Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нафаси фаришта

Имшаб Ниёзбоқӣ ба хобам омад. Ногаҳон ва бе ҳеч ангеза. Вале бо дарди сахти шаҳидоне, ки дигар аз онҳо ёд намекунанд. Гуфтанду гузаштанд, аммо сӯхтани бепоён бо падару модар ва ҳамсару фарзандон мемонаду бас.

Даврони гузашта ва чеҳраҳои он дастхуши таблиғ ё фаромӯшиянд. Бузургӣ ҳоло ин қадар хурд шудааст, ки ба “зиндабод!”-и чанд ҳамшаҳрӣ ё судҷӯ тамом мешавад. Бозигарони ҷомеа агар хостанд, аз ночизакон қаҳрамон месозад ва қаҳрамононро ночиз мекунанд.

Дардҳое ҳастанд, ки намесазад ба ҳамагон гуфт. Ин гуфтан аз арзиши онҳо мекоҳад. Дардҳое ҳастанд, ки дар сухан намеоянд. Онҳоро бояд фақат дар дӯши дили худ кашид ва бо худ бурд. Пас куҷо донанд, дигарон қаҳрамонони моро?

Аҷаб лабханди поке дошт Ниёзбоқии содадил ва якрӯ. Покие шабеҳи руҷӯъ ба дил. Имшаб дар хоби ман ӯ як бағал лола дошту ба сӯям меомад ва ҳамин гуна лабханд мезад. Ин қадар софу беғубор! Чашмонаш пур аз дурахши зиндагӣ, мӯйҳояш шонахӯрдаву тобнок, мӯйлабчаҳояш шабеҳи олуфтаҳои Порис, пироҳанаш сафед мисли барф, пушти сараш пуштаҳои сабзу хуррам, хандааш мисли нури хуршед, хатти утухӯрдаи шимаш мисли теғ, пойафзолаш сайқалхӯрдаи дастпармоси фариштаҳо…

Лабханд мезад, ки ризо аз ҳама буду набуд аст. Беҳасрат аст. Даъвое надорад. Хосту ниёзе низ. Ниёзбоқиро ниёзе боқӣ намонда. Ниёз ба касе ва чизе надорад. Бигзор касе аз ӯ ёде накунад, дуое нафиристад, як калима ҳам нагӯяд. Ӯ бениёз аст.

Дар баробари ин бенинёзии мутлақи фариштасон шармсор будаму арақшору ошуфтаву афсурда, ки мани пир зиндааму нафас мекашам ва ҳаво аз нафасам мегандад, фазоеро, бигзор камтарин ҳам бошад, пур кардааму меравам ва меоям, менишинаму мехезам, мехӯраму оруғ медиҳам, солҳо мегузаранду маро бадтар мекунанд, аммо ӯ ҳамоно ҷавон асту тозарӯву хандону дурахшону поку озода! Дар миёни дарахтони шукуфони биҳишт, аз хилоли абрҳои нафис парвоз мекунад ва нафасаш чун нафаси як фаришта ҳаворо поку накҳатбор мегардонад.

Чанде пеш буд, ҳамагон саргузашти қаламкашони шаҳидро менавиштанд ва касе аз ӯ ёд накард. Шояд барои он ки на ҳамҳамае дошту на дағдағае. Инсони шикастанафсе буд ва саршори хирад. Дунболи орзу мерафт, на аз пайи ҳавас ё нафс. Алҳақ, чунин касон ба чашм нахоҳанд хӯрд. Сухане нахоҳанд гуфт, ки баҳси пуршӯр ба дунбол дошта бошад. Ҳарчӣ гӯянд, мақбул хоҳад буд. Ҳам мақбули душман ва ҳам писанди дӯст. Вале мо одати баде дорем, ки чунин афродро набинем ва талош кунем, ки аз одамакҳо одам бисозем. Дар ҳоле ки шояд бузургтаринҳо онҳое ҳастанд, ки ҳамарӯза кори худро ба беҳтарин шева анҷом медиҳанд ва иддаои он намекунанд, ки ин кор дида, гуфта, шинохта ва пардохта шавад.

Вай кори одии худро мекард ва иддаое надошт. Касе мақолаҳои ӯро хонда бошад, ба як натиҷа мерасид, ки ҷое барои баҳс нест. Чизеро навиштааст, ки ҳаст. Худро дар байни сатрҳо донову закиву бузург намудор накардааст. Баръакс худро дар гӯшае аз мақолаи худ, дақиқтараш дар охирин сатр – имзои муаллиф ниҳон кардааст. Вассалом. Ойинае, ки танҳо мӯҳри тавлидкунандаашро дорад, на нақшунигору обуранги булаҷаб. Ончӣ дар ойина дида мешавад, чизест, ки ҳаст ва ҷое барои ихтисору илова надорад. Барои баъзеҳо – як журналисти қаторӣ. Аммо барои ман – Журналист!

Орзуҳояшро бо худ бурд. Нонавиштаҳояшро ба хок. Кӯтоҳ навишт, аммо абадӣ. Худовандгона ҳарфи Худоро навишт. Манам, ки рӯйи сафҳаро бо қалами шикаста кӯдаквор мехарошам. Қалами ӯ алами болобаландест дар сари қабраш. Вай чизҳоеро, ки менавишт, бо марги худ исбот кард. Ман менависам, аммо далел надорам.

Ман дар гӯшаи торики дунё ҳарф аз ҳарфи дигарон меҷӯям, то бошад, сухане гуфта бошам, ӯ бо хуни дилаш дар сафҳаи осмон ҳарфи худро навишту рафт. Ҳарфе ҷовидона, ки ҳар бомдоду ҳар ғуруб онро мебинаму мехонам. Ман хостам, бо ақлам нависам, ӯ бо дилаш навишт, ман бо қалам, ӯ бо ҷонаш.

Шод буду фархундаву хуҷаставу растагору сарзинда ва лабхандаш пур аз ҷон буду нур. Пур аз омурзишу бахшоишу ишқ. Пур аз одамият ва бе кину адовату кажандешӣ.

Наметавонистам, барояш лабханди ҳамсанг занам, чун шармсор будам, ки ӯ тавонист ва ман натавонистам. Ва ҳамон наметавонам. Ва ҳамон нотавонам.

Наметавонам гуноҳамро бихарам, ки ман зинда мондаму ӯ бо сари баланд кушта шуд. Натавонистаам, ҷони қотили маккори зархариди турктозро дар ивази ҷонаш бигирам, натавонистаам, ҷони пирамро ба ивази ҷони ҷавонаш бидиҳам. Нарафтаам ба дунболи қотили дун ва хунбаҳои наситондаи ӯ осмонамро арғувонӣ кардааст. Вай ҷонашро фидо кард ва ман ҳамоно ҷон меканам. Солҳост, ҷон меканам, аммо зиндаам ҳанӯз. Сазои сарам ҳамин аст. Сазои ин сар ҳамин аст. “Ба куҷо барам сареро, ки накардаам фидояш?!”

Вай синаашро сипар кард, то дигаронро наҷот диҳад, ман дигаронро сипар кардам, то ҷонамро раҳонам. Вай наҷот ёфт, ман дар бандам. Дар банди бузургиҳои хурду ночиз.

…Имшаб Ниёзбоқӣ ба хобам омад. Чашмонаш пур аз дурахши зиндагӣ, мӯйҳояш шонахӯрдаву тобнок, мӯйлабчаҳояш шабеҳи олуфтаҳои Порис, пироҳанаш сафед мисли барф, пушти сараш пуштаҳои сабзу хуррам, хандааш мисли нури хуршед, хатти утухӯрдаи шимаш мисли теғ, пойафзолаш сайқалхӯрдаи дастпармоси фариштаҳо. Як бағал доғи сурх дошт дар пироҳани сафеду ба сӯям меомад. Кош, маро ба диёри худ фаро хонад…

03.05.2015 - Posted by | Инсон, Каме латра, Тоҷикистон | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: