Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Наврӯзи айёми ҷанг

GardЧун ваъда буд, ки идомаи қиссаи ёфтшудаи “Дарвозаҳои Кобул”-ро ин ҷо хоҳам гузошт, корро сари ин тарҳ давом додам ва инак, порчаи дигареро пешакши хонандаи арҷманд мегунам. Боз ҳам ёдовар мешавам, агар касе бахши сеюми ин хотираҳоро дошта бошад, лутф кунад ва бароям бифиристад. Шумораи 4 ё 5-и “Чароғи рӯз”, соли 1991. Хеле сарфароз хоҳам буд. Дар зимн, Наврӯз бароятон шоду фархунда бод!

« 22 марти соли 198…

Хуб буд, ки зимистон рӯзҳо зуд мегузаштанд ва ҳар шоми зудрас ман бо хушҳолии тамом шумораи он рӯзро дар тақвим хат мезадам ва мешумурдам, ки то бозгашт ба Ватан чанд рӯзи дигар мондааст. Албатта, баъзан ин гуна ҳам мешуд, ки дар давоми рӯз худро машғул медоштам ва ҳама корро мекардам, ки кашидани хатти сиёҳи ғафс дар рӯйи шумораи тақвим фаромӯшам шавад. Он гоҳ, рӯзи дигар, хушҳолии ман ду баробар бештар мешуд, зеро ба як бор ду шумораро хатти бутлон мекашидам. Фикр намекардам, ки инҳо ҳар кадом рӯзҳое аз умри ҷавони мананд, ки онҳоро барҳадар мегузаронам ва ҳам мехоҳам тезтар гузаранду дар ниҳояти амр поёни умри маро наздиктар кунанд.

Ба ин тартиб зимистон гузашт ва акнун рӯзҳо дарозтар мешаванд. Аслан имрӯз, дар рӯзи Наврӯз, шабу рӯз бо ҳам баробар хоҳанд гашт ва сипас, кам-кам рӯзҳо дарозтару шабҳо кӯтоҳтар. Ҷустуҷӯи саргармию шуғл барои фаромӯш кардани вақт низ камтар хоҳад гашт. Интизории кашидани хатти сиёҳи ғафс рӯйи шумораҳои гоҳнома зиёдтар…

Хуш аст, ки ҳамчун тарҷумон бо мардуми бумӣ ошноӣ дорам ва равуо бо онҳо рӯзҳои дарозамро кӯтоҳтар хоҳад кард.

Дирӯз омӯзгори дабистони шаҳрак Ғулом Форуқ наздам омада буд. Инсони доно, хоксор ва камбизоат. Тамоми зимистон як чодари фарсуда болопӯшаш буд. Гоҳе ман ба ӯ аз захираҳои хӯроквории қисми ҳарбӣ чизе медиҳам, то ба се кӯдаки хурдсолаш барад. Боре барояш як бушлати афсари шӯравиро додам, ки дар ҳавои сард бипӯшад, напазируфт. Бо ҳамон чодари рангпаридаи печида ба сару гарданаш омад.

Бо ҳам нишастем ва хеле сӯҳбат кардем. Вай гуфт омадааст, то Наврӯзро ба ман табрик гӯяд ва як варақи чаҳорқатшудаеро ба ман бидиҳад. Вақте онро боз кардам, дидам, як порча шеър буд, ки, ба гуфтаи дӯсти омӯзгорам аз Покистон ба дасти ӯ расидааст. Аз нахустин мисраъҳо шеър бароям писанд омад. Ҳанӯз бандеро нахонда будам, ки Ғулом Форуқ гуфт:

— Се шаб аст, ки, тарҷумон соҳиб, пас аз хондани ин шеър хоб ба чашмам намеояд. Дард мекашам ва намедонам, чӣ бикунам. Бароям мисли сирри пинҳонест, ки дигар наметавонам, онро андаруни хеш махфӣ дорам, тарҷумон соҳиб. Гуфтам, онро ба Шумо диҳам, то шояд дилам қадре сабук шавад. Ин сӯзу гудозро Шумо бояд бишносед, тарҷумон соҳиб. Аз миёни ҳама руфақои тоҷикистонӣ ба шумо эътимоди бештар дорам ва мехостам, касе надонад, ки ин шеърро ба Шумо ман додаам.

— Чӣ шеъри пурдард! Инро кӣ навиштааст? – пурсидам аз Ғулом Форуқ.

— Номи муаллифаш дар Афғонистон мамнӯъст. Ягон вақти дигар бароятон хоҳам гуфт, тарҷумон соҳиб. Аммо хоҳиш мекунам, касе онро набинад. Агар ХАД (Хадамоти Амнияти Давлатӣ) фаҳмад, аз сад ҷон як ҷонам раҳо намеёбад. Дар ҷиноҳи «халқ» буданам худ бас аст, ки нобудам кунанд. Ба онҳо як баҳонаи ночиз кофист, ки касро ба зиндони Пуличархӣ биандозанд.

Чун Ғулом Форуқ азми рафтан кард, сафҳаро дубора қат кардам ва кисаи сари синаам гузоштам. Ғулом Форуқ каф ба рӯйи он ва сари синаи ман гузошт ва ба хушҳолӣ гуфт:

— Оре, ҷояш ин ҷост, наздики қалб!

Ӯро то дами дарвозаи шаҳраки ҳарбӣ гусел кардам ва мисраъҳои аввали шеър дар зеҳнам мечархид. Ин мисраъҳо гӯё шарҳи ҳол ва хостаҳои ман буданд. Аз посгоҳи сари дарвоза бармегаштам, ки мошини “УАЗ”-и шишаҳояш пардапӯш наздам қарор гирифт. Дар боз шуд ва аз дохили мошин тарҷумони мушовирони ҳарбӣ Файзуллоҷон сарашро берун кардаву пурсид, оё намехоҳам, ҳамроҳи ӯ ба идгоҳи шаҳр равам ва ҷашни Наврӯзро тамошо кунам. Чаро не? Шодона ба мошин ҷаҳидам.

Гумон доштам, ҷашн дар маркази шаҳр ҷараён мегирад, вале мошини мо аз марказ гузашта ба самти баландиҳои шарқии шаҳрак ҳаракат кард. Файзулло гӯё саволи зеҳни маро пай бурда бошад, сарашро такон дод ва гуфт, ки ид дар ҷойи дигар аст.

Мо ба кӯҳдомане расидем, ки онро Бибимоҳрӯ меноманд. Мардуми зиёде ин ҷо ҷамъ омада буд. Намояндагони ҳизбу низомиён мошинсавор, мардуми дигар пиёда ё харсавор, морпеч боло мерафтанд. Сарбози собиқе, ки бе як пой буду асобағал дошт, низ оҳиста-оҳиста сӯи идгоҳ асо мезад. Занон чодарҳои тозаву хушранг доштанд ва кӯдаконе аз гӯшаи ин ҳиҷоби онҳо гирифтаву ба дунболашон мерафтанд.

Маҳз кӯдакон буданд, ки дар сари теппа шодию ғавғо мекарданд. Онҳо бодпаракҳои рангоранг ба ҳаво сар медоданд. Аммо дар чеҳраи ҳеҷ яке аз калонсолон ҳатто хурдатрин аломати хурсандӣ дида намешуд. Ҳамаро абрӯвон чинзада ва нигоҳҳо ба поён буданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ин ҷову он ҷо ба замин нишаставу аз ин баландӣ ба шаҳри худ менигаристанд ва сокит буданд. Дар умрам чунин як ҷашнеро надида будам, ки дар сукут ва андӯҳ гузарад. Касе ба касе наменигарист ва зеҳн мондам, ки касе ба касе салом ҳам намегуфт, ки як ҳолати хориқулода буд. Одамон ба замин, ҷое рӯйи санг ва ҷойе ҳам рӯйи сабзаи наруфта ё хоки мартуб менишастанд, ба уфуқ чашм медӯхтанд, зери лаб оят мехонданд ва даст ба рӯй мекашиданд.

— Илоҳо Наврӯз сулҳу амонӣ биёрад.

Аз ин наврӯзгоҳ бо дили сиёҳ баргаштем ва Файзулло дар роҳ гуфт, шунидааст, ки солҳои пеш дар ин идгоҳ тантанаҳои бузурге барпо мешудаанд. “Ҳоло мардум хуши иду шодмонӣ надоранд.”

Вақте ки ба шаҳраки ҳарбӣ баргаштем, фармондеҳон доду фарёд бардштанд. Маълум шуд, дар ин ҷо ва ҳам дар урдӯгоҳ рӯзи Наврӯзро “рӯзи хатаромез ва вазъи фавқулода” эълон кардаанду касе ҳақ надошт, бе иҷоза ҷойи худро тарк кунад. Гуфтанд, “ропур” ё иттилоъ расидааст, ки имшаб ҳарбиёни шӯравӣ ва Ҷумҳурии Демократики Афғонистон ба ҳамлаҳои сахте мувоҷеҳ хоҳанд шуд…

Гашти рӯз фармондеҳ, раиси аркон ва чанде дигарро ба шаҳр даъват намуданд. Ман тарҷумонӣ кардам. Пас аз маҷлиси расмӣ, ки як навъ ҳузнангез гузашт, моро ба хонаи волӣ бурданд. Он ҷо зиёфате шуд, ки аз лиҳози нуқлу навояш ба зиндагии айёми ҷанг шабоҳат надошт. Волӣ ва муншии кумитаи ҳизбии вилоят ба сарварони қисми мо ва мушовирони худ тӯҳфаҳои коғазпечи наврӯзӣ доданд. Аз мани тарҷумон қатъи назар карданд. Боке не. Ҳанӯз субҳ Ғулом Форуқ ба ман чизи гаронбаҳотаре ҳадя карда буд. Вақте ба манзил расидам, шумораи 22-ро дар тақвим хатти сиёҳ кашидам, лаҳзае ба рӯзҳои сиёҳшуда ва шумораҳои ҳанӯз пок чашм дӯхтам ва сипас аз кисаи сари синаам сафҳаи бароям азизро берун гирифтаму ба хондан даромадам:

“Ватан! Омад баҳор, аммо набинам гул ба домонат,
Наояд нағмаи шодӣ зи мурғони ғазалхонат.
Ба ҷойи мавҷ хун меҷӯшад аз анҳори хандонат,
Ба ҷойи лола рӯяд доғ аз тарфи биёбонат.
Яқин дорам, ки тобида ба шаҳристони вайронат.
Ғиреви тир меояд ба ҷойи нағмаи мурғон,
Магар оташ зада сайёди золим бар найистонат.»

Ин шеъри устод Халилуллоҳи Халилӣ буд. Наврӯзи оянда ӯ хоҳад навишт: “Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд…”

22.03.2013 - Posted by | Афғонистон, Каме латра, Сарнавишт | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: