Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Андарзномаи ғуруб

gurubВақте ҷавон будаму чизе шабеҳи андарз менавиштам, устодон эрод мегирифтанд, ки ҷавонона навис, ҳанӯз вақти насиҳат хонданат ба дигарон нарасидааст. Ҳоло фикр мекунам, шояд он фурсате, ки устодон дар назар доштанд, кайҳо даромадаву нашояд хулосаҳои кас, ки аз гузашти рӯзгор ва дидаву шунидаву андешидаҳо бармеоянд, мояи шарму дудилагии ӯ бошанд.

Албатта, инро ҳам бояд бигӯям ва махсусан ба ҷавонон, ки дар асл ин як жанри фиребанда аст (як ҳарф байни “панд” ва “фанд”) ва шояд чизи зиёде намеофаринад. Ҳарчанд, аз ҳақ нагузарем, дар аҳди ҷавонии мо чанд нависандае буданд, ки танҳо андарзу ҳикмату шиор менавиштанду зери ишораи “таронаҳо” нашр мекарданд. Номи онҳо аз ёдам рафтааст.

Олист, агар чунин хулосаҳо ба таври худбахудӣ дар достону ҳикояҳои шумо ҷойи муносиб пайдо кунанд. Аммо ин ҷо хулосаҳоеро меорам, ки на ба тори навиштаҳоям васл шудаанду на ба пуди онҳо, ҳарчанд мумкин аст, ба гунаи таҳтушшуур ва дар шаклҳои гуногун ин ҷо ё он ҷо аз худ паёме дода бошанд. Шояд дар навиштаҳои ояндаам, умр агар боқӣ буд, барояшон ҷойе пайдо кунам, ҳарчанд намешавад, бо чунин фикр қалам ба даст гирифт ва ҳама чиро қурбони ҷой додани назаре кард, аммо ҳоло ин андарзҳо тақдим ба дӯстон.

Инҳо тарона нестанд. Хулоса, мушоҳида ва суолҳое ҳастанд, ки пештар дар дафтарчаам ва ҳоло дар телефонам сабт мешаванд. Баъзан хаёл мекунам, каси дигаре онҳоро дар телефони ҳамрҳам нигоштааст. Аммо гоҳи дигар ҳар вожае дар онҳо аз рӯйдод ё ҳолу ҳавое қисса мекунад.

Бузургтарин таҷрибаи зиндагӣ аз шикасти орзуҳои афсонавӣ бармеояд, аммо сахттарин шикаст ҳам барои дил сабақе намешавад.

***

Нуқтаи олии бадӣ некист, зеро баъд аз он чизе боқӣ намемонад ва он аст, ки нафрати амиқи инсониро бармеангезад.

***

Бузургтарин зебоӣ ба сухан ниёз надорад, он бо шаҳомати худ моро маҷбур ба сукут мекунад.

***

То замоне ки падарони мо зиндаанд, бераҳмии ҷаҳони атроф ва танҳоии дардомези хешро ҳис ва дарк намекунем.

***

Айби худро гуфтан даҳони душманро бастан аст. Бар худ хандидан роҳи шифост. Интизор мабош, ки дигарон ба сӯят хандаи заҳролуд кунанд.

***

Дар бадтарин замона ҳам аз рӯйи виҷдон зистан мумкин аст.

***

Ҷолиб аст, ки аз ҳама зиёд гӯсолаҳо “буққагӣ” мекунанд.

***

Дар суҳбат бо ношиносон ҳар хасе кас мешавад ва ҳар касеро нокас мебарорад, вале тило мис намешавад ва мис тило.

***

Онҳое, ки зиндагӣ ва пешрафти зоҳирии худро бар пояи нафрат ба дигарон сохтаанд, рӯзе ба нафрати фарзандони худ гирифтор хоҳанд гашт.

***

Ҳамеша бо суоле рӯбарӯям, ки оё рӯзаву намоз бо дили нопок савобе дошта бошад?

***

Дар замони мо наозурдани касе худ нуқтаи олии инсонгарӣ ва накӯкорист.

***

Аз роҳбалади нодон асои беҷон беҳтар аст.

***

Маро хотираҳоям мекушанд.

***

Ғам махӯр дӯстам, ҳар чизе, ки оғоз дорад, анҷом ҳам дорад.

***

Ҳамаи динҳо ҳадафҳои иҷтимоӣ доранд вагарна масҷиду калисову канисаву дайр сохта намешуданд.

***

Одаме, ки дар як андеша дармондааст, ба санҷобе монанд аст, ки даруни лӯлаи чархон мечархад.

***

Ситоиш аз хубон хубони дигарро рӯҳбаланд мекунад, вале хашми нохубонро ба бор меорад.

***

Барои одамон ҳеч чизе шавқангезтар аз нокомии ҳамсояашон нест.

***

Таърих барои он такрор мешавад, ки шакли спиралро дорад ва миллатҳо сари сими он гоҳ ба боло ҳаракат мекунанд ва гоҳ ба поён.

***

Ҷаҳонро на зебоӣ, балки ишқ наҷот хоҳад дод.

***

Тоҷикон туфайлихӯриро бад медиданд, акнун саромадонашон туфайлихор шудаанд.

***

Одаме, ки азоби бисёр кашидааст, мутеъ ва фармонбардор мешавад.

***

Дар забони мо вожаҳои ҳаммаъно барои он зиёданд, ки умре бо шарҳу тафсиру фаҳмондани сухани худ ба худию бегонагон машғулем.

***

Об агар аз саргаҳ лой бошад, дар поёноб ботлоқ хоҳад буд.

***

Гумони ботил аст, ки агар ба дигарон коре надошта бошӣ, ба ту ҳам касе коре нахоҳад дошт.

***

Дониши зиёд шояд ифтихорро ба миён орад, аммо ҳаргиз на кибрро.

***

Моҳият ё ҳувияти инсон пешаи ӯро муайян мекунад ва сипас пеша ин ҳувиятро шакл ва қувват медиҳад.

***

Довари якто Худост, аммо бад нест, агар гаҳ-гоҳе кас довари худ бошад.

***

Хашм модари иштибоҳ аст.

***

Хашм чанд сония сабукӣ медиҳад, вале чанд рӯз ё солҳо пушаймонӣ.

***

Одаме, ки миёни гузашта ва имрӯза овезон аст, ҷовидона машаққат хоҳад кашид.

***

Чиҳилсолагӣ — поёни ҷавонӣ.

***

Худоё, маро аз одамони нодон ба дур дор, то мабод худро доно ангорам.

***

Зиндагӣ пур шудан аз ҳавои тоза аст.

***

Паша хоб мебинад, ки пил аст.

***

Чизе махоҳ, он гоҳ Худо бароят чизе медиҳад, ки замоне хоста будӣ.

***

Ман аз онҳое боке надорам, ки танқидам мекунанд, аз онҳое метарсам, ки ба чашмонам нигоҳ мекунанд ва дурӯғ мегӯянд.

09.10.2013 - Posted by | Каме латра, Рӯзгор, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй | ,

5 Comments »

  1. Ҳамеша бо суоле рӯбарӯям, ки оё рӯзаву намоз бо дили нопок савобе дошта бошад? – Дар зехни камина хам ин савол мечархид, аммо шумо хеле зебо муъчаз ва нишонрас баён кардед. Аммо мунтазири чавобаш хастем.

    Comment by AAR | 09.10.2013 | Reply

  2. Az Facebook:

    Марямбонуи Фарғонӣ “Таърих барои он такрор мешавад, ки шакли спиралро дорад ва миллатҳо сари сими он гоҳ ба боло ҳаракат мекунанд ва гоҳ ба поён.” Оли!
    4 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 09.10.2013 | Reply

  3. ” Дар бадтарин замона ҳам аз рӯйи виҷдон зистан мумкин аст.”

    Comment by Собир | 09.10.2013 | Reply

  4. Hamai andarzhoyaton jolib ast, ammo in duto (Дар бадтарин замона ҳам аз рӯйи виҷдон зистан мумкин аст.
    ***Ҳамеша бо суоле рӯбарӯям, ки оё рӯзаву намоз бо дили нопок савобе дошта бошад?) xele jolib! Andarzi avvali ey kosh ‘socialization’ meshud…. Umedvorem ki beshtar navised! Xudo madadgor!

    Comment by Xonanda | 10.10.2013 | Reply

  5. Ҳамеша бо суоле рӯбарӯям, ки оё рӯзаву намоз бо дили нопок савобе дошта бошад?
    BANDA NIZ HAMESHA BAR ONAM KI OYO NAFARE BODILI POK, AMMO BENAMOZU RUZA XALTAI SAVOBASH PURMESHUDA BOSHAD? I don’t know (((((((((

    Comment by next1 | 04.11.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: