Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Иде бидуни ид?

victory dayДаричае аз ёдам намеравад. Дар ду тарафи он девори фурӯрехта ду қабри кӯҳнаро ба ёд меовард. Ранги нилгуни равғании дарича мисли карахши рӯйи захми хушкида варақ-варақ хеста буд. Ин ранг дар ҷо-ҷое мисли осмони тобистон кабуд буд. Дар паланди дарбача чаҳоркунҷае сурхӣ мекард: “Дар ин ҷо собиқадори ҶБВ зиндагӣ мекунад.”

“Зиндагӣ мекард,” – гузашт аз дилам, вақте бародарам Ҳакимҷон бо эҳтиёти тамом ангушт ба дарича зад. Аз дарун садое наомад, дарича баста ҳам набуду ҳавлича ҳам аз берун намоёну бекас ва мо пой ба остона гузоштем.

Хонае, ки аз охири солҳои 1950, давраи муҳоҷирати мардуми Масчо монда буд, ҳоли зоре дошт. Андовааш афтода, хиштҳои хомрро луч карда буд ва сутуну болорҳо аз дуди айём сиёҳ гаштаанд.

Дуртар аз он хонаи дигаре буд, ки собиқадори ҷанг акои Абдуқаҳҳор солҳо пеш, дар замони колхоз, барои писараш сохта буд. Як хонае пир ва хонае ҷавон. Зери айвони хонаи дувум пиразане ғамгин нишаста буд, ки ба мо нигоҳе накард. Баъд донистам, чашмонаш намедиданд ва гӯшҳояш намешуниданд.

Аз даруни хонаи нав зане берун омад, ки кӯдаке домони пироҳанашро гирифта буд.

“Аком аз мусофират омадаанд, фотеҳае хонем…”

Зан, ки аз он пиразан фарқи зиёд надошт ва пеш аз вақт пир шуда буд, сар ҷумбонд.

Сарипо нишастем ва дуое ба равони марди наҷиб, обдори бригадаи мо дар колхоз, собиқадори ҷангу меҳнат бахшидем. Бархостанӣ будам, ки додарам аз оринҷам гирифт. Боз фотеҳа хонд. Даст ба рӯй кашидем ва берун шудем. Вуҷудамро андӯҳи сангине ларзонд. Баргаштаву боз ба тахтачаи сурх нигаристам. Зиндагии захмии Ҷанги Ҷаҳонии Дувум Абдуқаҳҳор Ғаффоров, дар солҳои охир, ба гуфтаи бародарам, бисёр сахт будааст: “Ҳамдеҳагон ёрияш медоданд, аммо аз ҳама бурида буд.”

“Паc аз хорию танҳоӣ даргузашт?” Бовар намекардам, ин марди хушсухан ва шӯху шод дар поёни умр зери бори ғам монда бошад.

“Шояд бештар аз доғи фарзанд,” – мегӯяд додарам дар ҳоле ки ман тасаввур мекардам, эҳтимол баъд аз тарака шудани заминҳои колхоз ва зуҳурии бойбаччаҳои нав ва ба қашшоқии амиқ афтоданаш сахт азоби рӯҳӣ кашид ва ба беқадрии инсон тоб наовард. Кишваре, ки мегӯяд, ин мардони бузург ҷони хешро сипар кардаву онро аз нобудӣ наҷот доданд, натавонист, дар посух онҳоро аз аҷзу нодорӣ ҳифз кунад. Вале нақли додарам, тазоди дигареро дар пеши чашм овард.

Абдуҷаббор, писари акои Абдуқаҳҳор дар Русия аз дасти сартарошидаҳо ё фашистҳои навбаромад кушта шудааст. Даҳшат! Ҷавонакҳои рус ба тақлид аз фашистҳо писари шахсеро куштанд, ки Русияро аз фашизм наҷот дода буд. Шояд беҳтар буд, наҷот намедод ва ин ҷавонакҳо ҳам ба дунё намеомаданд?

Бархилофи шиори машҳури “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”, русҳо фаромӯш кардаанд, ки зиёда аз 250000 нафар аз Тоҷикистон дар ҷанги зидди Олмони ҳитлерӣ ширкат карданд ва наздик ба 60 000 нафари онҳо барои ҷасорат ва қаҳрамонияшон ордену медал гирифта, 89 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ё барандаи ҳарсе дараҷаи ордени “Шараф” шуданд. Тамоми солҳои ҷанг иқтисоди Тоҷикистон барои пирӯзӣ кор кард ва ҷону нерӯву моли мардум ба коми ҷанг рафт.

Агар Русия кишвари адл мебуд, саҳми тоҷикон ва ақвоми дигарро дар пирӯзӣ бар фашизм шиори аввали худ мекард ва қатли ҳар муҳоҷирро дар заминаи бегонаситезӣ ба шикасте дар баробари фашизм мусовӣ медонист. Мисли ин ки он ҷанг бо фашизм дар Русия ҳамоно идома дорад ва агар падарон дар солҳои 1941-45 онро шикаст доданд, ҳоло писарон бо ин ҳаюло дар ҷанганд. Ва ҷомеаи Русия ғолибан ба ин қурбониҳо арҷ намегузораду дар қайди сукути тарафгиронаест, ки онро ба коми нажодпарастӣ мекашонад. Намедонам, дар ин ҳол ҳамҳамаи ҷашни пирӯзӣ бар фашизм дар Русияи имрӯза то куҷо самимона аст.

Рӯзи 9-уми майи соли 2013, дафъатан пас аз поёни паради ҳарбӣ дар Маскав дар ин шаҳрв ва дар Петербург “облава” ё гирудори муҳоҷирон сар шудааст. Ҳоло Русия на ҷавонакҳои нажодпараст, балки муҳоҷиронеро биноҳои баланду бузурги шаҳрҳояшро месозанд ва кӯчаву хиёбонҳояшро пок мекунанд, душмани аввали худ мешуморад ва дар агар худро танҳо меросбари пирӯзиҳои СССР медонад, масъулиятҳои чунин ворисро дар назди шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ нодида мегирад.

Ва як рӯз пеш аз ҷашни Пирӯзӣ бар фашизм нашрияи давлатии Русия бо шодмонии ошкоро аз дастури президент Владимир Путин менависад, акнун тоҷикон ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар карда метавонанд…

Гашти рӯз ба қабристони деҳа рафтем. Шаш ё ҳафт раддаи гӯри ҳамдеҳагони ман дар се соли охир хеле тӯл кашидаву ҳарчӣ бештар ба подомани замин наздик шудааст. Мадфани наздиконро зиёрат кардем ва чанд тобути фулузиро паҳлуи қабрҳо дидам, ки чизи наве буд. Аҳли деҳа қарор кардааст, тобути аз рӯҳ сохташудаи ҳар ҷавонеро, ки ҷасадаш аз Русия оварда мешавад, мисли муҷассамаи марг дар ғурбат паҳлуи қабр гузоранд.

Яке аз онҳо канори мадфани Абдуҷаббор валади Абдуқаҳҳор гузошта шудааст. Бародарам дар хотимаи қабрҳо хатте кашиду дуои дигаре барои ҳамаи сокинони водии хомӯшон хонд. Ҳам барои ҷавононе, ки дар муҳоҷират ҷон додаанд. Дар Русияе, ки акнун акои Абдуқаҳҳорро намешиносад.

Ҳоло менависаму се чиз пеши назарам аст. Яке он тобути филизӣ, дигаре — дарича ва савум чаҳоркунҷае бо ин навиштаҷот: “Дар ин ҷо собиқадори ҶБВ зиндагӣ мекунад.”

09.05.2013 - Posted by | Баҳс, Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Таърих, Тоҷик, Ҷомеа

1 Comment »

  1. ОБРАТИТЕ ПОЖАЛУЙСТА НА ЭТО ВНИМАНИЕ :
    Катрин Весна
    9-го мая, был День Победы,казалось бы наш общий праздник,но этот день мы праздновали и восхваляли только благодаря людям из прошлого,которые сражались на войне. Я уже не в состоянии описывать все,что они для нас сделали,напишу лишь то,что наши ветераны в Таджикистане нуждаются в помощи! Государство не может обеспечить их хотя бы материально,кто же им поможет? Старички наши умирают и жизнь их идет не по дням,а по часам! У меня к вам,друзья,предложение,давайте соберем им материальную помощь-кто,сколько сможет,разве это сложно? Вторым условием является письмо- вы можете подумать,что за чушь..на самом деле,многие из них одинокие люди,у них нет даже дальних родственников..Одиночество-это страшное наказание,но в чем виноваты они,те,которые спасли мир от нацизма!! Написав письмо-на таджикском или русском,мы хоть как-то согреем их душу,они будут знать,что мы их помним и любим..ведь им осталось немного..разве вы хотели бы такой участи для своих родителей?-думаю,что нет,никогда..
    Если среди вас появятся заинтересованные ребята-со всего света,с разных уголков мира,можете написать сюда,на почту asanshoeva.zarrina@mail.ru -сюда вы отправляете заявку,т.е. соглашаетесь быть частью нашей таджикской команды в помощи сбора нашим ветеранам! Далее,как только мы наберем народ,мы начнем работу с письмами и деньгами-их высылать пока никуда не надо! Как только наберется приличное количество людей,мы с ребятами из Москвы и Душанбе,скорее всего,откроем счет,куда мы перечислим материальную помощь,а письма будем отправлять по электронке 1 человеку,на русском и таджикском-зависит от национальности ветерана,ведь у нас была интернациональная страна,как впрочем, и сейчас. Насчет надежности ваших материальных средств можете не беспокоиться,мы будем думать о том,чтобы все наши действия могли прослеживаться вами в определенной группе,о которой мы напишем в инете,далее, нам очень нужны волонтеры по сбору информации о ветеранах в Таджикистане,ребята,только нужно сделать все,чтобы не упустить ни одного старика или старушку! Чтобы в расчет принимались не только труженики тыла,но и бойцы ВОВ!!! Ребята,пожалуйста,поторопитесь..пока мы думаем и разрабатываем план,наши герои умирают в нищете и ненадобности..У таджиков с древних времен было правило,одно из первых-уважение старших,стариков,родителей! Не забывайте об этом,ведь в спасении и поддержке наших героев,можете быть и вы..и возможно,когда-то в будущем,сможете рассказать своим детям,как вы хотели сделать добро людям,спасшим нас от фашизма!
    Я буду ждать вашу заявку на электронный адрес,который указан выше,в письме пишите – Я (Ф.И.,ссылка на контакт в интернете,чтобы я смогла с вами связаться) хочу принять участие в поддержке и помощи нашим ветеранам. Все-этого пока будет достаточно! Спасибо тем,кто откликнется!

    Comment by Samandar | 16.05.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: