Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нолаи мурғи шабовез

osmoni shabНаздикии бомдод аз гузаштани корвони вожаҳо бедор шудам ва дигар натавонистам, дар бистар бимонам. Ҳарчанд бархостан аз рахтихоби гарм сахт аст, наметавонам ин лаҳзаҳоро, ки андешаҳои деринаам ҷумла ба ҷумла дар зеҳнам ба чархиш меоянд, аз даст диҳам. Гоҳо барои он ки фикрҳо фаромӯш нашаванд, онҳоро чандборӣ такрор мекардам, вале чун шумораашон зиёд мешуд, мефаҳмидам, ки дигар ин ҳамаро дар ёд дошта наметавонам ва бояд бархезаму достонамро бинависам.

Борҳо дар чунин лаҳазот чизҳое навиштаам, ки ба худам писанд омадаанд. Ягон дафъае нашудааст, ки чунин навишта хуб набарояд, ҳарчанд чизҳое ҳам зода шудаанд, ки ҳамоно нотамоманд, зеро худ онҳоро ба пуррагӣ ҳазм накардаам. Ба фикрам, ин чизҳо аз таҳтушшуур меоянд ва мумкин аст, баъзан тасодуфҳо низ бошанд. Аммо бархостану навиштани онҳо бароям беҳтарин лаҳза аст. Вале оё ин бор чӣ навиштам? Метавонед, мадад кунед ва ба ин достони кутоҳ баҳо диҳед? Аз ҳамаи онҳое, ки ҳарфи худро дӯстона ва “табарвор” мезананд, самимона сипосгузор хоҳам буд. Дӯстони сухандон! Бароям борҳо кӯмак кардаед, ин бор низ меҳрубонии худро дареғ надоред. Бо ихлос.

Нолаи мурғи шабовез

1

Зеботарин духтари деҳаи Шоҳиён, Гулчеҳрабонуи паризоди шаҳлочашми маҳваши чилкокул гум шуда буд ва ба ҷойи ин ки хурду калони диёр ба ҷустуҷӯяш бароянд, баръакс дуо мекарданд, ки касе ӯро наёбад. Махсусан сиёҳпӯшони мусаллаҳ, ки барои ёфтани Гулчеҳрабонуи нозанин хона ба хона мегаштанд ва аз сари хашм мардумро дашном медоданду мезаданд. Ҳама дар пеши силоҳи онҳо музтару оҷиз буд.

2

Аз кӯҳ сангаке канда шуду поён ғелид. Шояд аз зери пойи оҳуе. Сарозер шуд санг ва сангҳои зиёдеро ба ҷунбиш овард. Аз ҳар шах сахрае ба ин сели сангин ҳамроҳ гашт ва ғулғулаандоз ҳамаи кӯҳдоманро монанди заминларза такид. Сангҳое ҳам ба даҳанаи ғор бархӯдаву дохил афтод ва Гулчеҳрабонуи париваш худро канор гирифт, то сангборон ба ӯ осеб нарасонад. Сангрези азим мисли баҳмани баҳор ба домани водӣ хазид ва гӯё мехост, пеши роҳи дарёи зулолро бандад.

3

Чашмони мешияш пур аз тарс ва гиреҳи сахте дар миёни абрӯвони ҳилолаш Гулчеҳрабону хоберо, ки имшаб дида буд, ба ёд овард. Оҳуе сар-сари сахраҳо парвоз мекард, оҳуи зебое, ки танаш пур аз хол буд. Парвози кӯтоҳе мисли хоби кӯтоҳ дар фосилаи бедориҳо ва пинакҳои ҳаросомез. Шаби се буд, ки падараш ба дидани ӯ намеомад ва дилаш сиёҳ буд. Ҳар лаҳза, бо шунидани камтарин садое ба даҳанаи ғор наздик мешуд, то падари азизашро пешвоз гирад, аммо фақат осмони торикро медиду садои мурғи шабовезро мешунид. Ва ситораҳоро медид, ки мисли гӯшвораҳо дар шохи дарахтону буттаҳо овезон буданд ва дар сукути яхзадаи шаби аёси зимистон оҳиста медурахшиданд. Ва садои дарози “чоҳ” ҳар сония такрор мешуд. Гӯё касе “воҳ!” мегуфту нола мекард ё “ҳоҳ!” мегуфту дард мекашид. Ба дунболи он пассадои “оҳ” дар миёни шахҳои сармохӯрда танин меандохт.

— Чоҳ-оҳ-оҳ-оҳ-ҳ! Чок-ок-ок-ок-к! Чаҳ-аҳ-аҳ-аҳ-ҳ!

Гулчеҳрабону ҳадс мезад, ки ин нолаи мурғи шабовез аст.

Боре ҳамроҳи падараш аз каҳдарав бармегашт ва ин садо аз ҷангалҳои буни кӯҳ омад. Падараш нагуфт, ки ин садои чист, вале хоҳиш кард, ки Гулчеҳрабону натарсад. Садо ба гунае буд, ки дар фосилаи муайян аз Гулчеҳрабону ва падар онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Агар меистоданд, низ гӯё фақат аз як нуқта баланд мешуд, агар ҳаракат мекарданд, ҳамроҳи онҳо меомад. Баъдҳо падараш ҳикоят кард, ин садои мурғи шабовез аст, ки тамоми шаб, то дамидани субҳ ба як пой истодаву “чаҳ-чаҳ” мезанад ва танҳо замоне бас мекунад, ки субҳ бидамад ё аз гулӯи ӯ қатраи хуне ба замин бикачад. Он гоҳ садо хомӯш мешуд.

4

Гулчеҳрабонуи нозпарвардро падараш дар ин ғор пинҳон карда буд, то ба дасти сиёҳпӯшон наафтад. Вай бо падараш шояд садҳо бор аз канори ин ҷангалзорҳо гузашта буд, вале намедонист, ин ҷо ғоре ҳаст, ки як рӯз ба паноҳгоҳи ӯ табдил меёбад. Дар умқи он мешуд, гулхан гиронд ва падар пешопеш барои Гулчеҳрабону аз хасу хошок ва як кӯрпаи кӯҳна рахти хоб сохта буд. Танҳо шаби аввал падар бо ӯ дар ин ғор истод ва сипас рафт, то ки аз аҳволи ҳамсару тифлонаш ва вазъи деҳаи ишғолшуда огоҳ бошад ва дар бозгашт ба Гулчеҳрабону ғизо орад. Ҷанге, ки моҳҳо пеш овозаҳои ваҳшатангезашро мешуниданд, акнун ба деҳаи Шоҳиён ҳам расида буд. Аввал ҳавопаймоҳо деҳаро бомбаборон карданд. Панҷ хонаро заданд. Амаки Ҳафизулло зинда монд, аммо бо чашмони худ дид, ки таркиши бомба модар, зан ва се кӯдакашро тиккаву пора кард. Бисёриҳо аз деҳа фирор карданд. Баъзеҳо баъдан баргаштанд. Вале овозаи он ки қатори мошину зиреҳпӯшҳо ба сӯйи деҳа меояд, аз нав чандин нафарро маҷбур кард, ба деҳаҳои боло гурезанд. Падари Гулчеҳрабону мисли даҳҳо нафари дигар ночор монд. Вай нахост, хонаашро тарк кунад. Аз рӯзи аввали ба деҳа даромадани сиёҳпӯшон овозае паҳн шуд, ки агар аҳли деҳа Гулчеҳрабонуро ба сарвари онҳо супорад, мусаллаҳон касеро озор нахоҳанд дод. Ҳамон шаб падар Гулчеҳрабонуро ба ин ғор овард.

5

Шаби гузашта ҳам падар наомад. Осмони сард пур аз моҳӣ буд. Моҳиҳои ҳафтранг ва хурду калон. Ситораҳо пашизи моҳиҳо буданд. То саҳар мурғи шабовез фарёд мезад. Ва Гулчеҳрабону оҳуеро хоб дида буд.

6

Мегуфтанд, бадани Гулчеҳрабону нур дорад. Рӯйи ӯро ҳамдеҳагон ба барф, шир, пахта ва коғаз монанд мекарданд. Мегуфтанд, вақте вай аз кӯча мегузарад, ҳама ҷо рӯшан мешавад. Занони деҳа ба мӯйҳои дарози ӯ бо ҳавас менигаристанд. Ҳама ӯро зеботарин духтарин водӣ меномиданд, аммо вай ба ин ҳарфҳо эътино намекард. Танҳо як бор, вақте ки дар ҳаммоми хонаашон тани худро мешуст ва барқ ногаҳон хомӯш шуд, дид, ки ҳаммоми хурдакак ҳамоно рӯшан аст. Медид, ки сар то қадамаш рӯшание дорад ва танҳо мӯйҳои дарозаш мисли шаб сиёҳанд. Вай чандон намефаҳмид, ки чаро падар ӯро ин ҷо пинҳон кард ва чаро сиёҳпӯшон қасди дарёфти ӯро доранд, вале ҳис мекард, ки ҷонаш дар хатар аст. Шабе, ки падар либосҳои ӯро мепӯшонд ва озими ин ғор гашта буд, модараш сиёҳпӯшонро дуои бад мекард ва мегуфт, зӯри онҳо фақат ба занон мерасад, онҳо мехоҳанд, номусро аз ин мардум бибаранд.

7

Он роҳи каҳдарав, ки Гулчеҳрабонуву падараш садои мурғи шабовезро шунида буданд, ҳоло пурхун аст. Қатраҳои сурх рӯйи барф қатор чакидаанд. Гӯё аз гулӯи мурғи шабовез. Сиёҳпӯшон мардони ҷавонро ба ин кӯҳдоман меоварданд, даступой ва чашмонашонро мебастанду ҷонашонро мерабуданд.

Он рӯз модараш духтари нозанинро зери кӯрпаҳои тахтмон пинҳон кард. Ҷое, ки вай нафасгардон мешуд. Падараш осон мегирифт ва механдид, аммо наздики шом овозае паҳн шуд, ки мусаллаҳон духтарони деҳаро мерабоянд ва ба номуси онҳо таҷовуз мекунанд ва аввалин бор дар умраш Гулчеҳрабону дар чашмони падари худ лоилоҷии тамомро диду тарсид. Ҳаргиз падараи меҳрубонашро ба ин ҳол надида буд. Падари паҳлавон ва қаҳрамонашро.

8

Ғор пур аз кӯршапарак буд, вале Гулчеҳрабону дигар аз онҳо наметарсид, балки мехост, онҳо ба сару рӯйи ӯ бинишинанду бо дандонҳои резу тез пӯсташро бидаранд, чашмҳояшро бишикофанд, гӯшҳояшро бихӯранд.

Шунида буд, ки агар хаффош ба рӯйи одам бичаспад, онро бо ҳеҷ нерӯе намешавад барканд. Магар ки ҳамроҳ бо пӯсти инсон. Касе ҳам боре гуфта буд, ки танҳо метавон бо оҳани сурхтафсон онҳоро аз пӯсти одам ҷудо кард. Гулчеҳрабону ҳоло фикр мекард, газидани кӯршабпаракҳо бештар метавонад ӯро бадафт кунад ё оҳани тафта? Нафрате, ки ба кӯршабпаракҳо дошт, акнун ба навъе аз меҳрубонӣ тадбил шуда буд ва ӯ наздиктари онҳо менишаст ва хаёлан аз онҳо хоҳиш мекард, ба гунаҳояш биншинанд ва пӯсти ӯро бихоянду ҳамаи зебоии ӯро нест кунанд. Вай гоҳе аз фосилаи ҳамагӣ як ваҷаб ба афти бади онҳо менигарист ва орзу мекард, сураташ шабеҳи онҳо бошад.

Мушҳои паррон мисли баргрезони тирамоҳӣ аз осмони тирафом села-села фуруд меомаданд ва дар сари сангу равоқҳои ғор ё навдаҳои хушки буттаҳо менишастанд. Ҳарчанд ин ҷо дигар кайҳо торик шудаву танҳо рӯшании нимранги берун онро ба чашми Гулчеҳрабону намудор ва ошно месохт, кӯршабпаракҳои шабпарвоз ҳар кадом ҷойи худро бехато пайдо мекард ва дар дунгиҳои девораи ғор овезон мегашт.

Гулчеҳрабону бо алвонҷ хӯрдани қатори хаффошон дар шохсорони тира хира мешуд ва фикр мекард, воқеан дигар мисли пештара тарсе аз ин махлуқони Худо надорад. Акнун инсонҳо, агар сиёҳпӯшонро шавад чунин шумурд, ба назари ӯ, аз хаффошон бадтар буданд.

8

Канда-канда, порча-порча хобаш мебурд ва аз садои ногаҳонӣ ба худ омад. Шамсиддин, ҳамдеҳааш омад ва хабаре овард, ки аз шунидани он гӯши Гулчеҳрабону қуфл зад. Падарашро сиёҳпӯшон асир гирифтаанд ва шиканҷа додаанд, то махфигоҳи духтарашро ифшо кунад. Аммо мард лаб фурӯ баставу калимаашро хондааст ва ӯро тирборон кардаанд.

Гулчеҳрабону назди гулхане рафт, ки дар интизори падар оташи онро зинда нигаҳ медошт. Чӯбҳо сӯхтаву лаххаи сурх шудаанд. Вай бо кафи дастонаш, мисли он ки обро мегирифта бошад, ин ангиштҳои тафсонро бардошт ва ба рӯйи чу барф сафеди худ гузошт. Аввал ба ду рухсораш. Дарди ҷонкоҳ тани ӯро такон дод ва бӯйи гӯшти сӯхта ҳама ҷоро фаро гирифт ва фарёди духтар фазои танги ғорро кафонд. Фарёд ба саросари водӣ рафт ва мурғи шабовез аз хондан монд.

Духтар боз аз қури гулхан осӯхтаҳоро бардошт ва акнун ба ғабғаби худ гузошт. Сипас ба абрӯвони камон ва лабони донаи анораш. Баъд ба мӯйҳои худ, ки дар они воҳид вижиданд, ба ҳам печиданд ва бӯйи онҳо ғорро пур кард.

9

Вай акнун ба як ҳаюло монанд шуда буд. Вақте аз сари кӯҳ поин меомад, дар миёни сангрези бузурге, ки субҳи имрӯз сарозер шуда буд, се ҷасадро дид, ки либоси сиёҳ доштанд. Сангхез онҳоро чунон ба ҳам кӯфта буд, ки ба омезае аз гӯшту хун ва тиккаҳои либоси сиёҳ бадал гаштаанд. Дуртар аз онҳо силоҳеро дид ва рафт, то онро аз замин бардорад. Ва ба сӯйи деҳае равон шуд, ки дар зери мӯзаи ишғолгарон дуд мекард. Шамсиддини ваҳшатзада ба дунболаш меомад ва Гулчеҳрабону фикр мекард, бо падараш аз пайраҳаи пурхуни каҳдарав мегузарад. Нолаи мурғи шабоевез дигар ба гӯш намерасид…

15.12.2013 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя |

41 Comments »

  1. Az Facebook:

    Сафват Бурхонов Ривояти рабудани отифати мо. Чи дарднок аст, ки дар замони зиштсолори зебо боши. Чи дах,шат аст, ки зебои аз ч,абр зиштиро пазирад, бадал шавад. Хеле х,икояи оли! Зинда бошед, Устод!
    December 15 at 11:10am via mobile · Like · 6

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  2. Bobojon Kaumov Офарин устод! Хикояро хондам, вокеан зебост. Вале эхсос мекунам як чиз дар он намерасад, харчи фикр кардам нафахмидам чи. Вале дар аснои навиштани ин комент ба зехнам расид, ки умед дар ин хикоя намерасад. Яъне то хаст сиёхпушон голибанду Гулчехрахову падарашро мекушанду горат мекунанду иффатхоро медаранд, вале умеде ба сафеди, ба бехбуди ва пирузи нест. Агар гирифтани силохро аз суи Гулчехра огози мубориза пиндорем боз хам ин умеди торике аст. Вале дар умум лаззат бурдам устод.
    December 15 at 11:19am via mobile · Like · 3

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  3. Alisher Shomusalamov рамат. 3D-хикоя. Солу замонашам муайян мекардед. Сиёхпушон , босмачихоми тераристоми нафахмидам
    December 15 at 11:20am via mobile · Like · 2

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  4. Salim Aioubzod Сипосгузорам, дӯстон. Солу замонро хар хонанда метавонад худ барои худ муайян кунад. Шумо худ гуфтед, ки хар давру замон сиёпушони худро дорад. Агар ба таърихи муайян пайванд дихем, хуб мешавад ё на, дигарон чй назар доранд?
    December 15 at 12:09pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  5. Salim Aioubzod Сафвати азиз, дар чунин давру замон ҳикоя навиштан ҳам дарднок ва сахт аст, бовар кунед.
    December 15 at 12:12pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  6. Адиба Азиз Калами шумо дар наср зебост, киссахотун хондани.
    December 15 at 12:20pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  7. Джоник Сафарзода Оли!!!!
    December 15 at 12:23pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  8. Джоник Сафарзода Аммо мехосатам бехштар бо тарки электрнои шаванд то дар китбхои электони гузароенм ва дар вакти истирохат хонем чуники дар сомонахои интернети китбохои электонии точики кам ба чашм мерасанд!!!!!
    December 15 at 12:54pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  9. Партав Самадзода Хеле Оли, вокеан зебо.хикоятхои нав ба наватонро мо хонандагонатон бесаброна интизорем, устоди гиромикадр.
    December 15 at 1:29pm via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  10. Salim Aioubzod Саломат бошед. Аммо интизори танкидҳоям.
    December 15 at 3:34pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  11. Salim Aioubzod Сафарзодаи гиромӣ, аз ҳеч навиштаам, суди молӣ наҷустаам ва ҳамаи онҳо дар паҳнои электронӣ дастрасанд. Шояд манзуратон матн дар Фейсбук бошад, на блог?
    December 15 at 3:39pm · Edited · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  12. Джоник Сафарзода Устоди азиз максад ичо гап дар сари суди молӣ нест..шумо метавоед ки дар сайтатон монед то бепул хам дар китобхои электорнии худ гузаронанд.
    December 15 at 4:09pm · Unlike · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  13. سرور منافزاد ман танҳо таъкиди ин нуктаи устод Савфат бурҳонов мекунам: Қиссаи рабудани отифати мо.
    December 15 at 5:14pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  14. Jamol Usmon мавзуи хуб ва як чавхари ачибе дорад, ки устоди азиз тавонистаед, онро ба хонанда бирасонед. Аммо бо ин дарача андешахои бою бардоштхои гани аз як вокеа агар тасвири манзараи ходиса ва инъикоси холати равонии кахрамон бештар мебуд, оличаноб меомад. Агар ин мавзуъро ман пайдо мекардам, шаберо дар даррахои кухистон сипари карда, холати кахрамони дар чох зистаро онгуна меовардам, ки бо мутолиаи он дар вучуди хонанда аловак мехазид(шухи)
    December 15 at 5:48pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  15. Muborak Sharif Дар якон хондам. Хикояи хеле чолиб ва хусни матнаш – зебост, бо он ки хеле риккатовар. Фикр кардам, ки чаро дар охир зебоиву рушаноие, ки мояи ифтихору шодии падару хамдехагон аст, ба торики ва чахл ва вахшат мубаддал шавад, чаро ин хама ноумеди? Шояд хонанда рохи дигар/умедбахши муаммои хикояро интизор аст? Ва боз, ба назарам агар дар нигоштани рамзи Душман ба чои сияхпушон таърифи дигареро истифода мекардед – бехтар буд. Дастатон дардро набинад! Бо сипос ва ихлос, М
    December 15 at 10:27pm · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  16. Ahlidin Yunusov хикояи хуб аст аммо нафахмидам чаро сиёхпустон?кавм ё ягон кабила мегуфтед шояд хубтар буд.албатта ин фикри ман шояд иштибох бошад
    Yesterday at 3:35am · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  17. Haramgul Qodirova Хикояи хуб аст, устод!Аммо, фикр мекунам монанди таоми асархои бадеи, хикояхо ва филмхои хунарии барин беохир аст. Як ,аксиомаи адабиёти мо хамин аст, ки кахрамонхо бе охиранд.Намедонам чаро? Гулчехра такдираш баъд чи мешавад?Муковимат ё туъмаи хаводиси хунини дехаашон мегардад? Барои хонанда ин мухим аст.
    Yesterday at 5:23am · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  18. Salim Aioubzod Аҳлиддини ҷун, “сиёҳпӯшон”, на “сиёҳпӯстон”.
    Yesterday at 7:35am · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  19. Salim Aioubzod Дар зимн, “сиёҳпӯшон” ба чанди дигар низ чандон писанд наафтодааст. Аммо ин ибора ё ишораи хос аст ва ман онро ҳанӯз охири солҳои 1990 дар “Гунги хобдида” ҳам ба кор бурда будам. Сабабҳои таърихӣ дорад. Ширкаткунандагони юриши Сафаралӣ Кенҷаев бо формаи сиёҳи корхонаи алюмин ба Душанбе ҳамла карда буданд. Чандсад маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, ки Сангак Сафаров онҳоро озод кард ва ба дасташон силоҳ дод, низ формаи сиёҳ доштанд. Гуруҳе аз ҷанговарони оппоисюн барои худ формаи “ниндзя”-ро интихоб карда буд ва ғайра. Зимнан устод Мӯъмин Қаноат низ ин ибораро дар яке аз достонҳои худ истифода кардаанд. Вале, мушкиле нест, агар ба дӯстон писанд наомадааст, мешавад онро иваз кард.
    Yesterday at 7:41am · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  20. Ahlidin Yunusov ok!
    Yesterday at 11:50am · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  21. Muborak Sharif Дар баъзе манотики Точикистон онхое ки мотам доранд, либоси сиех мепушанд… Ва боз, ба назари банда, бо он ки симои зохирии кас е гурух аксаран оинаи симои ботинии онон буда метавонад, вале симои зохири танхо либос е ранги он нест… Бинобар ин фикр кардам, ки пушидани либоси сиех шояд натавонад ба пурраги симои душманро тасвир кунад … Ободу муваффак бошед!
    Yesterday at 4:14pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  22. Salim Aioubzod Сипосгузорам аз андеша ва таҳлилҳоятон, Муборак бонуи азиз, ҳатман сари ин масъалаҳо фикр мекунам. Сарбаланд бошед!

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  23. Jasmin Nazarova Бехтарин хикоя. лек фикр дорам, ки давом дорад… Хамин тавр не акаи Салим?
    8 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  24. Salim Aioubzod Ҳатман давом дорад. Дӯстон мегӯянд, ҷойеро барои умед боқӣ нагузоштаам, аммо аз зону бархостани зани тоҷик ва хомӯш шудани садои мурғи шабовез, ки бо хуни гулӯ тарона мехонад, магар як дурахши умед нест? Ба танқидҳо розиям, аммо мехоҳам, суҳбати ёрон идома кунад.
    11 minutes ago · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  25. Makhfirat Usufi Чи сарнавишти талхе. Мутааcсифона хазорхо Гулчехрабонухо курбони ин чанги хонумонсуз шуданд…
    December 15 at 11:03am via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  26. Hikmatyor Hikmatzod Зебогии Худодод уро бадбахт гардонида сабаби марги падар гардида аст.Сухтани ду бари руву бадани ширмахто б эътироз ба Офаридгор нест магар? Гулчехра ба мубориза бархост, вале бо чи курбоние! рости хеле дилам ганда шуд. Дар мачмуъ хеле чолиб ва олист!
    December 15 at 11:17am · Like · 3

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  27. Salim Aioubzod Ташаккур. Бандагон гохе бидуни идрок ба Офаридгори худ ҳам эътироз мекунанд, чун роҳе барояшон боқӣ намемонад. Аммо нуктаи чолиберо матрах кардед. Сипосгузорам.
    December 15 at 12:11pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  28. Saibahron Muborov Субхоналлох! Касе ин вокеахоро фаромуш намекунад агар ин гуна дар тахтаи адабиет кандакори шаванд. Вагарна хар руз аз тахтаи сиесат хотиррасон намудан ба насли чавони мо чизеро муарифи намесозад.
    December 15 at 1:28pm via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  29. Maryam Davlatova Чӣ саҳнаҳои дилхароше рӯи сафҳа овардаед, Салим. Чун шеъраст, ки бо як нафас мутолиа мешавад, чун ханҷар аст, ки захми ҷонкоҳ мезанад…
    December 15 at 1:53pm via · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  30. Шариф Холов Акои Салимчон, сабки нигоришатон тагйир ёфтааст. Ин достон танхо аз накл иборат шудааст. Ба назарам, то сухан ба дарозо накашад, харакат кардед, ки мухтасар бошад. Дар натича олами ботинии кахрамонхо норушан монда, таъсирнокии достонро костааст. Шояд дустони каламбадасти дар ин чода пешгом ба фикри ман рози нашаванд, аммо бардошти банда чунин буд. Умедворам дуруст кабул мекунед.
    December 15 at 1:53pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  31. Salim Aioubzod Шарифҷони азиз, ҳаққи гапро гуфтед. Ин достон фейсбукӣ аст. Чун хонанда вакти зиёд надорад. Ман ҳам бар инам, ки мебоист, равони қаҳрамони худро тасвир мекардам ва шояҳд 15 сафҳа мешуд.
    a few seconds ago · Edited · Like · 2

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  32. Salim Aioubzod Аммо ин як хикояте аз силсилаи “Офтоби сиёҳторик” аст. Фикр мекунам, ҳама давоми ҳамдигар 10 ҳикоя як румон мешавад. Достонҳои ҷанги шармангези мо.
    December 15 at 3:33pm · Like · 4

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  33. Шариф Холов Умедворам веростори намуда, мисли достони “Барно ва “Ятран” такмил дода, ба дарачае мебаред, ки аз чигари кас бигирад, батаъсиру такондиханда шавад. Мехостам моли Фейсбук не, балки аз хазинаи адабиёт чой гирад. Интихоби вокеа хеле чолиб ва арзанда аст.
    December 15 at 3:41pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  34. Salim Aioubzod Албатта, бо мадади дӯстон, ки бе онҳо як гуле ҳам дар ин боғ намешукуфад.
    December 15 at 3:42pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  35. Saibahron Muborov Огои Салим мехохам ба шумо оиди вокеаи шабехе накл созам. Албата агар шумо ичоза фармоед тарики СМС мефиристам.
    December 15 at 4:38pm via mobile · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  36. Salim Aioubzod 100%. Бифристед. Чашм ба роҳам.
    December 15 at 7:34pm · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  37. Salim Aioubzod Сипосгузорам! Дӯсти мо ҳикояте фиристоданд, ки метавонад мояву сармояи беҳтарин асари бадеӣ гардад. Дастатон дард накунад.
    Yesterday at 7:42am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  38. Jomi Joni Azalshoh Kohistoni Деҳаи Шоҳиён дар кадом нохия аст .(ё ин ки хикояи фикрист)
    Мехостем дар однокл.ирсол кунем,чук ки чавонон бисёртар махалбозанд…
    Yesterday at 7:52am via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  39. Saibahron Muborov Сипос!
    Yesterday at 8:06am via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  40. Salim Aioubzod Деҳаи Шоҳиён бофтаи хаёл аст.
    Yesterday at 9:12am · Like

    Comment by aioubzod | 17.12.2013 | Reply

  41. Хикояи хуб аст ва рамзиву пандомуз. Чанд эродаке дорам, ки ба назарам, агар ислох шаванд, бехтар аст! Ин эродхо марбути чанд вожа ва чумлае аст. 1) Кахдарав, чун кох (ках) куфташудаи пояи гандуму чаву… аст, пас, “кахдарав” дуруст нест, чав, гандум, ё шолиро дарав мекунанд, на кахро. “Чангалзорхо”, “чангал” худ исмест, ки маъниро ба хуби мерасонад, “чангалзор” вожаи сохта ва сунъист, ва аз пахлуи чангалзорхо гузаштан, дар ин маврид дуруст хам нест, чи манзур чангалест, ки дар доманаи кухи дех аст ва як чангал аст.. Пас, “чангал” ё “беша” гуфтан кофист. “Кури гулхан”, дар ин чо эрод ба кур аст, ки туркии “хокистар”-и точикист. Вале чун хануз оташ намурдааст, хануз осухтахо бокианд, “хокистар” ва “кур” дуруст нест, бехтар аст, бигуед, “аз байни лахчахо”. Дар чойе овардаед, “шабе, ки падар либосхои уро (яъне духтарро) мепушонд”. Ин чумла, ба хеч руй дуруст нест, на бо синну соли духтар дуруст меояд, на бо суннати миллии мо, ки падар хеч гох ба духтари болиг либос намепушонад.

    Comment by ََّКодири Рустам | 19.12.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: