Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Боз(га)(до)шти Зайд Саидов

zaid saidovХато нанавиштаам. Ин рӯзи ҷумъаи 17-уми май буд, ки номи Зайд Саидов ҳангоми “гуглонидан”, яъне чидан дар ҷӯяндаи Гугл дар ним сония зиёда аз 50 000 сархатро фароҳам меовард. Танҳо ба ҳуруфи сириллик, ҳуруфи дигарро наозмудаам. Акнун, дар шоми якшанбеи 19-уми май гуглонидани ин ном дар 0,25 сония 88 500 натиҷа дод.

12 300 матлаби дигар ба забони англисӣ дар ним сонияи шоми якшанбе. Гумон аст, ин ҳама матлаб ба обрӯй ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ афзояд. Ҳоло бояд баршумурд, ки осеби қазия ба симои кишвар чӣ қадар хоҳад буд.

Бо худи ӯ барои як матлаби таҳлилӣ низ рӯзи ҷумъа суҳбат карда будам. Ҳоло фикр мекунам, ин охири мусоҳибаи пеш аз боздошт шуданаш буд. Дар поёни суолу ҷавоб, вақте гуфт, ки даҳҳо нафар аз дуру наздик ӯро хоҳишу илтиҷо кардаанд, ки ба Тоҷикистон баргардад, ман ҳам беихтиёр гуфтам, шояд дуруст мегӯянд, кафолате нест, ки бо ӯ аз рӯйи қонун бархӯрд кунанд. Гаштаю баргашта мегуфт, на ҳаққи давлатро хӯрдааст ва на ҳаққи касеро, ҳамеша дар чаҳорчӯби қонун амал кардааст ва ҳаросе надораду ҳатман хоҳад баргашт.

Рӯҳия ва иродааш қобили таҳсин буд. Пурсишҳои ман, бино бар пешаам, гоҳе сахту нофорам. Чӣ кунем, касби мо ин аст, ки барои дарёфти ҳақиқат пурсишҳои ногуворро ҳам дар миён гузорем.

Субҳи зуди якшанбеи 19-уми май хабар ёфтам, ки Зайд Саидов дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда ва бино бар охирин хабарҳо, кай озод шудани ӯ маълум нест. Охирин суханонаш дар гӯшҳояш садо доданд: “Ман ҳеҷ гоҳ дурӯя набудам. Ростӣ ва иродаи ман ба ҳеҷ пулу мансаб фурӯхта ё иваз карда намешавад. Ман танҳо хостам, як кори хайре дар чаҳорчӯби тавоноии худ барои миллат ва ватанам, ки сарбаландию обрӯмандияшро мехоҳам, анҷом диҳам.”

Дар тамоми тӯли мусоҳиба ҳадафам як чиз буд – муайян кардани он, ки чаро Зайдуллоҳ — як соҳибкори комёбу моҳир ва ба доираҳои давлатӣ наздик, ҷону мол ва аҳли байти худро дар хатар гузоштаву даст ба таъсиси ҳизби нави сиёсӣ зад ва чаро вокуниши ниҳодҳои давлатӣ ба ин ташаббуси ӯ ин қадар сангин буд? Бисёр касоне борҳову борҳо эълони таъсиси ҳизб кардаанд, аммо ба ҳеҷ яке аз онҳо чунин аксуламал нашудааст.

Оё дар кандукови масъала, тасвири вазъи сиёсӣ ва кушодани чеҳраи вазири пешини саноат ва акнун маҳбус Зайд Саидов то куҷо чизе ба даст овардам, дар ин мусоҳиба бихонед ва агар назаре доред, лутфан, ирсол доред.

19.05.2013 - Posted by | Баҳс, Ватан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа |

17 Comments »

  1. Замониддин Насриддинов Устод, хамагон чунон дар хайратанд, ки дар ин равиш барои сиёхро аз сафед фарк кардан нури зарурие намебинанд. Аз диди дигар ин хама, дар шаб бозии рустшаваконро мемонад.
    May 19 at 11:08pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

    • Иззат Амон Не не, рости каблан ман хам дар хамин фикр будам (рустшавакон), вале дакик кардам ки ин тавр нест. Окои Зайд дакик медонист ки зиндони мешавад, вале баргашт. Намегуям ки кахрамон аст, вале кахрамони кард. Мехост бо ин харакати худ ба мардум фахмонад: Хой мардум ана ман курбонии аввал шудам, шумо бедор шавед. Баъзан вакт барои аз хоби гарон бедор шудани мардум вокеан курбони лозим аст. Бо итминони комил хохам гуфт: Зайд худро курбони бедории мардум кард. Холо бубинем ку мардум чи вокунише нисбати кахрамони худ нишон хохад дод.
      May 19 at 11:14pm · Like · 9

      Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

      • Умари Азиз Бародари гиромикадр Иззат,ба фикрам курбонии аз у пеш Сабзали буд,аммо имруз касе номи уро ба ед намеорад,афсус,аммо метарсам,ки садхо Сабзаливу Зайду Умаралихо худро курбон кунанд фоидае нахохад дошт!Кош хато мекардам…
        May 20 at 2:08am via mobile · Like · 2

        Comment by aioubzod | 15.06.2013

  2. Muhayyo Nuridinova “Kommentho”- ro dar “Radioi Ozodi” khonda, hayfam omad. Dar davroni Istiqloliyat yake az nuqsonhoe, ki dar millati Tojik avj yoftu resha rond- mahalgaroist. Umed bar on mekunam, ki on ruze az bayn meravad, vagarna, millat khudro bo neshi zahroludi khud nestu nobud mesozad. Bubined, shabu ruz hama nomi Zayd Saidov-ro virdi zabon meorand, tarafdoroni ziyodero paydo karda istodaast, mardum dar borai Hizbi holo ta’sis nayofta, allakay yak tasavvuroti amiqe ham dorad. Az a’zogii Barzu Abdurazzokov khelo khushhol gashtam. Aknun, Saidovro dar Sughdu, Khatlonu Badakhshon va ham Dushanbe meshinosand va hurmatash mekunand. Khudo nigahboni u bod, okhir hej fitnavu nayrang peshi rohi kori Khudoro girifta nametavonad!
    May 19 at 11:51pm · Like · 4

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

  3. Фирдавс Малиев Хонумон ва чанобон! Хар кас бояд аз нигоху диди точикона ба сахнаи сиёсати Точикистон нигох кунад, на ин, ки бо нигохи хоричиёна!
    May 20 at 4:21am · Like · 2

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

    • Ahlidin Yunusov Мо як бор бедори гуфта хамаро ба бало кашидем,афсус ин таърих аст,имрузхо факт бо гуфтушунид ва бе дахолати куввахои хорича метавонем хама мушкилотро хал кард,
      May 20 at 4:51am · Like · 2

      Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

  4. Mirzoi Hojimuhammad Зайд саид зери таъсири кувваи хоричие хизб таъсис доданй шуд?
    May 20 at 5:32am · Like

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

    • Самиджан Насирджанов · 13 mutual friends
      Таъна мазан ба арбоб ки мезанад ба хар боб
      May 20 at 7:31am · Like

      Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

      • Muharam Muminova Чароги зулми золим то дами махшар намесузад,
        Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад…..Худованд Зайд Сайдовро нигах дорад аз ин зулматхо
        May 21 at 4:55am · Like

        Comment by aioubzod | 15.06.2013

  5. Фирдавс Малиев Акои Мирзокул. Худатон казоват намоед: Зайд Саидов медонист, ки ба Точикистон баргаштанаш махкумшавияш ба зиндон аст, аммо баргашт! Барои чи? Шояд касе уро мачбур карда бошад? Шояд у дигар илоч надошт? Шояд ….
    May 21 at 5:25am · Like

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

  6. Саидхаким Хакимзод Оё фасодкор метавонад бо фасод мубориза барад?

    Салому дуруд ба кулли дустони азиз ва гироми.
    Имрузхо дар кишварамон хама бахси Зайд Саидовро мекунанд. Ва дар сомони Фейсбук бошад аз чои акси худ акси Зайд С мемонанд ин чиро нишон медихад ва шумохон киро дастгири мекунетон: ХОИНИ МИЛЛАТ, ДУЗД-ро ки тамоми корхона ва заводхоро фурухта барои худ бизнес ташкил кард. Шумохон бояд шарм доретон аз чунин корхоятон. Ман хар гох акси онро мебинам НАФРАТАМ МЕОЯАД.

    Оё фасодкор метавонад бо фасод мубориза барад?

    Ман соҳибкорам. Соҳибкори ба истилоҳ миёнаҳол. Даромаде, ки аз пешаам ба даст меорам, барои таъмини зиндагии хонаводаам басанда аст. То ҳол бо сиёсат сару коре нагирифтаам, вале хабари аз ҷониби Зайд Саидов, соҳибкори маъруф, таъсис ёфтани ҳизби навро бо хушнудӣ пазируфтам.
    Новобаста аз он, ки муассисон “Тоҷикистони нав”-ро ҳизби интелектуалҳо ва технократҳо эълом доштанд, аксарият онро ҳанӯз расмӣ нашуда “ҳизби соҳибкорону тоҷирон” меномиданд ва банда шукр мекардам, мо низ чун як қишри фаъоли ҷомеа соҳиби ҳизби хеш мешавем. Ва он рӯзҳо гумоне ҳам намекардам, ки иқдоми таъсиси ин ҳизб симои соҳибкорону тоҷиронро, ки бидуни ин ҳам дар байни мардум он қадар манзалату обрӯ надоранд, боз ба рӯсиёҳии навбатӣ мекашад.
    Зайд Саид то ин рӯзҳо аз муваффақтарин соҳибкорони тоҷик шинохта мешуд. Ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз рӯйи рейтинги “Чеҳраҳои мардумии соли 2012” ӯро “Соҳибкори сол” эълон намуд. Яке аз корҳои азими номбурда бунёди баландтарин бинои пойтахти ҷумҳурӣ “Душанбе – плаза” дониста шуд ва ӯро “давлатсолори шаффофу маҳбуби ҷомеаи шаҳрвандӣ” муаррифӣ кард. Вале “хандидан танҳо он вақт мумкин аст, ки пули Сиротро гузаштӣ”. Аввалин имтиҳони Зайд Саид, ки худаш ташаббусгари он буд, “шаффофият”-и соҳибкориашро рӯйи об баровард ва собит намуд, ки ӯ низ оне нест, ки худро намоиш медиҳад. Сарвати ӯ низ риштаи ногусастанӣ бо фиреб дораду дуздӣ. Аз як сохтмони “Душанбе – плаза” наздики 2 миллион сомонӣ.
    Зайд Саид гумон кард, ки бо як ҷаласаи муассисон метавон ҳизб сохт ва андешаи гузаштан аз ғирболи мақомоти дахлдор, соҳиб шудани эътибори мардум, мухолифати рақибони сиёсӣ ба гӯшаи хотираш наомад. Ба ҳар ҳол хуб шуд, ки чунин шуд. Мане, ки то дирӯз Зайдро ҳамчун идеал дар соҳибкорӣ барои дигарон медонистам (албатта аз рӯйи маводи тавсифию таблиғие монанди рейтинги “Нигоҳ”) акнун донистам, ки сиёҳро баъзан сафед низ ташреҳ медодаанд. Бори дигар бароям собит шуд, ки “тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд”. Зайд Саид ва командааш ваъда медиҳанд, ки яке аз барномаҳои ҳизбиашон тақвияти мубориза бар зидди фасод хоҳад буд. Охир чӣ гуна нафаре, ки худ то зону дар ифлосиҳои фасод ғӯтавар аст, метавонад бо ин падидаи касиф мубориза барад? Зайд Саид ҳатто намедонад кадом корхонааш ба номи кӣ аз қайд гузаштааст. Мисол аз забони худаш. Ба радиои “Озодӣ” мегӯяд, ки ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал” (ширкате, ки “Душанбе плаза”-ро сохтаву 2 млн сомониро ба яғмо бурда) ба номи ӯву писараш номнавис нест, вале ба радиои ВВС мегӯяд, ки муассиси ширкат писараш мебошад.
    Тавре аз иттилооти расонаҳо барчидаам, ӯ ғайр аз ширкати зикршуда ҶСП “Гулистон”, ҶДММ “Рос Азия Инвест”, ҶСП ҶМ “Тоҷик Азот”, ҶСП “Абрешим”, ҶСП “Маркази таълимӣ-истеҳсолии Заргарӣ”, ҶСП “Алмаз Азия”, ҶДММ “Тоҷ-Рус-Ҳамкор”, ҶДММ “Гулистон Тур”, ҶСП “Табаррук”, ҶСП “Меҳробод”, ҶДММ “Шерзод-2013”, ҶДММ “Тоҷик Мармар” ва ғайраро таъсис намуда, аз қайд гузаронидааст ва аз фоидаи онҳо маишат дорад. Агар Зайд Саидро виҷдонаш тоза мебуд, маҳз дар он рӯзҳо садо баланд мекард. Акнун, ки дар фикри ҳизбсозӣ афтидааст, аз вуҷуди фасод мегӯяду аз покии виҷдон. Аблаҳро низ аён аст, ҳама ин танҳо ба хотири фиреби мардум асту ҷалби электорат.
    Қазияи мазкурро ду паёмаде овард. Яке ба фоидаи мардум, ки боз чеҳраи як аввомфиребро барояш ошкор кард. Дувум бар зарари аҳли тиҷорат, ки як намояндаи намоёнаш ба шармандагиаш кашид.

    Самандар КАМОЛОВ
    May 22 at 5:51am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

    • Muharam Muminova Охооооооо бародар танхо дуздии Зайд Саидов ба чашми шумо расид,боз чашматонро калонтар кушоед мебинед,ки дигархо чи тур хуни мардумро макида истодаанд танхо касе наметавонад дахони худа боз кунад чунки онхо аз Зайд Саидов баланд хастанд ва гирду аторфи онхо мустахкам аст …………
      May 22 at 4:14pm · Like · 1

      Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

  7. Salim Aioubzod Ҷолиб аст, ки тамаркузи макомоти тафтишотй ҳар ду-се рӯз тағйир меёбад. Нишонаи чӣ бошад?
    Yesterday at 10:03am · Like

    Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

    • Muharam Muminova фикр мекунам ки наёфтани айби Зайд Саидов бошад ва чун сару садои зиёд намуданд ва гунохи у исбот нашуд ва далел хам ёфт нашуд ба он хотир бошад…………
      19 hours ago · Like

      Comment by aioubzod | 15.06.2013 | Reply

  8. Самандар ту, вокеан, агар азсаргузашти пурраи Зайдулло ва фазои сийосии низомхои худкомаи авлоди пура огох мебуди, чунин гапхои нодурусти подархаво гап намезади. Вакте у бади Созишномаи ба ном сулх аз Маскав ба Душанбе омад , аз ин сохибкорони ба ном имрузаи МО Хасану Алимардон ва дигар лагандбардорони низом бештар сармоя дошт. Албатта, хеч кор дар ин кишвари фасодзада бе шиносбозию плрадихи анчом намнйобад, аммо рахбарони кишвар аз вазни сийосию корчалонии у тарс доштанд, ки ба ин минвол уро курбон карданд!

    Comment by Алимардон | 31.10.2015 | Reply

  9. ҳайронам, аз андешаи бархе, магар медонед, ҷаноби соҳибкор, ки аввалан фазои фасодзадагии кишвар маҷбур мекунад, ашхоси молҷую тиҷорати бузург дошта маҷбуран, взяткаву созиш кунанд, то корашон пеш равад. медонед, борҳо худи зайдулло мегуфт, ки агар ин хотири 1500 коргарам набошад , ҳаргиз соҳибкориамро давам намедиҳам. шоҳидони ҳол медонанд, ки дар сохтмони плаза Зайд ба хотири насби ҷиҳозҳои сантехникии аврупоӣ ба ҷои чинӣ, ки дар проект будааст, аз ҷайби худ тақрибан 3млн долар зиёдтар сарф кардааст, то баъдан ҳукумат бозгардонад. аммо вақте Убайдуллоев рузи супоридани бино ба ҷаноб хотиррасон мекунад, Президетт масхараомез мекуяд барои миллаташ сарф кардааст. просто ҳасудону душманнаш бо ин иқдоми сиёсатбозиаш аз у халос шуданд. у вокеан шахси зудбовар ва самимӣ буд, фикр кард агар ба вабанк равад, мардумро дигар шахсиятҳову равшанфикрон ба по мехезонанд, агар уро ҳабс кунанд!

    Comment by иброҳим | 20.05.2016 | Reply

  10. салом

    Comment by иброҳим | 20.05.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: