Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Марзи номаълум

vorukhВақте бо дархости Бунёди Ҷеймстаун (Jamestown Foundation) сари матлабе дар бораи кашокашҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кор кардам, ба ин натиҷа расидам, ки масъала дар Қирғизистон доғ аст ва дар Тоҷикистон ба он аз паси панҷа менигаранд. Марзи номаълум дар чунин ҳолат метавонад ба натиҷаҳои маълуме расонад. Андарзи “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” фаромӯш шудааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пас аз мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек, ки аз ҷумла вазъи марзи байни ду кишварр низ дар меҳвари он буд, моҷарои наве миёни сокинони Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон сар зад. Садҳо нафар аз рустоиёни ду кишвар муқобили ҳам қарор гирифтанд, аз нав занозаниҳое рӯй дод, ки 6 захмӣ ва чандин василаи нақлиётии тахрибшуда ба ҷой гузошт. Аз нав, чун ҳароина, роҳҳо баста шуданд.

Як моҳ пештар, 27-уми апрел, задухӯрди шадидтаре дар ин марз ба амал омада буд. Муноқиша аз он бархост, ки тарафи Қирғизистон хост, дар минтақаи баҳсталаби марз роҳ созад ва сокинони Ворух ба ин тарҳ мухолифат карданд. Дар ин низоъ аз ду ҷониб наздик ба 2000 нафар ширкат кард, даҳҳо тан, аз ҷумла милисаҳои тоҷик захмӣ шуданд, 23 нафар гаравгон гирифта шуд ва 60 мошин тахриб гашт.

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев рӯзи 27-уми май дар ҳошияи ҳамоиши сарони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷараён гирифт, ки низ ба суботу амният дар Осиёи Марказӣ тамаркуз дошт. Ду раҳбар таҳкими равобити байни ду кишвари ҳамсоя ва пешгирӣ аз низоъҳои марзиро ваъда карданд. Онҳо гуфтанд, ҳифзи ҳусни ҳамсоягӣ ба манфиати ҳарду кишвар аст. Бо ишора ба рӯйдодҳои 27-уми апрел ду президент гуфтанд, то муайян шудани хатти марз набояд дар манотиқи баҳсбарангез чизе сохта шавад.

Аммо мауйян ва аломатгузорӣ шудани марз кори сабук нест. Тарафҳо, ки дар 80 мавриди бо ҳам ихтилофи назар доранд, пас аз ҳалли 59 дарсади баҳс вориди бунбаст шудаанд. Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Жениш Раззоқов Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки гуфтушунидро дар масъалаи марз ба дарозо мекашад, аммо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, мушкил ҳалли зуд надорад ва “набояд ҳеҷ кас дар фикри фоида гирифтан аз ин баҳс бошад”.

Марзи байни ду кишвар дар давраи Шӯравӣ асосан рамзӣ буд. Раҳбарони маҳаллӣ метавонистанд, порчаи заминро ба ҷумҳурии ҳамсоя диҳанд ва мардум озод буд, дар ҳар куҷо, ки дилаш хост, манзил бунёд намояд. Ба ин иллат харитаҳои солҳои 1926, 1956 ва 1989 аз ҳам фарқ мекунанд. Бино бар хабарҳо, Бишкек ба нақшаи солҳои 1950 бартарӣ медиҳад ва Душанбе мухолиф аст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ хатти каҷукилеби байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марзи байни давлатҳои нав ва тозаистиқлол табдил ёфт. Дар Ғарб бисёриҳо фикр мекунанд, низоъ дар байни сокинони манотиқи марзии ду кишвар ба ҳамин иллат сар задааст. Аммо бархе аз солмандони деҳаи Хоҷа Аъло мегӯянд, пархошҳо ба соли 1967 бармегардад. Дар ҳамин сол афзоиши аҳолии деҳоти тоҷик сабаб гашт, то мардум заминҳои навро корам кунанд. Ҳамсоягони қирғизи онҳо ин кӯшишро, ки ҳарчанд дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дошт, таҳдиде ба ҳарими зисти худ шумурданд ва балво бардоштанд. Ҳукумати Шӯравӣ талаби онҳо қонеъ кард ва барояшон 300 гектар замин дод. Ин заминро бо номи Тангӣ тоҷикон ҳаргиз моли қирғизҳо намедонанд ва акнун роҳи нав дар ҳамин Тангӣ сохта мешавад, ки барои тоҷикон маънои тамоман аз даст додани онро хоҳад дошт. Аммо бо печидагии бештар, Раззоқов, намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Бодканд мегӯяд, аҳолии ҷазирақаламрави Ворух сабаб гаштааст, ки тоҷикон “ҳамаи заминҳои баҳсталаби Қирғизистонро аз худ кунанд.”

Ба хотири пешгирӣ аз хушунатҳое, ки дар ин ҷо иттифоқ афтодаанд, президентҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳукуматҳои худ дастур доданд, созишномае имзо кунанд, ки то аломатгузорӣ шудани марз ҳеҷ кас натавонад дар минтақаҳои баҳсталаб иншооте бунёд намояд. Аслан, ин гуна созиш миёни ҳукуматҳои маҳаллии ду тараф вуҷуд дошт, аммо тарафи қирғиз бо ташаббуси сохтани роҳ онро поймол намуд ва низои навро ба миён овард. Раззоқов мегӯяд, вай аз нақшаҳои сохтмони роҳ нав хабар надошт. Нозирон бар инанд, ки чунин созишнома аз фаъолияти рустоиён дар маҳалҳои баҳснок пешгирӣ карда наметавонад. Сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон Токон Мамитов ба ин бовар аст, ки ташаннуҷ дар марз идома хоҳад кард, зеро “мардуми ду тараф барои дастрасии бештар ба об, чарогоҳ ва киштзор ҷадал хоҳанд дошт. Ва махсусан дар мавсимҳои кишту ҳосил”.

Дастикам як таҳлилгари ҳарбии рус, Борис Соколов, пешгӯӣ кардааст, ки баҳси ҳалношудаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад, оқибат ба низои мусаллаҳона сабаб гардад. Вай меафзояд, тавоноии ҳарбии артиши Тоҷикистон ваз Қирғизистон болотар аст. Аммо бисёре аз тоҷикон ва қирғизҳо ба ин пешгӯӣ бовар надоранд. Бо вуҷуди ин задухӯрдҳои ахир дар марз раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро водор кард, бигӯяд, ки тоҷикон “ягон ваҷаб замини худро ба бегонагон нахоҳанд дод”.

Аммо дар Қирғизистон масъала беш аз ҳад сиёсӣ шудааст. Барои намуна, Раззоқов эълон кард, ки ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ ё интизомӣ дар Ворух хилофи қонунҳои байнулмилалист. Гузашта аз ин рӯзи 6-уми июн Порлумони Ҷавонони Қирғизистон дар рӯбарӯи бинои маҷлиси ин кишвар тазоҳурот барпо кард ва талаб намуд, низои марзӣ дар Бодканд дар маркази таваҷҷуҳ бошад. Чандин расона дар ин ҷо навиштанд, ки гӯё тоҷикон зиёда аз 1000 метри мураббаъ замини Қирғизистонро ғасб кардаанд.

Гузашта аз ин, узви Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон, Ирина Карамушкина ба таври ошкоро аз “ишғолгарии хазанда”-и тоҷикон ба ҷануби Қирғизистон ҳушдор медиҳад. Вай мегӯяд, тоҷикон хонаи қирғизҳоро мехаранд ва дар Қирғизистон муқим мешаванд. Бисёре аз аъзои порлумон аз пешниҳоди ӯ ҳимоят карданд ва ҳукумат 10 миллион сом (210 000 доллар) ҷудо кард, то ин хонаҳо бозпас харидорӣ шаванд. Аммо сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон шикоят кард, ки ин маблағ барои бозхариди ҳамаи хонаҳо басанда нест.

Дар ҳоле ки муноқишаҳои марзии водии Фарғона ба “дастак”-и сиёсатмадорони Қирғизистон табдил шудааст, Тоҷикистон дар ин масъала сукут меварзад. Душанбе бештар нигарони он аст, ки ба иллати фишор ва роҳбандиҳои Узбакистони шадидан мухолиф ба тарҳи обанбори Роғун, бо Бишкек робитаи хуб дошта бошад. Дар айни ҳол таҷрибаи талхи Тоҷикистон дар тақдими қаламрави худ ба Чин мақомоти Душанберо дар масъалаҳои марзӣ хеле эҳтиёткор кардааст. Аммо хештандорӣ ба хотири пешгирӣ аз пархош ва хунрезии эҳтимолӣ дар ин гӯшаи фазои Шӯравии пешин бояд хоси ҳарду ҷониб гардад.

20.06.2013 - Posted by | Ватан, Таърих, Тоҷикистон, Қирғизистон | , ,

1 Comment »

  1. Айб дар кучманчигии киргизхо аст.

    Comment by Иброхим | 20.06.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: