Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Укроин ва “дарди кампир”

201Шояд мо, журналистон, ба даҳони сиёсатмадорон ин ҳарфро мегузорем, ки рӯйдодҳои имрӯзаи Украина шабеҳи ҳаводиси солҳои 1990-и Тоҷикистонанд. Гирдиҳамоии мухолифон сабаби тақсим шудани ҷомеа гашт, хусумат ба хушунат кашонд, раҳбари давлат ронда шуд, ду вилоят зидди марказ бархост ва яке ҳам шиори ҷудоихоҳиро баланд кард ва ғайра… Аммо бо таъкид бар шабоҳатҳои ду раванд ҳар кас, “дарди кампир — ғӯза”, манзури хоси худро дорад.

Вақте, барои намуна, банда аз ин монандиҳо мегӯям, зӯроварии Русияро дар назар дорам, ки нагузошт, мардуми Тоҷикистон ояндаи хешро, бад ё нек, бо дастони худ созад. Агар дахолати фаъолу ошкорои Русия намебуд, ягон кас ба ҳимояи ҳукумати ноӯҳдабарони Раҳмон Набиеву Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷой намехест. Онҳое, ки мегӯянд, аз ҳукумати қонунӣ дифоъ карданд ва кишварро наҷот доданд, бо сарнайзаи Русия мефахранд. Имрӯз чашмхунгирифтаҳои Қрим мехоҳанд, айни ҳамин “қаҳрамонӣ”-ро такрор кунанд.

Аммо чун давлатмарди имрӯзаи Тоҷикистон ба шабоҳатҳои таърихи навтарини кишвараш бо воқеияти кунунии Украина ишора мекунад, комилан чизҳои дигарер дар назар дорад. Дар зеҳни ӯ эътирозе аз тағйири ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ғалаён мекунаду дар нӯги забонаш ҷумлаи “миллатгароёни украин” ҳамон “бунёдгароёни мазҳабии тоҷик”-анд мечархад ва аммо ҷасораташ намерасад, манзурашро то охир эълом дорад. Ба ҷои ӯ русҳо ин қисмати ақидаашро баён медоранд.

Вақте ӯ мегӯяд, набояд аз зӯр кор гирифта шавад, боз ҳам ин даъвате аз миллатгароёни Украин ва ҳукумати нави ин кишвар аст. Ҳол он ки, агар ҷанге ин мамлакатро дар пеш аст, на аз тарафи Украина, балки аз ҷониби Русия сар хоҳад зад. Русия шояд ҷуръат накунад, рӯшод ба Қрим ҳуҷум орад, вале дар ин 20 соли охир дар идораҳои махсуси ин кишвар ҳунари ташкили низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба дараҷаи олӣ омӯхта ва озмуда шудааст. Агар назархоҳии умумӣ Қримро аз Украина ҷудо накунад, оташ додани ҷанги шаҳрвандӣ дар Шарқи Украина барои ин “мутахассисони хунрезӣ” кори мушкиле нахоҳад буд.

Ҳамон гуна ки дар расонаҳои ахбори оми Русия солҳои 1992-97 ибораи “фундаменталистони исломӣ” нисбати тоҷикони норозӣ ҳар рӯзу ҳар соат садо медод, имрӯз ибораи “миллатгароёни фашистмаоб” нисбати Украина аз ҳамин расонаҳо ҳар лаҳза ба гӯш мерасад. Об, агар қатра-қатра чакад, сангро мешикофад, ин таблиғот тоҷиконро ба ҷони ҳам андохта, мухолифонро дар саросари ҷаҳон сияҳном карда буд, фақат барои он ки Русия онҳоро намехост ва ҳоло Русия ҳокимони нави Украинаро намехоҳад. Ҷолиб аст, ки Русия аз пайдо шудани ҳарбиёни саропо мусаллаҳ ва бе аломатҳои фарқкунандаву мансубият ягон зарра изҳори нигаронӣ намекунад. Пас оё дарвоқеъ ҳадаф амнияти аҳолист?

Дар асл Русия хоҳони ҷанге ҳам нест, ки аз пеш ғалабаашро дар даст надошта бошад ва ҳоло даъвоҳояш бештар барои ҳифзи обрӯ ва нуфузаш дар назди дигар “бародарони кӯчакаш” аст. Кремл дар асл талабгори он аст, ки Қрим аз Украина ҷудо шавад. Ҳамин кофист, зеро он гоҳ Украина наметавонад, узви НАТО шавад, чун бино бар низомномаи ин паймон кишваре, ки гирифтори баҳси марзист, мисли Гурҷистон, ҳаққи узвият дар онро нахоҳад дошт.

Барои Тоҷикистон сабақ ин аст, ки то Русия бо ҳамин роҳ меравад, раҳбари Тоҷикистонро Маскав муайян хоҳад кард ва ҳама гуна тағйире бе ризоияти он маънии ҷанги шаҳрвандиро хоҳад дошт. Ба маълумоти ман, дар соли 1992, тарҳи аввали Кремл ин буд, ки дар муқобили ҳокимияти нави Тоҷикистон Бадахшонро ба пой хезонад. Бисёриҳо шиорҳои ҷудоихоҳии Бадахшонро он вақт дар ёд доранд. Аммо мардуми Помир зиракӣ нишон доданд ва вакили онҳо, вақте ба Душанбе расид, на шиори ҷудошавӣ, балки густариши ҳуқуқҳои мухториятро талаб кард. Ва ҳангоме ки дида шуд, дигарон дар Тоҷикистон омодаанд, бо мардуми худ биҷанганд, тарҳи Бадахшон мавқуф гузошта шуд. Аммо лағв нагаштааст. Агар рӯзе дар Бадахшон садои ҷудоӣ баланд шавед, донед, ки Кремл аз гулӯи Помир ҳарф мезанад.

Иттифоқан дар ҳолати тағйири қудрат дар Тоҷикистон бе ризоияти Маскав, ба Кремл ворид кардани артиш зарур нахоҳад шуд. Ҳафт ҳазор сарбозу афсари пойгоҳи 201 дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб кофӣ хоҳад буд. Бархе ба инанд, ки бад ҳам нест, кишвари хурде мисли Тоҷикистон дар паноҳи кишвари бузургтару қавитаре мисли Русия бошад. Амният таъмин хоҳад буд. Аммо пешрафту рушд ва истиқлолияти ҳақиқӣ ҳаргиз ба даст нахоҳад омад.

09.03.2014 - Posted by | Амният, Русия, Сиёсат, Тоҷикистон | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: