Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Иди поки забон

ploshad21Иди забон, ки то чанд сол пеш дар рӯзи 22-юми июл ҷашн гирифта мешуд, чизе бузургтар аз иди забон буд. Появу бунаи онро на танҳо Қонуни забон, балки гиромидошти талошҳои фидокоронаи зиёиёни ҳақиқии тоҷик ташкил медод. 22-и июл на танҳо рӯзи қабули қонун, балки нуқтаи авҷи итоати як давлати худкома ба раъйи мардум буд.

Ва манзур фақат забон набуд, балки забон ба як рамзи қавӣ ва парчами баланде табдил ёфта буду ба воситаи он мардуми баору бедор, аз деҳқон гирифта, то академик, даст ба дасти ҳам дода, ба ҳимояи таърих, дин, фарҳанг ва худшиносии хеш бархоста буданд. Он на танҳо Иди Забон, балки иди як миллат буд, ки зону аз замин бардошт ва бо тамоми қомат дар муқобили як абарқудрати, бигзор, бемори, ҷаҳон қарор гирифт.

Фаромӯш набояд кард, ки даъвату даъвои додани мақоми давлатӣ ба форсии тоҷикӣ дар чӣ шароите баланд гашта буд. Чанд сол пешаш барои чунин даъват ё ҳатто орзу мумкин буд, ба пешонии кас барчаспи “анти-совет” ё миллатгарои буржуазӣ зананд. Он замон ҳатто дар Иттифоқи нависандагон, зоҳиран, маркази забону фарҳанги миллӣ, ҷаласаҳо ба забони русӣ мегузашт ва устодони шеъри дарӣ маҷбур буданд, ба русӣ суҳбат кунанд. Дар шӯъбаҳои сабти кормандони тамоми корхонаҳо ғайритоҷикон нишаста буданд ва бе аризаи русиву донистани ин забон ба кас коре намедоданд. Сиёсати замона ба гунае буд, ки даъвои забону фарҳанг маънии шӯриши зиддидавлатиро дошт.

Ҳоло 22-и июл дигар ид нест. Кӯч додани ин санаи таърихӣ ба як рӯзи дигар ва он ҳам бо баҳонаи тасвиби тарҳи нави қонун, ба фикри ман, як беэҳтиромӣ ба заҳмати садҳо ҳазор фарзанди баномуси ин сарзамин аст ва тасодуфан иттифоқ наафтода. Мақсад хурду ночиз кардани он корнома ва аз баданаи он фурӯ афкандани маъниҳои волои ватанхоҳӣ ва соҳибватанист.

Магар тазодомез нест, ки дар як соли аввали татбиқи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон кори бештаре анҷом дода шуд, то дар бист соли баъдаш? Ин ҳам дар ҳоле , ки 21 банди қонун сар аз аввали соли 1990 эътибор пайдо кард ва 16 банди дигар мебоист дар солҳои баъдӣ, марҳала ба марҳала татбиқ мешуд. Ва ҳам як бахши бузурги ҷомеа, ки аз коммунистони сарсахт, русгароён ва “манкуртон” иборат буд, бо тамоми нерӯ ба татбиқи ин қонун душманӣ мекарданду халал мерасонданд.

Якуми январи соли 1990 ман ба Почтаи марказии Душанбе рафтам ва ба забони тоҷикӣ барқия ё телеграмма навиштам. Бале, қонун иҷро мешуд. Барқияи маро қабул карданд. Ҳол он ки як рӯз пешаш ин гуна набуд. Ходимаи тоҷики почта аз мани тоҷик барқияи барои тоҷики дигар пешбинишударо нагирифта, талаб мекард, он ба русӣ навишта шавад.

Мошинкаҳои хатнависии тоҷикӣ вуҷуд надошт ва мошиннависон аз аломатҳое истифода бурдаву ҳарфҳои хоси тоҷикиро чоп мекарданд. Он сол Тоҷикистон ба иттиҳодияи “Союзторгоборудование”-и СССР фармоиш дод, то нахустин мошникаҳои тоҷикӣ истеҳсол кунанд ва дар нимаҳои сол 1200 мошинкаи тоҷикӣ ба кишвар ворид карда шуд.

Ба вазорату идора, корхонаҳо, кумитаҳои иҷроияи вилоятию шаҳрию ноҳиявӣ супориш шуд, ки коргузориро ба тоҷикӣ роҳ андозанд. Дар аксари кулли онҳо маҳфилҳои омӯзиши забони тоҷикӣ боз шуд ва Шӯрои Вазирон барои кормандоне, ки тоҷикиро медонанду истифода мебаранд, иловапулӣ муқаррар кард. Аввалин давраҳои омӯзишии тарҷумаи ҳамзамон таъсис ёфт, вале муҳимтар аз ҳамаи ин бо ташаббуси мардумӣ Бунёди забони тоҷикии форсӣ нахустин анҷуманашро баргузор намуд. То рӯзи анҷуман мардум ба он зиёда аз 2 миллион сум ( 2 миллион доллар) фиристода буд.

Кумиссюни татбиқи Қонуни забони давлатӣ сохтори нави вобаста ба Шӯрои Вазирон ҳаққи тафтиши корхонаву муассисаҳоро дошт ва аъзои он таҳти сарварии профессор Раззоқ Ғаффоров воқеан фаъол буданд. Дар яке аз ҷаласаҳои ин гуруҳ созмони нави равобит бо тоҷикони ҷаҳон таъсис ёфт, ки баъдан “Пайванд” ном гирифт.

Аввалин гирдиҳамоии тоҷикон дар соли 1989 на барои истеъфои касе буду на барои мансаб додан ба касе, балки барои забони модариашон. Онро ду устоди донишгоҳ ва як корманди фабрикаи пойафзол ташкил карда буданд. Масъала барои ҳар тоҷик муҳим буд ва ҳамаи онҳоро ба ҳам васл мекард. Нуқтаи олии ваҳдати миллӣ. Президенти вақти кишвар ё Раиси президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Ғойибназар Паллаев ба минбари ин тазоҳурот баромадаву бо мардум радду бадал карда буд. Вай ваъда дода буд, ки талаби тазоҳуркунандагонро ба ҷо хоҳад овард ва ба ваъдааш вафо ҳам кард. Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ таҳти сарварии ӯ, ба рағми ҳамаи душманиҳои худу бузург, ба забони форсии тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Ин хабар дар ҳамон рӯзи 22-юми июли соли 1989 ба саросари олам паҳн шуд ва дар ҳама ҷо ба обрӯ ва эътибори тоҷикон афзуду ҳатто пас аз солҳо низ дар хориҷ аз кишвар одамон суол мекарданд, ки ин чӣ рӯйдоде буд. Тоҷикон аввалин мардуме дар ҳамаи Осиёи Марказӣ буданд, ки барои забону фарҳанги худ ба майдон баромаданд. Аз ин нигоҳ рӯйдодҳои феврали соли 1990 як навъ “ҷавоб” ба ин талошҳои тоҷикон низ буда метавонад.

То ҷое ки ман медонаму шоҳид будам, чеҳраҳои зиёде дар қабул шудани Қонуни забон ва иҷрои он талошҳои зиёд ба харҷ додаанд, ки метавон бархеро ном бурд. Инҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Акбари Турсон, Адаш Истад, Тоҳири Абдуҷаббор, Мазҳабшои Муҳаббатшо, Нур Табаров, Сафар Абдуллоҳ, Бозор Собир, Абдурофеъ Рабиев, Алимуҳаммад Муродӣ, Шарофиддин Рустамов, Барот Мақсудов, Ҷумъахон Исоев, Мирбобои Мирраҳим, Оиша Ҳомидова, Имомназари Холназар, Шамсиддини Насриддин, Зафар Нозим, Ғойибназар Паллаев, Ҳаёт Неъмат, Абдунабӣ Сатторзода, Сафари Мастонзод, Уктами Холиқназар, Валӣ Самад, Ҷумъабой Азизқулов, Фатҳиддин Сироҷов, Абдуқодир Холиқзода ва дигарону дигарон, ҳазорон нафари дигар, ки агар Шумо, хонандаи арҷманд мехоҳед, исми шарифи онҳоро ин ҷо илова кунед…

22.07.2013 - Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Таърих, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҷомеа

21 Comments »

  1. Az FB:
    Isfandiyori Nazar Барои мо то хол хамон санаи асли хоизи ахаммият аст

    Comment by aioubzod | 22.07.2013 | Reply

    • Сипос, ки бар инед!

      Comment by aioubzod | 22.07.2013 | Reply

  2. Расидан ба бахри беканори хуштанштноси аз ин харф манша мегирад яъне алифбои ниёгон

    Comment by Moh | 22.07.2013 | Reply

  3. tashakkur, ustod, baroi maqolai jolib. in hama dalelu asnod va albatta shevai bayon arzishi on piruziro vozehtar namuda. Voqe’an on ruzu on ruidodi dar aslu asri khud nodirro naboyad bo chashmi kam did, umed doram on ruz dubora faro khohad rasid va millat ba in sanai torikhi, ya’ne 22 iyul dubora ruju’ khohad kard.

    Comment by Abdusaloh | 23.07.2013 | Reply

  4. Ташаккур, Салим, барои матлаби хеле хуб, хакикатхохона ва адолатчуёна! Вокеан дуруст фармудед, ки бо интиколи рузи забон ба таърихи дигар навдавлатони мо аз чонибе ба талошхои худшиносии мардуми точик беэхтироми зохир карданд ва аз чониби дигар хостанд “сахми худро” дар рушди забон таъкид бикунанд! Ва ин амр дар холест, ки аз аввалин корхояшон ин буд, ки исми “форси”-ро аз конун хазф карданд, ба чойи вожахои ноби форсии додгоху додрасу додситон …. суду судяву прокуроро расми карданд, ва бо вучуди он ки Кумитаи забон ташкил доданд, овезахо ва огахихои дару деворхои пойтахти Точикистони сохибистиклол пур аз номхои бегона ва бо хатохои дагал нигошта шудааст.
    Маъракаи ба забони точики додани макоми забони давлати шояд ситеги худшиносии милии мо буд, ки пас аз ду сол чавонмарг шуд….
    Ва адолат такозо мекунад аз чанд исми дигар низ, ки барои макоми давлати гирифтани забони мо дар даврони шурави талош карданд, ёдовар шавам: Иброхим Усмон, ки барои нахустин бор у ин пешниходро ироа карда буд, академик Рачаб Амонов, адабиётшинос Сафар Абдулло, намояндаи мардуми Муродилло Шерализода, нависанда Мухаммадрахими Сайдар….

    Comment by ََّКодири Рустам | 03.09.2013 | Reply

  5. Воқеан забон рӯшантарин нишондиҳандаи фарҳанги ҳар кадом миллат аст ва он рӯзҳое, ки шумо ёдовар шудед, яке аз қуллаҳои раванди худшиносии миллат гардидаву душманони онро тарсондаву ба ғазаб оварда буд. Дар баробари ин таъсири файзбахши он ҳаракат низ имрӯз хеле ба чашм мерасад, ҳарчанд ҳанӯз ҳам на он қадарест, ки дил мехоҳад. Забони лаҳҷа дар баъзе ҳолатҳо забони минбарҳосту дигар “забони давлатӣ” шудааст. Кӯдакон аз мураббияҳои боғчаву муаллимони мактабҳо ва ҳатто баъзан устодони донишгоҳҳо гуфтори лаҳҷаи як маҳалро мешунаванду онро чун забони комили ноби тоҷикӣ қабул мекунанд. Зиндагӣ ҳамеша бо мадду ҷазрҳо сурат мегирад ва имрӯз дар баробари кӯшиданҳо дар мавриди забон бояд фврҳангии умумии миллатро боло бурд, то арзишу моҳияти забондорӣ барояш мақоми аслии худро дошта бошад. Вале чунон ки дар мавриди забон аст, ин ҷо майдони фаъолият фароху кор хеле зиёд аст.

    Comment by Марям | 06.10.2013 | Reply

  6. Az Facebook:

    Abdukodir Talbakov Салом бародари азиз. Бинобар сабаби он ки 22-юми июл парлумон дар рухсати, донишчуён дар таьтил, аксаран дар истирохатгоххо, хоноандахо дар ист. баччагонаву шахр холи аз ин ру ин иди мукаддас ба мохи октябр гузаронида шуд. Чаро ин какдар хурдагири ? Ба шумо намезебад!!!
    11 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  7. Salim Aioubzod Abdukodir Talbakov-и азиз. Сипос аз тавзеҳатон. Аммо чаро маҳз ба ин рӯз кӯчонда шуд, на ба ягон рӯзи дигар? Саломат бошед.
    11 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  8. Abdukodir Talbakov Агар сентябр мемонданд дар сояи чашни ИСТИКЛОЛ мемонд, ноябр САРКОНУН, декабр сард хаво, октябр дар хафтаи омузгорон мувофик ва мантики!
    11 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  9. Isfandiyori Nazar Ба фикри ман – хадаф аз тачлили рузи забон – хамон руз – санаи торихиест ки иддае аз сохибназарон тавонистанд макоми давлати гирифтани онро ба парлумон кабулонанд – вагарна хама руз рузи забон аст ва хама лахзахо. Хадаф – санаи торихии як кушиши муваффак аст ва он пирузи тачлил мешавад
    11 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  10. Abdukodir Talbakov Ба андешаи Исфандиёр мувофикам.
    11 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  11. Amrullohi Nizom Чизи муҳимме, ки дар ин раванд дида мешавад, он аст, ки мехоҳанд ҳама муваффақиятҳои пешиниёнро ба номи худ сабт кунанд, то наслҳои баъдӣ нагӯянд, ки ҳукумати фалониҳо коре накарда буд…
    10 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  12. Samad Zubayd Абдулқодири азиз, оё ин амал кӯшиши дар зери хостаҳои худ ҷо кардани воқеаҳои таърихӣ нест?! Чаро ҳукумат тарихро дигар кардан мехоҳад? Чӣ гуна метавон ба таърихгӯию таърихнависии ин гуна ашхос бовар кард?
    10 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  13. Abdukodir Talbakov Душвортарин кори дунё бахс бо афродест, ки фахм доранду фахмидун намехоханд(Хахрати Исо)
    10 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  14. Samad Zubayd Абдуқодири азиз, ишораи шумо ба ман аст? Агар ба ман бошад, чиро бояд фаҳмам?
    10 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  15. Abdukodir Talbakov Як чизро энсиклопедия мегуянд, як фан ё китобро таьрих! Агар конуни забон соли 1989 кабул шудаву макуоми давлати гирифтааст Эмомали Рахмон соли1992 ба сари кудрат омада чи гуна метавонад ин санаи таьрихиро бо номи худ сабт кунад? КАНИ МАНТИК???
    10 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  16. Amrullohi Nizom Абдуқодири гиромӣ, рӯзи иди забонро тағйир доданд, торихашро ҳам зери сояи он мепӯшонанд…Дар муддати 20-соли ахир хеле воқеиятҳои таърихро ба нафъи худ тағйир доданд…худатон, ки умре бо онҳо будед ва сари як дастрахон менишистед, таҳрифҳои торихро аз ҷониби ҳукуматдорони феълӣ бештар аз дигарон медонед… барномаҳои яктарафа, суҳбатҳои якҷониба, таърифу тавсифи як гуруҳро ҳамкорони шумо мекунанд. Сафедро ҳам сиёҳ ҳамин гуруҳ ба мардум нишон медиҳад…Гумон мекунанд, ки ҳама мисли худашон рӯҳан дар асрҳои 17-18 ба сар мебаранд, вале иштибоҳ мекунанд
    10 hours ago · Like · 4

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  17. Замониддин Насриддинов Рузи хакикии забон он руз хохад шуд, ки конуни гузариш ба хати ниёгон кабул карда шавад!
    6 hours ago · Like · 5

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  18. Anvar Saddat · 18 mutual friends
    Замониддин гапа бувеша гуфтед.Локин ин КАТАГАНО хеч гох ба ин рох намедиханд.
    4 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  19. Sadulloh Nosirov Худоё миллати азизи точикро ба он рузе бирасон ки хар точик ба забон(хатт)и аслии худ хондану навиштанро аз худ кунад
    about an hour ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  20. Бузургвор, пас аз ду каторчумла дигар чашмамро об зер карду хонда натавонистам. Барои ман хам иди забон 22-юми июл! (((( Зиндаву сарбаланд бошед.

    Comment by Parviz | 04.10.2015 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: