Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Давраи дарози гузариш

asri 19Хулосаи коршиносоне, ки дар баҳс ширкат карданд, бо вуҷуди он ки ҳар кадом аз номзади дигаре ҳимоят менамуд, яксон буд: “Давраи гузариш дар Тоҷикистон ба марҳилаи наве ворид шудааст, ки ислоҳоти қатъӣ ва мудирияти беҳтарро тақозо мекунад.” Вагарна кишвар ба рукуд ва хатар рӯбарӯ мешавад.

Ҷавоне, ки аксашро ин ҷо мебинед, мегӯяд, “Тоҷикистон рӯҳан дар асри 19 ва ҷисман дар асри 21 ба сар мебарад.”

Вақте дар вагон нишастаед ва қатори дигаре аз канори қатори шумо рад мешавад, гумон мекунед, ба пеш ҳаракат доред. Дар бораи давраи рукуди Шӯравӣ латифаеро мегуфтанд, ки агар ҳарaкате нест, худро такон диҳед ва тасаввур кунед, ки пеш меравед. Аз рӯйи адл бояд гуфт, кишвар дар ин ҳама солҳо хеле пеш рафтааст, аммо на ба андозае, ки аз вартаи хатар дуртар шавад ва дар ҳоле ки метавонист, хеле муваффақтар аз он чизе, ки ҳаст, бошад. Бархе аз таҳлилгарон ду даҳаи гузаштаи Тоҷикистонро “давраи имкониятҳои аздастрафта” меноманд.

Ҳоло пайтест, ки ё ҳама чиз тағйир бинаду иваз ва беҳтар шавад ва ё ҳамин ҳоле, ки ҳаст, боз солҳо идома ёбад. Пас дар чунин шароит кишвар ба чӣ сон раҳбаре эҳтиёҷ дорад?

Чун Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентӣ қарор дорад, ин суол дар кишвар ба таври махсус матраҳ мешавад. Дар матбуоти Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин баҳс идома дорад, ки оё кадоме аз номзадҳо метавонад, рақиби асосии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шавад ва ҳам ин рақиб чӣ шансе хоҳад дошт? Узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов мегӯяд, ин рақиб шансе нахоҳад дошт, чун раисиҷумҳури феълӣ дар ҷомеа маҳбубият дорад.

Вале сиёсатшиноси тоҷики муқими Лондон, Дагихудо Дагиев дар баҳси ташкилкардаи Радиои Озодӣ гуфт, ки бояд чеҳраи наве сари кор ояд. Вай аз он изҳори таассуф мекунад, ки нерӯи аслии сиёсии кишвар маҷбур аст, дар муҳоҷират ба сар барад. Ин ҳам дар ҳоле ки муҳоҷират аз як сӯ ба кишвар ва иқтисоди он пул меорад, аммо аз суи дигар потенсиал ё имкониятҳои кадрию зеҳнии кишварро ҷиддан коҳиш медиҳад.

Корбарони Фейсбук гуфтанд, Тоҷикистон акнун ба як президенти “занҷиршикан”-е ниёз дорад, ки умедро ба мардум баргардонад ва дар зеҳни ҷомеа инқилобе ба вуҷуд орад. Ин ақидаи Бобоҷон Қаюмов, ки президенти нав “баъд аз фароҳам сохтани шароит барои як интихоботи озод оромона ва бо хости худаш канор биравад”, ба маънои радди суханонест, ки раҳбари феълӣ дар зиёда аз 20 соли раҳбарияш чунин шароитро фароҳам овардааст.

Оё тағйири куллӣ дар сатҳи олии ҳукумат дар Тоҷикистон метавонад сабаби беназмӣ ва хушунати иҷтимоӣ шавад? Суол аз он ҷо меояд, ки ду таҳлилгар Суҳроб Шарипов ва Парвиз Муллоҷонов гуфтанд, кишвар наметавонад бори дигар ба инқилобу ошӯб рӯ орад, чун ин бор дигар аз он берун нахоҳад гашт. Аммо Дагихудо Дагиев мегӯяд, набояд талаби тағйиротро ба маънои даъват ба ҷангу хушунат фаҳмид. Ин ҳам дар ҳоле ки аз ҷанг беш аз ду даҳсола гузаштаву насли наве ба воя расид, ки паёми чунин “таҳлилҳо”-ро намепазирад.

Донишманди тоҷики муқими Олмон Манучеҳр Қудратов менависад, ки ба фикри ӯ, дар Тоҷикистон ба шахси раҳбари давлат диққати зиёд дода мешавад, дар ҳоле ки ҳайати ҳукумати ӯ муҳимтар аст ва хуб мешуд, агар ҳизбҳои сиёсӣ пеш аз интихобот ҳайатҳои ҳукумати худро ҳамчун “shadow cabinet” муайян мекарданд.

Ба ҷои хулоса метавон ин суханони Дабир кулли СММ Бан Ки-мунро овард, ки гуфтааст: “Замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, давраи дигаргуниҳои ҳаяҷономез аст. Ба андозае, ки мардум дар тамоми ҷаҳон барҳақ талаби адлу озодӣ, масъулиятшиносии ҳукуматҳо ва имкониятҳои баробар мекунанд, ҷаҳони имрӯз ба ҳамон андоза тағйир меёбад. Ин замонаи дигаргуниҳои ва осебпазириҳост. Мо дар давраи камбуди амният, густариши нобаробарӣ, беадолатӣ ва бетоқатиҳо зиндагӣ мекунем.”

Гуфтугӯро дар ин бора дар ин наворе бинед, ки бо ширкати аҳли назар –сиёсатшинос, узви порлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарипов, таҳлилгари мустақил дар Душанбе Парвиз Муллоҷонов, доктори улуми сиёсӣ дар Лондон, Дагихудо Дагиев ва ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия шудааст.

05.10.2013 - Posted by | Баҳс, Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | ,

35 Comments »

  1. Az Facebook:

    Bahriddini Bobomurod ин давраи гузаришро баъзехо бо давраи дузди махалчиги табдил додаанд
    Yesterday at 11:46am · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  2. Kayumars Ato Браво, устод!
    October 3 at 2:02pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  3. Salim Aioubzod Саломат бошед, Каюмарси азиз!
    October 3 at 2:13pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  4. Азиз Каримов Устод, ин Сухроб Шарипов 15 сол аст аз эволютсия ва алтернатива надоштани президенти кунуни харф мезанад, ки барои гуфтани ин суханон шарт нест, ки унвони илми дошта боши. Аммо бо тими имрузаи хукумат ба хич ислохот ва ба хич эволютсия муваффак нахохем шуд. Далелаш хам ин аст, ки дар ин 20 сол наметавонем бигуем, ки хукумат кадом як ислохоти мувваффак дошт.
    October 3 at 2:40pm · Like · 4

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  5. Rahmatsho Mahmadshoev Ba arze sipas az aqaye Salim Ayubzad ke in musahibara raje ba ayandaye keshvaraman va davlatdarane an rahandazi namodand va ma aqayudi karshinasan va mardomra shonidem.Motaasifana bayad goyam ke nazare ba istilah chi tahlilgaran va chi rahgozaran disyar sada, sathi va dar baaze mavarid ta jaye ighmazana ham hast .Ba tavre misal yake bidone shko tardid ehlam medarad ke “ma ba inqilabat zarorat nadarem, ma bayad ba rahe ivolutsiani (ya bozak namor ke bahar mioyad) pish ravem”, amma ba irade hamtaye khod, ke miguyad inqilab hamesha jang nest, dafatan javab medihad ke manzorash az jang nabod (har chande ki goft ” ma in darsra gozashtem”)balke az islahat bod. Pas ma’lom mishavad ke janabashan namidanand chi migoyand.Ba nazare banda har chi zod tar bayad ba tavre sareh islahate kalidi, amu tam va faragiri tamame sahate zindagi , az jomla dar sakhtare davlati, jagoziniye kodarha va va va ….roye dast gerefta shavad. Vaqt bisyar tang ast. Dar ghayre an tebqe goftaye yak tahlilgari russi tajikistan dar vartaye fana qarar megirad.
    October 3 at 3:21pm · Edited · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  6. Salim Aioubzod Ташаккур, ки барномаро дидед. Ҳарчанд касе он ҷо нагуфт, ки кишвар дар ватраи фаност, аммо худи ишораҳое, ки мо намедонем, куҷо меравем, мубҳам аст, гоҳ ба ин куча ва гоҳе ба кучаҳои дигар ва монанди ин, зеро чизе шояд бадтар аз норушанӣ ва ношаффофӣ ва номуайянӣ нест. Дар бораи беалтерантивӣ, хуб ҳар шахс ҳақ дорад, фикру назари шахсӣ дошта бошад. Ё на?
    October 3 at 3:45pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  7. Rahmatsho Mahmadshoev Amma dida vo danista mozakhrafat gotanra ham taqat nadarem!
    October 3 at 3:48pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  8. Азиз Каримов Албатта, хак дорад, вале вакте ба хайси олим дар барнома даъват шудааст, бояд бо далел ва илми сухбат намояд.
    October 3 at 3:52pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  9. Nizami Nizomi Устод,барнома аз нигоҳи мавзуъи ва фанни хеле оли ва ҷолиб аст. Солҳост,вожаи “давраи гузариш“ ро сари ҳар гардиш во мехурем,вале наметавонем ин давраи гузаришро шаҳр диҳем ва аз поёни ин давра башорета низ диҳем,ки чанд соли дигар дар ҳамин давра хоҳем монд ? Оё,(ба таври мисол) агар призиденти тозае интихоб шуд (албатта,на он тавре,ки ҷаноби Суҳроб Ш. мегуянд,ки интихоботи нав ба манънои призиденти нав аст ) У низ ҳамин даъворо карда наметавонад,ки ман тоза интихоб шудаам ва ин давраи гузариш аст ?
    October 3 at 4:09pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  10. Salim Aioubzod Фикри хуб аст. Шояд ягон кас бигӯяд, ки аслан давраи гузариш бояд тақрибан чанд сол бошад?
    October 3 at 4:29pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  11. Muhiddin Muminov Ин масъалахо бояд ду мох пеш ба бахс кашида мешуд. Афсус дер шуд Салимчон.
    October 3 at 9:32pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  12. Yusuf Yusufov Шарипов мегуяд:Хар як мархилаи нави президенти гуё ки президенти нав мешавад, барномаи нав меёбад( аз кучо?) командаи нав ташкил мекунад (аз хисоби наберахош?) реформахои навро пешниход мекунад (реформахои кухнааш бас набуд?)
    Ачаб, гуё президент планшети Ipad бошаду iOS-и 7 (обновленный с исправлением ошибок) мезада бошандаш. Ин трагикомедия то кай давом меёфта бошад?
    October 3 at 10:50pm · Like · 7

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  13. Саид Мусо Э хамин аки Салим гапи тожикистона мону ана хамин рузо шумо борин блогнависон даркоранд ки против смии россия блог нависанд ина хамин рузо ага утюга гиронуш кун ай тожику гастарабайтер гап мезана шумо бошед ай кадом бузу бузгола гову гусола маркабу думаш гап мезанед
    October 4 at 1:03am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  14. Саид Мусо О нависед баромад кунед тожика дар хорижа нишон дихед е ки Мирзо Турсунзодая ждать дорен
    October 4 at 1:04am · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  15. Jamshedi Quvvat Хадди акалл ин чаноб як андешаи солим нагуфтанд, то кирои бахс карданро дощта бощад. Суханони бародар Азизи Накибзод сад дар сад дурустанд. Мебахшед акаи Салими Аюбзод, аз ин ба баъд тахлили ягон тахлилгареро дар маърази бахс гузоред, ки барои бахс кардан арзиш дощта бощад. Гирди суханони подархавое бахс оростан ва вакти худро зоеъ кардан ва чи маъни дорад?
    October 4 at 5:55am · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  16. Misri Sufiev Ха-ха, президенти кухна дар интихоби нав гуё ки нав мешудаст. Чаноби Сухроб, занатонро аз нав никох кунед бокира мешавад?
    October 4 at 9:16am · Like · 4

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  17. Asadullo Valizoda Агар таҳлилгаре аз ҷиноҳи мухолифин ҳам даъват мешуд, барнома рангину қобили баҳс ва орои мухталиф матраҳ мешуд.
    October 4 at 10:58am · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  18. Amrullohi Nizom Барномаатон олӣ ва ҷолиб буд.Аз он баҳравар шудем, муваффақ бошед!
    October 4 at 6:36am · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  19. Salim Aioubzod Ташаккур! Саломат ва сарбаланд бошед!
    October 4 at 8:24am · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  20. Samad Zubayd Ҳамин гуна барномаҳоро бо номзадҳо бояд ташкил кард, то мардум ба ақлу фаросати номзадҳо ошно гардад.
    Yesterday at 10:11am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  21. Парвиз Орипов 50-60 намуд миллат сару кор доштам тамоми дунёро гаштам тамоми чизро дидам, хурдам, шунидам, кардам. АММО МОНАНДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАХМОН ДАР ТАЪРИХИ ТОЧИКОН ДИГАР НАМЕОЯД, ПРЕЗИДЕНТЕ, КИ ТОЧИКИСТОНРО БА ДУНЁ НИШОН ДОД, АЗ ДАРУНИ ЧУКРИ БАРОВАРД. ВАЛЕ ШУМО БАРОИ ПУЛ ШУДА БА ТАМОМИ КОР КОДИРЕД МИЛЛАТРО ФУРУШЕД ВА ДАВЛАТРО ПАРОКАНДА КУНЕД. ХАМАИ И КОРОЕ, КИ ШУМО МЕКУНЕД БАР ЗИДДИ ПРЕЗИДЕНТ, ТАНХО БА ХОТИРИ ВАЗИФА ХАСТ НА БА ХОТИРИ МИЛЛАТ В ДАВЛАТ.
    Ба акои Салим гуфтаним, ки дар BBC ва Ozodi шахсони Миллатдуст ва Ватандустро кабул намекунанд!
    Yesterday at 6:13pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  22. Salim Aioubzod Бисёр ғалат мекунед, бародар Парвиз Орипов. Хизмате ки расонаҳои байнулмилалй ва тоҷикон дар он барои миллат кардаанд, ҳадду канор надорад. Аввалин гуфтушуниди сулҳи тоҷикон на дар Маскаву Теҳрон, балки дар Радиои Озодй шудааст. Бисёр камбудиҳои кишварро аввал радиоҳои хориҷӣ мегуфтанду сипас кишвар ба ислоҳи онҳо мепардохт. Ин мавзуи дигар аст, ки посухи ман ба Шумо метавонад баробари як китоб бошад. Аммо чаро фикр мекунед, ин барнома зидди президент Эмомалӣ Раҳмон аст? Шояд баръакс ба фоидаи ӯ бошад? Далели Шумо чист?
    Yesterday at 6:43pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  23. Amrullohi Nizom Парвизи гиромӣ, аз ҳамони 50-60 миллате ки бо онҳо сару кор доштӣ, кадомашон беш аз 70% қувваи кории худро ба ғуломӣ фиристодаанд? Бо шарофату каромати ҳамин президент ҳама муҳоҷир шуд ва давлат ҳам чархаи иқтисодии худро аз ҳисоби муҳоҷирон, ки чун ғулом бо онҳо рафтор мешавад ё ғуломӣ мекунанд, мегардонад. Бо шарофти ҳамин ҳамаи дунё тоҷиконро ба гадоӣ шинохтанд… ҳарҷо рафт талбид…ва боқӣ афсонаҳоятро рафта дар дигар ҷо гӯи беҳтар аст!!!
    Yesterday at 6:54pm · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  24. Парвиз Орипов Акои Салим гапхои боло ба шумо дахл надошт. Ман дар поён шахсан барои шумо навиштам. Аслан бо хоричихо 1-2 солл коркуни баъд мефахм, ки максади онхо чист. Манам бо хоричихо кор кардам аммо аз баске ки ман миллат ва ватанамро дуст медоштам онхо бо ман хамкори накарданд…
    Yesterday at 6:54pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  25. Парвиз Орипов Амруллои Азиз, Шуморо ба фикрам калимаи “Чанги Шахрванди”-ро аз калаатон тоза кардаед аммо ман не. Дар Чанги Шахрвандие, ки дар Точикистон шуд хисороте, ки ба Точикистон овард Миллиардхо доллар мебошад. Ва Он карзхое ки Шумо мегуед, ана хаон карзхо сабаб шуд, ки Шумо шаб соати 1 бошад мебароед берун аз хеч чиз нотарсида кучое, мехохед меравед. Узбакистон мардумаш мухочир несст? Дар Узбакистон чанги шахрванди нашуд, ку барои чи мардумаш мухочир? Шумо якбор хамон Включатели сартона дар гиронед, ки мо давлат дорем! Далатро идора кардан осон нест бародар. Монанде, ки дар зиндаги зану фарзандонро мехурони мепушони. Онхое, ки пул доран мол доран бой хастанд пулхои онхо криминал омадаги (Америка-Ирак-Ливия…) барои хамин шумо каллатона кор фармонед акои Амрулло. Дар чанги шахрванди хамаро Узбакистон горат карда бурд дар Точикистон хеч чиз намонд. Точикистон мошинни бе балон бе бензин монд! Эмомали Рахмон пулхам карз карда бошад аммо давати Точикистонро нигохдоштаистодааст. Э чи тура фахмонам бефоида.
    Yesterday at 7:09pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  26. Amrullohi Nizom Вақти аз ҷанг тарсонидан гузаштааст. Дар фикр ҷанг набош. Ман ҷанг хуб ёд дорам. Дар миёни обу оташи он ба воя расидам. Кишварҳое ки номбар кардӣ як замоне ҳамтоёни худат ба таърифи раҳбарони онҳо буданд ва натиҷа ҳам чунин шуд…АЗ ИН РӮ БА ФИКРИ ПЕШРАФТ БОШ, НА ҶАНГАНДОХТАН…ДАР 20 СОЛ НИШОН ДОД, КИ ЧИ КОР КАРД…АГАР КОРИ ХУБЕ КАРД, ВАЗИФААШРО АНҶОМ ДОДААСТ, ВАЛЕ БА КОРҲОЕ, КИ МЕТАВОНИСТУ АНҶОМ НАДОД, ЧӢ БОЯД ГУЯМ…
    Yesterday at 7:16pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  27. Парвиз Орипов Бародари Азиз Амрулло, Хеч кас шуморо аз чанг натарсонддаистодааст якбори дигар хонед. Мавзуи чангро барои он оварда, ки шумо бояд фикр кунед, ки давлат дар соли 1996-97 чихел буд в хозир чихел хаст. Гап дар сари он рафтаистодааст, ки Шумо чашмхоятон намебинад, ки мо чи кадар тараки кардем ва кардаистодаем. Агар 10 дигар шумобарин шахс аз байн Точикистон барояд Давлат пароканда хохад шуд. Мо хозир дар вазъи хеле хатарнок карор дорем инро халки мо намедонан ба чузъ одамхои, ки инро медонанд…
    Ман ба шумо савол дорам бародри Азиз. Шумо шахсан ба ки бовари доред, ки Точикистонро метавонад ба куллахои баланд расонад? Аз номзадхои интихобкардашуда.
    Yesterday at 7:23pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  28. Amrullohi Nizom Ман ба оне боварӣ дорам, ки дар сиришташ аз хамираи ғуломӣ ва ғуломдорӣ сиришта нашуда бошад. Он чанд биное, ки сохтанд, агар як нафари хайрхоҳу миллатдӯсти дигаре мебуд, ҳоло тариқии Тоҷикистон азиз 10 баробар зиёдтар мешуд ва сафи муҳоҷират чанд баробар камат. Вале афсус, ки худро ба курсиҳо бастанд ва ҷайбашон пур ва шикамашонро калон карданд…
    Yesterday at 7:31pm · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  29. Samad Zubayd Бародарони азиз, касе барномаи номзадии Э. Раҳмонро дар интихоботи соли 2006 дорад, ки дар фб бикорад.
    Yesterday at 7:31pm · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  30. Парвиз Орипов Бародар Амрулло, Мо Президентро интихоб карданием шумо ба ки бовари доре? Шумо ба ман нагуед, ки ба ки овоз медихед ин хукуки шумо аммо шумо ба Э. Рахмон бовар надоштан дар бахси боло ман аз Шумо савол кардам барои он ки Точикистон тараки кунад ба ки бовари доред? Илтимос ба савол чавоби аник гуед аз савол нагурезед чун, ки дар ин суханхо шумо навишта номи ягоон номзадро ман надидам.
    23 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  31. Amrullohi Nizom Парвизи гиромӣ, 6 номазди мард ҳама аз як коса об мехӯранд ва зан бошад аз ҷои дигар…ҳади аққал аз ҷониби касе ки ислоҳот мехоҳанд, мехоҳанд амал кунанд…иззати аз даст рафтаи тоҷикон дубора баргардонанд…миллати парешонгаштаро сарҷмаъ кунанд. Ватан обод ва иқтисодиёташро тавсеа диҳанд ва…
    23 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  32. Asadullo Valizoda Биёед қубҳу некиҳои президенти кунуниро яксу гузошта, баррасии онро ба ихтиёри таҳлили ояндагони миллат гузорем. Агар аз руи мантиқ, инсоф, қонуни роиҷи кишвар ва меъёрҳои демукратӣ амал кунем бояд ҳар раҳбар баъди фаъолияти солҳои тулонӣ ба истеъфо равад. Агар Раҳмон ҷасорат пайдо намуда, ин корро анҷом медод ва ислоҳоти матлуби ҷомеаро ба дасти ягон шахси лоиқи кишвар месупорид ва дар ин кор мусоидат менамуд, бешубҳа, номи у дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин нигошта шуда, ёди у дар хотираи ояндагони миллату ватан абадӣ боқӣ мемонд. Бародари азизу гиромӣ Парвиз о мо дар давлати шоҳигарӣ зиндагӣ надорем, ку. Ё мо бо номи демократия ва интихобот сулолаи подшоҳиро барқарор карданием. Ин қадар худфиребӣ ва маблағсарфкунӣ барои интихоботҳои сохта ва ҳангомапарастӣ баҳри чист. Мо ба чашми кӣ хок мепошем?
    14 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  33. Asadullo Valizoda Ё аққалан имкониятҳои баробар дар ихтиёри номзадҳо мегузоштем, довариии воқеиро ба дасти миллат месупоридем. Шарт нест, ки 90% овозҳоро як номзад гирад. Бо нисбати 50 ё 60 ҳам раҳбариро ба уҳда гирифтан мумкин аст.
    14 hours ago · Edited · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  34. Парвиз Орипов Amrullojon, Shumo agar az 6 nomzad yagontaashro bovar nadored in manoi onro dorad, ki shumo khudaton namedoned az zindagi chi mekhohed.
    2 hours ago via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply

  35. Amrullohi Nizom Парвизи азиз, ман агар гӯям, ки шаш номзади мардро мисли панҷ панҷаам мешиносам, медонам, ки касе аз онҳо ба фикри миллат нестанд, агар ҳам раҳбар шаванд, 10% вазифаи худро иҷро мекунанд ва 90% пули буҷаро барои кайфу сафо ва ҳараҷу мараҷ ихтисос дода, аслан дар фикри мардум, бахусус муҳоҷирони корӣ ва ободии ватан нестанд, мисле ки дар муддати 20 сол ҳамнаслу ҳамфикрашон набуд, боваратон меояд?
    2 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 06.10.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: