Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чаро Ибни Синои нав надорем?

Вожаи инглисии “coaching” маро саргаранг кардааст. Ин чист? Тарбиятгарӣ? Мураббигарӣ? Парвариш? Машқдиҳӣ? Роҳнамоӣ? Ба як сабақгирие мерафтаму дар ин бора фикр мекардам ва ҳаргиз гумон надоштам, ки то ҳоло маънии ин вожаро дуруст нафаҳмидаам. Вақте онро мешунидам тренери варзиш ба ёдам мерасид, аммо… дунё воқеан печидатар шудааст.

Лаъли ноб андар Бадахшони ту ҳаст,
Барқи Сино дар кӯҳистони ту ҳаст.
Кишвари маҳкамасосе боядат,
Дидаи мардумшиносе боядат. (Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

 ҚИССАИ АСП

Росташ, омӯзгори ман яке аз ин достонҳоро дар оғоз ва дигареро дар нимаи дувуми дарс ривоят кард. Вале фикр мекунам, агар ҳоло ки мехонед, ҳардуро хуб дар хотир бигиред ва дар идомаи хондан онҳоро чамон ба ёд оваред, сабақи сангин мисли пари коҳ сабук хоҳад гашт. Ин эссеро барои он менависам, ки донишҳои зер на танҳо ба омӯзгору мураббӣ ё раҳбару сардабир, бал ба ҳар инсон заруранд.

Инак, достони аввал. Аспи шӯрида ва раҳгумзадае дар назди ҳавлии марде ногаҳон пайдо шуд ва чанд нафар талош карданд, онро ром кунанд, вале метуриду мерамид, лагад мезаду ёл меафшонд ва бо ду пои ақиб бархоста, ҷасуронеро, ки ба он савор мешуданд, поин меафканд. Ин мард ҳайрон шуд, ки аспи сур аз куҷо омадааст, чун дар ин атроф ферма ё аспрезе набуд. Вай аз ҳама хост, аспро ба ҳоли худ гузоранд ва дуртар раванд. Сипас бо меҳрубонии тамом ба асп наздик шуд, тану ёли онро навозиш кард ва иҷоза дод, ки асп ӯро бишамад. Бе он ки аз ҷилаваш гирад, ором ба асп савор шуд ва низ сари зин лаҳзае чанд орому беҳаракат нишаст, то он ки худи асп ба ҳаракат даромад.

Асп ба роҳ афтод ва сари дуроҳае омаду истод. Мард коре накард, магар ин ки зонувонашро ба паҳлуҳои асп ҷафстар овард. Асп ба яке аз пайраҳаҳо равон шуд, то расиданд ба чаҳорроҳае. Ин ҷо низ асп лаҳзае бозистод ва вақте нарм-нармак ҷафс шудани зонуҳои мардро ҳис кард, тоб хӯрд ва дар масири яке аз роҳҳо ба ҳаракат даромад. Ҳамин гуна баъд аз соате асп ба назди ҳавлие расид ва пеши дарвозаи он истод.

Аз дарун марде баромад ва каф ба ҳам заду хитобид, ки “аспи гумшудаашро ёфтаанд ва барояш овардаанд”. Вай сипосгузорӣ кард ва аз савор пурсид, роҳро ба манзили ӯ чӣ гуна ёфтааст ва аз куҷо донистааст, ки ин аспи ӯст. Савор гуфтааст, роҳро на ӯ, балки асп пайдо кард ва ин асп буд, ки варо ба ин ҷо расонд.

Аз ин қисса дар хотир гирем, ки мард ба асп эҳтиром гузошт, барояш ихтиёр дод ва танҳо дар ду маврид, бо расондани зонувони худ ба шонаҳои асп, гӯё барояш паёми бовар дод, ки бояд ба пеш ҳаракат кард.

ГИРИФТАГӢ ЧАРО?

Дар достони дувум сухан аз як мураббии теннис рафт, ки ҳар шогирдаш ба зудӣ устоду қаҳрамон мешуд ва шӯҳрати ин омӯзгор офоқро гирифта буд. Ҳама мехост, теннисро аз ӯ омӯзад ва ҳар кӣ пеши ӯ тамрин мекард, комёб мегашт. Дар ҳамин варзишгоҳ чанд мураббии дигаре ҳам буд, аммо шогирдони онҳо пас аз моҳҳои дарози омӯзишу машқ низ наметавонистанд, ба камтарин чизе нойил шаванд. Ин шогирдон ба назди устоди машҳур мерафтанд ва гӯё садсола роҳро дар як рӯз паймудаву бу зудӣ пирӯзманд ва ангуштнамо мешуданд.

Пурсидаанд, ки чаро чунин буда? Ошкор шудааст, ки устоди машҳур барои фурӯ нишондани тарсу ҳаяҷон ва нобоварию гирифтагии зиёди шогирдонаш ба онҳо намегуфтааст, ки бояд чӣ гуна биистанд, чӣ гуна биҷаҳанд ва чӣ гуна тӯбро зананд ё гиранд ва дар ҳоли зарба баданашон бояд чӣ вазъе дошта бошад, бал мегуфтааст, ҳангоми бозӣ танҳо ба он фикр кунанд, ки тӯб дар чӣ ҳол аст, чӣ гуна парвоз мекунад ё фуруд меояд. Муроди ӯ ин буд, ки шогирд набояд ба хотири дуруст амал кардан саргарми қазоват ва танқиди амали худ бошад, балки аз ботин бозӣ кунад ва ба ҷисми худ озодӣ диҳад ва он гоҳ бадани ӯ худ ҳунари хеш хоҳад намуд. Дидаҳои беқазоват ба тамаркузи нерӯ ва сайқали маҳорат сабаб мешаванд.

Достони аввал аз равоншиноси амрикоӣ Милтон Эриксон (Milton H. Erickson) аст, ки назарияи “ҳофизаи бадан”-ро кашф кард ва достони дувум аз Тимотӣ Галлвей (Timothy Gallwey), ки аз мураббии теннис ба муаллифи назарияи наве табдил ёфт ва акнун таълимоти ӯ дар риштаҳои гуногуне, монанди бизнес, тандурустӣ, маориф ва ҳунар истифода мешавад.

ШАФ-ШАФИ ТОҶИКӢ

Чизе хоҳед, гӯед, аммо илми имрӯза ва на танҳо илм, балки таҷрибаи дерин ба аҳли башар нишон дод, ки тарбиятгарӣ ё омӯзгорӣ сахттарин пеша аст.

Ҳамаи ҳастии гирди мо омӯзгори мост ва ҳамаи мо тамоми умр ба омӯзгор ниёз дорем. Гоҳе меомӯзему гоҳе на. Худро гӯл мезанем, ки аз гузашти рӯзгор хеле чизҳое омӯхтаему аз он зумра нестем, ки ба гуфтаи бобои бузургамон Одамушшуаро Рӯдакӣ дигар омӯзгоре ба дардамон нахӯрад. Ва ҳарчанд мегӯем, омодаем аз гаҳвора то гӯр дониш омӯзем, хеле суст меҷунбему шояд дар шаст ё ҳафтодсолагӣ як дарсади донистаниҳоро ёд мегирем ва қомат алам мекунем барои зиндагӣ, ки дер шудааст, сутунмӯҳраи мо рост намешавад ва хуши чизе ҳам надорем, даст рӯйи даст ё бар шохаи асо интизори марг менишинем. Деромӯзии ҳар яки мо ба дармондагӣ ва ақибафтодагии ҳамаи миллат ва наслҳои баъдӣ сабаб мегардад.

Ба иллати гусастагӣ аз донишҳое, ки бузургони гузаштаи мо “гирд оварданду гиромӣ доштанд”, мо ба куҳансолоне табдил меёбем, ки “ҳанӯз андар хами як кӯча”-анд ва ҳунари волое дар “шаф-шаф” доранду шафтолуро ба баъд мегузоранд, илло расанд ба он ё на. Бахшед, ки дар бораи худам мегӯям, на дар бораи ҳама ва махсусан на дар бораи Шумо ва ҳарчӣ мегӯям, ҳамон “шаф-шаф” аст. Шигифтзадаи онам, ки дар як дарси чаҳорсоата чизҳое аз мураббии худ шунидам, ки то ҳол ё нашунида будам ё шунида бошам ҳам, диққат надода ва фаромӯш карда.

Фаромӯшхотирӣ ҳам хуб чизест, куҳнаҳоро ба ҷои нав меангорӣ ва гумон мекунӣ, акнун дари олами донишро боз кардаӣ. Зиндагӣ аҷиб хоҳад буд, агар ҳанӯз мешавад ҳайрон шуд. Кӯтоҳи сухан, дарси мо аз шарҳи майна ё мағзи сари инсон сар шуд. Ҳе-ҳе, гӯё ман, бо ин синну сол намедониста бошам, ки майнаи сари инсон чист, чӣ кор мекунад ва чаро муҳим аст. Аммо чизҳое шунидам, Худо шоҳид, бароям нав буданд ва ҳатто аз омӯзгор пурсидам, оё ончӣ мегӯяд, далели илмӣ дорад? Намедонам, барои Шумо нав хоҳад буд ё куҳнаи садсола, баъд аз ин “шаф-шаф” ба шафтолу, яъне ба сохти майнаи сари инсон рӯ меорам.

МАҒЗ АНДАР МАҒЗ

Аслан, инсон се майна дорад. Яке андар дигаре. Дар охири сутунмӯҳра, манзурам охири болоӣ, на поёнӣ ё думғоза, як майнаи хурде ҳаст, ки онро “мағзи хазандаӣ” ё “тӯранбор” (тӯрӣ, тӯрдор) мегӯянд. Он 100 миллион сол умр дошта, бештар барои дарки хатар, зинда мондан ва ҳаракатҳои фаврӣ даркор аст. Се шиор дорад: ҷанг, гурез ё шах шудан. Дар баробари хатар ин мағз вориди пайкор мешавад ё аз хатар мегурезад ва ё аз тарс дар ҷой ях мебандад. Вокуниши он фаврӣ ва  бидуни андешидан ва вазифаи он ҳифзи бадан аст. Таври маълум, танпарастӣ ба худхоҳӣ низ сабаб мегардад.

Қабати дувуме ин мағзи хазандагиро давродавр пӯшондааст, “мағзи ширхораӣ” ном дорад. Онро ҳамчунин “лимбик” ё эҳсосӣ низ меноманд. Ин майна, ки 50 миллион сол пеш шакл гирифтааст, огаҳиҳои ҳиссӣ ва ҷисмиро ба ҳам мепайвандад. Ҳадафи он низ ҳифзи бадан аст, аммо дар талошҳои муштараки гурӯҳӣ ва бо такия ба таҷрибаи гузашта. 98 дарсади ҳамаи мавҷудоти ширхор ҳамин гуна мағз доранд ва дунёро сода мебинанд – сафед ё сиёҳ, ин ё он, ҳама чиз ё ҳеч чиз. Ҳамон гуна ки ҳайвонот аз рӯйи ҳис амал мекунанд, ин мағз фармон, муҳаббат ва силсиламаротибро дӯст медорад ва садо ё лаҳни садо “забон”-и асосии он аст.

Аммо 2 миллион сол пеш қишр ё қабати бузургтару мураккабтари мағзи инсон шакл гирифтааст, ки онро метавон “ақли ҳисобгар” номид. Ин мағз аз майнаи лимбик дида 1000 мартаба калонтар аст ва бо 16 триллион нахи асаб лаёқати таҳлилу таҳқиқ ва интихобро дорад, ояндабину оянданигар аст, пойбандии зиёд бо мағзҳои хазандагӣ ва ширхорагӣ надорад.

Мегӯянд, печухамҳои майнаи ҳар шахс фарқ мекунад ва шояд ҳамон гуна ки дар дунё ду барги монанди ҳам пайдо намешавад, ду майнаи шабеҳи ҳамро ҳам ёфтан номумкин аст. Ин мағз на танҳо кори тамоми аъзои баданро ба танзим меорад, балки бо қабул, гирдоварӣ, раддабандӣ ва таҳлили аломату сигнал ва ҳолату пайомад ҷаҳони дарунӣ ва берунии инсонро месозад, тасҳеҳ мекунад, рушд медиҳад. Тамоми пайванди атроф бо инсон ва инсон бо атроф кори ҳамин мағз аст ва шояд печидатарин падидаҳои олами ботиниро низ он ба вуҷуд меорад. Беҳуда нест, ки бемориҳои асаб аз душвортарин амрозанду сирри бархе аз онҳо ҳамоно кашф нашудааст.

ПАРВО

Ба андешаи ман, вожаи “парво” ба беҳтарин шакл маънии “сoaching”-ро медиҳад. Маънои дувуми он “дилсӯзӣ” ва “ғамхори”-ст, яъне чизҳое, ки агар мураббӣ бидуни онҳо ба парвариши шогирдон пардозад, ҳаргиз комёб нахоҳад гашт. Ин донишро ҳар инсон низ метавонад, дар зиндагии ҳаррӯза низ ба кор барад. Лоақал барои фаҳмидани робита ва рафтори инсонҳо.

Илм то ҳоло чаҳор шеваи парвариш ё тарбияро шинохтааст. Инҳо: 1. Дастур ва фармон. 2. Тарғиб ва омӯзгорӣ. 3. Иштирок ва ҳамкорӣ. 4. Парво ва тақдими валокату ихтиёр.

Мураббиён ё омӯзгорон, мудирон ё сардорон дар бархӯрд бо шогирдон ё зердастон аз ҳамин шеваҳо истифода мекунанд. Гоҳе мумкин аст, ҷамъи ин шеваҳо ба кор равад ва гоҳе танҳо яке аз онҳо. Равоншиносон мегӯянд, сабки аввал умдатан нисбати навомадагон ё шогирдону кормандони сусткор истифода мешавад. Ба онҳо дастуру фармони мушаххас дода мешавад, ки бояд чӣ бикунанд. Сабки дувум низ шабеҳи сабки аввал аст, аммо нармтар ва бо додани фазои бештари амал ба шогирд-зердаст. Сабки савум саҳми баробари ду тарафро мехоҳад ва сабки чаҳорум баёнгари эътимоди комил ба шогирд-зердаст буда, бо роҳнамоии кӯчак масъулиятро бар дӯши худи ӯ мениҳад ва имкон медиҳад, ки ӯ тамоми ҳунару маҳорат ва халлоқияти худро нишон диҳад.

Сабки аввал бадтарин ва сабки охир беҳтарин шумурда мешаванд. Фазои кор, харҷи нерӯ, фишори равонӣ дар ҳар сабк ин гуна тақсим мешаванд (Ниг. ба нақша)

Сабкҳо

Агар одамизод ба сабкҳои 1,2 ва 3 аз замони бостон ошноӣ дошт, сабки 4 ҷавонтар аст ва сабки қарни 21 шумурда мешавад. Ҳоло ширкатҳои бузург ба кормандони худ ихтиёри бештар медиҳанд. Хондаам, ки ширкати Гугл ба кормандонаш 1 рӯзи кориро барои он мебахшад, ки машғули тарҳи дилхоҳи худ бошанд ва бо амри дили худ кор кунанд. Натиҷааш ин мешуда, ки ҳар ҳафта чандин корманд тарҳои наву ҷолиберо ба миён мегузоштаанд. Бархе аз ширкатҳои калон аслан аз кормандони худ талаб намекунанд, ки ҳамеша сари кор бошанд, балки аз хона ё ҳар макони дигар, корро ба иҷро расонанд.

ҚУФЛУ КАЛИД

Акнун сабкҳои парворо бо сохти майнаи инсон дар таносуб мегузорем. Яъне кадом қуфл бо кадом калид боз мешавад. Сабки бадтарин, яъне дастуру фармону майдагирию фишору танбеҳу зӯргӯӣ ба мағзи “хазандаӣ” ё “тӯранбор” таъсир мекунад. Мағзе, ки фақат дар фикри бақои худ аст, қатъи назар дар ивази чӣ ва дар рӯбарӯи хатар дафъатан ё вориди ҷанги ҷавобӣ мешавад ё мегурезад ва ё аз тарс дар ҷой ях мебандад. Пайванди доимии ин ду чиз на танҳо натиҷае намедиҳад, балки оқибат ба фоҷиа мерасонад. Ин ҳам дар ҳоле ки фармондиҳанда ё раҳбар барои иҷрои сабки худ нерӯ, вақт ва ақли ба маротиб зиёд сарф мекунаду тарафи дигар аслан ҳеҷ харҷу сарфе нахоҳад дошт ва ҳама чизе ки устод-раҳбар мекунад, ба худаш бармегардад.

Сабки дувум ва ба андозаи камтар савум ба “мағзи ширхораӣ” рост меоянд, ки низ ҳадафаш ҳифзи бадан аст, аммо майл дорад на дар танҳоӣ, бал бо ҳамроҳоне мисли рама ё гала амал кунад. Вақте ки дар артиш фармондеҳон бо садои баланду қавӣ амр медиҳанд, онҳо ба ҳамин мағз таъсир овардан мехоҳанд. Қариб дар ҳамаи артишҳои ҷаҳон навсарбозон як давраи омӯзиширо паси сар мекунанд. Дар ин давра фармондеҳон бо доду фиғону ва таҳдиду таҳқир мағзи асосӣ ё “ақли ҳисобгар”-и ҷавононро аз кор мебароранд, то ирода ва истиқлоли онҳоро шикананд ва ашхоси гуногунро ҳамсони ҳам гардонда, ҳамаро ба як рамаи фармонбар табдил диҳанд.

Вақте ақли ҳисобгар аз кор мемонад, фақат ҳиссиёт ва он ҳам дар навбати аввал ғаризаи наҷот бартарӣ меёбад. Майнаи “лимбик” коре ба оянда надорад. Он фақат замони ҳозира ва гузаштаро мешиносад ва бар пояи таҷрибаи гузашта “рефлекс”-гуна амал мекунад.

Агар ду шахсро дар лаҳзаи баҳс ё даргирӣ бо ҳам мушоҳида кунед, хоҳед дид, ки яке паси дигар, ҳарду садои худро то рафт баландтару баландтар мекунанд. Бо зарда ё фарёди таҳдидомез ба ҳам ҳарф задан айнан ҳолатест, ки онҳо мехоҳанд, ба майнаҳои ҳайвонии ҳамдигар таъсир гузоранд ва бо бедор кардани “рефлекс”-и бостонӣ рақибро рӯҳан шикаст додаву тобеи худ кунад.

Аз сӯи дигар лаҳни нарму ором ва сухани хуш, намоиши пуштибонӣ тарафи дигари ҳамин танга аст. Боз ҳам бо таъсир ба майнаи миёна бояд майли итоат ва ғаризаи гурӯҳӣ ангехта шавад. Дар сурати таъсири пайваста ба чунин майна ё шахсе, ки ин мағзаш бартарӣ дорад, рафтори ӯ ҳарчӣ бештар бешуурона хоҳад шуд ва тарсу эҳтиёт ӯро ба як барда табдил хоҳад дод. Тане зинда бо рӯҳи мурда. Ба андешаи банда, ҳокимпарварӣ ва маҳалгароии мо – ду иллати сахтҷону кушанда аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд. Миёни мардум дар бораи раҳбароне, ки аз садои баланду қавӣ ва таҳдидомез кор намегиранд, мегӯянд, “сиёсат надорад”. Яъне омро тарс дода наметавонад. Бо ин сабку ин мардум, ангор, на дар қарни бист мондаем, балки ҳанӯз аз аҳди муғул нараҳидаем.

ЧАРО СИНОИ НАВЕ НЕСТ?

Сабки чаҳорумро илм то кунун кам омӯхтааст, зеро нав аст. Он айни сабкест мувофиқ ва муносиби мураккабтарин қабати мағзи инсон — ақли доно ва таҳлилгар. Ин мағзро на ба доду фарёд мешавад, тобеи худ кард ва на бо дурӯғу газоф, зеро он нерӯи худро хуб мешиносад, ҳама чиро баркашу барандоз мекунад, натиҷаву пайомадро мешумрад ва воқеан мағзи инсони қарни 21 аст. Он 1000 раҳ аз мағзи ҳиссиётӣ дида интиофпазиртар, нармтар ва тағйирёбандатар аст. Ҳар амали он аз миёни тамоми низоми андеша ва тафаккур мегузарад. Ин мағз шитоб намекунад, то тасмими хом ва эҳсосотие гирад. Соҳиби он метавонад ба ҳар ҳамлавар посухи сазовор диҳад, аммо боз ҳам аз сари андеша ва мантиқу далел, на зӯри бозӯ. Далели илмӣ надорам, вале гумон мекунам, ин мағз тавонистааст, ба мардуми мо мадад кунад, ки аз миёни он ҳама талотуми хунини таърих гузарад ва ба имрӯз расад.

Ҳадси дигарам ин аст, ки ихтирои мошини барқии ҳисоб, ки пасон ба ройона ё компютер табдил ёфт, диққати олимони фарангиро ба шеваи кори ин мағз ҷалб намуд. Чун ин дастгоҳҳоро ҳамин мағз сохт ва он ҳам бар пояи алгоритмҳои кашфкардаи ниёи бузурги мо Муҳаммад ал-Хоразмӣ ва ёронаш. Ба навбати худ компютер ба пажӯҳиши пурратари майна имкон дод ва ҳар рӯз ҷанбаъҳои нави кори мағзи сари инсон кашф мешаванд.

Орзу бояд кард, ки моро мағзи савум қавитар бошад, зеро фақат он метавонад Хоразмию Берунӣ Синову Розиҳои навро ба дунё орад. Агар дар атрофи шумо чунин мағзҳо ҳастанд, магар мешавад ба онҳо ваколату ихтиёр надод? Ва агар парвогар (омӯзгор, раҳбар, мураббӣ, корфармо, коршарик ва ғайра) ин мағзро шиносад ва ба он фарохнои амал диҳад, чӣ комёбиҳое ба даст хоҳад овард! Албатта, агар худ низ чунин мағз дошта бошад. Соҳибони чунин мағзҳо ҳамеша шоду болидаанд ва талош ба он мекунанд, ки атрофиёнашон ҳам зиндагии шодмона дошта бошанд. Шеваи андешаи онҳо мусбат, нозук, дарунбин ва дурбин аст. Онҳо роҳкушоянд, на роҳбанд. Як нишонаашон ин аст, ки ҳаргиз пешопеш, ҳанӯз кореро сар накарда, бо гумони манфӣ онро зери хок намекунанд. Охир, агар кас бигӯяд, ки ин кори ношуданист, ба ин маънист, ки худ аз пеш роҳи худро бастааст ва интизор ҳам набояд буд, ки коре хоҳад шуд. Дар ин лаҳза майнаи хазандагӣ ё ширхорагӣ ба сухан омадааст, ки рағбате ба оянда надоранд ва бо таҷрибаи гузашта иктифо мекунанд.

Ақли таҳлилгар ҳамчунин ба шинохти нек ва эҳтироми инсон асос ёфта, ҳадафаш ба одамон додани имконияти тавлиди дидгоҳ ва роҳиҳалҳои худ аст. Дар табодули байни ду мағзи ҳисобгар эътирофи ҳамдигарӣ, машварат ва тафоҳум, азми мусбат ва беҳтарин гузина ё интихоб ҷойгоҳи асосӣ хоҳанд дошт.

Вақте мегӯянд, падару модар бо фарзандон бояд ҳамчун ду тарафи баробар муносибат кунанд, шояд боз ҳам аслҳои пайваста бо ин мағз дар назар дошта шудаанд ва маънӣ ин аст, ки дар тарбияи фарзанд ҳам бояд ҳаракат дар самти тақвияти мағзи савум бошад. Хулоса, парвогари хуб мисли ҳамон шахсест, ки дар ниҳоди асп истеъдоди ёфтани роҳро бедор кард. Ё мисли мураббии теннис метавонад варзишгари навомӯзро бовари бузурге диҳад, ки бо сафарбар шудани нерӯи ботинӣ ба бузургтарин пирӯзиҳо хоҳад расад.

18.06.2014 - Posted by | Илм, Инсон, Табиат, Худшиносй, Ҷомеа |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: