Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Корти сабз” нест мешавад

Korti sabzЯке аз осонтарин роҳҳои муҳоҷират ба Амрико – бахтозмоӣ ё лотореяи “Корти сабз” ба зудӣ баста хоҳад шуд. Афсӯс, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки “хонахез” ба Русия муҳоҷир мешаванд, натавонистанд, аз он истифодаи хубе кунанд. Шумораи онҳое, ки ба воситаи ин толеъсанҷӣ дар се соли охир иҷозаи иқомат ва кор дар Амрикоро дарёфт карданд, дар баробари намояндагони ақвоми дигар “мушт”-е беш набудааст.

Моҳи июн дар Иёлоти Муттаҳида қонуни нави муҳоҷират ба тасвиб мерасад, ки бино бар он лотореяи “Корти сабз” ё барномаи ба Амрико овардани намояндагони миллатҳое, ки шумораашон дар ин кишвар кам аст, қатъ мегардад. Ба таъбири дигар он қурбони тиҷорати сиёсӣ миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон мешавад. Аввалиҳо мехоҳанд, давлат 11 миллион муҳоҷири ғайриқонуниро афв кунад ва барои ин барномаеро, ки дувумиҳо солҳост, мухолифаш буданд, товон медиҳад.

Дар 18 соли мавҷудияташ Барномаи Раводиди Танаввӯъ имкон дод, ки зиёда аз 10 миллион сокини Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Иёлоти Муттаҳида кӯчанд ва дар ин ҷо ҳаққи кору иқомат пайдо кунанд. Шумораи тоҷикон дар ин миён тақрибан чизе бештар аз 2000 нафар аст, зеро теъдоди хеле ками онҳо дар ин бозии толеъ ширкат мекарданд. Ду сол пеш ман дар ин бора навишта будам ва аммо афзоиш чандон назаррас набуд.

Агар он сол ҳамагӣ 270 шаҳрванди Тоҷикистон барандаи ин қуръакашӣ шуда бошанд, дар соли баъдан шумораи онҳо ба 330 нафар расид. Дар ҳамин солҳо барандагони “Корти сабз” аз Узбакистони ҳамсоя то 18 баробар бештар буданд ва соли гузашта теъдодашон ба 5101 нафар расид. Сабабу омилҳои чунин вазъро то ҷое таҳқиқ карда будам, ки мешавад, дар ин блог ба онҳо назаре афканд.

Зоҳиран, танҳо акнун шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолтар шуданд ва шумораи онҳое, ки бо фиристодани ному насаби хеш дар бахтозмоӣ ширкат мекунанд, босуръат афзудааст. Аммо, афсӯс, ки дер шуд. Мисли ин ки ҳамеша ҳамин хел аст, то мо ба ҷунбиш меоему роҳу тарзи кореро ёд мегирем, ки навбати он кор ба охир мерасад. Ба ҳар ҳол ман муҳоҷирати ҳамватанони худро ба Амрико назар ба дарбадариҳо дар Русия бартарӣ медиҳам. Аммо гумон надорам, дар байни 11 миллион муҳоҷири ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳида, ки акнун мумкин аст, шаҳрванди комилҳуқуқи ин мамлакат шаванд, шумораи онҳо зиёд бошад. Мардуми қонуншунав аст, ҳарчанд мансабдоронаш чунин нестанд.

16.05.2013 - Posted by | Амрико, Дурнамо, Муҳоҷират, Таҷриба, Тоҷик, Қонун

1 Comment »

  1. Иншоаллох, умедворам, ки корти сабз баста нахохад шуд.

    Comment by Karim | 18.05.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: