Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сиёсат ва дипломи 1992

Ҷавонони тоҷик аз сиёсат мегурезанд. Чаро? Падару модарашон иҷоза намедиҳанд, зеро саҳнаи сиёсиро ҳамарӯза мебинанд ва ҳам ҳанӯз таъми талхи ҷанги дохилии Тоҷикистон аз комашон нарафтааст. Аз минбари сиёсат даъват садо медиҳад, ки ҷавонон хуб таҳсил кунанд, зеро умури кишвар дар оянда ба дасти онҳо хоҳад буд. Он оянда кай фаро мерасад, номаълум.

Аммо дипломҳои таҳсили олӣ, маълум шуд, ду навъанд – то ва баъд аз соли 1992. Навъи аввал соҳиби эҳтиром аст ва навъи дувум дар ҳоле соҳиби эҳтиром мешавад, ки агар навъи аввал набошад.

Аз чанд мавзӯе, ки ману ҳамкорам Абдулло Ашӯров, дар як гуфтугӯ, ба истилоҳ зерашон хат кашидем, ин ду мавзӯъ ба ҷои аввал баромад. Имрӯз ҳам оғози соли нави хониш аст ва чанд рӯз баъд 23-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Дар пайванд ба мавзӯи аввал бояд афзуд, ки на танҳо ҷавонон, балки бисёре аз калонсолон ҳам аз сиёсат метарсанду мегурезанд. Ҳоли ҳизбҳои сиёсиро мебинанд, ки дар қуттии танг ҷо шудаанд ва агар дасташон ҷунбад, қуттӣ пойи онҳоро фишор меорад ва баръакс. Парвандаҳои пурсарусадо, ки низ бӯйи сиёсат мекунанд, бисёриҳоро ба андешае овардааст, ки “сари хамро шамшер намебурад”. Вале бояд иқрор кард, ки нерӯи пешбарандаи сиёсии ҳар кишвар ҷавонони онанд. Ин нерӯи тоҷик ҳоло дар Русия муҳоҷир аст ва талош дорад, раҳпаймоии густардае дар Маскав бапо кунад.

Арҷгузорӣ ба дипломҳои соли 1992 низ шигифтангез аст. Он ҳам санади донишгоҳҳое, ки қариб 40 дарсади барномаашонро фалсафаи коммунистӣ ташкил медод ва ҳам аз он вақт то ҳоло донишҳо ин қадар наву бештар шуданд, аммо бояд аз хатмкардаҳои то соли 1992 бояд бут тарошид. Он ҳам дар ҳоле ки қисми беҳтарини он мутахассисон кишварро тарк кардаву дар давлатҳои дигар ба сар мебаранд. Ин ҳукумат худ аз соли 1992 то ҳоло сари кор аст ва бо чунин эълон сифату самараи кори худро рад мекунад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин як навъ табъиз аст ва аз нигоҳи сиёсӣ пешдоварию талоши бастани роҳи насли ҷавон. Ҳоло дигар напурсед, ки чаро ҷавонон аз сиёсат мегурезанд.

Баҳс сари ин мавзӯъҳо доғ буд. Хайём Масчоӣ навишт: “Дар хакикат дипломхои давраи ШУРАВИ камаш 100 маротиба боло аст аз дипломхои замони хозира аст.” Аскар Неьматзода посух дод, ки “ин сад маротиба болотар будани дипломхои замони шурави муболигаву нодуруст аст. Чи тавре, ки Абдуллох кайд кайд кард хамаи ниходхои чумхуриро хамон кадрхои таьрифии даврони шурави хатм карда рохбари мекунанд кани хамон илми гирифтаашон ки барои пешравии истехсолоту иктисоду дигару дигар ба кор баранд ? ? ? Хошимандам режими имрузаро бахона накунед бисеранд мисли мо давлатхо аммо то ин дарача кашоку акимонда нестанд.”

Ман илова кардам: “Дуруст аст, ки маориф дар ин солҳо суқут кард, аммо аз таҳсилкардагони давраи нооромиҳо Манучеҳр Қудратов яке аз беҳтарин олимони соҳаи ҳуқуқ ва адлия дар Олмон аст, Муртазо Назаров амрикоиҳо ва аврупоиҳоро дарси математика медиҳад, Меҳмоншо Шарифов идеяҳои нави фалсафаи иҷтимоиро ба миён мегузорад. Ин феҳраст ҳатман дароз буда метавонад, барои ҳамин ман ба ақидаи он ки ҳамаи соҳибони дипломҳои то соли 1992 беҳтаринанду баъд ҳама бадтарин бовар карда наметавонам.”

Дар ҳошияи видеои мо дар торнамои Радиои Озодӣ Рустам аз Душанбе навишт: “Дипломи давраи СССР бо дипломи хозира гайри кобили мукоиса аст, зеро ки сохаи маориф дар давраи истиклолият ба хок яксон шуд. Муаллимхои бехтарин рафтанд ва пора чои донишро гирифт. Хукумат агарчи мегуяд бояд чавонон доно бошанд дар вокеияташ хама корро мекунад ки чавонон чои онро нагиранд” Ба зудӣ посухе бе имзо расид: “дурустар агар гуем, ҳам мутахасисони даврони шyрави ва ҳам ҷавонҳои даврони истиқлол агар дипломи ало гирифта бошанд ҳам ва аз минтақа ё хешовандони раддаи аввали давлатмардон набошанд ба ҷойҳои муносиб ки бояд фаъолият кунандy аз илми худ барои ватан ва кишвар ва оилаи хyд хидмат кунанд роҳ дода намешаванд. Шахсан хешy табори ман ки дар даврони шyрави дар донишгоҳо бо баҳои ало хатм карданд натавонистанд ба ҷойҳои мyносиб ва дуруст сафарбар шаванд ва маҳз макони зисти онҳо сабаб шyд ки ин монеаҳо дар роҳо онҳо гузошта шаванд ва маҷбyр шyданд дар зери дасти нафароне корy фаолият кyнанд ки аз ҷанyби кишвар, дурустараш Кyлоб бошанд ва тааҷyбовараш ҳамин аст ки ҳамин ҷавонҳои ҷанyби бо баҳои 3 донишгоҳоро хатм намyданд ва дар ҳангоми корy фаолият зердастони бештарy бештар корy фаолият мекyанд ва маблағе бадаст меоварданд ки ҳатто ба гузарондани миёнаи зиндаги кофи намебyд вале раисон пулҳои ҳангуфтро мегирифтандy кайфy сафо мекарданд. Дар натиҷа ҳамин шyд ки хешy табори бо дипломи ало хатм кардаги ин зулми ситамро напазиранд ва ба Расия муҳоҷир шавандy дар онҷо барои зиндагии худ ба корҳои даст зананд ҳеҷ рабте ба тахасyси онҳо рабте надошта бошад ва ҳамин тавр илмy марифатy касбy ҳамаи меҳнати онҳо барбод равад ва натавонанд бо он илме ки аз худкарда бyданд хидмате ва мулкy миллат карда бошанд”.

Аммо шахсе бо номи НИ\з шояд ба торҳои аъсоби бисёриҳо нохун зад: “Чаро рости гапро намегуед ки чавонони имруза тарсу ва буздиланд. Падаронашон, ки дар Россия гуломанд онхоро гуломона тарбия мекунанд ва ин чавонон ягон зарра шуру шар надоранд хама онхоро чи коре кунад токат мекунанд. ТОби сиесатро хам надорнанд на барои он ки дониш кам аст барои он ки тарсу ва буздиланд!!!!!!!!”

Ҳоло Шумо бигӯед, ки чӣ назар доред. Аммо, лутфан, нахуст, гуфтугӯро бубинед.

01.09.2014 - Posted by | Ватан, Рӯзгор, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҷомеа |

2 Comments »

  1. ба назарам давлатмардон рост мегуянд
    дипломҳои баъди 1992 ба дард намехурад.
    чаро?
    чун медонанд ки давлат дарин муддат коре накардааст. пас натиҷаи кори худро содиқона мегуянд.
    Пас хурда нагиред.

    Comment by хеким | 02.01.2015 | Reply

  2. мухтасари ҳикояте аз тобистони 2014
    …. Пас аз сад оворагӣ, дарбадарӣ, аз ин тараф ба он тараф дар ниҳодҳои давлатӣ давидан, ба академияи илмҳо ҳам рафтам. Мусоҳиба додам барои қабул шудан ба магистерӣ. Устоди мусоҳибагиранда розӣ буданд ва хеле ташвиқ ҳам карданд. Вале…
    Чанд нафар ҳам бо ман дар мусоҳиба ширкат карданд, ки тақрибан ҳеҷ чиз намедонистанд, ҳеҷ чиз.
    Баъд аз муддате он донишҷуёнро дидам, корҳояшон дуруст шуда буд, дар ҳоле ки ман ҳанӯз дар кӯчаҳои пойтахт овора будам…
    Дар мавриди донишгоҳи миллӣ намехоҳам сӯҳбат кунам, шояд ашкам мерезад. таҳқирҳое, ки шудам, азобҳое ки кашидамро намехоҳам бигуям.
    … Фақат мухтасар бояд гуфт, ки натиҷа надошт ва ман ин қадар хушиқбол набудам, ки дар “Оксфорд”-и Тоҷикистон дарс хонам. Ҳамонҷое, ки бо устодҳояш сӯҳбат мекунам дилсард мешавам аз ояндаи ватанам, шогирдони ин устодҳо… дигар худатон қазоват кунед. (албатта мутлақ намегуям)

    Comment by хеким | 02.01.2015 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: