Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Аз Русия ба Сурия

2341Номае маро такон дод. Як ҷавони тоҷик мехоҳад, ба Сурия равад ва дар ҷанги зидди нерӯҳои Башор Асад кушта шавад, зеро зиндагӣ барояш маъние надорад. Вай менависад, набояд ин ҳарфи ӯро шӯхӣ гумошт ва ё ӯро девонае бесавод пиндошт. Ва ҳам дафъатан мегӯяд, на салафисту на ваҳҳобӣ ё пайрави ягон гуруҳи тундрав. Оҳанги суханаш боварбахш аст.

Ин номаро ҷавони 25-сола, ки худро Хастадил номидааст, дар ҳошияи як матлаби Радиои Озодӣ роҷеъ ба ширкати ҷавонони тоҷик дар низои Сурия навишт ва месазад, матни номаашро ин ҷо ба таври пурра нақл кунем, то равиши фикри ӯро бинед ва бигӯед, то куҷо суханаш ҳақиқат дораду аз умқи вуҷудаш берун меояд. Тарси ман ин аст, ки ӯ танҳо нест. Тахмин мезанам, дар Тоҷикистон сар аз ҷанги нангини солҳои 1990 то имрӯз як ё ду насле ба воя расидааст, ки худро нодаркор ҳис мекунад ва омодааст, ҷони ширинашро дар куҷое ки бошад, ба хотири чизе ё касе ҳам бошад, қурбон кунад.

Барои мақомоти Тоҷикистон чунин нома бояд бонги хатар бошад. Агар ҷавононе омодаанд, дар Сурия тан ба куштан диҳанд, дар камтарин ноамнии Тоҷикистон дар ин ватани худ низ ҷон ба каф хоҳанд гирифт. Дар зимн, шуморе аз чунин ҷавонони мо дар Афғонистону Покистон меҷанганд. Чанде ҳам кушта шудаанд ва чанде дар маҳбасҳои Афғонистонанд. Сар ба ҷанг ниҳодани онҳоро бисёриҳо ба эътиқоди динию мазҳабияшон бастагӣ медиҳанд.

Вале ин нома, агар воқеан на аз тарафи кадом ситезаҷӯи мазҳабӣ нигошта шудааст, баёнгари он хоҳад буд, ки дар солҳои баъдӣ ақида танҳо шиори пуч хоҳад шуд ва нақши ҳалкунандае нахоҳад дошт. Ва агар касе ба ин ҷавонон таваҷҷуҳ надиҳаду ҳукумат дар пайи тағйири вазъ нашавад, сафи чунин ҷавонон ба маротиб хоҳад афзуд. Аз Русия ба Сурия рафтани ҷавонон хеле осон аст ва касе нахоҳад тавонист, пеши роҳи онҳоро бигирад.

Номаи ин ҷавонро бихонед ва тасаввур кунед, то ба куҷо як навҷавон бояд ноумед гардад, ки ба чунин ҳол расад? Чӣ ҳолате бояд сохта шавад, то ханҷари номардумӣ, бекасӣ, беқадрию беҳуқуқӣ ба устухони ҷони ӯ халаду чунин дилшикастааш кунад, ки омода ба ҳар сарнавиште бошад?

Инак матни комили нома, ки дар ҳошияи матлаби ҳамкорам Абдуллоҳи Ашӯр – “Тоҷикони дар сангар алайҳи режими Башор Асад” дарҷ гардидааст. Дар ин матлаб марде бо алам мегӯяд, хоҳарзодаашро ба назди худ ба Русия хонд, то пуле кор кунад ва як рӯз шунид, ки ҷиянаш дар Сурия асту дар сафи шӯришиёни ин кишвар меҷангад:

“МАН ХАМ МЕХОХАМ РАВАМ. Шояд шумо фикр мекунед,ки ман шухи мекунам. ё ин, ки фикр мекунед девонааму ё бесавод ё салафияму ё вахоби ё пайрави ягон гурухи тундгаро?

Не бахудо касам ман На вахобияму на -Салафияму на аъзои ягон гурухи тундгарояму на девонаву бесаводам.

ман танхо ва танхо хаста шудам аз хамин зиндагии дар ба дар, аз мухочиративу, бекадриву, шармандаги ва бехукуки . дилгир шудам аз хамин сиёсати имрузаи давлат.

то кай охир дар ба дари мардум мухочир гардам ?

то кай ватанро ба коми ноумедихо интикол медиханду ман бошам умед ба фардо бандам?

охир чаро худамро фиреб дихам, ба бахонае, ки фардо Точикстон ояндаи дурахшон дорад?

7 сол мешавад мухочирам дар россияву ба чи мушкилотхое гирифтор нашудам дар ин мудат. на хамавахт маъоши кориямро мегирам. гар чанде, ки руссиро хам нагз медонаму конунхои россияро вайрон хам намекунам.

то кай ба ин авхол токати зистан кунам.

охир мысли ман садхо-хазорхо точикест, ки зистан мехоханд. лекин , аз ин хаёти имрузаи сахт дилгир шудаад. ноумеду, дилшикаста шудаанду сар ба мулки бегона задаанд. ба хотири як бурда -нон.

Зиндаги зебост. дуст медорам зистанро. мехохам дар халкаи ёру дустонам бошам. дар ватанам бошаму харчизе аз дастам ояд бахри ватан модар хадя кунам .

дуст медорам ватанамро Точикстони азизро. занону модарони точикро бародарони точикро. аммо бо ин авхоле,ки ман ва манбаринхо доранд чи илочи дигар дорем ?

холо чавонам 25 сол дорам.

аз хамин 7 сол 8 мохашро дар дар ватан гузаронидам.

аз сабаби мушкилии зиндаги чандсолпас меравам ба ватан. Танхо ба як хотир худамро ба даст мегираму шарм медорам, ки сарфи назар кунам аз он.

Инхам бошад танхо пеши рохамро хамин падару модари бемораму бобои пирам гирифтааст.

гайри ман дастёре надоранду ягона кувваи кории хонадонам.

вагарна розиам ба хар амале набошад даст занам.

дар оила 6 нафарем чамъ. падарам як писараст. мо фарзандонаш 2 писарем дар оила. бародар дар россия зан гирифтаасиу ба хонадон парвое надорад.

худамро дар чамъи хамсолонам тамоман як шахси зиёти мехисобаму, аз худ шарм медорам. дустонам хама кариб сохиби зан,фарзанд молу мулк, хонаву дар шуданд. баъзеояшон мактабхом оллиро хатм карданд. Аммо ман хамонеям, ки 10-15 сол пеш будам.

охир медонам,ки молу мулки дунё ин хушбахти нест. хушбахти онест,ки дар халкаи дустон боши. дар ватани-азиз бошиву бо чамъи ёрон боши.

хамшарики-шодиву гаму андухи дустон-боши.

агар хамаи ин бароят вучуд надошта бошад пас зистан-шарт нест.”

Ин номаи шахси бепарво, беномус ё фанатик нест. Номаи ҷавони бофаросатест, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷое барои ӯ боқӣ намондааст. Ҳоло бигӯед, чаро ва оё шумори чунин ҷавонон чӣ қадар буда метавонад, ҳарчанд барои кишваре мисли Тоҷикистон ва миллате мисли мо ҳаёти ҳар як фарди он муҳим асту барои кушта шудани ҳар тоҷик дар ҳар куҷои олам дил хун мегиряд.

Агар ҷомеаи мо фикр мекунад, мешавад, худро фиреб доду зиндагӣ кард, ин ҷавонест, ки фиребро напазируфтааст, ғуломию бардагиро чашми дидан надорад, аммо шароит ӯро ончунон пахш карда, ки беилоҷ мондааст. Метавонед гуфт, ки чӣ шуморе аз ҷавонони мо дар зиндагӣ худро ва ҷойи худро ёфтаанду шодкоманд ва чӣ шуморе аз онҳо мисли ин яке дар баробари зиндагие, ки калонсолон барояш сохтаанд, лоилоҷу дилшикаста мондаанд?

Як рӯз баъд аз ин навишта, муфтии Сурия хабар дод, ки 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ширкат доранд. Ман шумораи онҳоро 40-50 нафар фикр мекардам. Ҳоло маълум мешавад, зери 200 нафаранд. Мақомоти Тоҷикистон на шумораеро медонанд ва на парвое доранд, ки дар дунё чӣ мегузарад. Онҳо дар ғояти роҳат чашмони худро пӯшидаанд ва чизеро намебинанд.

27.10.2013 - Posted by | Баҳс, Ватан, Русия, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй |

53 Comments »

  1. Устод Аюбзод, ташаккур!
    Ман номаро хондам, коменти Шуморо низ.
    1) Ин Одам, хакикатан азоб кашидааст ва бо ноумедй мехохад чунин кор кунад – ман маслихаташ медодам то мукобили Асад чангидан, мукобили шахсе бичангад,ки сарчашмаи бадбахтияш аст.
    2) Ин Одам, ки навиштааст “дустонам хама кариб сохиби зан,фарзанд молу мулк, хонаву дар шуданд. баъзеояшон мактабхом оллиро хатм карданд.” ман мегуям чуз як марди номуваффаке беш нест. Яъне дустонаш пеш рафтаанду у не! пас ки гунахкор? чаро омилхои таъсиррасон ба дустона таъсир нарасонидаанд?
    3) Ин Одам дар хусуси ояндаи НОдурахшони Точикистон гуфтааст – дуруст мегуяд, агар дар сари Хукумат хамин тоифа одамон истодан гиранд.

    Comment by Реса | 28.10.2013 | Reply

  2. Az Facebook:

    Asadullah Abdulkarimzada Eh khudovando Tojikamro nigah dor

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

    • Asadullah Abdulkarimzada Eh khudovando ba vatani azizam nazari rahmat bifarmo

      Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  3. Muhayo Saidalieva Хар кас хаёти хешро худаш интихоб мекунад, чун рохе наёбад, кадом дареро кушода бинад он чо равад. Ман намефахмам, ки чаро джар замони Шурави бо хукми халк ба чанг мерафтанд, имруз чи чиз сади рохи бехбуд кардани зиндагияшон бошад?
    4 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  4. Комбиз Аҳмадиён Устод намедонам ҳар боре, ки мақолае ё хабареро дар мавриди муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикон мехонам вуҷудамро ларза фаро мегирад. Вақто ки сарлавҳаашро мехонам ба худ мегӯям боз бадгӯи ва нафрин ба миллати ман бошад ё тамҷиду ситоиш аз ин ҷабрдидагон вале мутаассифона бештари мақолот ва хабарҳо моро ғулому паст, бефарҳангу ақибафтода, рустоиву касиф мехонанд. Боз ба худ мегӯям бале албатта онҳо ҳақ доранд чунин алфози қабеҳу касифро нисбати мо раво бинанд. Чаро??? Чун ки вақте мо тоҷикон дар кишвари худ аз тарафи мансабдорону кормандони давлатиамон чунин рафтору кирдори пастро нисбати худ мебинем чаро онҳо ба мо чунин накунанд. Охир ба Худо қасам рафтореро ки кормандони фурудгоҳ ба шумо ва бегонагон мекунанд мебиниву гиряат меояд. Ман вақте аз фурудгоҳи Душанбе ба Теҳрон меомадам пеш аз ман як шаҳрванди Эронро корманди фурудгоҳ барраси мекарду аз ӯ мепурсид бо худат пули сомонӣ дори ё на?
    – Гуфт бале дорам…
    -Чаро пули тоҷикиро бо худат мебари? Ба ман бидеҳ ва хуласи гап байнашон чи шуд надидам…
    Навбат ба ман расид бо ман ҳам чунин бархурд кард ман гуфтам ман донишҷӯ ҳастам ва барои он ки аз онҷо боз гардам ман ба ин сомонӣ ниёз дорам мегуфт нисфашро ҳадди ақал ба ман бидеҳ ва бо зӯри аз ҳамёнам пулро берун оварду гирифт бовар кунед бархурдҳоеро мебини ки нангу номусатро бедор мекунаду вале афсус…
    4 hours ago · Like · 4

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  5. Shuhrat Rahmatullo Устод ба Худо савганд, ки аз ин хабар бисёр гамгин шудам. Ва бисёр нафратам зиёд шуд нисбати Э.Рахмон ва хукумати кунуни! О наход , ки мардуматро, халкро ба чунин холат расони? Охир ин чавонон монанди писарону фарзандонашон орзую хавас надоранд? Охир ин чавонхоям ба мисли Рустами Эмомали нафсу чавони надоранд? Эээээх!….. намедонам чи гуям дигар…… афсууус!
    3 hours ago via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  6. Sharif Nazar · 18 mutual friends
    бигзор бачахои точик дар тамоми олам чанг омузанд ин хубаст шояд ягон генерали хуб барояд
    10 minutes ago · Like

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  7. Abdullohi Samarkandi Эҳтиёҷ ба оҳистагӣ ба роҳи имон рост мекунад ё ба пастие мебарад,ки бешарафист!
    2 minutes ago · Like

    Comment by aioubzod | 28.10.2013 | Reply

  8. Фикри ачоибу бемаъни ,ин одам на ватандусту,на патриот,як фанатики асри 21, Сирия ба ту на ватан хасту,на хамсоя, мардуми араб як халки беакл будани худро нишон додан. Тамоми давлати араб на танхо Сирия .доим зидди якдигар чанг. Дар дипломатия ” уступи место ” гуфтаги гап хаст. Ин чанги онхо доим бар фоидаи мардуми яхуди аст.

    Ерии башардустонае, ки ба Точикистон омадааст, кариб 70 фоизашро мардуми гайримусулмон кардааст,автомат не калларо кор фармоед. Мардуми “Ориеи”

    Comment by Surushi Stalingrad | 28.10.2013 | Reply

  9. Az Facebook:

    Asadullah Abdulkarimzada Eh khudovando Tojikamro nigah dor
    October 28 at 8:31am · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  10. Asadullah Abdulkarimzada Eh khudovando ba vatani azizam nazari rahmat bifarmo
    October 28 at 8:41am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  11. Muhayo Saidalieva Хар кас хаёти хешро худаш интихоб мекунад, чун рохе наёбад, кадом дареро кушода бинад он чо равад. Ман намефахмам, ки чаро дар замони Шурави бо хукми давлат ба чанг мерафтанд, имруз чи чиз сади рохи бехбуд кардани зиндагияшон бошад?
    October 29 at 11:02am · Edited · Like · 2

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  12. Комбиз Аҳмадиён Устод намедонам ҳар боре, ки мақолае ё хабареро дар мавриди муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикон мехонам вуҷудамро ларза фаро мегирад. Вақто ки сарлавҳаашро мехонам ба худ мегӯям боз бадгӯи ва нафрин ба миллати ман бошад ё тамҷиду ситоиш аз ин ҷабрдидагон вале мутаассифона бештари мақолот ва хабарҳо моро ғулому паст, бефарҳангу ақибафтода, рустоиву касиф мехонанд. Боз ба худ мегӯям бале албатта онҳо ҳақ доранд чунин алфози қабеҳу касифро нисбати мо раво бинанд. Чаро???

    Чун ки вақте мо тоҷикон дар кишвари худ аз тарафи мансабдорону кормандони давлатиамон чунин рафтору кирдори пастро нисбати худ мебинем чаро онҳо ба мо чунин накунанд. Охир ба Худо қасам рафтореро ки кормандони фурудгоҳ ба шумо ва бегонагон мекунанд мебиниву гиряат меояд. Ман вақте аз фурудгоҳи Душанбе ба Теҳрон меомадам пеш аз ман як шаҳрванди Эронро корманди фурудгоҳ барраси мекарду аз ӯ мепурсид бо худат пули сомонӣ дори ё на?

    – Гуфт бале дорам…
    -Чаро пули тоҷикиро бо худат мебари? Ба ман бидеҳ ва хуласи гап байнашон чи шуд надидам…
    Навбат ба ман расид бо ман ҳам чунин бархурд кард ман гуфтам ман донишҷӯ ҳастам ва барои он ки аз онҷо боз гардам ман ба ин сомонӣ ниёз дорам мегуфт нисфашро ҳадди ақал ба ман бидеҳ ва бо зӯри аз ҳамёнам пулро берун оварду гирифт бовар кунед бархурдҳоеро мебини ки нангу номусатро бедор мекунаду вале афсус…
    October 28 at 10:40am · Like · 6

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  13. Shuhrat Rahmatullo Устод ба Худо савганд, ки аз ин хабар бисёр гамгин шудам. Ва бисёр нафратам зиёд шуд нисбати Э.Рахмон ва хукумати кунуни! О наход , ки мардуматро, халкро ба чунин холат расони? Охир ин чавонон монанди писарону фарзандонашон орзую хавас надоранд? Охир ин чавонхоям ба мисли Рустами Эмомали нафсу чавони надоранд? Эээээх!….. намедонам чи гуям дигар…… афсууус!
    October 28 at 11:07am via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  14. Abdullohi Samarkandi Эҳтиёҷ ба оҳистагӣ ба роҳи имон рост мекунад ё ба пастие мебарад,ки бешарафист!
    October 28 at 2:56pm · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  15. Abdullohi Muhaqqiq Як рӯз баъд аз ин навишта, муфтии Сурия хабар дод, ки 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ширкат доранд. Ман шумораи онҳоро 40-50 нафар фикр мекардам. Ҳоло маълум мешавад, зери 200 нафаранд. Мақомоти Тоҷикистон на шумораеро медонанд ва на парвое доранд, ки дар дунё чӣ мегузарад. Онҳо дар ғояти роҳат чашмони худро пӯшидаанд ва чизеро намебинанд.
    October 28 at 3:27pm · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  16. Abdullohi Muhaqqiq Ин салафияи террористи точк руи очаша сиёх мекунад!! Бо ин усул дигар чавонони точикро ба Чаги зидди мусалмонон Даъват карда истодааст!! Агар мурдани бошад ин харомии валадизинои Салафияи точик чаро худашро зери ягон Камаз на мепартояд, харом бимирад!! Лидерхои кухна ва нави Салафияи точик бо мубаллигВоизонашон чандин чавони гумрохро барои Чиходи Шайтони Ба Сурия ва Миср равон намудаанд!!….Салафияи харом дин надоранд!! Ба тавтиъа ва мактубхои Оперативии Террористон бовар накунед!!!!
    October 28 at 3:31pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  17. Abdullohi Muhaqqiq Salim Aioubzod! намедонам аз таблиги гояхои СалафияТеррористи чи манфиъат дори?? Чоят ба фикрам бисёр осудааст???..Дар Миср тибки баъзе маълумотхо 2000 хазор точик хаст…кисмашон Салафия гаштаанд …….кисмашон аъзои Хизбун-Нури Салафия гашта назди ИброхиСалафияи Мисри сабаки Бемазхаби омухта, баъдан ба дигапр сектору урдугоххои террористи дарсхои низоми меомузанд..
    October 28 at 3:36pm · Edited · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  18. Salim Aioubzod Ман фикр мекунам, ин ҷавоне, ки номаро навиштааст, рабте ба мазҳаб надорад, дарди ӯ амиқтар аст ва онро бояд дарк кард.
    October 28 at 4:08pm · Like · 4

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  19. Nizami Nizomi Муфтии Сурия дар ин ҳисоботаш,теъдоид ҷангуёни Ҳизбуллоҳи Лубнони,Абулфазли Аббоси Ироқи ки дар он Ҳавсиҳои Ямани ва Ҳазораҳои Афғони шомиланд ва мушовирони низоми ва террористони Иронро аз ёд бароварда бошад ?
    October 28 at 4:20pm · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  20. Изатулло Хакгу · 117 mutual friends
    Ба рости ин мактуби сохтаву бофтаи кадом як мунофики мухочирро хондам ва лаънат мегуям ба нависанда ва гуяндаи ин андешахо. Орзуи шумо барин шахсон ин чанг аст рафтан гиред Сурия,Ирок,Лубнон аз онхо дида наздиктар Афгонистон ва бигузор мо дар хамин Точикистони факир камбагалона асосаш оромона зиндаги кунем.
    October 28 at 4:55pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  21. Salim Aioubzod Бо лаънат хондан кас ба ҷойе нахоҳад расид ва мушкил низ осон нахоҳад шуд. Ин ҷавон ҳам камбағалона зистааст ва зиндагӣ мекунад, аммо фикр кунед, чаро аз чунин зиндагӣ безор аст?
    October 28 at 5:03pm · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  22. Изатулло Хакгу · 117 mutual friends
    Бародар Салим аввалаш ки чунин инсон нест ки то ин дарача бо гунохи Хукуматдорони Точикистон аз зиндаги дилмонда шавад, баъдан замона замонаи озоди мебошад ва харкучое бароят махкул аст рафта зиндагиатро давом додан гиред касеро парво нест, лекин чунин нафарро таблиг кардан худ ин чиноят аст!, ва мо мардуми Точикистона аз терорист ва ифроти будани чунин чавонон заррае тарс нест. Мо шохид будем, дидем чунин нафарро ки мисли хайвон кушта ва нобуд карда шудаанд. Илтимос дарди дигари чомеаро табобат кунед бехтар аст, пушти чунин ифротихо нагардед онхо Худо надоранд, онхо дин надоранд, онхо хамаи инро барои бахона чуи истифода мебаранд. Баъдан ба умеди мусалмонии онхо нашавед онхо пайрави иблисан ва гумроханд. Дар як хадиси сахех омадааст ки аз 73-гурухи мусалмон ки имруз ба ибодат машгул мебошанд танхо як гурухаш дохили чанат мешаванд.
    October 28 at 5:28pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  23. Salim Aioubzod Саломат бошед. Нав роҳро ёфтам, ки чӣ кор кунам. Ҳатман аз хатти кашидаи Шумо берун пой нахоҳам гузошт. Хеле хуб аст, ки камобеш аз калимаҳои дашномомез худдорӣ кардаед. Аммо агар фикр мекунед, ин номаро ман бофтаам ва ҳам муаллифи онро таблиғ мекунам, сахт ғалат мекунед. Як бори дигар матнро хонед, вале бо рӯҳияи оромтар.
    October 28 at 5:56pm · Edited · Like · 2

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  24. Изатулло Хакгу · 117 mutual friends
    Муфтии Сурия мегуй хамаи 100 000 нафар мучохидро худаш даъват карда бошад ки хамаро медонад!, рут сиёх бадбахти мунофики муфти мардуми тахчои Сурияро ба хотири саркуб кардан хоричи меноманд. То хукуки онхо риоя нашавад.
    October 28 at 5:56pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  25. Salim Aioubzod Ҷанг барои ҳар ваҷаби хоки ватан қарзи инсонӣ ва шаҳрвандист, аммо Фирдавсӣ нагуфтааст, барои кайфу сафои чанд сусморхор худро ба лаҳми гушту тудаи устухон табдил деҳ.
    October 28 at 6:30pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  26. Solex Tursunov Вужудамро ларза гирифт. Жавони 25 сола by гуна фикр дорад. Баварим намебиёд. Дар одноклассник мебинам жавонони фанатик бисер шуда истодааст.
    October 28 at 6:58pm · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  27. Шариф Холов Худованд бандагони босабрашро зиёда дуст медорад. Агар дар хоки ватан шароите нест, ки барояш коре савоб бикуни, тамоми неруятро бахри ободии он сарф намои, садхо рохи дигар хаст, ки дур хам боши, бо Ватан боши. Агар вокеан як ватанхохи асиласт инсон, дар мухочират касбу хунар ё илме меомузаду обрую эътибори Ватанро дар байни дигар мамлакатхо меафзояд. Бо фахр зери парчами он амал мекунад.

    Масалан, олими зур мешавад, духтури бехамто мегардад, нависандаи чирадаст мешавад, дар сохаи варзиш хунари худро сайкал дода, хам номи худ ва хам номи Ватанро боло мебарад. Ин аст Ватанхохи, ин аст марди. Наход дар орзуи хурдани тири Асад ба кишвари бегона рави ва хам хуни нохак резиву хам сагвори кушта шави! Барои даст задан ба ин кор ё ФАНАТИКИ гузаро будан лозим, ё АХМАКИ бемисл!
    October 29 at 6:07am · Like

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  28. Ном: Muslihiddin
    30.10.2013 14:21
    Посух
    Tu dar hayot Suriya nameravi. Suriya meraftagiho rangi tu dar internet vohima namekunand, khapu dam meravand. on mardum aqidati hastan. Tu gufti khudat na vahobii na salafi. Tu yagon jurnalisti ki hamin gapora vohima karda navishti.

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  29. Ном: muslim аз: piter
    30.10.2013 16:52
    Посух
    javone ki az jonash ser shida boshad jangi suriy na meravad ki khud kushi mekunad ne kin in javon ba khotiri ki dar vatani khudush ozod na meguzoran dinsha yane dini islomro

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  30. Ном: Раҳмонӣ аз: Кайфу Сафо
    31.10.2013 10:54
    O, буродаро кори ҳукумат шароит муҳаё кардан барои шаҳрвандон, то ҳар шаҳрванд луқмаи нонашро худаш кор карда хӯрад. Шукронаи Давлати соҳибистиқлоли ҶТ мекунем, ки моро ба оянда умедвор карда нишаста истодаанд. Ва агар мо ҷавонони муҳоҷир ба Ватан барнагашта сарнавишти худро ба дастони худ дигар накунем дунё ба умед гуфта мегардем. Эй халқи ҷафокаш, ҳокимпарвар, таърифдӯстдори камбағал аз рӯйи шиори: Онро ки додаанд дар ҳамин ҷош додаанд, Онро ки нест ваъда ба фардош додаанд. Зиндагиро дарёбед, ба бандагиву худкушӣ даст назанед. Ба пеш ба суйи зиндагии ШОИСТА…Ур….ур..

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  31. Ном: Кулоби бача аз: Кулоб
    31.10.2013 11:55
    Посух
    Ба фикри ман ин хел чавононхам
    хастанд

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  32. Ном: Акбар аз: гариби
    31.10.2013 21:15
    Посух
    Ман сад дар сад навиштахои муалифро бовар мекунам, чунки 8 сол пеш яке аз дустони наздикам айнан чунин мушкили дошт ва роххои ба Ирок рафтанро мечуст ва мехост дар чанги Ирок кушта шавад. У низ аз зиндаги дилгир шуда буд, айнан бо мушкилихое ки, муалифи ин нома ва миллион хамватанони мо имруз дучор шудаанд, дучор шуда буд. Аз Точикистон аз ояндаи худ ва миллат дилсард буд, мушкилихои зиндаги дилгираш карда буданд. хулоса ман уро чидди бовар намекардам ва билохира дар Руссия аз дасти русхо кушта шуд. худо рахматаш кунад.

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  33. Ном: junetr. аз: panjob
    01.11.2013 17:24
    Посух
    xay bad kase nazariysh xato boshad hamay mardumi tojike ki dar suriy mejangad inxel nestan.onho faqat baroy rizoy alloh raftan na baroy tangy zindagy.dar muqobili.murdan yagom kas namesta .magar faqat baroy alloh dar muqobili hamay chyz tayoran

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  34. Ном: 66
    30.10.2013 15:27
    Посух
    Ин навиштаҳо маро ҳам такон дод.
    Ман фикр мекунам, ки ин суханони як нафар нестанд.
    Ин суханест, ки аз дили дардманд, ақли солим ва одами босаводу тарбияи хубгирифта мебарояд, на аз дили ғализ.

    Пас, агар давлати мо қудрати таҳлил ва фаҳмишу натиҷагирии чунин суханонро медошт, мо ба ин рӯз намерасидем. То ҳол онҳо кӯр-кӯрона гумон мекунанд, ки ба натиҷаҳои хубу назаррас раисдаанд. Бале, ман намегӯям, ки хизмати давлат барои сулҳу баъзе корҳои дигар назаррас нестанд. Вале, охир асри 21 аст!!!

    Ман ба давлатдорону масъулон муроҷиат мекунам:

    Шумо гумон накунед, ки кореро кардаед, ки барои сад сол басанда бошад!!! Як ба атроф нигаред, ҷаҳонро бинеду ба худ ва ба мардуми худ низ назар кунед! Оё медонед, ки мо дар кадом сатҳ қарор дорем? Ягон соҳа ҷавобгӯи на ин, ки замона, ҳатто ба талаботи худи Тоҷикистон ҷавобгӯ нест!
    Оё медонед, ки сатҳи донишу менталитети мо хеле паст рафтааст! Мо ягон ихтироъ, ягон истеҳсолоти замонавӣ надорем. Пас чӣ тавр шумо хомӯш ва бафурҷа нишастаед?

    Оё шумо фикр кардед, ки чаро мардуми мо муҳоҷир аст ва барои бартараф кардани ин мушкил чӣ кореро кардаед ё ба нақша гирфтаед, ки мушкилҳалкунанда бошад? Барои чӣ мушкили мардумро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун нодида мегиред?

    Барои чӣ дидаву дониста қонунҳоро худатон риоя намекунед ва мардуми бегуноҳро азият медиҳед? Ва ҳатто, қонуну меъёрҳои ҷаҳониро, ки худатон имзо кардаед поймол мекунед?
    Барои чӣ ба маслиҳати мардуми кордону босавод гӯш намедиҳед?

    Барои чи оппозитсияро бо ҳар роҳ саркӯбу нест мекунед ва намехоҳед, ки касе ба кори давлат ба фоидаи мардум ҳатто сухане гӯяд.

    Саволҳо зиёданд ва ман ҳам, мисли ҳамин бародар девона нестам. Ман ҳам, як шаҳрванди оддии Тоҷикистон дар ғурбат ҳастам ва мисли дигарон дарди дил дорам. Ман ҳам дӯр аз ватан, дӯр аз пайвандонам ҳастам. На аъзои ҳизби мухолифи давлат ҳастаму на дигару дигар. Агар кадом масъӯле навиштаи маро ҳам хонад, хоҳиш мекунам, ки ҷавоб нависад. Чунки, ман аминам, ки ин саволҳо фақат саволҳои ман нестанд.

    Аз “Озодӣ” хоҳиш мекунам, ки навиштаҳои маро дарҷ кунад.

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  35. Ном: Мухочир аз: Руссия
    30.10.2013 15:34
    Посух
    Чура хар чи мехохи бикун, факат фикри она кун, ки максади ба ин дуне омаданат чист?
    Ман хам ранги ту дилхаста, он чизе, ки дар Точикистон шуда истодааст маро хам дилсард кардааст! лек чи илоч? хама дилхастагон ранги ману ту рафтан гиран ки мемонад дар Точикистон? ман сад дар сад шароити аз точикистон рафтан дорам, аммо дилам месузад, ман мефахмам, ки одам дар хает як бор меояду бояд шоиста зиндаги кунад, аммо дар шароити хозираи Точикистон ШОИСТА зиндаги кардан имконнопазир аст! Факат аз даргохи илохи хохони онам, ки хами мардуми чафокаши точик, ки аз карни асрхо азоб кашида омадааст як дами бегам бинад
    Озоди Шумо метавоне як блоги махсус барои “дилхастахо” кушоед ва дар натича ягон маъруза\китоб бо номи “Нигохи чавони точик”-ро нависед (ба фикрам айни муддаост)

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  36. Ном: точик аз: Точикистон
    30.10.2013 18:11
    Посух

    Новобаста муаллифи ин нома вучуд дорад ёна, ин мавзуъ,мавзуист, ки кобили мулозиха, андиша, мубрам ва бахсу баррасист. Дар асл хам фазо ва мухити кишвар дилгиркунанда ва якранг, хамзамон умед ба зиндагии ШОИСТА нест. Чавонони имрузй чй давреро аз сар мигузаронанд, як гурух аз хонаводахои сарватман “маст” хастан, як гурух кушиш мекунад бо як маблаги халоли худ фарзандашро тарбия ва хононад ва як гурух аслан камбагалона ба сар мебаранд. Хукумати Точикистон чй барномае руи даст дорад, агар хамаи мухочирини точик ба ватан баргардад? Оё Хукумат омодаи кабули онхо хаст? Ин бекорон омаданду шугл пайдо накарданд ба чй коре даст хоханд зад? Дуздй, авбошй, ру ба фуруши маводи мухаддир ё дигар коре кй дар сару хуши мо намиояд ки онхо даст мизананд? Ин фочиаи миллат аст. Агар дар асл хам дуруст бошад, мо дар чй миллат хохим буд . Барои курсй ва мансаб чй коре ё харфе аз дахонамон намеояд, мигуянд, офтобро ба доман намешад пушонд. Таърифхои мардуми оддй, ки омодаашон мекунанд, ба кй даркор? Сафархои кории ЧО ва ё РЧ на бояд аз таърифу тавсиф бошад, хадаф бояд он бошад, ки проблем ва мушкилихои мардумро бо чашм бубинаду хал бикунад, на ин шеърхониву раксу бозй бошад.Ин хурсандй аз ташрифи сарвари давлат хуб аст, лекин ин гиреххоро микушоданду чавононро аз ин гирдоб халос микарданд, хуб мешуд. Макотиби олй, бемористон, дохилшавй, санад гирифтан ва гайрахо пулакй шудааст, мо ин насли ояндаро ба кучо мебарем. Ин мавзуест, ки рахбари нави кишвар сараш фикру андеша ва дар роххои халли он сар дард биёварад.
    Озодй, хохиш нашр кунед.Худам хам харчанд миёнасол хастам аз ин кишвар дилтанг шудаам, вой бар холи чавонони кишвар. Аз чавонони Точикистон хохиш ки хушёр, конундон ва аз хукуки худ химоят карда тавонанд.Барои мисол чавонони часуру далери Киргизистон ва Эронро метавон овард. Чони худро дар хатар нагузоред, мубориз барои ояндаи худ бошед!

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  37. Ном: Амин аз: Кулоби
    30.10.2013 20:55
    Посух
    Ин суханхо дуругай Лекин ей нависандаи ин макола Ту гуфти чонашро барои касе йо чизе фидо мекунад Ту намедони ки Агар чиход рафта бошад чонашро аз барои Худо фидо мекунад

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  38. Ном: Бобо аз: кухистони Масчох
    30.10.2013 23:01
    Посух
    Ман фирк намекунам ки ин фард дар Сурия бошад вале ман аз аз тарзи навиштани ин мард ба хулоса омадам ки : у сохиби маълумоти хуб ва тарбияи хуб мебошад ва мумкин дар хакикат хамаи он навиштахояш аз сидки ( зов сердца ) буда ва худро дар хакикат дар Сурия мебинад хайолан ,чунон сахт ки хатто тассавураш ба хакикат мубаддал шудаст .

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  39. Ном: khatab аз: iron
    31.10.2013 04:23
    Посух
    har kase ki hasti barodar haefhoi khub navishtagi asti.
    vale fikr namekunam ki bo in harfho rahmonuf baroi mardumi musalmoni tojik yak behbudi biorad .

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  40. Ном: Шахрванд аз: ТЧ
    31.10.2013 08:29
    Посух
    Ин тоифа чавонон дар Точикистон кам нестанд. Руз то руз сафашон зиёд мешавад. Як чияни бесаводи мулочоп дорам, умуман чахонбини надорад, аммо сахт батакво аст. Як руз мегуяд: “Таго, мехом ягон кух рафта ба ибодат машгул шавам”. Рузи дигар мебини, ки арзи дил кард: “Мехохам дар ишки Парвардигор шабу руз нола кунам”…Оддитарин суолхои географи, таърихи, адабиро намедонад, аммо як чиро медонад-дар рохи Парвардигор мурдан! Чанд бор насихаташ кардам, чандин бори дигар нашуд чангаш хам кардам. Рости гапро гуям, аз хамон илми Ислом хам чандон бохабар нест. Як байти Хофизро шарх дода натавонист, Газзоливу Форобиро умуман намешиносад, аз Мавлави ду мисраъ намедонад…Аз таърихи Ислом ва зиндагиномаи паёмбарон-ноль! Лекин факат намоз мехонад, насихат мекунад, дилхаста аст, каму беш ба авзоъу атроф нафрат дорад…умуман ба назари ман як худбохта аст…Холо хам умед дорад, ки дар киболи ин кадар пешравихои илми муосир мусалмонони газовотгар бо АК-47-у РПГ ва нидои такбир галаба мекунанд…

    Ачиб ин, ки модараш зани бенихоят донишманд ва муосир аст, хонашин хам бошад, хеле чахонбинии фарох дорад. Падараш бемаълумот ва солиёни дароз ба мухочират машгул аст. Инсони хубе аст албатта, вале аз Точикистон дида, дар Русия бештар аст.

    Рости, намедонам, уро ки тарбия кардаасту “пири маънавиаш” кист…На Покистон рафтаасту на Арабистон, Ин кишвархоро хатто аз харита хам намеёбад…

    Сад фоиз кафолат медихам, ки 0 фисад илми харби хам надораду, ба кавле мурчаро озор намедихад..аммо…

    Аммо у ва у баринхо, аз он чумла, ин “Хастадил”-и болои хамаги беморанд…Тарсам аз он нест, ки онхо Сурия мераванду “шахид” мешаванд…

    Тарсам аз он аст, ки чи шароите онхоро чунин хастадилу навмеду худкуш кардааст…

    Ишорахое хам дар боло хаст албатта, мухочирати доими, факри дурудароз, надоштани маълумоти оли…ва боз даххо иллати дигар….

    Мухочирате, ки Хукумати ТЧ холо онро “амри зарури” хондаву маблагхояшонро хисобу китоб мекунад…

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  41. Ном: Muhammad аз: Khatlon
    31.10.2013 08:45
    Посух
    Беҳуда нагуфтаанд: Гурусна ба шер ҳам метавонад ҳамла кунад.

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  42. Ном: Беном
    31.10.2013 11:25
    Посух
    асалому алекум ба хамаи мусалмонони чахон ин гуна чавонон зиедан ин чавон аз руи дил шикастаги рафта бошад хастан чавононе,ки аз руи инки дар точикистон худро озод хис намекунанд ватани худ амо мисли бегона ватан аст .барои чи суол

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  43. Ном: mitrovel аз: dimishq
    01.11.2013 17:31
    Посух
    hob kase dar suriy jang kunad .in mardum chyda namehohan.tojik chy magar gayrati imoni nadorad. Bo fikri shumo.u kadum jurnalistay mexohad.az mardum gap girad.kase dorat jurat gayrat biyoyad mora az dimishq barad.mo muntazirem.?

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  44. Ном: Рузимахмад аз: Н.К.Мастчох д.Палдорак
    31.10.2013 12:42
    Посух
    Хуб; Чавонони азиз! охир зиндаги бе мушкили намешавад агар бе мушкили мешуд холо хамакас мисли кудаке бе парво зиндаги мекарданд бояд хар як одам чи мушкилие пешмеояд аз Худованд бинад ва дуо кунад ки Худованд мушкили онро осон гардонад. Охир мушкилиро давлат пеш намеорад ё сиёсати давлат!

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  45. Ном: AZIZ
    02.11.2013 10:37
    Посух
    E bratoyi hub i hamash gapi holiay yagon kas baroyi dilish mondan nameheza Suriya brava to гоф raftana sad prablemayi digar mesha y iqa dilsh monda bosha hudsha mepartoyavu halos….. i ami radioyi ozodi pridumatsh kadagiay

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  46. Ном: Кабири аз: Маскав
    04.11.2013 00:50
    Посух
    Бародарон як чизро фаромуш бояд накард мо точикон номуси милли дорем.Ва аксарияти точикон мехохан зиндагии хуб дошта бошанд Ва аз соли 1992 бинед аз Точикистон ба Руссия руз то руз шумораи мухочиронзиед шуда истодааст ва давлат дар гами ин мардум нест гуе чунин метобад ки давлат мехохад мардум аз Точикистон барояд равад.Масалан дар интихобот ягон нафари наомад аз мухочире пурсад чи хол дори магар ин давлатдорист.Наход мо дар ватани ачдодии худамон хукуки шоиста зиндаги надорем.Вой бар холи чавонон чи илоч чавонони мо дар ин чо хама касали шуданд ва хама рухафтода.Ва ман нафареро надидам ки аз Точикистон биеяд ва гуяд ки дар он чо ояндаи хуб хаст!!!

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  47. Ном: акобир аз: ёвон
    04.11.2013 16:06
    Посух
    сафсата аст ин хама гурури хушки чавони “гайюри ” точик. Дар душанбе аз пупаисаи як милиса дах руз бемор мешаваду дар русия аз як сулфаи пулиси рус езорхояшро тар мекунаду акнун дар сурия бо калашникуфу бо норинчак омода будааст ки шахид шавад. дар чанги ду мазхаби мусалмон касе шахид нест харду дузахиянд. башор асад шиа хасту пешкаи эрон мухолифинаш суннианду пешкаи сауди ки доранд бо хам чанг. ва ин чавонони осиёи мийёна ки ончо мераванд аслан дар фиреби салафиву вахоби хурдааанд. мутааСсиби чохиланд на дар рохи ХУДО балки дар рохи шайтон курбон шудаанд. касоне ки дар кори шайтон чон медиханд шахид нестанд.

    Comment by aioubzod | 04.11.2013 | Reply

  48. Манхам мехохам ба сурия равам

    Comment by 8888 | 09.11.2013 | Reply

  49. БАРОЙ ЧИ АВВАЛ БА ИРОК Ё БА ФАЛАСТИН НАРАФТЕН ХОЗИР ХАМА МЕДОНАН КИ ДАР СИРИЯ ПУЛ МЕДИХАН ВА ОДАМХО БАРОЙ ПУЛ ЧАНГ ДОРАН ПРИЗИДЕН САУДИЯ КОНУН БАРОВАРД КИ КАСЕ СИРИЯ ЧИХОД РАВАД 2О СОЛ ЗИНДОН МЕКУНАМ БАД ИН КИ БАС КУНЕН АФСОНАРА МАРДУМА БАР ЗИДИ ДАВЛАТ НАХЕЗОНЕН ШУМО ХУДАТОН ДАР АМЕРИКА КОР МЕКУНЕН МЕХОХЕН КИ ДАР ТОЧИКИСТОН РАНГИ УКРАЙНА ЧАНГ ШАВАД БАД ИН КИ ДАР РОССИЯ 16 МЛН ЭМЕГРАНТ ХАСТ 5 МЛН АЗ УКРАЙНА 3 МЛН АЗ УЗБАКИСТОН 2МЛН 500 ХАЗОР КИРГИЗИСТОН ВА ГАЙРА ФАКАТ АЗ ТОЧИКИСТОН 1 МЛН 150 ХАЗОР ХАСТ ЭМЕГРАСОНИ СЛУЖБА ГУФТ АЗ ТОЧИКИСТОН ФАКАТ 800ХАЗОР ДАР РОССИЯ КОР МЕКУНАД ПУТИН ХУДАШ ЭМОМАЛИРА ГУФТ ФАКАТ ДАР МОСКВА 4545 ДОНИШЧУЙ АЗ ТОЧИКИСТОН БАД ИН КИ ДАР ТОЧИКИСТОН КАРИБ 20ХАЗОР МУХОЧИР АЗ ЭРОН ХИТОЙ ВА УЗБАКИСТОН КИРГИЗИЯ ВА АФГАНИСТОН ХАСТ ХАСТ КАРИБИ КАТИ АРМИЯ АМЕРИКА АЗ АФГОНИСТОН МЕБАРОЯД БАРОЙ ХАМИН ШУМО ОДАМХОЙ УЗБАКИСТОН ВА АМЕРИКА !МЕХОХЕН ДАР ТОЧИКИСТОН ХАМ ЧАНГ ШАВАД БАРОЙ ХАМИН ДАР БАЙНИ МАРДУМ ФИТНА КУНЕН АЗ ХУДО ТАРСЕН МО АЗ ЧАНГ БЕЗОРЕМ!!

    Comment by МУХАММАД ЮРИСТ АЗ МОСКВА | 05.03.2014 | Reply

  50. ДАР РОССИЯ 16 МЛН МУХОЧИР ХАСТ НЕКИ 13 МЛН ШАХРВАНДИ РОССИЯ ДАР АМЕРИКА ВА ДАР ЕВРОПА КОР МЕКУНАД ИН МУХЧИРАТИ ПОЛИТИКАЙ АМЕРИКА ВА ИЗРАЙЛ ХАСТ

    Comment by МУХАММАД ЮРИСТ АЗ МОСКВА | 05.03.2014 | Reply

  51. РИЗКА БОЯД АЗ АЛЛОХ БИНЕД НЕКИ АЗ ДАВЛАТ

    Comment by МУХАММАД ЮРИСТ АЗ МОСКВА | 05.03.2014 | Reply

  52. ТОЧИКИСТОН ХАМАЙ ДОНИШЧУЙХОЙ ТОЧИКРО СИРИЯ ОВАРД БАД ЯКТАШ ГУФТ МАН БО ГУРУХИ ЧАБХАТУН НАСР ЯК ЧО БУДАМ ВА БАР ЗИДИ АСАД БАШАР ЧАНГ МЕКАРДАМ МАРА ХАР МОХ МАОШ МЕДОДАН

    Comment by МУХАММАД ЮРИСТ АЗ МОСКВА | 05.03.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: