, лутфан. Мамнунам, аммо нигоҳи сузаншикоф ва сухани табарворам орзуст.
    Monday at 8:02pm · Like · 3

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  7. ردوس اعظم Чизи хуб хамеша хуб аст
    Ба кавли шоири эрони Мухаммад Салмони:
    “Хуби ман манзараи хуб тамошо дорад”.Достони Шумо низ харф надорад, харчанд ки сарсари хондам ва хатман бо хохам хонд.
    Monday at 8:07pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  8. Musaddas Zarafshani Muborak boshad aghai Salim Aioubzod
    Monday at 8:41pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  9. Salim Aioubzod Сипосгузорам, хохари арчманд.
    Monday at 8:49pm via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  10. Фахриддин Курбомадович Шахсан ба ман писанд омад.
    Бигузор бимонад.
    Monday at 9:57pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  11. Джоник Сафарзода Бехтарин достон!!! Агар боз дар китоби электрони скачат карда метонистем боз хело хуб мешуд…
    Monday at 10:09pm · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  12. Косим Джамилов Хар сари мах бо кади хамгашта мегуяд хилол, Гардиши айём моро дар чавони пир кард.
    Monday at 10:26pm via mobile · Like · 3

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  13. Hizhrana Abbos Салим ако зинда бошед!
    Yesterday at 11:02am via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  14. Tyghoonsho Tyghoonshoev Ustod behtarin! royona tarjumaii tojikii computer boshad?
    Yesterday at 11:52am · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  15. Abdumannon Sheraliev Классика!
    Yesterday at 12:20pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  16. Зокир Хасан Ташаккур аз шумо, устоди азиз. Инро ҳатман хоҳем хонд.
    Yesterday at 12:22pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  17. Рахнаварди Зарафшони Хели оличаноб!мехохам инчо итмоми кисса набошад.сахнахое низ бошанд,ки барноро ба поёни шаби сиёх,ки сафеди аст,дилгарм созад.чунки умеди хамаи мо инаст:бигзарад рузгори талхтар аз захр,бори дигар рузгори чун шакар ояд.(Хофиз)
    Yesterday at 12:27pm via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  18. Salim Aioubzod Сипосгузорам аз изҳориназарҳо. Раҳнавард, Шумо бовар доред, ки шахсе чун Барно бо ҳамин ба тақдир тан медиҳад? Оё ин ҳисро надоред, ки вай ором нахоҳад монд? Шахсе ки чархиши замонаро дарк кард, як ҷо хоҳад нишаст?
    Yesterday at 1:49pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  19. Рахнаварди Зарафшони Харгиз!бояд фарёди Барно токи ин зулматсароро ба хам бирезад.Офарин устод
    Yesterday at 2:16pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  20. Salim Aioubzod Ман мехостам, нерӯи ботиниии рӯҳи қавиро дар авҷи лоилоҷияш нишон диҳам. Намедонам, чӣ ба даст омад ва чӣ на.
    Yesterday at 3:23pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  21. Рахнаварди Зарафшони Бе ягондудилаги мегуям,ки ин навоварист ва намунаи оли барои ахли калам аст.
    Yesterday at 3:45pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  22. Salim Aioubzod На, ростӣ, иғроқ мекунед, бародар, узр мехоҳам аз Шумо, аммо ин навоварӣ ҳам нест ва намунаи олӣ барои аҳли қалам низ. Як талоши пур аз машаққат аст, ки маълум нест, самар оварда ё на.
    21 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  23. Рахнаварди Зарафшони Мебехшед,холисона бахо додам.боре хам шуморо аз назник надидаам,лекин аз овони мактабхони бо санъати суханвариатон шиносои дорам.игрок онхое мекунанд,ки дар колаби дилбехузуркунандаи мадхи “оли”эчод кардаву чоизахоро сохиб мешаванд.
    14 hours ago via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  24. Шариф Холов Навиштан, хоса аз дил навиштан, машакате дорад, ки танхо ба нависанда шинос аст. Навиштааш хох бад бошад, хох нек-ин ба бахои хонанда вобаста- фарзанди уст, ки адиб аз даричаи хамон мехнати бепоён даромада бо сад азоб таваллуд кардааст ва аз вожахо обу дона дода, нихоят ба камол расондааст. Аммо интихоби вожа ва дар макомаш ба кор бурдани он ба хунари худи у вобаста аст.”Ятран” хикояест, ки аз дил навишта шуда ва голибан бар дил менишинад. Дар як достон ин кадар ташбеху истиора ба кор рафтааст, ки хонда рости кайф кардам. Агар носкаш аз нос, сигоркаш аз никотин, наркаман аз хамон балои бади истеъмолмекардааш рохат барад, ман ин достони маргубро хонда рохат кардам. Адиб дар тасвири олами равонии кахрамон таъкид карда, иродаи охании як зани муштипари точикро дар гирудори зиндаги ба санчиш гузоштааст. Ва… гуфтан мехохад, ки модарони мо дар матонат, садокат… яз ягон модари дунё кам нестанд. Дар интихо нависанда дар пешоруи кахрамон ду рохро нишон медихад. Талотуми дарё ё коми вартаи махуф. Барно зиндагиро махз ба хотири чучахои навболаш интихоб мекунад. Адиб боз ба хонандаи хушманд таъкид мекунад, ки зайли замона хар руз тагйир меёбад ва мо низ нав шуда, зехни худро ба он мутобик гардонем.На ин ки аз ноилочи ва бехирадиву бесабри худро ба Варта андозем ва муфт нобуд гардем.
    10 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  25. بح الدین رجبزاده росташ дербоз аслан ягон маколаи бадеи нахонда будам, хеле оли ва таъсирбахш, мехостам хамон чизеро гуям ки Рахнавард алакай гуфтанд ва посухатон хам конеъкунанда буд
    9 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  26. بح الدین رجبزاده яъне дар бораи happy end…
    9 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.02.2013 | Reply

  27. Хеле рушан ва вокеи тасвир кардаед, бисёр таъсир таъсирбахш.

    Comment by Fолиб | 26.02.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: