Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Иди артиши сурх

UazikИн яке аз қиссаҳои гумшудаи ман аст. Дастнависи ниҳоии он дар соли 1992, вақте манзили маро дар Душанбе ғорат карданд, ба яғмо рафт. Гумон мекунам, ба дасти ҷавонаки раҳгумзада ё ҷанговаре афтод, ки дар пешонӣ ситораи сурх ва дар камар тасмаи досуболғадори сохти Шӯравӣ, зери шиори ҳимоят аз низоми конститутсионӣ хонаҳоро ғорат мекарданд ва надониста ё дониста, ин дастнависро ба коми оташ афканданд ё ба носфурӯше доданд.

Хушбахтона, шакли ибтидоии ин қисса, ки онро мешавад, хотираҳои сарбози ҷанги Афғонистон номид, соли 1991 дар чанд шумораи аввали “Чароғи рӯз” ба табъ расида буд ва ахиран дӯстам Каюмарси Ато онро аз бойгонии як сокини Душанбе пайдо кард ва бароям фиристод. Аз ин беҳтар тӯҳфае то ҳоло нагирифта будам.

Борҳо мехостам, ин достонро дигарбора нависам, зеро хотираҳоям аз ҷанги Афғонистон ҳанӯз рӯшананд ва кам чизеро аз он рӯзҳо фаромӯш кардаам, аммо тарсам ин буд, ки шояд натавонам, эҳсосоти онлаҳзаинаи худро ба гунае, ки аллакай як бор рӯйи коғаз овардаам, дар ҳамон поя бознависӣ кунам. Каюмарс кори маро ба маротиб сабуктар кард ва барои ин аз самимона миннатдорам. Ҳоло менишинам ва ҳар порча аз он достонро дубора мехонам ва чизҳоеро ба он изофа мекунам. Муҳим ин аст, ки тозагии нафаси ҷавони худро мешамам ва фаросоти шояд бо гузашти айём афзудаамро ба он зам менамоям. Бубинем, чӣ ҳосиле ба даст меояд. Инак, порчаҳое аз “Дарвозаҳои Кобул”:

«23 феврали соли 198…

Имрӯз аз ҷашни Артиши Сурх таҷлил кардем. Ба ин муносибат дар клуби бригада ҷаласа баргузор шуд. Фармондеҳ, полковник (сарҳанг) Раевский дурудароз ҳарф зад. Гуфт, гӯё ин артишро бобоҳои мо, коргарону деҳқонони шӯравӣ дар соли 1918 бо амри дил сохтаанд, то аз ҷумҳурии ҷавони шӯравӣ дифоъ кунанд. Ман фикр кардам, оё ҳоло дар Афғонистон ин артиши когару деҳқон аз чӣ ҳимоят мекунад? Чӣ гум кардааст дар ин ҷо? Баъд замполит (ҷонишини фармондеҳ дар умури сиёсӣ) сӯҳбат кард. Боз ҳам музахрафоте. Бурути зарди ӯ, ки ба ду тарафи рӯяш паҳн шуда буд, каме башараи Будённийро ба ёдам овард, ки дар ватани ман дарёи хунро равон карда буд. Дуздбачаи гурехтаи аз таҳи дор ба қабри бобоҳои мо туф карда буд ва ин фармондеҳ мегӯяд, гӯё бобоҳои мо ин артишро таъсис додаанд.

Сипас, ба бисту чор нафар аз сарбозу афсарон ордену медал ва номаҳои фохира тақдим карданд. Сарфармондеҳи кули урдӯ (корпус)-и сеи афғонҳо, ҷенерол Юсуф, низ ин ҷо ҳузур дошт ва бо забони тозаи русӣ моро муборакбод намуд. Ба ман гуфтанд, ки вай дар Шӯравӣ таҳсил кардааст ва зани рус дорад. Вақте ӯ ҳарф зад, ба хотирам суханоне расид, ки дар ҷое шунидаам ё хондаам: «Аз онҳое ҳазар кунед, ки бо забони бегона пок ҳарф мезананд, зеро онҳо ба забони бегона фикр мекунанд ва одатан бо забони модари худ наметавонанд, нек сухан гӯянд.» Аммо ин хаёл ҳам аз зеҳнам гузашт, ки чунин касон мумкин аст, моҳият ва ботини аслии худро зери забони бегона пинҳон медоранд.

Шомгоҳон қариб дар ҳар ҳуҷраи сарбозхонаҳо базме ба гунҳои мухталифу камубешҳои хос ороста буд. Вале ҳама ҷо як чиз умумӣ буд, ки арақи сафед мисли оби ҷӯй бо истаконҳои пачақу доғдори фулузӣ ва лабшикастаи шишагӣ мерехт, гулӯҳоро месӯзонд, садоҳоро баландтар мекард, меъдаҳоро метасфонд, ҷисмҳоро ба ҷунбиш меовард. Дар ними базм сарбозе ба ҳуҷраи мо омад ва гуфт, ки фармондеҳи дивизиони тӯпчӣ майор Марченко моро ба нишаст даъват дорад. Ба ёдам расид, ки дар ҳуҷраи ӯ ҳамеша гӯшти гӯсфанд омодаи кабоб буд. Бӯйи кабоб ба машомам расид. Дастархони иборат аз чанд порча нони сиёҳ ва консерваҳои дилбазан, ки пеши чашмам буд, дар назарам хеле ҳақирона омад. Ҳарчанд дар рӯзҳои ид аз сарбозхона берун рафтан манъ буд, дар ними шаб чаҳор тарҷумон ба мошин нишаста ва назди тӯпчиён, ки аз нишемани асосӣ қариб панҷ фарсах дур буд, раҳсипор шудем. Базми мо, ки барои шахси ман на Рӯзи Артиши Сурх, балки як василаи сархушӣ ва фаромӯшӣ буд, он ҷо идома ёфт. Арақи дастӣ фаровон буд. На арақ, балки “самогон”. На “самогон”, балки “брага”, яъне шаробе норасида ва дар ҳоли ҷӯшиш. Ман аслан нӯшиданро дӯст намедорам, вале ҳанӯз дар Тошканд амалан «насиҳатам» дода буданд, ки дар Афғонистон «нӯш гуфтанд, нӯш», вагарна зинда намемонӣ. Духтари раз, ягона намояндаи ҷинси латиф дарди маро сабуктар мекард. Шояд виҷдони маро “алла” мегуфт, то нороҳатам накунад ва рӯзҳову шабони мудҳишам зудтару зудтар гузаранд.

Баъд аз чанд қадаҳ, ёдам нест, чанд, шояд даҳгонаи аввал, майор Марченко ба маънои томаш девона шуд. Вай чизе намегуфт, балки муштҳояшро болои сар дошта, фиғон мекашид, фарёд мезад. Ман чанд бор ӯро дар бозори шаҳр ҳамроҳӣ карда будам ва медонистам, ки каме тундҳарфу зӯргӯст, аммо инсони баде нест. Акси ҳамсар ва ду духтарашро ҳамеша дар ҷайб дошт ва мегуфт, онҳоро мурданивор дӯст медорад. Сарбозони худро низ дӯст медошт ва эҳтиёт мекард. Бо хоҳиши ман як ҷавони истаравшаниро аз ҷанг озод ва дар ошхона ҷой карда буд. Аммо ҳоло вай ба касе табдил гашта буд, ки ман намешинохтам. Фиғонаш аз умқи вуҷудаш берун меомад. Пас аз лаҳзае ӯ моро низ ба девонагиҳои худаш ҳамроҳ кард ва ба рақс оварду сипас маҷбур кард, аз ҳуҷрааш, ки ёд дорам, сарбозон аз қуттиҳои холи гулӯлаи тӯп бунёд карда буданд, берун кашид. Аз остини ман кашиду ва дигареро лагад ба дунбааш зада, ҳамаи афсаронро ба сӯйи тӯпхонаҳо бурд. Дар заминкане, ки хандақ аз он мисли мор печ хӯрдаву ба умқи шаб мерафт, телефони қаҳваранги ҳарбиро гирифта, симаки онро чанд бор тоб дод ва фарёд зад: «Оташ! Оташ! Занед ин шағолҳоро!»

Баъд моро раҳнамоӣ кард, ки аз заминкан берун шудаву сари теппаи рӯбарӯи он, ки ба тахтапушти хирси хуфтае монанд буд, бароем. Осмони абролуд камситора буд. Гӯё алмоспораҳои боми дунёро бо ҳарири нарму тираранг пӯшонида буданд. Дар уфуқи ҷануб ҳилоли моҳ мисли арӯсе аз паси рӯйбанди меғ ҳавасбозона чеҳра менамуд. Аз ҳар сӯ садои чирчиракҳо баланд шуда, ин садои гӯшнавоз деҳаи азизам, боғи падарам ва нигоҳи меҳрубони модарамро ба ёдам меовард. Ва он шабҳои пуроҳу тафсону арақшори бистари ёрамро.

Ман сармаст будам, моҳро дӯст медоштам ва худро шоир ҳис мекардам. Мехостам биншинаму шеърҳои пурдарди ҳиҷрон бинависам. Табъи баланди маро майор Марченко мисли осмони абролуди шаб хира сохт. Вай тарафи қибла истода, росто шоша кард ва бо садои баланд бод сар дод. Ҳанӯз аз ин рафтори ӯ рӯй каҷ накарда будам, ки ғавғои маҳшар ба фалак печид. Тӯпҳои зиёде паиҳам гулдуррос зада, оташ кушоданд. Аз ҳар фосилаи хатти каҷе лахти оташ меҷаҳид ва гулӯла бо садои гӯшкаркунанда синаи шабро медарид. Ламъаи барқ дар торикӣ ин ҷову он ҷо боло меҷаҳиду ғайб мезад. Паҳнои шабро танҳо ҳамин садои ваҳшатангези тирафкании тӯпҳо пур карда буд. Шояд чирчиракҳо ҳам аз тарс сокит шуда буданд. Чанд дақиқа ё шояд бештар ба ҳамин минвол идома ёфт. Баъд, вакте ки як лаҳзаи сокит дар миён афтод, Марченко касеро фарёд карду ба чароғакҳое, ки дар дуродур гӯё дар осмони шаб овезон буданд, ишора кард. Ин шояд яке аз деҳаҳои кӯҳдоман буд. Шунидам, ки лейтенанти хурд дар ҷавоб гуфт:

– Мо координатҳои онро надорем, рафиқ майор.

-Ҳайвон! Кӯбед гуфтам, кӯбед! Ба шарафи ид!

Лейтенанти хурд осемасар ба сӯйи заминкан давид. Гулӯлапартоӣ, ки лаҳзае қатъ шуда буд, дубора оғоз гардид. Майор Марченко давр мезад ва гоҳ бо ин мушту гоҳ бо мушти дигар ба сари синааш мезад. Вай дар чашми ман ҳарчӣ бештар ба хуке монанд мешуд, ки дар ҷустуҷӯи наҷас мечархад. Ба худ қавл додам, ки дигар ҳаргиз дасти касифи ӯро нахоҳам фишурд. Лахтаҳои оташ аз панҷ ё шаш тӯпе, ки дар фосилаҳои гуногун аз ҳам қарор доштанд, боло меҷаҳид. Замоне чунин манзараро дар мустанади дифоъ аз Столингрод дида будам. Артиши сурхи коргару деҳқон! Нигоҳам дар осмони торики шаб хат мекашид, то ҷойи афтодани ин гулӯлаҳоро пайдо кунам. Медидам, ки дар байни он чароғакҳои дури деҳаи кӯҳдома оташакҳои хурди таркиши гулӯлаҳо рӯ менамояду хомӯш мешавад. Шояд он ҷо модаре бо тифлонаш дар ҷойхобе хуфта буд ё падаре бо писараш сари дастархоне нишаста. Эҳтимол ҷавоне бо наварӯсаш рӯйи рахтихоби тафсон арақшор мегашт, то ҳаёти наверо ба дунё орад. Шояд пиразане рӯйи боли лойӣ ба набераҳояш аз афтодани ситораҳо афсона мегуфт. Ва аз ин ҷо хуки ваҳшие, ки наметавонад, худро идора кунад, ба сари ҳамаи онҳо оташи ҷаҳаннамро фурӯ мерезад. Артиши коргару деҳон!

Аз банди дасташ гирифтам, таконаш додам, гуфтам, бас кунад. Дод мезаду механдид. Гуфтам, қотил аст, одамкуши хунхор! Фиғонаш баландтар мешуд.

Давидам ва ба заминкан даромадам. Лейтенанти хурдро гуфтам, фармон шуд, ки бас аст. Ҷавони зардинаи лоғар гӯшии телефонро гирифт. Баъд аз сонияе оромӣ бозгашт. Аммо гӯшҳоям гирифта буданд. Даруни онҳо таркишҳо идома дошт. Аз хандақ пеш рафтам ва ба тӯпи аввал расидам. Сарбозони тӯпчӣ аз гӯши худ панбаҳоро берун мегирифтам. Чашмонашон пурхун буд. Механдиданд. Ба назарам чунин намуд, ки онҳо низ мисли мо сармастанд. Лейтенанти хурд ба ман гуфт, ки сарбозон аз дасти Марченко ҷон ба лаб шудаанд ва қариб ҳар шаб чарс (нашъа) мезананд. «Чандин бор ҷазояшон додем, бефоида. Вале имрӯз чизе гуфта наметавонем, ба ҳар ҳол ид аст…»

Вақте баргаштам Марченко дар ҳуҷрааш рӯйи кат рӯболо дароз кашида буд ва ин ҳашт-нуҳ нафар дар атрофаш буданд. Вай комилан ором буд ва бо меҳмонони худ суҳбат мекард. Аз ӯ суол кардам, ки оё фармондеҳи бригада ё раёсати аркон намепурсад, ки шумоён дар ин шабҳангом куҷоро ва киро мекӯбед?

Вай коҳ-коҳ хандид. Аз кат бархост, пеш омаду як қадаҳ шароби хоми дастиро дам кашид ва бе он ки газаке кунад, бо пушти оринҷ лабудаҳонашро пок кард ва гуфт, хуб аст, агар имшаб бист қуттӣ аз гулзла холӣ шуда бошад. “Пагоҳ ин қуттиҳоро ба чӯпони афғон медиҳам ва як гӯсфанд мегирам. Зиёфат дар пеш!»

Ҳар сол дар рӯзи 23-юми феврал ин воқеа ба ёди ман мерасад ва намехоҳам на сарбоз бошаму на афсар.

09.03.2013 - Posted by | Афғонистон, Каме латра, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳикоя

1 Comment »

  1. Бехад гамангез!!! Ба фикрам холо ин саргузашт дар ин макон то хол рафта исдодааст.Ва ман бовари дорам ки баьд аз 20 солахо шояд ба монади ин вокеьа ягон форсзабони америкои нависад

    Comment by Абдурахим | 09.03.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: