Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Феврали 1990. “Генотсид”

Fevrali 1990aСимои тоҷикон дар расонаҳои ахбори оми Русия имрӯз сохта нашудааст. Ба фикри ман, то рӯйдодҳои феврали соли 1990 ин симо барои русҳо хеле неку гарм буд. Боқимондаҳои он гармӣ ҳатто дар соли 1992, вақте ба Маскав кӯчидам, низ эҳсос мешуд. Вале “Баҳманмоҳи хунин”, ҳарчанд фоҷиаи тоҷикон буд, оғози мавҷи тӯҳмату дурӯғ ба ин мардум шуд ва муҳоҷират онро садчанд бештар кард.

Заҳре, ки “Зангӯлаҳои умед”-и В. Пономарёв дар “Правда”-и он рӯзҳо ба гӯши мардум рехт, то ҳоло мағзи онҳоро саратони тоҷикситезӣ кардааст. Акнун рогозинҳову худяковҳову семеноваҳо ба он ҳама дурӯғ ҳазорон дурӯғи нав зам мекунанд ва феврали соли 1990-ро “қатли оми русҳо дар Тоҷикистон” меноманд. Ҷӯяндаи “Гугл” дар ним сония дар ин бора 150 000 матлаб медиҳад. Таърихе навишта мешавад, ки даҳсолаҳои оянда ба пойи мо теша хоҳад зад.

Мақомоти вақти Тоҷикистон, ки ба хотири ҳифзи қудрати худ ба бадном кардани халқ манфиатдор буданд, аз тӯҳматҳои Пономарёв, ки ҳоло ошкор шуд, афсари баландрутбаи КГБ-и СССР будааст, ҳимоят карданд. Онҳо манфиати худро аз манфиати миллӣ боло гузоштанд, ба ин осиёи тӯҳмати бебаркаш об рехтанд ва барои шустани гуноҳи худу пок сохтани номи миллат ягон иқдом нагузоштанд.

Воқеа ин буд, ки 12-уми феврали соли 1990 неруҳои Шӯравӣ тазоҳуроти мардумро дар Душанбе ба хун кашонданд ва дар ин воқеаҳо 26 нафар кушта шуда, зиёда аз 400 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд.

Дар ҳоле ки боварбахштарин фарзия хадамоти амнияти Шӯравӣ ва ҳукумати марказии онро созмондиҳандаи рӯйдодҳои феврали соли 1990 дар Тоҷикистон мешуморад, натиҷагирии ғамангезе ҳосил мешавад, ки моро куштанд, саркӯб карданд ва дар ниҳояти амр гунаҳкори ин ҳама номуданд. Айни он матали машҳуре, ки дузди зӯр соҳиби говро бастааст. Шояд сарнавишти миллатҳои кӯчаке, ки раҳбаронашон худфидо нестанд, ҳамеша ҳамин будаасту ҳаст?

Дар арафаи солгарди он рӯйдодҳо матбуоти Русия на танҳо бори дигар аз “қатли оми русҳо дар Тоҷикистон” ҳарф зад, балки як фарзияи дигарро ба миён гузошт. Маҷаллаи “Свободная Пресса” навишт, аз кор афтодани системаи “Харчанг” (“Краб”)-и хадамоти махфии Шӯравӣ сабаби ошӯби 12-уми феврали соли 1990-и Душанбе шуд.

“Свободная Пресса” ба нақл аз пажуҳише, ки Академияи Тафаккури Нав дар соли 1993 анҷом дод, навишт, ҳарбиёни шӯравӣ аввалин бор системаи таъсири равониро бо унвони “Радиогипноз” дар соли 1973 дар қисми ҳарбии 71592 дар Новосибирск санҷдаанд. Шеваи кори он чунин буда, ки пахши нурҳои басомади баланд (сверхвысокочастотное излучение) калавишҳои савтиеро дар мағзи сари инсонҳо ба вуҷуд меорад ва рафтори онҳоро муайян мекунад. Пайнавишти ин озмоишро академик Ю.Кобзарев, доктори улуми физикию математикӣ Э.Годик, генерал-полковник В.Н. Абрамов имзо кардаанд ва бунёди силоҳи равонӣ ё психотрониро ҳанӯз дар соли 30-юми садаи гузашта корманди илмии Институти рентгени комиссариати тандурустии Қрим Б. Г. Михайловский гузоштааст.

Ин силоҳи равонӣ, ба гуфтаи мутахассисон, василаи таъсири идорашаванда ё тахрибкунанда ба зеҳни одамон ё ҳайвонот аст. Бо вуҷуди он ки дар бораи чунин аслиҳа зиёд суҳбат мешавад, истифодаи он дар ҳеч кишвари ҷаҳон то ҳол исбот нашудааст, чи монад ба рӯйдодҳои феврали 1990 дар Тоҷикистон. Аммо шакке нест, ки дар он воқеаҳо аз мағзшӯии оммавӣ ва ҳамлаҳои равонӣ васеъ истифода шудааст. Мутахассиси рус Александр Север дар китоби “Таърихи КГБ” менависад, ҳарчанд пешгирӣ аз ошӯбҳо яке аз вазифаҳои умдаи хадамоти ҷосусии Шӯравӣ буд, дар фурсатҳои муайяне он худ ба ташкили чунин воқеаҳо, аммо дар шакли идорашаванда даст задааст.

Кормандони собиқи ин ниҳод дар Тоҷикистон низ борҳо гуфтаанд, ки дар рӯйдодҳои “баҳманмоҳ” Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон чандин амалиёти дасткории равониро анҷом дод, то ин воқеаҳоро таҳти назорат дошта, ба самти дилхоҳ равона кунад. Яке аз онҳо, Абдулло Назаров, дар чанд мусоҳибааш ин кумитаро созмондиҳандаи “баҳманмоҳ” номидаст. Ба ақидаи сардори гурӯҳи тафтиши ин рӯйдодҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон Солеҳҷон Ҷӯраев, раиси Кумитаи амнияти давлатии Шӯравӣ В. Крючков, раиси ин ниҳод дар Тоҷикистон В. Петкел, сардори раёсати “З” (зашита конститутсионного строя) генерал В. Воротников, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”, полковник М. Головатов даст доштанд. Иттифоқан ҳамаи ин афрод дар табаддулоти давлатии соли 1991 дар Маскав низ ширкат карда, пас аз шикасти он аз вазифа рафтаанд.

Вале оё Кумитаи амнияти давлатии СССР чӣ зарурат дошт, дар моҳи феврали соли 1990 вазъро дар Душанбе баҳам занад? Таърихнигорон рӯйдодҳои Душанберо ҳамсони ошӯбу саркӯбҳо дар ҷамоҳири Соҳили Болтик, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова шумурда, ҳамагиро ба талоши ҳифзи якпорчагии Иттиҳоди Шӯравӣ бастагӣ медиҳанд. Зимнан ин хулоса ва ширкати фаъолонаи раҳбари порлумони шӯравӣ А. Лукянов дар ин фароянд дар хотираҳои ӯ зикр гаштааст.

Сакароти Шӯравӣ дар ҳамаи ин кишварҳо ва худи Русия низ ҷунбишу созмонҳои ғарирасмиеро ба миён овард, ки аз як сӯ барои расидан ба ормонҳои миллию озодихоҳӣ ва аз сӯи дигар қудрат талош мекарданд. Кишварҳои ҳошиягии СССР, аз ҷумла Тоҷикистон ба системаи ягонаи амниятии ин кишвари паҳновар шомил ва биноан, ҳамеша дар зери заррабини хадамоти махфӣ буданд. Маскав аз нишонаҳои ҷудоихоҳии онҳо дар ҳарос буд, ҳарчанд бар пояи конститутсияи СССР ҳар ҷумҳурӣ дар лаҳзаи дилхоҳ метавонист, аз ҳайати он барояд.

Ба ақидаи шоҳидони “баҳманмоҳ” ва ҳам кормандони собиқи Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ангезаҳои нооромӣ дар Тоҷикистон хеле пештар аз феврали 1990 дар ҳаво мечархид ва аз талоши рӯшанфикрон барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикии форсӣ сар шуда буд. Аввали соли 1989 нахустин тазоҳурот дар пояи пайкараи Ленин ба вуқӯъ пайваст ва дар ин байн маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ” ва ҷунбиши “Растохез” таъсис шуда, бахши умдае аз аҳолии Тоҷикистон бо ҳақталошиҳо вориди саҳнаи сиёсат гашт. Масъалаи забон русҳо ва русизабонҳои кишварро дар тарафи дигари сангар гузошт ва Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ки аксари кормандонаш русзабон буданд, дар ин ҷабҳагирӣ бетараф намонд.

Раиси вақти ин ниҳод В. Петкел дар хотираҳои худ ошкоро мегӯяд, тамоми имкониятҳоро истифода кард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода нашавад. Барои ин аз як сӯ аҳолӣ ва матбуоти русзабон таҳрик дода шуда, аз сӯи дигар ба сарони нерӯҳои нави сиёсӣ, рӯшанфикрон ва давлатмардон таъсиру таҳдид сурат мегирифт. Барои тавҷеҳи чунин мавзеъгирияш КГБ-и Тоҷикистон созмонҳои навтаъсиси миллиро ба исломгароӣ гунаҳкор мекард ва онҳоро бо муҷоҳидони афғон, хонда шавад – вазъи марзҳои ҷанубии СССР, пайванд медод.

Охири соли 1989 сардори бахши бозрасии КГБ-И СССР Сергей Толкунов ба Душанбе омад ва зиёда аз як моҳ дар ин ҷо монд. Вай бо дастури раҳбарияти ин ниҳод кори хадамотро дар Тоҷикистон ғайриқаноатбахш номид. Ҳозирони як ҷаласаи ӯ ба ёд меоранд, ки Толкунов гузориши раҳбаронро дар бораи вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон дар ними сухан қатъ кард ва гуфт, онҳо аз ҳеч чиз хабар надоранд, дар ҳоле ки дар кишвар даҳҳо гуруҳи мусаллаҳ ва созмонҳои махфии террористӣ фаъолият дошта, мехоҳанд ҷумҳурии исломӣ таъсис диҳанд.

Дастурҳои Толкунов онҳоеро, ки аз сиёсатбозиҳои Петкел норозӣ буданд ва мегуфтанд, мухолифаташ ба мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҷумҳуриро ба нооромӣ хоҳад кашонд, “забонкӯтоҳ” кард. Ҳанӯз Толкунов ба Маскав барнагашта, сардори раёсати “З” генерал Валерий Воротников ба Душанбе омад ва гуфт, аз гузоришҳои Петкел дар бораи вазъ сахт нигарон аст. Петкел ва кумита маҷбур буданд, фаротар аз ончӣ мекарданд, қадам ниҳанд.

Дар ин байн Тоҷикистон ба аввалин интихоботи озоди худ омодагӣ медид, ки ба охири феврал рост меомад. КГБ-и Тоҷикистон ба раҳбарияти кишвар ҳушдор дод, ки растохезиён бо исломгароён “забон як кардаанд” ва дар интихобот коммунистонро шикаст хоҳанд дод. 26-уми январ аъзо ва хайрхоҳони “Растохез” дар хиёбони марказии шаҳр раҳпаймоӣ карданд ва аз ҳукумат хостанд, Ҳизби коммунист ва мақомоти давлат ба интихоби озоди мардум халал нарасонанд. Ду рӯз баъдаш коргардони номвар Евгений Кузин дар бораи ин намоиш филме таҳия намуд, ки мояи нифоқи бештар гашт. Баъдан ӯ ин филмро бо ошӯбҳои февралӣ “монтаж” кард.

11-уми феврал гуруҳе аз мардум, ки аз овозаи интиқоли гурезаҳои арманӣ ба Душанбе ва таъмин шудани онҳо бо манзил дар биноҳои навсохт шӯрида буданд, дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гирди ҳам омаданд. Чанде аз муаллифон муътақиданд, ки ин овозаҳоро КГБ паҳн карда буд. Намояндагони давлат ба назди онҳо баромаданд ва пас аз шунидани арзу шикоятҳо ваъда доданд, ки рӯзи дигар, соати 15:00 ба ин шикоятҳо ҷавоб медиҳанд. Аммо рӯзи дигар, вақте мардум аз нав ҷамъ омад, раҳбари кишвар, Қаҳҳор Маҳкамов ба назди онҳо набаромад, зеро сардори КГБ-и Тоҷикистон, Владимир Петкел, ӯро тарс дод, ки ҷамъомадагон мусаллаҳанд ва ӯро куштан мехоҳанд. Ин дар ҳоле буд, ки гурезаҳои арманӣ аз Душанбе рафта буданд ва Маҳкамов метавонист, бо ин паём мардумро ором кунад.

Илова ба ин неруҳои амниятӣ ва милиса бо сипару калтак дар баробари мардум гузошта шуданд ва бо аввалин ҳаракати гирдиҳамомадагон аз калтакҳо истифода карданд. Чанд нафар захмӣ ва хуншор шуд. Дар табақаи ду ва сеи бино ҳарбиёни мусаллаҳ саф кашида буданд ва ҳангоме ки тазоҳуркунандагон ба дохили бино ворид шуданд, тирандозӣ сар шуда, дар ним соати баъдӣ 5 нафар ва дар идомаи рӯйдодҳо 21 нафари дигар кушта, наздик ба 400 тан захмӣ шуданд. Мақомот ва пеш аз ҳама раҳбари КГБ худи тазоҳуркунандагонро гунаҳкор кард, ки ҳамдигарро парондаанд, аммо тафтиши ҷиноии рӯйдодҳо нишон дод, ки ҳамаи кушташудагон ва захмиён натиҷаи истифодаи силоҳи низомиён будааст. Шоми он рӯз Қаҳҳор Маҳкамов аз тариқи телевизион аз мардум даъват кард, мусаллаҳ шаванд ва аз худ дифоъ кунанд.

Як сол баъдаш, дар моҳи сентябри соли 1991 Петкел, ки дигар аз мансаб рафта буд, гуфт, фармони тирандозиро Қаҳҳор Маҳкамов додааст, аммо тафтишот баро ин нукта далел пайдо накард ва гуфта мешавад, дастури оташро фармондеҳони бевоситаи неруҳо додаанд. Пас аз ҳалокати даҳҳо нафар тазоҳуркунандагон даст ба харобкориҳо заданд. Аммо бархе аз шоҳидон мегӯянд, шикастани шишаҳо ва ғорати фурӯшгоҳи ҷавоҳирот ва дигар муассисаҳо дар маҳалли ҳодиса ҳанӯз замоне шурӯъ шуда буд, ки мардум раҳбари кишварро ба назди худ даъват мекард, то ҷавоби талабашро шунавад. Бархе аз муаллифон дар хотираҳои худ ҳадс мезананд, ки ин бахши воқеаҳо низ тарҳрезишуда буд.

Тақрибан ҳамаи шоҳидон мегӯянд, дар рафти воқеаҳо даҳҳо овозаи яке аз дигаре ваҳшатангезтар паҳн мешуд, ки баъдан дурӯғ будани бахши аъзами онҳо ошкор гашт. Аммо инҳо овозаҳое буданд, ки дар они воҳид хуни одамонро ба ҷӯш оварда, онҳоро таҳрик медоданд. Хабарҳои расмие, ки КГБ ба раҳбарони мамлакат мерасонд, аз ин овозаҳо камӣ надоштанд. Аз ҷумла хабарҳои сӯхтани корхонаи шароб ва автовокзал, тикаву пора шудани як кӯдаки рус, гаравгон атфодани кӯдакон дар як боғчаи бачагон, аз сари пул ба дарё афканда шудани як зани обистани рус ва ғайра. Айни ин маълумоти дурӯғ дар мақолаҳои давомдори В. Пономарев дар “Правда” рӯзномаи асосии СССР ба чоп расид. Дертар ошкор шуд, ки ӯ на хабарнигори ТАСС, балки афсари собиқадори КГБ СССР буда, дар рӯйдодҳои хунини Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Соҳили Болтик низ ширкат кардааст.

Дар ин пасманзар тоҷикон дар саросари шӯравии пешин ҳамчун мардуми бераҳму ваҳшӣ қаламдод шуданд ва раҳбарони ҷумҳурӣ на танҳо натавонистанд, пеши роҳи чуин таблиғотро гиранд, балки обрӯи худи онҳо ҳамчун афроди ноӯҳдабаро, тарсу ва бечора ба замин рехт. Се раҳбари аввал — котиби якуми кумитаи марказии Ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев ва раиси порлумон Ғоибназар Паллаев истеъфо дода, рӯзи баъдаш ба талошҳои он ки гӯё ду вазири дигар – Бӯрӣ Каримов ва Нур Табаров даст ба табаддулот заданд, ҳамроҳ шуданд ва дар сари қудрат боқӣ монданд.

Пас аз чандин сол ҳуқуқшинос Солеҳҷон Ҷӯраев ба нақл аз парвандаи тафтишот гуфт, сарони олами ҷиноии Душанбе низ қабл аз сар задани нооромиҳо дар қаҳвахонаи “Пингвин” машварат оростанд ва гӯё роҳҳои иҷрои дастуреро баҳс карданд. Ва Владимир Петкел дар хотираҳои худ менависад, ҳам КГБ ва ҳам болонишинони ҳизбӣ он солҳо маҷбур мешуданд, бо олами ҷиноӣ дар тамос бошанд ва аз мадади он истифода кунанд.

Дар ҳоле ки тафтиши ҷиноии рӯйдодҳои феврали 1990 ба ҷое нарасид ва касе барои марги 26 нафар гунаҳкор нашуда, ҷазое ҳам нагирифт, ҷанги солҳои 1992-97-и Тоҷикистон бо марги даҳҳо ҳазор нафар фоҷиаи “баҳманмоҳ”-ро дар сояи амиқи худ гузошт. Аммо ин ҳақиқат ҳам дар миён аст, ки рози ҷиноятҳои ба дараҷаи олӣ тарҳрезӣ ва иҷрошуда одатан нокушода мемонад ва акнун ҳадс мезананд, ки нуру мавҷҳои радиоӣ мағзи мардумро гиҷ карду Душанберо он вақт ба гирдоби ошӯб кашонд.

Вақте фишурдаи ин матлаб ба нашр расид, сокини шаҳри Душанбе бо номи Маҳмуд дар ҳошияи он чунин овард: “Одами бофаҳм ба ҳамааш сарфаҳм меравад. Нимчамуллою Сангаку Файзали хама бозичаи дасти ин режисёрон гаштанд ва то имруз дар матбуоти Россия оиди пора-пора кардани кудаки рус ва тачовузи дастачамъии зани рус чунон бо эътимод мегуянду менависанд, ки 99% мардуми Россия ба ин бовар кардаанд ва хатто сиёсатмадорони Россия (аз забони Жириновский даххо маротиба ин нукта садо додааст) то имруз хамеша аз он ёдовар мешаванд. Вале матбуоти Точикистон ва давлатмардони он барои ин тухмату дуругро аз байн бурдан (ё акалан кам кардан) кариб хеч кушише накардаанд ва аламаовараш хамин аст.”

Дар посух мутахассиси нанотехнология Хурсанд аз Маскав чунин паём фиристод: “Фикр мекунам мо бояд зиёдтар дар бораи сарчашмаи мушкилӣ андеша кунем на дар бораи натиҷаҳои он. Сарчашмаи мушкилӣ дар он буд ва ҳаст, ки мардуми беилму бетафакурро идора кардан осон аст. Ва барои ин ҳеҷ як таҷҳизот ҳам лозим нест. Ҳоло ҳам мо айб меҷӯему ину онро гунаҳкор мекунем ва боре ба худ наменигарем, ки оё то куҷо худ беайб ҳастем. То куҷо аз илми рӯз бохабар ҳастем(илми руз ин на онаст, ки дар facebook ва ғ. шишта руз то бегоҳ ғайбат кунем). Мутассифона мақоми илм ва олимон дар ҷомеъаи мо хеле ночиз аст. Аммо бубинед, ки чигуна як олим метавонад сабаби таъғир додани инсоният гардад. Ман шахсан вақте ин мақоларо хондам барои ман аҷиб тарзи кори чунин таҷҳизот буд ва бо сабаби ин хеле маълумотҳо низ гирифтам.”

12.03.2014 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Русия, Таърих, Тоҷикистон |

3 Comments »

  1. Дасти устод дардро набинад ва хохиш дорам,ки хар чи зиёдтар дар ин матлаб бинависед ва хатман онро ба забони руси пешкаш намоед.
    Як бор хондан басанда нест,бори дигар мехонам,,,,,

    Comment by Имоммухаммад | 12.03.2014 | Reply

  2. Устод, шояд Шумо шак дошта бошед, аммо ман мутмаинам, ки точик ба харгуна чиноят (кушор, тачовуз, дузди, горатгари) кодир аст. Чи номаъкулие ин миллат накард, хатто кудакони ботини занхоро куштанд бо идаои он, ки онхо аз кавми дигаранд. Дар мактаби 8, ки мактаби руси буд, ба номуси хонандагони синнашон ба 18 нарасида, даст заданд. Имруз ба сахфаи Кумитаи муфаттишии Россия сар занед ва калимаи Точикистонро кобед, мебинед, ки ориёихо ба чи чиноятхое даст мезананд.

    Comment by Самандар | 13.05.2014 | Reply

  3. саломат бошед огои самандар.лекин одам бояд дурандеша бошад.пода бе гусолаи т-к намешад,шумо магар аз ахволи бечорагону,бесохибдаракони халки мову шумо хабар доред,ХАМА хунрезихоро солхои чанг аз маскав идора мекарданд ва холо хам ба ном мо давлати СОХИБИСТИКЛОЛ хастем.Холо хам худи русхо коили онанд ки менталитети мо аз дигархо фарки мусбати дорад..1,5 миллион чавонони точик бе сарпущ яъне аз панду насихатхои падару бобохояшон “сагир”мондаанд,синфи 8-9 ро тамом накарда нони гарибиро чашида боз харкалонхои ВАТАНРО бо хар як бахона /аз сафоратхона то ба манзилашон расидана”мехуронанду мехуронанд.АКНУН ГУЕД КИ БА ИНАШ ХАМ БОЗ МО ГУНАХКОРЕМ.?

    Comment by anvari | 19.11.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: