Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Хонаи мо куҷост?

Evening 01Китоби писари ман Исфандиёр ё Диёр, ки аз сарнавишти як навраси тоҷик ҳикоят мекунад, ба нашр расид. Рӯзҳои ноороми Тоҷикистон аз нигоҳи як кӯдаки 8-сола, ҳаёти як навраси тоҷик дар миёни мардумони бегона, талошҳои худҷӯӣ ва худшиносӣ ва рӯ овардан ба даргоҳи Худо баъзе аз бобҳои ин китоби 255-саҳифагиянд. Ӯ ҳунарпешаи синамо ва театр аст, аммо ба англисӣ аз дардҳои насли ҷангзада шеър менависад ва ин аввалин китоби насрии ӯст саршор аз хотираҳои Душанбе. Роҳи сафед, нури чашмонам! Дардҳои моро ба ҷаҳониён расон.

Continue reading

11.10.2015 Posted by | Ватан, Инсон, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | , | 10 Comments