Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Иржи Бечка – дилдодаи фарҳанги Хуросон

Ба муносибати 100-солагии ховаршиноси шаҳир Иржи Бечка

Jiri-BeckaКорномаи донишвари машҳури чех, доктор Иржи Бечка ба сари худ як марҳилаи томе дар илми шарқшиносии ҷаҳон аст. Боризтарин дастовардҳои ӯ дар ин роҳ додани чеҳраи дигар ба ховаршиносии Аврупо, рӯшанӣ афкандан ба Хуросони Бузург ҳамчун мояи рушди фарҳанги эронӣ ва исломӣ, шиносонидани рангорангии тамаддуни эрониён ва исботи ягонагии решаҳои он ва навсозии ҳанҷору меъёрҳои пажӯҳиши Шарқи мусулмон буд.

Агар то Бечка нигоҳи илми шарқшиносӣ ба омоҷи омӯзишаш аз боло ба поён равиш мегирифт, бо талошҳои ӯ ва ҳамовардонаш он нигоҳе шуд аз паҳлу ба паҳлу, яъне баробар бо ҳам. Аммо диди худи Бечка ба мавзӯъ нигоҳе буд аз дарун ба дарун. Бечка он гуна ба умқи мавзӯъ фурӯ рафт ва он қадар рӯҳан дар батну матни он зисту аз ҳавояш нафас кашид, ки дигар на ҳамчун як шахсе аз берун ин омоҷро мепажӯҳид, балки ҳамчун шахсе, ки гӯё аз рагу решаи худи ин мавзӯъ ва сарзамин буд. Бо ин Бечка ба ховаршиносӣ биниши мӯшикофона ва пирояи одилона дод.

Ин корнома нақши доктор Бечкаро дар рушди улуми ховаршиносӣ ба андозае бузург ва амиқ кард, ки бе ягон тардид ӯро метавон дар садри шарқшиносони садаи бисти Аврупо қарор дод. Бархӯрди нави ӯ на танҳо гиреҳҳои деринаро боз намуду сарнахҳои тозаеро ба даст дод, балки барои бисёре аз ховаршиносон роҳнамои кор ва намунаи илҳомбахш гардид.

Дар давоми беш аз шаст даҳаи фаъолияти илмияш, Бечка бо нашри садҳо рисолаву мақола дар бораи адабиёт, таърих, забон ва фарҳанги мардуми эрониасл, бо ҳазорон сафҳа тарҷумаи осори адабиёти классик ва муосири форсизабонон аз забони асл ва маърӯзаҳояш дар садҳо конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон на танҳо фазоҳои бешумори наверо дар шинохт ва тадқиқи адабиёту таърих ва забону фарҳанги ақвоми эрониасл боз кард, балки тавонист, равиши умумӣ ва ҷойафтодаи илми шарқшиносиро дар Аврупо ва берун аз он тағйир диҳад.

Барои Бечка дар омӯзиши Шарқ, бо вуҷуди паҳно ва умқи беохири фарҳанги он, масъалаҳои бузург ё хурду реза вуҷуд надошт. Ӯ ҳамаи онҳоро яксон муҳим медонист ва таваҷҷӯҳаш ба чизҳое равона мешуд, ки дигарон хурду реза мегумоштанд. Ин барояш имкон медод, чизҳоеро бинад, ки дигарон намебинанд ва ба натиҷаҳое расад, ки дигарон намерасиданд. Ва дар ҳама ҳолат ӯ ба фактҳои илмӣ ва мустанад такия мезад, онҳоро бо нуги қалам ҷамъ меовард ва бо нуги қалам кохҳои наве бунёд менамуд.

Ба ин роҳ Бечка аз як сӯ тавонист, густураи фарохи фарҳангу таърихи Шарқи порсигӯро фаро гирад ва аз сӯи дигар дар намунаи адабиёти тоҷик нафистарин тобишҳову таҳаввулоти онро ҷилва диҳад. Зимнан, то ҳанӯз касе натавонистааст ба андозаи Иржи Бечка дар илми тоҷикшиносии ҷаҳон раҳкушо ва саҳмгузор гашта бошад.

Дар ҳар чизе, ки доктор Бечка менавишт, хоҳ рисолаи бузург ва хоҳ як тақризи хурд фарохнои донишҳои амиқ ва дақиқи ӯ ба ҷилва медаромад. Гӯё мавзӯъ аз зовияи дигар, аммо бо ҳама ҷузъиёташ боз мешуд. Фактҳои кӯчаке, ки ӯ медонист ва пеш меовард, манзараи тамом ва густардаро ба намоиш меоварданд.

Пирӯзмандии Бечка натиҷаи мантиқии таърихи ҳазорсолаи ховаршиносӣ дар сарзамини падарии ӯ –Боҳемия ё Чехословакияи собиқ буда, ба шарофати устоди донишманде ҳамчун Ян Рипка ба миён омадааст.

ҶОЗИБАИ ШАРҚ

Иржи Бечка 16 октябри соли 1915 дар Прага, дар хонадони бонкдори муваффақ ба дунё омадааст. Падараш ба таҳсили ӯ диққати ҷиддӣ медод ва мехост, Иржи ҳуқуқшинос шавад ва манфиатҳои бонки ӯро дар баҳсу ҷанҷолҳои молӣ ҳимоят кунад. Ҳамин тавр, Иржи пас аз поёни мактаби миёна ба бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Карл дар Прага шомил шуд. Он замон, яъне дар солҳои 1930 Донишгоҳи Карл яке аз бузургтарин марказҳои илмии Аврупо буд.

Пеш аз оғози таҳсил, айёми таътили тобистонаи соли 1935, Иржи ҳамроҳи чанде аз ҳамсинфонаш ба Туркия ва Миср сафар кард. Ин сафаре буд, ки ҳаёти ояндаи ӯро рақам зад. Гӯё нафасе, ки вай дар ин сафар аз ҳавои Ховари Миёна кашид, дар ҳар ҳуҷайраи танаш ҷовидона боқӣ монд. Таҳсилашро дар бахши ҳуқуқи донишгоҳ идома медод, вале чизе ӯро маҷбур мекард, дар фурсатҳои фориғ аз дарсҳои ҳуқуқ ба синфхонаи омӯзиши забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ дар бахши фалсафаи донишгоҳ равад.

Шояд фазои умумии донишгоҳ ва баҳсҳои илмии он давра низ шавқи Иржиро ба ховаршиносӣ ангезиш медод. Ин даврае буд, ки саромадони илм, фарҳанг ва ҳунари чеху словак бар пояи анъанаҳои гузаштаи сарзамини худ дигарбора ҳарчӣ бештар рӯ ба Шарқ меоварданд ва оҳангҳои шарқӣ дар осори онҳо ҷойгоҳи вижа касб мекард. Ангор, дилтангие, ки ҳамсоягӣ бо Олмони рӯ ба фошизм ва лағзишҳои коммунизми Шӯравӣ ба самти Аврупо бармеомад, ҳавои дигаре мехост. Кандуковҳои фалсафӣ ва адабӣ дар гузаштаи хештан анъанаҳои хуфтаро бедор мекард.

Нахустин шиносоиҳо бо Ховар дар шоҳигарии Боҳемия ба садаҳои нуҳ ва даҳи милодӣ рост меояд. Тоҷирон ва ҷаҳонгардон аз Ховар ба ин ҷо моли нодиру булаҷаб ё андешаҳои афсонавии худро меоварданд ва чехҳо ва словакҳо ҳангоми зиёрати қадамгоҳи Исои Масеҳ бо Ховари Миёна ошно мешуданд. Пеш аз онҳо Ховар ҳамроҳи забони лотинӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишкадаҳои Андалусия таҳсил кардаанд, ба ин ҷо омада буд. Барои намуна, дар соли 1160 чанде аз хатмкардагони Донишгоҳи Кордоба дар Прага аввалин дармонгоҳ ва мактабҳои тиббиро бунён гузоштанд, ки бар пояи осори Абӯалии Сино кор мекарданд. Нахустин шарҳи осори Абӯбакр Закариёи Розӣ дар Прага дар соли 1380 аз тарафи Ян аз Ҳрадсе Йиндрихова навишта шудааст.

Аммо авҷи таваҷҷӯҳ ба осори бузургони Ховар дар садаҳои миёна рӯй зад. Дар ин давра калисои насорои чех бо масъалаҳои дардомезе рӯбарӯ шуд ва дар ҷустуҷӯи ислоҳот рӯ ба ҳама гуна андешаҳои барояш нав меовард.

Соли 1392 андешманди мазҳабӣ Томаш аз Штитне (1335-1409) достони Барлом ва Йосафатро ба чехӣ тарҷума кард, ки шакли масеҳии ҳаёти Буддо буд. Вале агар ин китоб бештар дастраси саромадони мазҳабӣ буд, сафарномаҳои Мартин Кабатник, Ян Ҳасоштейнски, Одрич Префат, Криштоф Ҳаррант ва дигарон ба Фаластин, Бизонс ва Миср дар солҳои 1400-1600 аз хонданиҳои шавқангези аҳолӣ буданд. Номаи олим, мутафаккир ва омӯзгор Ян Амос Камински (1592-1670) ба султони усмонӣ, ки дар он мегӯяд, китоби муқаддаси мусулмонон Қуръонро хондааст ва онро мепазирад, нишон медиҳад, ки Қуръон дар он давра ба воситаи лотинӣ ба чехӣ баргардон шудааст. Камински ҳамроҳи нома ба султони турк тарҷумаи туркии китоби муқаддаси насрониҳоро мефиристанд ва тавҳидро умумияти аслии ду дин мешуморад.

Тақрибан дар ҳамин давра порчаҳое аз китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” ва пажӯҳишҳои И. Прашек, Т. Ҳрубӣ, Р. Дворжак роҷеъ ба митроизм ва маздакия ба нашр расидаанд. Соли 1500 “Маснавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва соли 1550 рубоиёти Хайём ба чехӣ баргардон шудаанд.

Соли 1881 шоири маъруф Ярослав Врчлински “Девон”-и Ҳофизро ба чехӣ гардонд. Дар ин кор ба ӯ исломшинос И. Кошут ёрмандӣ кард. Аз он вақт жанри ғазал ба шеъри чеху словак таъсир гузошт ва ҳамкории адибону шарқшиносон дар тарҷумаи адабиёти Шарқ оғоз гирифт. Чунончӣ, шоир Витезслав Незвал дар ҳамкорӣ бо профессор Ян Рипка “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ, шоирон Владимир Ҳолан, Ярослав Сейферт ва донишманд Сватопулк Кадлес “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ, Иржи Боретски ва Ян Штибр достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсиро тарҷума карданд. Аз поёни асри 19 тарҷумаи “Ҳазору як шаб” бо унвони “Чунин гуфт Шаҳрзод” шурӯъ шуда, охирин ҷилди он дар соли 1955 ба нашр расид. Яке аз тарҷумонҳои он Фелик Тауэр (1893-1981) буд.

Аз садаи 9 то поёни қарни 20 садҳо ҷаҳонгарди чеху словаку маҷору австриягӣ ҳамоно ба Эрон, Осиёи Марказӣ ва Ҳинд сафар мекарданд ва сафарномаҳои онҳо бо шумораи зиёд нашр мешуд. Ба дунболи осори Вамберӣ пажӯҳишҳои Вилгелм Томашек аз Оломос бо номи “Суғдиён”, “Лаҳҷаҳои Помир” дар охирҳои садаи 19 ва ёддоштҳои Йозеф Аул — “Дар ватани Темурланг ва Зардушт” дар соли 1923 ба табъ расида, шӯҳрат доштанд. Бе ин ҳама пешина асари сарнавиштсози Ян Рипка “Таърихи адабиёти Эрон” номумкин мебуд.

ИШҚЕ БАРОИ ТАМОМИ УМР

Иржи Бечка дар донишгоҳе таҳсил мекард, ки Ян Рипка (1886-1968) ва Феликс Тауэр дар он дарс медоданд. Аммо онҳо устодони бахши фаслафа буданд ва Иржи дар бахши ҳуқуқ мехонд. Бо Рипка, Тауэр ва ҳамчунин Отакар Клима, Йозеф Клима, Павел Поуха, Ярмила Калускова, Вера Кубичкова ва даҳҳо тани дигар Донишгоҳи Карл як маркази муҳими шарқшиносии Аврупоро сохта буданд. Ин имкон дод, ки дар соли 1922 дар Академияи улуми Чехословакия Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ поягузорӣ шавад. Вале кори ҳарду марказ дар соли 1939 бо ишғол шудани кишвар аз тарафи фошистҳои олмонӣ қатъ гашт. Ҳамчунон таҳсили Иржи дар бахши ҳуқуқ низ.

Ишғолгарон ҳамаи донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳоро бастанд ва омӯзиши забонҳои русӣ, форсӣ ва ивритро манъ карданд. Танҳо дар соли 1945, баъд аз поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум Бечка тавонист, ба донишгоҳ баргардад ва бахши ҳуқуқро хатм кунад. Вале боз ҳам ӯ ҳуқуқшинос нашуд, балки дар бахши фалсафаи донишгоҳ ҳамчун котиб ба кор даромад ва ҳамзамон таҳсилро дар ин бахш идома дод, то онро дар соли 1954 ба поён расонад.

Дар ин солҳо Бечка ба яке аз шогирдони дӯстдоштаи профессор Рипка табдил меёбад ва ҳарчанд дар ибтидо ба омӯзиши забону таърихи турк машғул мешавад, дертар бо машварати Рипка рӯ ба форсӣ меорад. Нахустин мақолаи Иржи Бечка роҷеъ ба ховаршиносӣ дар соли 1943 дар рӯзномаи “Ҳолос” нашр шуда, ҳолнома ва осори Абубакр Закариёи Розиро фаро мегирад. Сипас дар соли 1951 вай достони кӯтоҳи Садриддин Айнӣ “Кафшҳои Мулло Туроб”-ро ба чехӣ баргардонд.

Сар аз ин давра таҳқиқи осори Айнӣ ба яке аз мавзӯъҳои асосии ӯ табдил меёбад. “Марги судхӯр”-и Садриддини Айнӣ — манзарае аз ҷомеаи Осиёи Марказӣ дар охири асри 19 ва аввали асри 20” мавзӯи рисолаи дипломии Бечка ҳангоми хатми донишгоҳ дар соли 1954 буд. Аз ин ба баъд вай ҳам дар донишгоҳ дарс медод ва ҳам ба навиштани бахши муҳиме аз китоби “Таърихи адабиёти Эрон”-и профессор Рипка машғул буд. Ин китоб, ки дар соли 1956 чоп шуд, дафъатан ба ҳамаи забонҳои аврупоӣ баргардон ва яке аз китобҳои дарсии донишгоҳҳои Аврупо шуд. Он нуқтаи олии корномаи илмии академик Рипка ва дебюти комёбонаи олими ҷавон Бечка гардид.

Дар яке аз маҳфилҳои ёдбуди Рипка дар Прага дар соли 1998, Бечка гуфт, тамоми талошашро харҷи он кардааст, ки кори Рипкаро идома диҳад. Вай танқиди бархе аз хурдагиронро, ки “Таърихи адабиёти Эрон” натавонист бо тазкираи Эдвард Браун — A Literary History of Persia (1902) рақобат кунад, қабул надошт ва мегуфт, Браун натавонистааст, ба дастовардҳои илмию адабии Хуросон таваҷҷӯҳи лозим диҳад, ҳол он ки Рӯдакӣ, Абӯалии Сино, Ал-Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Имом Бухорӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва даҳҳо абармарди илму адаби ҷаҳони мусулмон аз ин сарзамон бархостаанд ва ҳарчанд Закариёи Розӣ ва Умари Хайём дар Хуросони Бузург зода нашудаанд, маҳсули илму адаби Хуросонанд.

Бахши “Таърихи адабиёти форсу тоҷик” дар китоби “Таърихи адабиёти Эрон”на танҳо як инқилоби хурд дар ховаршиносии Аврупо, балки чароғи ҳидояти Бечка ва даҳҳо шарқшиноси ҷавон гардид. Бо навиштани қисмати марбут ба адабиёти тоҷик Бечка биниши сатҳиеро, ки даҳсолаҳо нақши намояндагони Хуросону Варорӯдро куллан ва тоҷиконро хусусан дар корномаи бузурги тамаддуни эронӣ ва исломӣ нодида мегирифт ё ба он баҳои кам медод, баҳам зад ва ҳақиқати дурахшонеро бо далелҳои раднопазир ба намоиш гузошт. Дар солҳои баъдӣ дида шуд, ки ин хулосаҳои доктор Бечка асоси қавии илмӣ доштаанд ва чанде аз ховаршиносон, аз ҷумла профессор Фредерик Старр дар китоби мондагораш сарнавишти хуросониёнро дар таърихи Шарқ як “Дурахши гумшуда” унвон намуд.

ИЛМ ВА СИЁСАТ

Агар пешвандони Иржи Бечка мероси илмию фарҳангӣ ва адабии форсигӯёнро ғолибан дар марзҳои кишваре ба номи Эрон ва давру бари он маҳдуд мекарданд, Бечка бо омӯзиш ва нашри корномаи намояндагони ин фарҳанг дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Ҳинд, Қафқоз, Осиёи Сағир ва ҳатто Балкан ҷуғрофиёи фарохтари ин тамаддунро нишон дод ва собит намуд. Муҳимтар аз ҳама ӯ ба исбот расонд, ки ин тамаддун як тасодуфи таърихӣ набуда, реша дар умқи қарнҳо дорад ва аз Хуросону Варорӯд сарчашма гирифта, ба ҳар чаҳор тараф паҳн шудааст. Дар яке аз китобҳои муҳим ва ҷамъбастияш — “Iranica bohemica et slovaca” (Praha 1996), доктор Бечка менависад, “вақте ки мо Эрон ва фарҳанг, адабиёт ё илми эронӣ мегӯем, танҳо Эрони имрӯза – Персияи собиқро дар назар надорем. Эрон аз лиҳози таърих, фарҳанг ва забон қаламрави хеле бузургтареро ифода мекунад.” Ин хилофи равишҳои ҷудоиандозӣ ва рақобатангезии бархе аз ховаршиносон буд.

Бо вуҷуди таъкид ба мероси бузурги илмию адабии Хуросон, Иржи Бечка онро аз фарҳанги ягонаи форсӣ ҷудо намедонад, балки ҳамаи ин қаламравҳоро ҷузъи як фазои ягонаи фарҳангӣ мешуморад, ки дар давраҳои гуногун бо марзҳои гуногуни сиёсӣ аз ҳам гусастаанд. Дар як рисолаи доманадор вай “Марги судхӯр”-ро бо “Ҳоҷӣ-оқо”-и Содиқи Ҳидоят муқоиса мекунад ва онҳоро, ки бо фосилаи 8 сол аз ҳамдигар, аммо пас аз наздик ба панҷсад соли ҷудоии сиёсии Эрон ва Тоҷикистон ба дунё омадаанд, самараи ирсии мероси муштараки фарҳангӣ мешуморад. Бе донистани амиқи таърихи ин фарҳанг ва ҳатто фолклору ҳаҷву танзи мардумии сокинони ду кишвар вай наметавонист, ин муқоисаро анҷом диҳад.

Ин вижагии пажӯҳишҳои Бечка аст, ки ҷузъро бидуни кул баррасӣ намекунад ва ҳамеша пайвандҳоро дар меҳвари таҳқиқоти худ мегузорад. Ҳатто ҳангоми баррасии вазъи адабиёти замони худ, вақте ӯ аз осори Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода ҳарф мезанад, аз Ҷамолзода, Ҳидоят ва Беҳозин дар Эрон, Хушҳолхони Хаттак ва Халилуллоҳи Халилӣ дар Афғонистон ё Иқбол дар Покистон низ ёдовар мешавад ва онҳоро ворисони Рӯдакию Дақиқӣ, Румию Саноӣ ва Ҷомию Бедил медонад. Вай бархилофи сиёсати давр порчаҳои ҷудогаштаи як тамаддуни бузургро ба ҳам пайванд мекард ва сипас ин тамаддунро бо фарҳанги ватанаш ва Аврупо ва ҷаҳон васл менамуд.

Вижагии барҷастаи доктор Бечка ин буд, ки ӯ дар пажӯҳишҳои худ ба қалб ва умқи фарҳанги эронӣ расид, аммо на мисли бархе аз шарқшиносон бо ҳадафҳои муайяни сиёсӣ, балки бо ишқу муҳаббати тамом, шефтагии хос ва садоқати беинтиҳо.

Донишманди маъруфи тоҷик, академик Акбари Турсон муҳимтарин хосияти корномаи илмии Бечкаро дар “нақши созанда”-и он “барои такомули маънавии аҳли башар” мебинад ва менависад, бо заҳмати муҳаққиқоне мисли Бечка “пойдевори муколамаи фарҳанг ва тамаддунҳо”, асоси дарк ва пазириши “дигаргунагӣ”-и фарҳангҳои ғайр гузошта шудааст. Ин ҳам дар қарни даъвоҳои пурсарусадои он ки мо дар давраи “ҷанги тамаддунҳо” ба сар мебарем, дар авҷи худшефтагии тамаддуни ғарбӣ ва камбинии густарда нисбати тамаддунҳои дигар.

ДИДОРҲО ВА БОЗДИДҲО

Ишқи Бечка ба адабиёт ва фарҳанги Хуросони Бузургро рӯйдодҳои гуногуни зиндагияш нерӯ ва паҳно бахшидаанд. Барои намуна, дидори ӯ бо Бобоҷон Ғафуров дар соли 1956 бовари ӯро ба интихоби мақсади ҳаётиаш тақвият додааст.

Дар он сол Ғафуров ҳамчун мудири нави Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми СССР ба Чехословакия сафар дошт ва ҳангоме ки Бечка ҳамроҳи ҳайати расмии тарафи чех дар фурудгоҳи Прага ба салому шодбошҳои тоҷикӣ ӯро пешвоз гирифт, хеле шод гашт ва Бечкаро ба Тоҷикистон даъват кард. Бечка мегуфт, Ғафуров барояш таъкид кардааст, ки бештар машғули пажӯҳиши адабиёти тоҷик бошад. “Эроншиносон зиёданд, вале касоне, ки мисли Шумо Тоҷикистонро хуб шиносад ва таҳқиқ кунад, ангуштшуморанд. Ин роҳро давом диҳед,” гуфтааст Ғафуров ба Бечка.

Соли 1958 ҳукумати Тоҷикистон Бечкаро даъват кард ва барояш имкон дод, як моҳ дар Душанбе зиндагӣ кунад. Ҳар рӯз ӯ бо адибону олимони тоҷик мулоқот мекард ва фурсатҳои дигарашро дар “Ганҷинаи дастхатҳо”-и Китобхонаи Фирдавсӣ мегузаронд. Баъд аз бозгашташ ба Прага Бечка сардабири маҷаллаи Novy Orient (“Шарқи нав”) таъин шуд. Бори дигар ба Душанбе ӯ дар соли 1964 сафар кард, то дар ҷашни 550-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ширкат варзад. Дар ин байн ӯ се мақола дар бораи Рӯдакӣ, як матлаб дар бораи Айнӣ ба табъ расонд.

Аммо дар соли 1968, вақте “Баҳори Прага” саркӯб гардид ва нерӯҳои Шӯравӣ Чехословакияро ишғол намуданд, Бечка аз ҳамаи вазифаҳои худ истеъфо дод ва айнан монанди ишғол шудани кишвараш аз тарафи фошистҳои олмонӣ гӯшашинӣ ихтиёр кард ва дар хона бо кори илмӣ саргарм гашт.

Ҷолиб аст, ки дар ин давра мақолаҳои ӯ асосан дар Олмон ба нашр расиданд. Ӯ ҳамчунин ба тарҷумаи осори бадеӣ машғул шуд ва порчаҳое аз “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш, асари Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо”-ро ба чехӣ баргардонд. Ба шоирони чех ҳамкорӣ кард, то осори намунаҳои осори Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ ва Гулрухсорро нашр кунад. Ҳамчун узви шӯрои таҳририяи чандин маҷаллаи ховаршиносии Аврупо, асарҳои тозаи илмӣ ва адабии Тоҷикистонро барои онҳо тақриз мекард, барои донишномаи “Ираника”-и Эҳсони Йоршотир матлаб менавишт.

Ховаршиноси маъруфи Олмон Манфред Лоренс дар соли 2011 гуфт, Бечка ба танҳоӣ Маркази тоҷикшиносӣ дар Прага буд ва корҳои илмии ӯ бо адабиёт маҳдуд нашуда, ба таърих, фалсафа, фолклор ва забоншиносӣ низ пайванд мегирифт. Ноширон, олимон, маҷаллаҳо ба суроғи ӯ меомаданд, зеро медонистанд, ки касе нахоҳад тавонист беҳтар аз ӯ ин ё он мавзӯи таъриху фарҳанги мардуми эрониаслро шарҳ диҳад. Паҳнои ин мавзӯъҳо Бечкаро як донишманди энсиклопедист ҷилва медиҳад: “Нашри “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар Маскав, “Сарнавишти Пайрав Сулаймонӣ”, “Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ”, “Пажӯҳишҳо дар осори Аҳмади Дониш”, “Танзи Убайди Зоконӣ” ва ғайра. Дар тақризҳои худ Иржи Бечка гӯё сӯҳбату баҳсҳояшро бо олимоне чун Аълохон Афсаҳзод, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода ё Забеҳулло Сафо идома медод.

Бо бисёре аз онҳо Бечка равобити дӯстӣ дошт ва аз ҷумла дар Прага дар соли 1955 бо доншманди мабруфи эронӣ Саид Нафисӣ вохӯрда, детар дар ҳамин шаҳр адибони саршинос Бузург Алавӣ, Жолаи Исфаҳонӣ, Мансури Шакӣ, Маҳмуди Ибодиён, адибони тоҷик Мирсаид Миршакар, Саидалӣ Маъмур, Наримон Бақозода ва адибони афғонистонӣ Халилуллоҳи Халилӣ, Салоҳиддин Саидӣ ва дигаронро дар манзилаш, ки гӯё хонаи урфии тоҷикӣ буд, меҳмондорӣ кардааст.

Бо омӯзиши мӯшикофонаи равобити фарҳангии Аврупо ва Ховар Бечка на танҳо ба таърихи додуситадҳои фарҳангии тарафайнро рӯшанӣ андохт ва бузургии таърихи фарҳангу адаби Ховарро ба намоиш гузошт, балки таъсири онро ба адабиёти Ғарб бозтоб дода, ба идомаи ин таъсир мусоадат намуд. Овардани танҳо ин намуна кофист, ки яке аз бузургтарин шоирони чех, барандаи Ҷоизаи Нобел дар адабиёт, Ярослав Сейферт дар ҳамкорӣ бо Рипка ва Бечка ба тарҷумаи осори шоирони классики тоҷику форс машғул буд ва мисли даҳҳо шоиру нависандаи чеху словак аз дурдонаҳои ин хазина баҳраи зиёде бурдааст.

ДАР ҶУСТУҶӮИ ЗЕБОӢ ВА ҲАҚИҚАТ

Талошҳои суботкорона ва ғайратмандонаи Бечка ба он равона шуда буд, ки зебоӣ ва ҳақиқати фарҳанги эрониёни бостон ва ворисони онҳоро ба ҷаҳониён фаҳмонад ва бо ин роҳ ба ҳусни тафоҳум миёни тамаддунҳо ва ғанои маънавии дунё мадад кунад. Дарки нозукиҳои тамаддуни эронӣ ва бозёфтҳои ӯ дар ин хазинаи пургуҳар баъдан борҳову борҳо дар осори адибони аврупоӣ, гоҳо бо ишора ба хидматҳои ӯ ва аммо ғолибан бе чунин иқрору эътироф такрор шудаанд.

Ду вижагии корномаи Бечкаро наметавон зикр накард. Яке шефтагии томаш ба адабу фарҳанги мардуми эрониасл ва махсусан тоҷикон ва дигаре, диққати тамом ба хурдтарину ҷузъитарин коре, ки дар ин самт анҷом додааст. Вай аз дуриҳои дур ба камтарин падидаҳои адабиёт дар Тоҷикистон диққат медод ва беҳтар аз ҳар шарқшиноси дигар решаву пояи ин зуҳуротро дарк мекард. Ҳангоми навиштани ҳатто як хабари хурд дар бораи нашри ин ё он китобе дар Тоҷикистон ин қадар дақиқ кор мекард, ки дар ягон навиштааш хато ё камбудие ёфтан номумкин аст. Донишмандони зиёде ба мизони арзишёбиҳои Бечка баҳои баланд додаанд ва нигоҳи ӯро ба падидаҳои адабу фарҳанги мардуми эрониасл объективона, мӯйшикофона ва бетардид номидаанд.

Маълумоти густарда ва ғолибан наве, ки Бечка дар ин ришта ба аврупоиён ва куллан, ҷаҳониён, пешкаш намуд, барои ховаршиносии замонаш ҷолиб, дақиқ ва орӣ аз ҳама гуна иштибоҳ ё кӯтоҳӣ буда, натиҷагириҳои амиқ ва борикбинонаи ӯ ба пажӯҳишҳои ҳамзамонон ва пасовандонаш таъсири носутурданӣ ва ҳалкунанда гузоштаанд. Вай ба ҳайси шахсе ба майдони ховаршиносӣ омад, ки бо истифода аз имкониятҳои нав ва фарохтари садаи 20 ҳар яке аз ёфтаҳои пешгузаштагонашро озмоиш ва бознигарӣ намуд, донишҳои то ин замон андӯхтаи муҳаққиқони пешинаро ҷамъбаст кард ва дурдонаҳои тозаеро ба махзани эроншиносии ҷаҳонӣ ворид сохт. Ин хидмати бузургу бебаҳо на танҳо ба илм буд, балки ҳамчунин ба тамоми мардуми форсигӯ ва ҳамаи дӯстдорони ин фарҳангу тамаддун дар саросари олам.

Иржи Бечка аз соли 1999 то охири умраш раиси Ҷамъияти робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Чех бо Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва сардабири фаслномаи “Бӯстон” буд, ки дар он тозатарин намунаҳои назму насри Тоҷикистон ва ахбори фарҳангӣ аз ин се кишвар пайваста нашр мешуд.

ВОПАСИН САФАР

Моҳи сентябри соли 2002 бо баҳонаи рӯнамои китоби банда “Тоҷикон дар қари бистум” имкон пайдо шуд, Иржи Бечка охирин бор дар умраш ба Тоҷикистон сафар кунад. Ин барояш фурсате буд, ки бо дӯстони деринааш мулоқот ва аз гузаштаҳо ёд кунад. Мақомоти Тоҷикистон ба ӯ дар бозгашт сарулибоси тоҷикӣ ва тӯҳфаҳои зиёде ба армуғон доданд, ки Бечка онҳоро ба Осорхонаи мардумшиносии Прага тақдим намуд ва ба ин восита дар ин музей гӯшаи “Тоҷикистон” боз гашт.

Дар ин миён ӯ ҳамчунин “Фарҳанги форсӣ ба чехӣ ва чехӣ ба форсӣ”-и худро, ки мегуфт 50 сол ба ин сӯ менавишт, ба поён расонд ва нашр намуд. Ҳоло ин вожанома дар Ҷумҳурии Чех ҳамчун “Луғати Бечка” маъруф аст. Дар заминаи он мақолае ба табъ расонд, ки вомвожаҳои форсиро дар забони чехӣ рӯнамо кард. Ва тайи ин солҳо ӯ кори асосии ҳаёташ — “Таърихи адабиёти форсу тоҷик”-ро се дафъаи дигар таҳриру такмил ва бознашр намуд. Арзиши ин асар дар ин муддат бештару бештар мешавад, ки кам на.

Вопасин китоби ӯ “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ” дар соли 2005 аз чоп баровард, ки як тазкираи адабиёти форсизабон аст аз Рӯдакӣ то Сӯҳроби Сипеҳрӣ. Дар он дар бораи наздик ба сад шоиру нависанда маълумоти мухтасар дода шуда, намунаҳое аз осори онҳо нашр гаштааст. Донишгоҳи Карли Прага эълон кард, китобро ҳамчун дастури таълим истифода хоҳад кард. Ин китоб баъд аз як соли даргузашти Бечка нашр шуд.

Ирди Бечка дар синни 89 рӯзи 21-юми декабри соли 2004 дар Прага даргузашт. Аз ӯ ба ҷуз корномаи бузурги илмию адабӣ духтаронаш Лайло, Ойиша ва Зиннат монданд, ки дар ғояти муҳаббаташ ба фарҳанги Шарқ ба онҳо чунин номҳо гузошта буд. Аз миёни онҳо Лайло бо омӯзиши ҳунарҳои нафис дар кишварҳои Шарқ машғул буда, аз таърихи кулолгарӣ ва заргарӣ дар Осиёи Марказӣ ва Эрон чандин китоб навиштааст.

Becka

Бо Муҳаммадҷон Шакурӣ, Урун Кӯҳзод, Валӣ Самад ва журналист Ҷамшед Хатлонӣ, Душанбе, 2002

Иржи Бечка ва Эраҷ Баширӣ

Иржи Бечка ва Эраҷ Баширӣ

Дар Душанбе, соли 2002

Дар Душанбе, соли 2002

Бо Соҳиб Табаров ва журналист Сайёфи Мизроб

Бо Соҳиб Табаров ва журналист Сайёфи Мизроб

28.09.2015 - Posted by | Uncategorized

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: