Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Лабханди пеш аз марг

bargНовеллае барои дӯстон. Бо умеди ин ки назару бардошти худро менависанд ва ба ин кори банда баҳо медиҳанду роҳи ӯро рӯшан мекунанд.

Болин дар он ҷое ки вай сар мемонд, шикофи гирде дошт. Рост дар баробари хобаки сари ӯ. Вақте чашмонашро мепӯшид, пушти сараш сангин мешуду ҷуссаи хурдашро аз ин сӯрох поён мекашид ва ӯ сарозер ба як чоҳи сиёҳу амиқу сард фурӯ мерафт. Сараш сангин, танаш мисли пари коҳ сабук. Дар ғояти тарс чашмонашро боз мекард, то ба қаъри чоҳ наафтад.

Танҳо ёдбудҳоянд, ки ӯро шод медоранд. Регзори соҳил. Садои мавҷҳо. Шаббода. Пилкҳояш гарми пинак мешаванд, аммо бо фиғон чашм боз мекунад. Пушти сараш чоҳест, бетаг.

Аҷиб аст, ки акнун ҳамлаи дард камтар шудааст. Дирӯз, вақте пизишк аз ӯ хост, дардашро тасвир кунад, донист, ки нерӯ, шакл ва ранги онро фаромӯш кардааст. На, сиёҳ набуд. Аммо чаро беихтиёр ба мавҷҳои тирасабзи уқёнус меандешад? Гӯё шаб асту ӯ дар лаби об нишастааст. Нурҳои моҳ дар чинҳои об мисли дурахши чашмҳои зиёде дар зери ҳилоли абрӯвонанд Мавҷҳои торик шабеҳи дастҳои афродест, ки як бори дигар зӯр мезананду боло меоянд ва сипас ғарқ мешаванд. Номи беморияшро низ аз ёд бурдааст. Шояд ҳама чиз замоне гум шуд, ки ӯ аввалин бор ҳис кард, ба чоҳи сиёҳ сарозер мешавад. Фикр кард, беморияш номе надорад, балки дарди касест, ки байни замину осмон муаллақ мондааст.

Мавҷҳо ба соҳил мезананд ва дард боло мегирад. Баъд оби кафколуд аз рӯи сангҳои соҳил ҷӯя мешавад ва дард низ ӯро тора-тора тарк мекунад.

…Шаб. Дарё. Об. Кафк. Шир. Ширеш. Фикр мекунад, ширеш аз шира аст. Шира шояд аз ширинист. Шир нахустин ғизои инсон аст. Шири модар ширин аст. Чаро дӯст доранд, ки ба шири модари худ савганд бихӯранд? Ё модарон дар сари хашм мехоҳанд, ширашонро ба ҳаво поланд? Шири модарам ҳаром, мегӯянд, чаро? Шири модарам аз гулӯям омад, чаро? Оё шир аст, ки устухонро сахт мекунад?

Дуруст аст, ки инсон дар вопасин лаҳзаи умраш нахустин лаҳзаи онро ба ёд меорад? Шояд дуруст нест, зеро ин ҳама муддат ӯ на ба он меандешад, ки чӣ қадар зист, чӣ гуна зист, балки чаро зист ва бо ин умре, ки Офаридгор барояш дод, чӣ кард? Аммо кафки обҳои уқёнус ширро ба ёди ӯ меоранд. Наметавонад пайванде байни онҳо ёбад ва дар шигифт аст, чаро ба ширеш меандешад.

Мурдан дар қаъри уқёнус чист? Оромии тамом? Шояд уқёнус рамзи зиндагист? Бархе ғарқ мешаванд ва бархе рӯи об меоянд. Магасе, ки ба коғази ширадор дармонда ва соатҳои дароз ғингос мезад, ширешро барояш ба рамзи ҳаёт табдил додааст. Бо чаҳор дасту по ба он мечаспанд, ҳарчанд медонанд, оқибаташ чист. Ин магас ҳам дар рӯи ширеш нимабаста ва нимараҳост. Шояд раҳо шавад, шояд на. Ҳатман боз соате ғингос хоҳад зад ва сипас ҷон хоҳад дод. Дар талоши парвоз ба пайкари хушке табдил хоҳад ёфт. Фаррош он қоғазро дуқат хоҳад кард ва ба халтаи партовҳо хоҳад афканд…

Мавҷҳои тирасабзи об мисли домони ҷомаи дарвеш лахт-лахт ва монанди ширеш кашол-кашолаанд. Ноаёну бесадо меғеланд, вале чун нишемане ёфтанд, маҳкам мепечанд. Гӯё селаи сагони мурдахор аз домони дарвешони гурезон мегирад. Ҳама чиз лахту латра мешавад. Магас ҳарчӣ бештар даступо занад, ҳамон қадар сахттар дармемонад.

Пилкҳояш мебандад ва ӯро ваҳшат пахш мекунад. Боз ба чоҳ сарозер мешавад. Ин чоҳ ҳар дафъа дигар мешавад. Ин бор на ранг дорад ва на бӯ. Бимзадаву шитобон чашмонашро во мекунад. Магар ин нест, часпидан ба ширеш?

Гӯшҳову гӯшаҳо ҳама ширазада, дастҳо ва пойҳо баставу гирифтор. Аммо маркази ин коинот, яъне шуур — озод ва дурпарвоз. Монанди кабӯтаре дар осмони кабуд пар мезанад ва ба дуродур мепарад, аммо фақат то он лаҳзае, ки уқоби тезчангол ба ин кабӯтари бепаноҳ мерасад ва онро дар қавси худ мегирад ва меғавжад. Парвоз ва ҳабс. Бадтарин дард онест, ки дар хуштарин лаҳза мерасад.

Вай ба ин меандешад, ки шояд дарди дилаш монанди тобасанги сиёҳи бузургест, ки аз соҳили обҳои сиёҳ бардоштаву ба руи синаи ӯ гузоштаанд ва ончунин пурвазн аст, ки тамоми ҷисми вайро ба қаъри замин мегӯронад. Ба гӯр мебарад. Дар оғоз гӯё сӯзанҳои зиёдеро ба дили ӯ мехалонанд. Агар тоб овард ва садое дарнадод, санги сиёҳи бузургро ба рӯи дилаш мениҳанд…

Зиндагӣ ин қадар ширин аст ва ин қадар сахт! Зиндагӣ парвози озод аст ба авҷи авҷ ё қаъри мавҷ.

— Кӣ гуфта ки инсон озод ба дунё меояд? — пурсид аз худ. Ва посух дод: — Музахраф гуфта! Инсон ҳамеша дар ҳоли гузариш аз як зиндон ба зиндони дигар аст. Дар фосилаи роҳи байни маҳбасҳо як дами осуда мезанад ва шодмонии ин як нафаси кӯтоҳу бозу сабук ӯро ҳисси дурӯғини хушбахтӣ медиҳад, дар ғояти кайф намедонад, кай вориди зиндони дигаре шуд ва ӯро барои чӣ муддате маҳкум ба ин зиндон кардаанд.

Тангкӯчае бо тамоми ҷузъиёташ ба ёдаш мерасад. Бо дарахтони сокиту ғамзада, вале сарбаланду пойдор, бо кулбаҳои назарногир ва як-ду қасри шигифтангези мобайни онҳо, бо шир-шири обаке дар ҷӯйбори пурлой ва хиш-хиши хазони зери пой. Вақте аввалин бор дилат дард мекунад, ногаҳон тан медиҳӣ ва мефаҳмию мепазирӣ, ки ҷисмат, ин бадане, ки ин қадар дӯсташ медоштӣ ва хидматашро мекардӣ ва барояш меболидӣ аз ихтиёри ту берун рафтаву ба ихтиёри Худованди бузург ё табиат гузаштааст ва дигар ба амри ту итоат намекунад. Ҷисми ту дигар аз ту нест. Он гоҳ хоҳӣ донист, ки аслан ҳеч чиз нестӣ ва ҳама чизе ки то он лаҳза бароят иттифоқ афтод ё хобу хаёле буд ё фанду фиребе зудгузар…

Амвоҷи часпаку гандида ҳама гуна ҳаракат, ҳатто ҳаракати ноаёнро низ асири худ мекунад. Инро метавонист замоне бигӯяд, ки аз ӯ боз бипурсанд, дардаш чӣ навъ аст ва бо ӯ чӣ мекунад. Аммо акнун касе намепурсад, шояд барои онки дигар муҳим нест. Мавҷ аз пайи мавҷ дард меояд ва мавҷ пайи мавҷ бузургтару бузургтар мешавад ва ба назараш чунин метобад, ки ширеши гандида ӯро то гулӯ фурӯ кашидааст ва на об, балки ботлоқи муррабоист, ки ҳар сония ӯро амиқтар ба комаш мекашаду мекашаду мекашаду мекашад. Бӯйи ҷомаи гандидаи дарвеш меояд.

Вақте мехоҳад, воқеъбинонатар дарди худро ташхис кунад, чашмонашро мебандад ва пеш аз онки ба чоҳ сарозер шавад, ҳис мекунад, гӯё табаре ба синааш халондаанд ва гоҳе ки мавҷи дард меояд, теғе, ки ба ҷисми ӯ фурӯ рафтааст, меларзад, меҷунбад, такон мехӯрад. Касе мехоҳад сандуқи синаи ӯро дударон кунанд. Ҷисми нафису гарми инсонӣ ва оҳани тезу сарду сахту шикофанда. Мағзаш ин натиҷагириро низ намепазирад. Ин ҳама ҳазёни ӯст — мавҷ, санг, чоҳ, табар, ҷомаи дарвеш…

Дар куҷое хонда буд, ки дарди дил сахттарин дард аст, зеро дил худ як ҷаҳон аст ва кас нахоҳад тавонист, дарди як ҷаҳонро бардорад. Вай чеҳраҳову башараҳои гуногунро ба ёд меорад. Ҷамъе аз онҳо гӯё интизори ҳамин лаҳза буданд, ки дарро во кардаву дохил меоянд ва боз як тобасанги сиёҳи бузургеро ба рӯйи синаи ӯ мегузоранд. Вазни он табарро дарунтар зер мекунад. Дард сӯзонтар мешавад. Акнун ин на мавҷ аст ва агар мавҷ аст на моеъ ва ё мавҷ санг бастааст ва кӯҳ шудааст ва санги вазнин тани ӯро пахш мекунад…

Баъд аз чанд нолаи ҷонгудоз дард ба фаввораи ҳубобҳои оҳанӣ табдил меёбад, ки аз умқи вуҷудаш боло меояд ва роҳи нафасашро мебандад. Чӣ чизе меҷӯшад он ҷо? Чӣ филизе об мегардад?

Гоҳи дигар дард ба чанголи Иблис монанд мешавад, ки аввал бозӣ ба бозӣ ва тадриҷан бо тамоми хашм дили ӯро механҷад, меғавжад ва месунбад. Дард бо дили ӯ бозӣ мекунад, зеро дили ӯ хеле муддат бо дард бозӣ кард. Касе бастаи сӯзанҳо дар даст дорад ва ҳар лаҳза сӯзанҳоро ба дили ӯ мехалонад. Пардаҳои дилаш сӯрох мешаванд ва ҳубобҳои қӯрғошимӣ дона-дона берун меоянд…

Маҷрои хун дар ин пардаҳову рагҳои дарида ва шикофта саргардон аст. Хун масири ҳамешагии худро гум кардааст ва роҳ меҷӯяд. Меҷӯяд, намеёбад.

Солҳо пеш аз ин, вақте ки пас аз баҳсҳои шадид дар долони донишгоҳ сар ба зер қадам мезад, дар назараш чунин менамуд, ки раҳрав пур аз ҳашароти хабисранг аст ва онҳо дар зери пояш ба ҳар сӯ мехазанд. Акнун, вақте рӯзи дарозу шабҳои тира дар бистар рӯ ба боло хобидааст, ба чашмаш чунин меояд, ки ин ҳашарот аз деворҳо боло мехазанд ва шифтро сиёҳ мекунанд. Онҳо дар масири худ нақши қаҳваие боқӣ мегузоранд. Ҷӯяҳои хуни карахт. Мавҷҳои тирасабз ҳам наметавонанд ин ҳашарот ва рихи онҳоро аз шифту девор бишӯянд. Зинда бод ҳашара! Даври ҳашара расидааст.

Агар даври ҳашара расидааст, пас даври ӯ тамом шуд. Вай қодир нахоҳад буд, ки дар ҷомеаи ҳашарот ба сар барад. Акнун фақат марг мондааст, аммо он ҳам монанди ҳашарае ин қадар суст-суст ба самти ӯ меояд, монанди суск меояд. Ҳашара вақте мебинад, ту гирифтораш ҳастӣ низ мисли мавҷҳои тирасабз ба бозӣ меояд. Зинда бод ҳашара!

Худ дидааст, ки ҳашара аз ҳар панҷаи Иблис қатравор ба фарш мечакад ва зуд ҳама ҷоро пур мекунад. Лобуд, ҳоло дар бофтаҳову рагҳои лахтгаштаи ӯ на хун, балки маҷрои ҳашара дар ҳаракат аст. Пас марг меояд. Хуш меояд! Марг ягона ҳақиқат ва ягона наҷот аст.

Зеҳн монд, ки ҳаросе аз марг надорад. Фикр кард, оё замоне буда, ки вай аз мурдан тарсида бошад? Ба ёдаш меояд, ки паҳлавоне бемор буду интизори марг, аммо Азроил намеомад ва умр барои бемор ба ҷазои яздонӣ табдил мегардад. Ҳаркӣ сахт зист, сахт мемирад. Дар ниҳояти амр, ҳатто ҳамсари маҳбубаш ҳам аз паҳлавони пешин, ки касе нирӯмандтар аз ӯ набуд, безор мешавад ва дуо мекунад, кош марг даррасад, то ҳамаро аз интизории беохир раҳо кунад.

Шеваи мурдан баёнгари сабки зиндагист. Ҳамон гуна хоҳӣ мурд, ки зистӣ. Аммо ин ҳам наметавонад, ҳақиқати бебаҳс бошад. Паҳлавон ҳамеша пирӯз меомад, ба касе тан намедод, сар намефуровард ва ниҳоят донист, ки ғайри хоҳиши хеш ва аз рӯи ҳамин гарданшахӣ намехоҳад, ба мурдан ҳам тан бидиҳад. Равонаш омодаи марг аст, вале танаш ҳанӯз зистан мехоҳад. Замоне шудааст, ки ҳазорон нафар, агар бистарӣ ҳам нестанд, рӯҳан кайҳо мурдаанд ва танҳо лошаи онҳо дар кӯчаву хиёбон равуо дорад. Ҷисм аст, ки аз пайи қуте мегардад ва рӯҳи озурда кайҳо ин ҷисмро тарк кардааст. Лаҳзаҳое ҷисм ёди рӯҳ мекунад ва дар ҷустуҷӯяш меравад. Ин аст муҳоҷират.

Чашм ба шифт давонд. Ҳашарот намудор набуд. Ҳодисаи ӯ баракс аст. Танаш омодаи марг аст. Шояд ҳатто мурдааст, аммо рӯҳаш намехоҳад, бимирад. Равонаш ҳанӯз ҳам ошиқи зиндагист?

Ошиқи зиндагӣ? Профессор Адҳамро ба ёд овард, ки аз дунё буридаву умрашро ба илм дода буд. Не зан, не фарзанд, не ёр, не дӯст, ниҳоят мисли саг мурд. Мегуфтанд, касе зану фарзанд дорад, сагвор ба сар мебарад ва инсонвор мемирад, аммо касе машаққати рӯзгору оиладориро накашидааст, инсонвор ба сар мебарад ва сагвор мемирад.

На, ӯ ҳаргиз аз марг наҳаросидааст, аммо онро рад низ накардааст. Аслан фурсат надоштааст, ба ин чарандиёт биандешад ва агар Азроил тамоми умри ӯро сония ба сония бигардад ҳам, дастаке нахоҳад дошт, ки бо ҷони амонати ӯ бозии мушу гурба кунад. Рӯз ки буд шуд, одам мемирад. Вале магар тамоми талошҳои ӯ зидди мурдан набудааст? Фиребидани марг. Мулзам кардани Азроил ва шояд мурдани тан, вале ҷовидонагии рӯҳ! На, ин андеша монанди он баргаки сабз аст, ки аз паси тиреза дар шохаи хушкидаи дарахти пуда намудор мешавад ва то замоне ки он сабзу барозанда аст, ҷони бемор низ дар рамақаш хоҳад буд. Агар ҳақиқатро эътироф кунад, ҳаргиз мурдан нахостааст, ба истиснои як кӯшиши худкушӣ дар айёми наврасӣ, вақте доруи пашшаро хӯрда буд, то бимирад, аммо зинда монд. Он як ангезаи беақлӣ ва фишори эҳсосот буд. Онро наметавон ҷиддӣ гирифт, ҳарчанд хӯрдани заҳр комилан ҷиддӣ буд. Аслан наврасе нест, ки аз ишқи ноком ё бархӯрди сарди волидайн ва ё бевафоии ёрон як бор дар умраш қасди хукдушӣ накарда бошад. Лекин наметавон он ҳодисаи дурро дар шумор гирифт.

Аммо ҳақиқаташ ин аст, ки солҳои охир ҳар бор аз марг агар фикр кардааст, аз Худованд марги сабуку зебо хостааст. Монанди профессор Ҳасанов, ки аз кор баргашт, либоси худро иваз кард, рӯи кат дароз кашид ва дар як сонияи хеле кӯтоҳ ҷон ба Ҷаббор супурд. Ё монанди Алиакбар, ки шаб дарёи шаробро дам кашид, ба хоб рафт ва барнахост. Шабеҳи Ҳомидҷони Малик, ки дар намоз ба суҷуд рафт ва мисли он ки Худованд талабашро шунида бошад, сар аз саҷда бардошта натавонист. Дар назди марг ҳама чиз беқадр мешавад, ба ҷуз Худованди азза ва ҷалла, он яккаву ягона офаридгору парвардигор. Аммо Ҳасанов профессори атеизм буд ва агар ӯро ҳама барои бехудоияш ба чунин марг сазовор дониста бошанд, яъне Худованд ба Ҳасанов исбот кард, ки ҳар вақт хост, ҷонашро гирифт, Ҳомидҷонро қариб мисли як расул ба хок супурданд, бо издиҳоми бузург, қаноати тамом ва нидоҳои зерилабӣ: “Фариштахӯ будааст, ки дар саҷдаи намоз аз гуфтор ба дидори Худованд рафт…”

Ҳамин гуна маргҳои зиёда ба ёдаш мерасиданд, хоса ки бисёре аз ёру дӯсту ҳамкору ҳамовардаш кайҳо аз дунёи фонӣ рафта буданд ва намунаҳои зиёде дошт, ки ҳар кадом ё ҳар бастае аз онҳо метавонист, ин ё он ақидаро систематик кунад ва ба исбот бирасонад. Дар ин байн маргҳое низ буданд, ки ба ғайр аз оҳи дареғ ва алами интиқом чизеро намеангехтанд. Осимиро ба саҳни холии мактабе кашиданд ва дар сари синааш садҳо тир заданд. Пеши бараш арғувонӣ шуд. Монанди он ки нишону ҷоизаҳои бешуморашро дигарбора ба сари синааш овехта бошанд. Ба ҳар медол як тир заданд. Гумон аст, касе ки Осимиро сари тир кард, аслан медонист, ки киро дорад мекушад. Ё Исҳоқӣ. Минҳоҷ. Олимпур. Олимпури зебосуратро низ раҳм накарданд. Тангчашмоне, гушначамшоне, ноннадидагони тасодуфан бадавронрасидае ба сурати зебо ва чашмони шаҳлояш тир заданд. Қомати баланди Латифӣ ин манғитқоматонро нофорам буд, ки қомати ӯро низ бо тир дуто карданд. Ба рафтани ҳар яке аз ин инсонҳои бузург дунё барояш холитару холитар ва ваҳшитару ваҳшитар ва бегонатару бегонатар шуд.

Ёди бузургон дардро бозовард, аммо ин бор дард на монанди мавҷҳои паёпай буд, балки мисли селаи тирҳои сӯзону ҷоншикоф. Фикр кард, беҳтар аст, ба ин маргҳо наандешад. Онҳо шаҳид шудаанд ва назди Худованд азиз хоҳанд буд. Ҷойи онҳо ҷудост, ҳоло ба худ ва марги хеш бояд фикр кард. Магар дареғу нола аз марги дигарон шеване ба марги худ нест?

Дар зимн шояд беҳтар буд, мурдане мисли марги онҳо? Ба содатарин шакл ва бе як зарра машаққат. Эвтаназия.

Масалан, шояд профессор Ҷамол ҳам мехост, ҳамин гуна бимирад? Як гулӯлаи кӯчак ва ғуруби абадии як ҷаҳон. Аммо Худованд ӯро як чунин имтиёз надод. Худованд ӯро ба марги сахт маҳкум кард. Шояд далеле дошт?

Профессор Ҷамол замоне аз ҷангу ҷӯш огоҳ шуд, ки дар хонаи дарун ғарқи коғазҳояш буд ва ногоҳ зеҳн монд, ки аз берун ҳеч садое намеояд. Садоҳо монанди гузашта ӯро бечавол намекунанд. Қиву чуви бачаҳо, баҳсу моҷарои занон, ғиреви майзадаҳо, гиторнавозии наврасон — ҳамагӣ гӯё бо як ишора қатъ шуда буд. Чунин сукут солҳо иттифоқ наафтода буд ва чунин сукути тамомро профессор Ҷамол аз рӯзи аввали зиндагӣ дар ин манзили маҳаллаи Испечак шабу рӯз орзу мекарду орзу мекард. Вай фақат акнун донист, ки сукути том ҳар қадар ки дилхоста ва талабида бошад, ҳамон қадар хастакунанда низ будааст. Ҳамагӣ пас аз ним соат вай зори як садои изофӣ, паҳлуӣ ё пасманзарӣ шуд. Радио надошт, ки радиоро монад, телевизион надошт, ки телевизионро, зане надошт, ки моҷаро хезонад ва кӯдаке надошт, ки бигирёнад. Дар ҳамин сукути фишороваранда мӯъӯи говро шунид. Дар шигифт афтод, ки гов дар шаҳр чӣ мекунад. Берун омад ва дид, ки зеботарин гулҳои саҳни биноро говҳо, ки аз деҳоти атроф омада буданд, кашва мекунанд. Яке аз говҳо захмӣ буд, касе ба пойи гов тир зада буд. Хун ба қадди пойи гов шорида буд ва пашшаҳои зарҳалӣ ба дунболи гов буданду ҳар ҷо ки гов каш-кашон мерафт, он сӯ парвоз мекарданд.

Хуб, ҳадаф ёдоварии ҳамаи ин набуд, балки фақат ёдбуди даргузашти профессор Ҷамол, ки чанд сол баъд аз поёни ҷанг дар автобус ба хона бармегашт ва ронанда ба ӯ гуфтааст, “фулони оча, янема бес, му қафору бубинум.” Ҳамин сухан сабаб гаштааст, ки профессор Ҷамол ба хона баргардад ва ба бистари беморӣ биафтад ва бимирад. Дар ҷанг кушта нашуд, аз тир кушта нашуд, ба як сухан кушта шуд. Ба як сухане, ки дар тамоми умраш нашунида буд. Ҳазорон нафар ба дафни ӯ омаданд, ҳатто онҳое, ки тамоми умр бо вай баҳси илмӣ доштанд, омаданд ва ашки оташгун дар сари мижгонашон тобути ӯро бардоштанд, ки аз Испечак то Сари Осиё пиёда баранд ва ба хок супоранд.

Ҳайрон монд, ки чаро ин ҳама аз профессор Ҷамол меандешад. Оре, имшаб Ҷамол ба хобаш омада буд. Фақат сарашро такон медоду мегирист, чизе намегуфт. Маълум набуд, мехост ӯро ба назди худ бихонад ё на.

Беморӣ дар ин ҳуҷраи танг ҳамдамаш буд ва тадриҷан дар андешаву эҳсоси ӯ ба махлуқе табдил меёфт, ки ҳузури ҳарлаҳзагии онро бо тамоми вуҷуди хеш ҳис мекард. Он гӯё шахс ё ҷонварест, ки ноаён хазидаву ба пойи рахтихобаш омадааст ва ҳеҷ нест, ки дур равад ва нафаси шуму сарде дораду нигоҳе кушанда. Лабонаш аpғувониянд, чун ҳар рӯз як коса хун менӯшад.

Ҳузури он гоҳе коста мегардад, вале аксаран қавӣ ва бузург аст. Ҳайвон гӯё лаҳзаҳое ба ғанаб меравад, аммо ҳамеша бедору ҳушёрхоб аст. Ин ҳайвони азим фазои ҳуҷраро пур кардааст ва бо даҳони бозу забони овезон ва дандонҳои тез чашмони ҳарисашро ба бемор дӯхтаасту бо ҳар мӯйи танаш интизори он ягонатарин лаҳзаи худ аст.

Сари уқобе, ки кабӯтарро дар ҳаво ба қавси чанголҳояш мегиранд, симои одамӣ дорад. На. Симои шайтонӣ. Чаро? Бояд аз реги соҳили дарёи шабонгоҳӣ пурсид…

Ё аз парҳои барфвор сафеди кабутаре, ки дар чанголҳои ханҷармонанди уқоб ба лошаи бесалиқа ва овезоне тадил меёбад. Пари сафеде ба реги сиёҳи соҳил фуруд меояд. Ягона сафедӣ дар манзараи сиёҳторик.

Заноне ба ёдаш мерасанд, ки дар чархишҳои гуногуни умр, дар истгоҳҳои кӯтоҳи тангкӯчаӣ ба оғӯш кашид, аз шароби бӯсаи онҳо маст гашт, дар омезишу ҳулули баданҳо ба осмонҳои дур парид. Абрӯвони нозук, чашмони масткунанда, лабони анордонаӣ, зулфҳои атрогин, тани мӯъҷизасон…

Аммо ҳар қадар ба кайҳони дур парвоз кард, боз ба замин баргашт. Шира. Ширеш. Ниҳоят худро аз ситами шаҳвати худ раҳо намуд. Бар шаҳвати хеш ҳоким гашт.

Акнун фарзанде нест, ӯро ба лаҳад дароварад. Зане нест, рӯй бихарошад ва мӯй биканад.

Тасаввур кард, ки ӯро чӣ гуна мегӯронда бошанд. Сӯгномаро кӣ хоҳад хонд? Киҳо ҷамъ хоҳанд омад? Чӣ мушкил аст мурдан. Аммо баъдаш осон хоҳад шуд. Мо як миллати мурдапарастем, мегуфт Исҳоқӣ. Ба қадри зиндаҳо намерасем, аз мурдаҳо бут месозем. Дареғо, дареғ.

“Дареғ”-и бузургтарин ин буд, ки Азроил намеомад. Шояд бар ин буд, марги ӯро ба бозии лавандонае табдил диҳад.

Сарашро тоб дод ва ба тиреза нигарист. Оваҳ! Дар шохаки хушкидаи дарахти пуда як баргаки кӯчаки сабз пайдо шуда буд. Бадард хандид. Чашм пӯшид ва дигарбора ба чоҳ сарозер шуд. Бо ҳарос пилкҳояшро кушод.

Фалсафаи қавми ӯ ин аст, ки роҳро бояд то ба охир рафт, зиндагиро тоб оварду тоқат кард, баъдаш ҳама чиз хуб мешавад. Марг мушкилтар нест, марг осонтар аст.

Вай он ҳамон охирин даму нафасро ба худ тасаввур кард. Чаро дар он охирин сония ё як миллионуми сония, вақте пас аз фишорҳову таконҳо ҷон танро тарк мекунад, дар чеҳраи пажмурдаи инсон лабханде рӯшан мешавад. Мисли ин ки гулаке дар шӯразамин медамад, мили он ки шамъ пеш аз сӯхтану маҳв шуданаш бори охир хонаро рӯшан мекунад. Ба тамоми нерӯ рӯшан мекунад ва сипас барои ҷовидонҳо хомӯш мегардад. Мисли он пари кабӯтари сафед, ки ба рӯи реги соҳили торику номуайян фуруд меояд. Мисли мавҷҳое, ки ногаҳон ором мегиранд ва дигар ҳатто лапише намехӯранд.

Оё ин вопасин табассум аз куҷост ва чарост? Магар ин хушнудии рӯҳ аст? Шодмонии озодии рӯҳ аз маҳбаси тан? Ва ё хушҳолии фарҷомии тан барои раҳоӣ аз машаққати нигаҳдошти дерсолаи рӯҳ?

Поён аст он ё оғоз? Аз куҷо меояд ин лабханд?

Вай фикр кард, дар он охирин дам кас наҷвои Худовандро мешунавад. Ё суруши фариштагонро, ки танҳо каси миранда хоҳад шунид. Фариштагон ё ҳатто худи Худованд сари болини ӯ фуруд хоҳанд омад ва оҳиста ба гӯши ӯ чизе хоҳанд гуфт. Чизе хоҳанд гуфт, ки сабаби лабханд ва осоиши ӯ хоҳад шуд. Он сирри азалиро, ки ягон зиндаи рӯи ҷаҳон намедонад, барояш хоҳанд гуфт. Аммо чӣ бошад он чизе, ки дар он вопасин лаҳза ба гӯшаш хоҳад расид?

Ню Йорк, 28 сентябри соли 2008 – Прог, 13 марти соли 2014.

13.03.2014 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя

1 Comment »

  1. Хангоме мо таваллуд мешавем хама хандонанду мо гирён, хангоме ки мо дунёро падруд мегуем хама гирёну мо хандон аз андарзхои Толстой аст, вале Асрори азалро на ту дониву на ман……..
    Зихи Аюбзод ва хануз бармахал аст ки чунин андешахо кунед. Аз яздони пок умри дарози бобаракат талабгорем Худо нигахбонатон!

    Comment by Sufi | 05.04.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: