Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Инфографика” ё “доданамо”?

Гирифтани офтоб дар тасвири Абурайҳони БерунӣОдат шудааст, ки ҳама чизи навро ихтирои Ғарб номем. Аммо чанде аз донишмандони номвари Ғарб, аз ҷумла профессор Фредерик Старр, мегӯянд, аксари ихтироъҳои ҷаҳон аз Шарқ ва махсусан Хуросон бархостаанд. Китоби Старр, ки ахиран дар Амрико чоп шуд, дар ин бора далелҳои зиёд дорад ва мехоҳам ҳам дар бораи он чизе нависаму ҳам тарҷумааш кунам, аммо ҳоло мавзӯъ дигар аст.

Истилоҳи наве пайдо шудааст — “инфографика”. Донишнамо? Доданамо? Расмдодаҳо? Дар баргардони ин истилоҳи нави фанновариҳои нав дармондам ва аз аҳли Фейсбук мадад хостам ва дӯсти гиромиям, муҳаққиқ ва рӯзноманигори бузурги эронӣ Маҳдии Ҷомӣ ҳамин вожаҳоро пешниҳод намуд. Вай менависад, дар Эрон ин вожаро “доданамо” баргардон кардаанд.

“Информасюн” (ё “информатсия” — тавре руспарастони тоҷик талаб мекунанд) – маълумот, дониш, додаҳо, огаҳӣ ва ва “графика”  — расм, нақш, сурат, тасвир. Магар ин истилоҳ воқеан нав аст ва дар осори бостонии ниёкони мо вонамехӯрад. Албатта, на худи он, балки мафҳуме, ки ифода мекунад дар мо набуд ва оё чизест, ки имрӯз пайдо шудааст?

Фредерик Старр дар китоби худ “Lost Enlightement” аз осори Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Абӯнасри Форобӣ ва бузургони дигар инфографикаи зиёдеро намуна овардааст. Шояд касе аз миёни онҳое, ки ин навиштаро мехонанд, истилоҳи заруриро барои баргародони “инфографика” пешниҳод кунанд?

Ин андешаҳо дар ҳоле омаданд, ки як доднамо роҷеъ ба пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар қаламрави Шӯравии пешин омода ва нашр кардем. Акнун дар вожаи дигар дармондем, ки доданамои “интерактивӣ”-ро чӣ бояд гуфт. Бархе бар инанд, ки чунин мафҳумҳои навро набояд тарҷума кард, балки ҳамон гунае, ки ҳастанд, пазируфт. Аммо забони модарии мо чӣ қадар тавоноӣ нишон дод, вақте вожаҳои “моҳвора” ё “чархбол”-ро ба дунё овард ва ҳамагон онҳоро пазируфтанд. Ҳол он ки дар таърихи гузаштаи худ мо “сателлит”-у “спутник” ё “вертолёт”-у “ҳелиокуптер” надоштем.

Дарёфт ё бунёди вожаҳои хубро бар дӯши кумитаи забону истилоҳот ё забоншиносон гузоштан кори осон аст. Ба фикри ман, сохтану пешниҳод кардани калимаҳои нав қисман кори рӯзноманигорон ва нависандагон низ буда метавонад ва ҳатто кори хонандагони доно низ. Пас, дар канор намонед ва пешниҳод кунед. Забонро соҳибони забон бояд созанд, на бегонагон.

Дар ин байн яке аз нахустин намунаҳои доданамои Радиои Озодиро ҳам бубинед, ки қисме аз он бо хости Шумо амал хоҳад кард. Яъне интерактив!

Доданамо: Пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар қаламрави Шӯравии пешин

10.03.2014 - Posted by | Ҷомеа | , , ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: