Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Аз Русия ба Сурия

2341Номае маро такон дод. Як ҷавони тоҷик мехоҳад, ба Сурия равад ва дар ҷанги зидди нерӯҳои Башор Асад кушта шавад, зеро зиндагӣ барояш маъние надорад. Вай менависад, набояд ин ҳарфи ӯро шӯхӣ гумошт ва ё ӯро девонае бесавод пиндошт. Ва ҳам дафъатан мегӯяд, на салафисту на ваҳҳобӣ ё пайрави ягон гуруҳи тундрав. Оҳанги суханаш боварбахш аст.

Continue reading

27.10.2013 Posted by | Баҳс, Ватан, Русия, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | | 53 Comments

Бе ягон охирсухан

Oinhol1Бардошти ман ин аст, ки мо, тоҷикон, пешгуфторро дӯст медорем, вале тоқати расидану таҳаммул кардани охирсуханро надорем. Шояд аз ин ҷост, ки на ҳамаи корҳоямон, ҳарчанд хуб оғоз меёбанд, ба беҳтарин шева анҷом мегиранд. Муқаддимаи интихоботи президентии Тоҷикистон ҷолиб буд ва шӯру шавқеро ба бор овард, аммо…

Continue reading

26.10.2013 Posted by | Интихобот, Сиёсат, Тоҷикистон, Ҷомеа | , | 12 Comments

Андарзномаи ғуруб

gurubВақте ҷавон будаму чизе шабеҳи андарз менавиштам, устодон эрод мегирифтанд, ки ҷавонона навис, ҳанӯз вақти насиҳат хонданат ба дигарон нарасидааст. Ҳоло фикр мекунам, шояд он фурсате, ки устодон дар назар доштанд, кайҳо даромадаву нашояд хулосаҳои кас, ки аз гузашти рӯзгор ва дидаву шунидаву андешидаҳо бармеоянд, мояи шарму дудилагии ӯ бошанд.

Continue reading

09.10.2013 Posted by | Каме латра, Рӯзгор, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй | , | 5 Comments

Давраи дарози гузариш

asri 19Хулосаи коршиносоне, ки дар баҳс ширкат карданд, бо вуҷуди он ки ҳар кадом аз номзади дигаре ҳимоят менамуд, яксон буд: “Давраи гузариш дар Тоҷикистон ба марҳилаи наве ворид шудааст, ки ислоҳоти қатъӣ ва мудирияти беҳтарро тақозо мекунад.” Вагарна кишвар ба рукуд ва хатар рӯбарӯ мешавад.

Continue reading

05.10.2013 Posted by | Баҳс, Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | , | 35 Comments