Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Соли апаи Че

apai CheДу саҳна ё дақиқтараш, саҳнасозии соли 2013 дар театри сиёсии Тоҷикистон падидаи нав буданд. Яке намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе дар моҳи апрел ва дигаре балвои густохона дар ситоди Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон дар моҳи декабр. Дар ҳоле ки мақомот ба ҳама гуна ҷамъомади ҳамфикрон ҳассосият нишон медиҳанд, ин ду маврид барои ташаббускорон ва иҷрокунандагон бепайомад буд.

Чунин интихоботҳои берақобат ва ба андозае шаффоф, ки оғоз наёфта, мешавад, охирашонро дид, дигар суннати сиёсӣ шудаанд, айбномаҳои болохонаву таҳхонадор ва ҳукмҳои фармоишии додгоҳҳо низ нав нестанд, видеоҳои рақси тӯёна ва секси “муллоҳо” ҳам ба шаклу шеваҳое дар гузашта ҷой доштанд. Чизи нав тазоҳуроти эътирозии беиҷозат дар Душанбе буд ва он ҳам пас аз ин қадар соли қонуни нонавиштаи манъи ҳама гуна митингу гирдиҳамоиҳо. Тазоҳуроте бо шиору лавҳаҳои “ҳирфаӣ” ва нотиқони оташсухан, ки яке аз онҳо бо лақаби “Апаи Че” машҳур гашт. На барои он ки “че, тинҷира намехоҳед” гуфтанаш, балки бо ташбеҳи танзомез ба Че Гевара, инқилобии машҳури ҷаҳон.

Апаи Че мегӯяд, узви ягон ҳизб нестанд, ба сиёсат сари кор надорад, фақат оромию суботро мехоҳад ва аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунад. Ҳамроҳонаш айни ин суханонро такрор мекунанд. Ҳаракати худҷӯши занони инқилобие, ки ғами ҷомеа ва кишварро мехӯранд! Кӣ онҳоро созмон додааст ва барои чунин ҷасорату худфидоӣ чӣ манфиате ба даст меоранд, алҳол маълум нест, вале аз паси тӯдаи пурғавғо гӯшҳое намудор аст. Ҷолиб аст, ки барои ҷамъомад дар назди додгоҳ ё ба ҳаво сар додани пуфак ҳамчун халалдор кардани “тартиботи ҷамъиятӣ” ҷазо ҳаст, аммо ташаббускорону созмондиҳандагони тазоҳуроти пуриздиҳом дар назди Созмони Милал ва сафорати Амрико ё ҳамла ба ситоди як ҳизби сиёсӣ аз дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.

Ба сурати умум ин саҳнасозию худфиребиҳои содлавҳона ва гӯл шуморидани мардум бештар ба бозиҳои хатарнок бо оташ монанданд. Апаи Че ва дугонаву ҳамнабардони ӯро рӯзе касе бо музди бештар метавонад ба фоидаи худ истифода кунад. Ё чунин тазоҳуроту ҳамлаҳои беҷазо мумкин аст, даҳҳо ё садҳо апаи Чеи дигарро ба саҳна орад. Фаромӯш набояд кард, ки Че коменданти инқилоби Кубо буд.

Дар ин навор саҳнае аз “инқилобча”-ҳои апаи Черо метавон дид ва ҳам ёдбуди чанде аз раванду рӯйдодҳои соли 2013-и мелодиро.

29.12.2013 - Posted by | Баҳс, Интихобот, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: