Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Омос аз либоси Чин

libosБовар надорам, ки моли Чин дар бозорҳои Тоҷикистонро зери назорати қатъист ва лабораторияҳои Тоҷикистон қодиранд, таркиби онҳоро мӯшикофона таҳқиқ кунанд. Дар ҳоле ки тамоми чизи мардуми мо, аз сарулибос гирифта, то рахти хоб ё ҳатто меваю сабзавоти он аз Чин меояд, хабари нав маро бисёр нороҳат кард. Дар такриби бархе аз маҳсулоти тавлиди Чин маводе ёфт шудааст, ки одамонро гирифтори саратон мекунад.

Бонги изтиробро аввал Созмони зистмуҳитии Гринпис зад ва бархе аз вакилони порлумони Аврупо ба он ҳамовоз шуданд. Намояндаи Гринпис Ҷон Фрейдингер мегӯяд, дар чандин навъ моли тавлиди Чин, махсусан дар таҳпӯшакҳои синтетикии дӯхти Чин алкилфенол (alkylphenol) кашф шудааст, ки заҳролуд буда, расиши он ба бадани инсон мағор (замбуруғ) ва дар бадтарин ҳолат саратонро ба вуҷуд меорад.

Вакили Порлумони Аврупо Зузана Ройтова даъват кард, моли ширкатҳое, ки чунин маводро вориди бозори Аврупо мекунанд, мамнӯъ этлон шавад. Вай гуфт, бино бар арзонияш ширкатҳои зиёде аз нахи сунъӣ ва рангҳои арзон истифода мекунанд, ки дар таркибашон заҳрҳои кимиёӣ, аз ҷумла бисфенол доранд. Дар худи Чин истифодаи бисфенол (Bisphenol) дар тавлиди молҳо барои кӯдакон манъ шудааст.

Фрейдингер натиҷаҳои таҳқиқи лаборатории Гринписро нашр кард, ки мавҷудияти 2 моддаи заҳромезро дар либоси таҳпӯшаки мардона ва занонаи тавлиди Чин нишон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, агар ин маҳсулот дар ҳарорати зиёда аз 60 дараҷаи Селтсия шуста шавад ва ранги он тағйир кунад, метавон натиҷа гирифт, ки ё дар бофта шудани матоъ ва ё дар ранг кардани он аз алкилнефол ё бисфенол истифода шудааст.

Бино бар гузориши шабакаи телевизионии Евронюс, бисфенол махсусан барои занони обистан ё ҳомила ва тифли андар батн хатарнок буда, Фаронса тасмим гирифт, аз якуми январи соли 2015 истифодаи онро дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ манъ кунад.

Дар донишномаи Википедия метавон дид, ки расиши бисфенол ба пӯст сабаби бемориҳои пӯст, саратон, диабети қанд, фарбеҳӣ ва аутизм мешавад.

Аз он ҷо ки экология ва саломатии шаҳрвандон барои ҳукуматҳои Аврупо аҳамияти аввалиндараҷа дорад, ба эҳтимоли зиёд порлумони Аврупо ҳама гуна моли дорои омехтаҳои заҳролуди кимиёиро дар қаламрави кишварҳои узви эътилоф манъ хоҳад кард ва маҷрои моли заҳролуди Чин ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ба маротиб хоҳад афзуд. Тоҷикистон барои мардумонаш чӣ хоҳад кард?

22.09.2013 - Posted by | Тоҷикистон, Фалокат, Чин, Ҷомеа | , ,

6 Comments »

  1. Ҳукумати точикистон, натанҳо имконияти назоратро надорад, балки ба сари ин миллат чи мусибату бало меояд парвое надорад, хусусан дар ҳоле ки аз Чин руз то руз вобастагии сардамдорони тоҷик ру ба афзоиш аст, “пишаки чиниҳоро пишт” ҳам нахоҳад гуфт
    .

    Comment by asadullo | 23.09.2013 | Reply

  2. Baroi Tojikiston farq nadorad, poraro dehu dar dokhili shakaru namak ham zahrro omekhta kun kase kore nadorad. Ba nomi Alloh to dame, ki in vaboe dar khuni ba’ze munofiqon jo giriftaast ba nomi pora raf’ nashavad moro imruzu pagoh ba haloki merasonad

    Comment by Asad | 01.10.2013 | Reply

  3. Sandzhar Khamidov China ba unvoni Fabrikai Dunyo mashhur ast. Karib 88% moly mahsuloti omma sohti china ast
    September 22 at 11:17pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  4. Solex Tursunov менеджмент работает на высшем уровне. и там нет махалгари, ты с Циндао, он с Дуньхуан. )))Пуст процветает…
    September 22 at 11:23pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  5. Dilovar Tj Nisbati molhoi Chine boz Avrupoiho toraft ziyodtar sado baland khohand kard, sababash na dar zararovar budanai mahsulotash, balki krizis dar Avrupost. Ba har hol istemolkunandagoni tojik niz boyad dar borai mahsuloti kharidashon malumoti kofi doshta boshand.
    September 23 at 1:52am via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

    • Salim Aioubzod Хонандае дар ҳошияи ин блог навиштааст: “Ҳукумати точикистон, натанҳо имконияти назоратро надорад, балки ба сари ин миллат чи мусибату бало меояд парвое надорад, хусусан дар ҳоле ки аз Чин руз то руз вобастагии сардамдорони тоҷик ру ба афзоиш аст, “пишаки чиниҳоро пишт” ҳам нахоҳад гуфт” Назари шумо чист?
      September 23 at 5:18pm · Like · 2

      Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: