Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мурдану зинда шудан

Илҳом аз хондани кӯтоҳтарин достонҳо. Жанр — ҳикоячаи фейсбукӣ. Ҳадаф кӯтоҳ навиштан ва ғофилгир кардани зеҳн аст. Барои қарни 21 аз он лиҳоз муносиб аст, ки мардум вақт надоранд, навиштаи дарозеро бихонанд. Вақт доред? Тасмимам ин шуд, ки кӯтоҳакҳои навро дар дунболи ин матн хоҳам гузошт.

МУРДАҲО ВА ЗИНДАҲО

Фиғон ба фалак мепечад ва ҳама ба ҳар сӯ мегурезанд. Ҷон дар бадан то ба охирин ҳад кашида мешавад ва танро ба дур меафканад. Магар мешавад нагурехт, вақте ки марг меояд? Аммо баъд аз лаҳзае ҳама аз нав ба он доираи махуф бармегарданд, ҳамон гуна ки қотил одат дорад ба кушторгоҳ бозояд. Ёрон даст ба китф, пушт ё сари ҳамдигар мегузоранд ва онҳое, ки мурда буданд, зинда мешаванд. Зиндаҳо аз нав метавонанд, бигурезанд, вале мурдаҳо бояд дар як пай ва ҳамонгуна ки мурда буданд, бимонанд. То ки боз ёре ояду даст ба онҳо расонад ва ҷон ба танашон бидамад. Ҳамин гуна мо “мурда-зиндакунак” бозӣ мекардем. Осон мемурдем ва осон зинда мешудем. Садҳо бор, ҳазорон бор. Ҳар рӯз. Ҳар лаҳза.

РӮЗЕ БАРМЕХЕЗАМ!

“Вақте ки ман рӯзе бармехезам, тамоми ҷаҳони ман бо ман хоҳад хест. Он гоҳ ҳама дарду ранҷи гузаштаро якояк ба ёдатон хоҳам овард. Интиқоми дардҳоямро якояк хоҳам ситонд. Вақте ки ман бармехезам, дониста бошед, ки дигар нахоҳам нишаст ва мисли гузашта солҳо ба ин ҳама ваҳшат тоқат хоҳам кард. Дигар нахоҳам нишаст ва оваҳ, зиндагӣ бароям чӣ пуршӯру рангин хоҳад буд он гоҳ! Вақте ман бармехезам, қад алам хоҳам кард ба гунае ки сарам ба осмонҳо расад ва қомати баланди маро мисли Сарви Кишмар аз чиҳил иқлим бубинанд. Ал-амон аз он рӯзе , ки ман бархезам! Чун он гоҳ ба касе амон нахоҳам дод. Шояд барои ҳамин аст, ки намехезам.” Бо ин андешаҳо дар сар вай курсии чархдорашро пас гардонд ва ба дохили хона рафт.

РӮ БА ОЙИНА

Вай ба ойина нигарист ва рӯзашро ба ёд овард. Субҳ бо зердастонаш ҷаласа дошт ва бо дарду ранҷ бошад ҳам, тавонист барояшон ҳақиқатро гӯяд. Нимирӯзӣ, дар дидор бо мардум низ ҳақиқатро гуфт ва аз онҳо хост, ҳамеша росткору якрӯ бошанд. Пасон телевизион аз ӯ мусоҳибае гирифт. Он ҷо ҳам ба гунаи дардомез танҳо ҳақиқатро гуфт ва рост ба чашмаки дурбин нигариставу бинандаро даъват кард, ба ҷуз аз ҳақиқату инсоф чизеро напазирад. Дар хона фарзандонро насиҳат кард, ки ҳаргиз дурӯғе нагӯянд. Ҳоло назди ойина истодаасту ҳамсараш дар рахтихоб интизори ӯст. Баргашт ва ба ҳамсараш гуфт, ки ӯро дӯст медорад. Сипас боз ба ойина нигарист ва чармро аз рӯяш кашид. Рӯзи сахте буд.

ЗИЁРАТ

Гирдаш мегардаму мегардам. Ҳафт бор куҷо, ҳазорон бор, сад ҳазорон бор. Тавоф мекунам. Барояш садҳо фарсанг роҳро паймудам. Дареғ на пиёда, то мукиҳоям ғалбер шаваду асоям сӯзан. Мегӯянд, он гоҳ зиёрат қабул хоҳад шуд. Аммо дар садаи бистуяк чӣ касе пиёда ба зиёрат меравад? Ҳама бо мурғи фӯлодӣ ё мошину қатору киштӣ. Вақте расидам, дилам об шуду дар пеши чашмони пурашкам манзараи биҳишт қомат кашид. Таъзим кардам. На як бору ду бор. Сар ба замин ниҳодаму гирифтам. Ҳоло давраш мегардаму мегардам. Дилам бароям хоҳад гуфт, ки барӣ аз гуноҳу хатоям кард ё на? Дилам бароям хоҳад гуфт, ки зиёратам қабул асту муродам ҳосил ё на. Ҳарчанд медонам, меҳрубон аст ва ҳамаро хоҳад бахшид ва маро хоҳад пазируфт. Аммо намедонам, сазояшро дорам ё на. Гирди ӯ мегардаму мегардам. Модари пирам. Нишастааст миёни наберагонашу лабханд мезанад…

23.07.2014 - Posted by | Адабиёт, Баҳс, Каме латра, Таҷриба, Фарҳанг, Ҳикоя

1 Comment »

  1. Janri nav) xele xub ast baroi odamoni a 21i osemasar……
    ammo dustdoroni hikoyahoi daroz shaxsoni misli banda hanuz hastand va umedvorem ki dostonhoi “daroz” ham chun peshtara ejod mekuned. Kalamaton burro boshad!!!!!

    Comment by Sufi | 06.08.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: