Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дарси чандрасонаӣ

schoolОхирҳои моҳи июни соли гузашта ҳаво дар Душанбе гарм буд, вале баҳсҳои мо дар Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ ба маротиб гармтар. Бо як барномаи баҳсбарангези худ ман дар ин ҷо ҳамнишину ҳамсуҳбату ҳамкори 20 хабарнигори ҷавон будам. Ин маҳфил бо ташаббус ва сармоягузории Бунёди Сорос ва чанд созмони дигари ғайридавлатӣ бапо шуда, дарсҳо дар он хеле пуршиддат ва шавқангез ҷараён меёфт.

Аз он рӯзҳо бароям хотираҳои хубе боқӣ мондааст. Ташнагие, ки дар чашми шогирдон ва самимияте, ки дар талоши онҳо медидам, бароям паём медод, ки онҳо афроди боистеъдоданд, ояндаи хубе доранд, масъулияти хабарнигориро хуб мешиносанд ва журналистикаи моро соҳибӣ хоҳанд кард. Аз сӯйи дигар барои худ дарк кардам, ки омӯзгорӣ беҳтарин пеша асту шояд вақти он расидааст, ки нозукиҳои онро биомӯзам.

Чизеро донистан барои он чизро ба дигарон омӯзондан кофӣ набудааст. Таҷрибаи худро, агар бидуни назму тартибе ба дигарон интиқол доданӣ бошед, танҳо ҳарҷу марҷеро ба сари онҳо хоҳед рехт, ки донаи камеро аз он хоҳанд бардошт ва оби зиёде ба замин рехтаву бухор хоҳад гашт. Омӯзгор бояд донад, аз куҷо қиссаро сар мекунад ва ба куҷо мебарад.

Бояд аввал роҳро аз оғоз то поён созад, худ аз он бигзарад ва сипас дигаронро ба дунболи хеш барад. Росташ, гоҳе шӯру шавқ ва баландпарвозии ҷавонон ба ман асар мекард ва аз роҳи қиррезу ҳамвор берун мешудему аз миёни ҷангалҳои сиёҳторик мегузаштем, кӯҳу шахпораҳоро боло мешудем, ба канори дарёҳое мерасидем, ки ман барои гузаштан аз онҳо ҳанӯз заврақе насохта будам. Охир пешаи мо ва чархишу гардишҳои ҳаррӯзаи он худ уқёнусест, ки агар киштие надошта бошед, дар он ғарқ мешавед.

Ин ҳам таҷрибае буд. Хушбахтам, ки ба чоҳу мағоке наафтодем, вагарна гунаҳкори ягонаи чунин фурӯафтӣ ман мебудам, чун пешопеш мерафтам ва 20 ҷавони навхат аз паси ман меомаданд, зеро ба ман бовар доштанд. Як-ду бор, вақте барояшон як пресс-конфаронси дурӯғини раиси як ширкати бинокориро баргузор кардам ва мутмаин будам, ки ба ҳамаи саволҳо аз пеш омодаам, онҳо пурсишҳоеродар миён гузоштанд, ки наздик буд, тарҳи маро баҳам мезад.

Ҳадаф ин буд, ки ман онҳоро зеро бори гарони арқому адад ва маълумоти бешумор андозаму нагузорам, лаҳзае мустақилона фикр кунанд, шубҳа варзанд, ҷустуҷӯ кунанд ва ин ҳам дар ҳоле ки мебоист, дарёбанд, ки асли мақсади ин раиси ширкати бинокорӣ дар муаррифии тарҳҳои наваш чист ва кадом ҳарфаш ҳақиқат асту кадоме пи-ар ё воҳимае барои пи-ар. Бояд арҷ гузорам, ки онҳо паст намеомаданд.

Дар дарси дигар, боз ҳам ба иллати омодагии нопурра ду дафъа аз нуқтае, ки расида будем, ақиб рафтем, чун роҳе ки ман онҳоро бурдам, шояд “ба туркистон” буд. Ҳоло фикр мекунам, агар рӯзе боз чунин зарурат пеш омад, бояд омодагии комил дошт. Ёдам расид, чӣ гуна падари шодравонам, бо вуҷуди таҷрибаи дерсола, барои ҳар дарси худ аз нав тарҳ менавиштанд, ман ҳам акнун тарҳҳои худро бознигарӣ мекунаму ва мехоҳам бубинам, кадом порчаи роҳам норӯшан асту хатари раҳгумӣ дорад.

Ҳамчун қадами аввал барномаеро, ки аз рӯйи он дар Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар Душанбе кор кардам, пешкаши хонандагони азиз мекунам ва мехоҳам бидонам, назари онҳо чист. Гап дар он аст, ки журналистикаи чандрасонаӣ ва расонаҳои нав ба маънои New Media хеле зуд тағйир меёбанду иваз мешаванд. Моҳе нест, шабакаи наве боз нашавад ва дар абзори New Media замимаи наве рӯ назанад. Ҳоло мехоҳам бубинам, ин тарҳро боз мешавад истифода кард ё бояд ба он тағйири зарурӣ ворид намуд?

Дар навиштаҳои баъдӣ хоҳам овард, ки ин барнома чӣ гуна ба шогирдон расонда шуд ва вокуниши онҳо чӣ гуна буд. Аммо, албатта, агар фурсати кофӣ дошта бошам.

РӮЗИ АВВАЛ: Шиносоӣ бо шогирдон, дарёфти сатҳи таҷриба ва хостҳову таваҷҷуҳи онон. Муаррифии худ ба василаи танзу ҳазл ва бархе аз факту рӯйдодҳои ҳолномаи касбӣ ва пешниҳоди иттилоъ дар бораи таҳаввули пешаи журналистӣ дар 30 соли охир. Суҳбат дар бораи жанрҳои хабарӣ, ҷойгоҳ ва аҳамияти онҳо дар журналистика. Хабарнависӣ ҳамчун пешаи асосии журналистӣ ва нони журналист. Аслҳои меҳварии навиштани хабар. Шартҳои хабар ва маҳорати хабарнависӣ. Вижагиҳои хабар дар расонаҳои нав ва хабар ҳамчун жанри чандрасонаӣ. Веб ё торнамо ҳамчун идомаи як расонаи ҳамагонӣ (нашрия, радио, телевизион), ҳамсонӣ ва тафовутҳо.

ҲАДАФ: Ёрмандӣ ба шогирдон дар идроки тағйирҳое, ки даврони мултимедиа ва расонаҳои нав ба миён оварданд.

РӮЗИ ДУВУМ: Сухан ва тасвир ҳамчун василаҳои интиқоли иттилоъ. Акс ва видео барои хабар ё мақола ва видео-гузориш ҳамчун жанри мустақил. Мушкилот ва ҳунари аксбардорӣ ва видеожурнализм. Одитарин қоидаҳои аксбардорӣ. Таносуби матн, акс, садо ва видео дар торнамо барои нақли достон. Бартарӣ ва камбудиҳои кори ҳамзамон дар чанд платформа. Баррасии муштараки бархе аз намунаҳои муваффақ ва муқоисаи онҳо бо намунаҳои номуваффақ. Дарёфти тавозун.

ҲАДАФ: Нигоҳ ба гузоришҳои чандрасонӣ аз чашми хонанда ва ҳампеша. Мадад ба ҷойгузин шудани тарзи фикри хабарнигори чандрасонаӣ.

РӮЗИ САВУМ: Омодагӣ ба кори амалӣ. Пешниҳоди интихоби мавзӯъ. “Ҳамлаи зеҳнӣ” барои дарёфти беҳтарин мавзӯъ ва беҳтарин тақдим. Ҷамъоварии мавод. Баррасии мавод. Тарҳи гузориш. Ҳамбастагӣ ва ҳамгироии матн, акс, садо, видео дар баёни матлаб. Омодагии абзор ва ҷиҳоз. Тақсими супоришҳо ва оғоз ба кори амалӣ.

РӮЗИ ЧАҲОРУМ: Кӯмаки амалӣ ва мавшарат ба ширкаткунандагон ҳангоми кор. Агар шумораи онҳо кам аст, мешавад, фурсати муайяне ҳамроҳи ҳар кадом ба ҷойи воқеа рафт ва кори ӯро мушоҳида кардаву маслиҳат дод. Таҳияи маҷмӯаи чандрасонаӣ аз тарафи шогирдон. Кори зуду хушсифат дар зери фишори мӯҳлати танг.

РӮЗИ ПАНҶУМ: Муаррифии кори ҳар яке аз ширкаткунандагон, баррасии дастҷамъона ва арзишёбию баҳодиҳии ҷузъ ба ҷузъи натиҷаҳои кори амалӣ.

school2

03.01.2014 - Posted by | Душанбе, Матбуот, Таҳсил, Таҷриба | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: