Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар оинаи Укрoина

ukrКадоме зиёдтар хотираҳои хуфтаи ҷанги Тоҷикистонро бедор мекунад — хабарҳои изтиробангези Украина ё тундгӯиҳои байниҳамии тоҷикон дар ин бора? Баъзе аз бархӯрдҳои байни ҳамдиёронам ба “рӯканию мӯйканию гулӯдаронӣ” монанд буда, ташнагии ҳарду тарафи баҳсро падид меорад.

Рӯйдодҳои кунунии Украина ба ончӣ дар ватани мо дар солҳои 1990 гузашт хеле монандӣ доранд. Ду ҷиноҳи тоҷикон фикр мекарданд, соҳиби коранд, аммо масъаларо Русия ҳал мекард. Айнан мисли он рӯзҳо дар деги синаҳо наҷаси нафрат меҷӯшад ва дӯстони наздик, ҳатто аҳли як оила дар муқобили ҳам қомат рост мекунанд. Бархе сарсахтона аз Русия ва амалкардҳои он ҳимоят мекунанд ва бархеи дигар зидди ин кишвар ва зӯргӯиҳои онанд.

“Вақте ман шиорҳои имрӯзаи Қримро мешунавам, ҷудоихоҳии вилояти Ленинободи худамон ба ёдам мерасад,” – менависад як дӯсти фейсбукии ман, — акнун танҳо бародаршаҳрии Симферополу Харков ва тирандозии танкҳои “дуздидашуда” намерасад.”

Ба назари ӯ, бо зӯр сарнагун ва гуреза шудани раҳбари давлат дар пасманзари саркашии ду вилояти Ленинобод ва Кӯлоб аз итоат ба ҳукумати марказии Тоҷикистон дар соли 1992 ва пайомадҳои ҳамаи он имрӯз ба шакли дигаре дар Украина такрор мешаванд.

Дар Фейсбук навиштам: “Чаро дар сарулибоси сарбозони Русия, ки ҳоло дар хоки Украинаанд, ҳеч гуна аломати фарқкунанда, ситора, уқоби дусара ва пачамчаи Русияро намебинем? Оё ин маънии берун аз қонун будани онҳоро надорад? Дар Тоҷикистон низ дида будем, ки танкҳои бенишонаву парчам ба деҳаҳо ҳамла мекарданд, ҳавопаймоҳои беаломат водиҳои кишвар ва урдугоҳи паноҳандагон дар Афғонистонро бомбаборон мекарданд. Касе барои марги садҳо нафар ҷавобгар нашуд.”

Дар ҷавоб дӯстон ба Амрико ҳамла карданд. Ёбу гир! Ба назарам, мафкураи сиёсии тоҷикон он қадар дасткорӣ шудааст, ки имрӯз кам касоне метавонанд, мустақилона фикр кунанд ва бар пояи факту далелҳо натиҷагирӣ намоянд. Бист соли сукут дар баробари зулм ва зӯрӣ онҳоро ба ҷое расонд, ки осонтарин роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилро дар нобуд кардани касе мебинанд, ки, аз нигоҳи онҳо, ин мушкилро ба вуҷуд овардааст.

Васоити таблиғи оми русӣ он қадар мағзҳоро шустаанд, ки одамон ҳама гуна мушкилро ба дасти бегона ва умдатан Амрикову Ғарб рабт медиҳанд. Иттифоқан, дар ин маврид коммунисту мусулмонаш ҳамназаранд. Бақия бар инанд, ки дар ҳамаи бадбахтиҳо мухолифони сиёсӣ айбдоранд, зеро намемонанд, ки ҳукуматҳо кор кунанд.

Осонтарин роҳ? “Одам ҳаст – мушкил ҳаст. Одам нест – мушкил ҳам нест.” Сталин гуфта буд, ба фикрам. Барои ҳамин як шаҳрванди Тоҷикистон дар барномаи мо гуфт, Янукович мебоист аз рӯзи аввал ҳамаи норозиёнро мезад ва нобуд мекард.

Агар ба ин машварат гӯш дода шавад, чӣ теъдод аз мардуми норозиро метавон, ба истилоҳи ин нафар, “зад ва нобуд” кард? Магар ҳукуматҳо барои он даркоранд, ки дигарандешонро саркӯб кунанд? Хуб, агар дар иваз худ ҷомеаҳои озоду шукуфон месохтанд, ҳарфе набуд. “Задан” барои даҳсолаҳо ҳукумат рондан? Барои ба аҳли хонавода ва хешу табор додани иқтисоди як кишвар? Барои паҳн кардани фасоду ришват?

Таркиши Украина бори дигар барои ҳазорон нафар аз шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ интихоби сахти байни суботу оромӣ ва тағйиру пешрафтро ба ёд овард. Ҳамчунин шабоҳатҳои низоми иҷтимоӣ ва шеваи раҳбарӣ дар Украина ва кишвари худ онҳоро водор кард, ки ба ояндаи хеш дар зери “чатр”-и Русия нигоҳ кунанд. Вале оё ин чатре барои аз борону барф паноҳ додани мардум аст ё барои ҳифзи қудрату яккатозии ҳукуматдорон?

Дар суҳбати ман бо таҳлилгари рус Маским Шевченко боз хотирае аз давраи ҷанги Тоҷикистон ва нақши Русия дар он рӯ зад. Вақте ӯ дар бораи ғайриқонунӣ будани ҳукумати нав ва порлумони ба таври қонунӣ интихобшудаи Украина ҳарф зад, худаш аз Тоҷикистони соли 1992 ёд кард ва аз ин рӯ гуфтам: “Он вақт Ҳукумати Муросои Миллӣ таъсис ёфта буд ва он ҳам мисли ин ки ҳоло дар Украина, аз тарафи Русия қонунманд шумурда нашуд ва Русия кӯмак кард, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат расад…”

Ҳамсӯҳбати ман чунин посух дод: “Иштибоҳи асосии Кремл чи нисбати Украина ва чи нисбати Тоҷикистон ин аст, ки Кремл на бо халқҳо, балки бо “агентҳои нуфуз”, яъне ҳокимон кор мекунад. Шумо комилан дуруст мегӯед, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Русияи Елстинӣ бо вазири корҳои хориҷияш Козирев, ки ҳоло корманди ширкати амрикоии дорусозист, на аз иттиҳоди демократӣ – демократҳо, ҳизби исломӣ, Бадахшон, балки аз онҳое ҳимоят кард, ки барояш шеваи кор бо онҳо фаҳмо буд – Фронти халқӣ. Аммо халқи Тоҷикистон сулҳро бо мадади Русия ба даст овард. Иштибоҳи Русия ин аст, ки бо одамони сарватманд ва бонуфузе кор мекунад, ки дар бисёре аз кишварҳо бо ғорати халқи худ машғуланд. Чӣ дар Украина, чӣ Тоҷикистон ё Ӯзбакистон. Ман фикр мекунам, чунин сиёсат наметавонад, ба фалокат табдил нашавад. Аз як тараф бойҳои Русия ба ин кишвар тоҷикон, ӯзбакҳо, қирғизҳо ва украинҳоро ҳамчун ғулом ҷалб мекунанд ва кор мефармоянд ва аз сӯи дигар бо ҳамин гуна одамони бой дар Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон ва кишварҳои дигар кор мекунанд.”

Суханони Максим Шевченко нишасту бархостҳои президентҳои давлатҳои пасошӯравиро пеши чашм меоранд. Кремл

президентҳоеро хуш дорад, ки ҳарчанд ҳаққи мардуми худро поймол мекунанд, ҳукумати гурӯҳию сулолаии фасодзада доранд, иқтисодашон гирифтори фасоду ришват фурӯ аст, аммо ба манфиатҳои Русия арҷ мегузоранд.

Ҳатто бархӯрди мақомоти Русия ва худи Владимир Путин ба муҳоҷирони тоҷику ӯзбак, қирғизу украин, беларусу молдовӣ ва ғайра баёнгари ин аст, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қазоқистону Қирғизистон, Украинаю Беларус ва ғайра барояшонр аҳамият надоранд, магар “дидароӣ”-и Эмомалӣ Раҳмону Ислом Каримов, Нурсултон Назарбоеву Алмосбек Отамбоев, Виктор Януковичу Александр Лукашенко ва дигарон. Маскав на ба ҷомеаи ин кишварҳо, балки раҳбарони онҳо такия задааст. Ин нишон медиҳад, ки мақсади Русия беҳбуди ин мардумон нест, балки таҳти назорати худ нигоҳ доштани ин кишварҳо бо истифода аз сарони онҳост.

Агар раҳбаре истиқлолият нишон диҳад, Русия рӯ ба фишангҳои гуногун ӯро ба зону хоҳанд нишонд. Сармоягузориҳои бузург, гоҳе танҳо ваъдаи онҳо, фишор ба муҳоҷирони корӣ, боздошту ба ин ҳукуматҳо супурдани мухолифони сиёсӣ, бузург кардани таҳдидҳои амниятӣ ва монанди инҳо.

Пас барои ин мардумони ташнаи адлу ростӣ чӣ боқӣ мемонад? Итоат ба “вассалҳо”-и Маскав ё талоше барои тағйири вазъ?

То ҷое ки имкон буд, ин мавзӯъҳоро дар барномаи навбатии худ баррасӣ кардем ва агар гуфтание доред, бо камоли майл хоҳем шунид.

06.03.2014 - Posted by | Сиёсат, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон | ,

1 Comment »

  1. Бо чаноби Шевченко розиям ва хулосахри шуморо низ дастгири менамоям. Чунин мешуморам, ки холо дар чахон бозии шатранч рафта истодааст. Бозингарон – ИМА ва Руссия. Майдони бози – Украина ва Крим.

    Comment by Rustam Gulov (@gulovrr) | 14.03.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: