Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Каме латра”-и электронӣ

RusahfaНиҳоят бо роҳи “озмоишу ғалат” талош кардам, шакли электронии “Каме латра”-ро рӯйи ин сафҳа бигузорам. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, 100 дарсад бовар надорам, ки таҷрибаи нав комёбона аст. Танҳо пас аз нашри ин ҷустор ва санҷидани тор хоҳам донист, ки тир ба нишон расидааст.

Агар аз ин озмоиши фаннӣ, ки шояд барои садҳо ҳазор нафар як кори одисту барои банда хеле гирудор ва резакориҳои батакрор дошт, гузарам, ҳатман матнҳои дигарро низ ба ҷаҳони бемарзи интернет хоҳам баровард, то дар китобхонаҳои электронӣ гузошта шаванд ва гоҳу бегоҳ касе онҳоро бихонад ва шояд паёме фиристад.

Инак, хонумҳо ва ҷанобон! Аз файзи расиданҳои баҳори нозанин, китоби банда “Каме латра” ба якояки Шумо тақдим мешавад. Нӯшатон бод. Ва чун ҳароина, агар гуфтание доред, бидуни истихора ё андешаи “шарқиёна” бароям бинавсиед. Аз хондани он, бигзор чӣ қадар талх ҳам бошад, беҳтарин лаззатро хоҳам бурд. Саломат бошед.

Унвонии тори пайвандиро натавонистам, ба ҳарфи сириллик ё форсӣ гузорам, лотинист…

Salimi Aioubzod. Kame latra

Умедворам, “ангушт задан” ба ин тори пайванд ва кушодани он бароятон мушкиле надошта бошад. Аммо агар иттифоқи нодурусте афтод, луфтан, бароям хабар диҳед. Бисёре аз ҳарфҳои дигарро барои Шумо дар пешгуфтори ин маҷмӯа гуфтаам. Ҳатман онро бихонед ва агар хостед, давомашро, аммо агар на, бастани тор мушкил нест. Худо нигаҳдори Шумо.

04.03.2013 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳикоя, Ҷомеа

1 Comment »

  1. Хеле оли устод. Ташаккур барои ин икдоматон.

    Comment by Шодмон | 05.03.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: