Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бе ягон охирсухан

Oinhol1Бардошти ман ин аст, ки мо, тоҷикон, пешгуфторро дӯст медорем, вале тоқати расидану таҳаммул кардани охирсуханро надорем. Шояд аз ин ҷост, ки на ҳамаи корҳоямон, ҳарчанд хуб оғоз меёбанд, ба беҳтарин шева анҷом мегиранд. Муқаддимаи интихоботи президентии Тоҷикистон ҷолиб буд ва шӯру шавқеро ба бор овард, аммо…

Ба назар чунин меояд, ки тамоми нерӯ ва ғайрати мухолифони ҳукумати феълии Тоҷикистон ба муқаддима сарф шуд. Баҳс идома дошт ва тасмим дар пасманзари бетоқатии ҳазорон нафар аз имрӯз ба фардо вогузор мешуд. Ниҳоят пешгуфтор садо дод, зеҳнро ба ҷунбиш овард, ҳаяҷон ангехт, аммо кор то ба поён бурда нашуд. Тамоми омодагӣ ба эълони муқаддима буд ва омодагии ҳамзамон ба басти дувум тақрибан вуҷуд надошт.

Барномаи навбатии видоеии ман як навъ охирсухан аст. Вақте онро омода мекардем, ҳисси ман ин буд, ки саромадони муқаддима хоҳиши ширкат дар поённомаи намоиш нестанд. Вале як нукта ҷолиб буд, ки дар суҳбатҳои пажуҳиши мавзӯъ бисёре аз коршиносон мегуфтанд, Тоҷикистон шоҳиди як бозии сиёсии чандбӯъдӣ шудааст. Аз муомилаи сиёсӣ ва тиҷорат ҳарф мезаданд.

Дуруст аст, ки ҳар кас дар ҳар масъала фикри худро дорад, вале вақте ки 10 нафар айни як андешаро баён мекунанд, оё он фикри шахсӣ боқӣ хоҳад монд? Агар кас тамоми талошро кунаду комгор нашавад, ҳатмист, ки ӯ даст ба муомилаи пасипардагӣ задааст?

Оре, сухан аз пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳталабони тоҷик меравад. Дар як пайт аз барнома, вақте намояндаи Кумиссюни интихоботӣ суҳбат мекард, таассуроте ҳосил мешуд, ки агар ИНИТ санадҳои номзадро ба кумиссюн месупурд, хонуми Бобоназарова шартан сабтином мегашт. Ба ҳар ҳол ин мансабдори кумиссюн ба ҳамин лаҳн суҳбат мекард. Яке аз коршиносоне, ки дар ин барнома назар медиҳанд, рӯйирост мегӯяд, номзадро пешбарӣ карданд, аммо барои сабтином шуданаш самимона ва бо тамоми нерӯ талош наварзиданд.

Шояд бисёре аз суханоне, ки ин ҷо овардам, барои хонандаи арҷманд, мисли маҷозу истиора ё сирру асрор садо диҳанд ва беҳтар аст, ин барномаро бубинаду худ қазоват кунад, ки дар ин марҳала аз интихоботи президентии Тоҷикистон чӣ чизе иттифоқ афтод. Саволи охирин дар ин барнома сабақи ҳаводис буд, ки дар навор ҷой дода нашуд, чун маълум ҳам нашуд, ки сабақ чист. Корҳои мо охирсухан надоранд, фақат пешгуфтор…

 

26.10.2013 - Posted by | Интихобот, Сиёсат, Тоҷикистон, Ҷомеа | ,

12 Comments »

  1. Abdukodir Talbakov Чаноби Салим Аюбзод! Имкон дорад, ки ман хамчун коршинос андешахои худро бигуям? Сафаров такрибан фикри манро гуфт вале хотирбинона.
    Yesterday at 12:20pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  2. Salim Aioubzod Бифармоед, чаноби Абдукодир Талбаков. Бе рӯйихотирбинӣ ва беғаразона.
    Yesterday at 1:30pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  3. Muhammad Bobiev well done interesting
    Yesterday at 1:50pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  4. Saidnabi Saidilhomzoda Хотирбини ин камоли одоб низ мебошад, чун ифшои назар на дар хар холат макбули омма метавонад бошад. Агар огоз хуб бошад мутмаинам анчом низ хамон тавр хохад буд, аммо хар холат боз истисноияти худро дорост.
    16 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  5. Магар дар Точикистон интихобот хаст? Мардуми мо 75 % аз деха хастанд,.Мардуми дех фармонро дуст медорад.

    Comment by Surushi Stalingrad | 28.10.2013 | Reply

  6. Ин як барномаи Гарибшох Компания

    Comment by Surushi Stalingrad | 28.10.2013 | Reply

  7. Abdukodir Talbakov Чаноби Салим Аюбзод! Имкон дорад, ки ман хамчун коршинос андешахои худро бигуям? Сафаров такрибан фикри манро гуфт вале хотирбинона.
    October 27 at 1:20pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  8. Salim Aioubzod Бифармоед, чаноби Абдукодир Талбаков. Бе рӯйихотирбинӣ ва беғаразона.
    October 27 at 2:30pm · Like · 3

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  9. Muhammad Bobiev well done interesting
    October 27 at 2:50pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  10. Saidnabi Saidilhomzoda Хотирбини ин камоли одоб низ мебошад, чун ифшои назар на дар хар холат макбули омма метавонад бошад. Агар огоз хуб бошад мутмаинам анчом низ хамон тавр хохад буд, аммо хар холат боз истисноияти худро дорост.
    October 27 at 10:09pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  11. Salim Aioubzod Аммо дар поёни кор чӣ оқибат дорад хотирбинй?
    October 30 at 7:41am · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  12. Saidnabi Saidilhomzoda Инсонхо бенуксу бегунох намешаванд, баъзан иштибохоти хурде аз одамони баобру низ содир мегардад, набояд дар ин гуна холатхо, аз доираи инсоният хорич гашту, дастовардхоро фаромуш кард. Аммо боз хам хар холат истисно метавонад бошад.
    November 1 at 2:32pm · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: