Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Хонаи мо куҷост?

Evening 01Китоби писари ман Исфандиёр ё Диёр, ки аз сарнавишти як навраси тоҷик ҳикоят мекунад, ба нашр расид. Рӯзҳои ноороми Тоҷикистон аз нигоҳи як кӯдаки 8-сола, ҳаёти як навраси тоҷик дар миёни мардумони бегона, талошҳои худҷӯӣ ва худшиносӣ ва рӯ овардан ба даргоҳи Худо баъзе аз бобҳои ин китоби 255-саҳифагиянд. Ӯ ҳунарпешаи синамо ва театр аст, аммо ба англисӣ аз дардҳои насли ҷангзада шеър менависад ва ин аввалин китоби насрии ӯст саршор аз хотираҳои Душанбе. Роҳи сафед, нури чашмонам! Дардҳои моро ба ҷаҳониён расон.

Кӯдак буду аз ман мепурсид, ки хонаи мо куҷост? Механдидаму мегуфтам, писарам, тамоми ҷаҳон хонаи мост ва тамоми замин замини Худованд. Аммо ҳис мекардам, ки аз посухи ман розӣ нест.

Ҳоло дарк мекунам, ки “хонаи мо” барои ӯ гӯшаи орому сабзи Душанбе буд. Хонае, ки бобоҳову бибиҳояш ё тағову амаку холаҳояш сари чанд вақт аз дараш медаромаданд. Ё ҳамсояҳо. Ё ҳамсинфонашу омӯзгоронаш. Ин хона андаруни ёдбудҳояш пур аз чеҳраҳои зебо, чашмҳои пурнур ва лабхандҳои гарм буд.

“Не, хонаи худ-худии мо куҷост?” — Суолаш дар нимтаҳхонаи намноки иҷораи Маскав пур аз нами ашки дилаш буд, аммо шояд ин ашкҳоро ман намедидам ё намехостам бубинам, чун дили худам хун мегирист. Чун гумон доштам, мо баъд аз яке ду моҳи дигар ба ватан бармегардем. Барои ҳамин онҳоро, кӯдаконамро ба мактаби урус ҳам надода будам ва худам барояшон дар хона дарси забону адабиёту таърих барпо мекардам.

Баъд дар виллаи сеошёна, аммо кирояи Прог шоме бо ҳам таронае шунидем. “Ин хона қашанг аст, вале хонаи мо нест”. Навраси дувоздаҳсолаи ман гуфт, касе ки мехонад дар бораи мо мехонад. Оҳанг дарди дили моро сабуктар мекард.

Аммо суол гум нашуд. Он бозу боз садо дод. Дар хобгоҳи серодами Ню Йорк, пасон дар меҳмонсарони Лос-Анҷелес, дар кулбае дар Сиракуз, дертар дар Денвер. Вай мепурсид ва ҳамзамон гӯё ҳамеша хонаи сабзи душанегии хонадони моро меҷуст. Хонаеро, ки дар он “Исфандиёри ҷун” буду ғурбат ӯро ба Коля, Диор, Стивен, Айсмен (Марди ях) ва Трент табдил дод. Ман аз инҳо Диёрро дӯст дорам, зеро он ишораест ба ин ки ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи диёри худ асту мардумони худ ва диёрест, ки дар тани Диёр ба диёрҳои ҷаҳон сафар мекунад.

DiorТаҳсил дар Донишкадаи синемо ва театри Ли Страсберг, дар зимн Исфанд аввалин тоҷике шуд, ки ин донишкадаро хатм кард, барояш бозгашт ба ҳолатҳои равониии дилхоҳро омӯзонд. Вай метавонист, дар чанд лаҳза ба даврони кӯдакияш баргардад ва гумон кунад, ки рӯбарӯи бобояш нишастаасту ба ӯ менигарад ва сӯҳбат мекунад. Ё ҳамроҳи бачаҳои ҳамсоя сар-сари ёлаҳои канори Душанбе медавад ва лолахасак мечинад. Ба гуфтаи ӯ, роҳу шеваҳое ҳаст, ки одам тавонад, ҳисси даҳҳо сол пеш таҷрибакардаи худро дар ҳастии хеш эҳё кунад ва онро дубораву себора ба сар барад.

Бо ин “силоҳ” дар филмҳо мебозиду дар саҳнаи театр ва дар як филм ҳатто коргардонро ризо кардааст, ки ба тоҷикӣ ҳарф занад, зеро ин барояш ёрӣ медиҳад, ҳолати зарурии равониро ба вуҷуд орад. Ин шуд, ки дар нимаҳои филми амрикоии “Brackish” қаҳрамони асосӣ ногаҳон ба забони тоҷикӣ сухан мегӯяд, савганд мехӯрад ва кафи дасти хешро бо ханҷар мебурад.

Бозӣ бо равони худ бехатар нест. Бархе аз ҳунарпешаҳо мумкин аст, ба ҳолате он қадар ғарқ шаванд, ки берун омадани онҳо аз чунин ҳолати равонӣ мадади равонпизишк ва равонковро талаб кунад. Бачаи ман аз ғалаёнҳои ҷиддие гузашт. Ва як рӯз гуфт, таҷрибааш ӯро маҷбуо сохт, ки китобе нависад. Ҳамаро рӯйи когаз орад ва холӣ шавад. Ҳафтае пеш ин китоб нашр шуд. Бо номи “Ҳолати бехатар ё ҷанги дилҳо”.

То хондани ин китоб намедонистам, ки ҷанги Тоҷикистон, ғарибиҳо, зиндагӣ дар мулки бегона ба фарзанди ман чӣ таъсири амиқе доштааст. Намедонистам, ки худам ҳамчун як падар кистам ва чӣ кардаму чӣ накардам, то куҷо падари хуб будам ва то куҷо на. Сипос мегузорам аз ӯ, ки ҳамаи дарду ғам ва шодию фараҳи худро рӯшод навиштааст. Аммо афсӯс ба забоне, ки ман мисли забони модариям хуб намефаҳмам.

Исфандиёр менависад:

“There is an old Tajik saying:
“In the city of one eyed people be one eyed.”
This saying has a lot to do with the way I have been living my life. Since an early age, I have faced many changes that required me to adapt or face alienation. When first moving away from my grandparents’ home to the city, and meeting the people in my new neighborhood I realized that different places have their own way of life. Moving from a village to a city can be a very big change, and for me even though I denied it, it certainly was. This denial became a part of my shadow, and all these years I pretended like it was never there.No matter how far I traveled, it was always there.”

“Як масали қадимии тоҷикӣ ҳаст: “Шаҳри якчашмаҳо рафтӣ, якчашма шав. Ин масал  дар тарзи зиндагии ман хеле нақш доштааст. Аз ҳамон хурдсолӣ ман пайваста бо дигаргуниҳое рӯбарӯ мешудам, ки маро маҷбур мекарданд ё худро ба онҳо созгор кунам ё рад шавам. Вақте бори аввал аз хонаи бобо ва бибиям дар деҳа ба шаҳр кӯчидам ва одамони наву ҳамсоягони навро дидам, дарк кардам, ки ҳар ҷо тарзи зиндагии худро дорад. Аз деҳа кӯчидаву шаҳрнишин шудан метавонад як тағйири бузурге бошад ва ҳарчанд ман мехостам, онро нодида гирам, дар асл ин як чархиши муҳиме дар ҳаётам буд. Ин саркашӣ аз дарки воқеият ба бахше аз сояи ман табдил ёфт ва ин ҳама сол ман вонамуд мекардам, ки ҳаргиз он вуҷуд надошт. Аммо ба куҷое сафар мекардам, он ҳамеша ҳамроҳам буд.”

Ҳамчун падар ман магар заррае диққат медодам, ки ҳаёти фарзандам дур аз ман, дар деҳ ё шаҳр, бо ин касон ё касони дигар барои дилу эҳсосоти ӯ чӣ андоза такондиҳанда будааст? Иқрор мекунам, на. Мо одат дорем, кӯдакро ба назар нагирем. Кӯдак кӯдак аст, чӣ мефаҳмад? Барои волидон фарзанд ҳамеша кӯдак мемонад. Мо аз ӯ хостҳову талабҳое дорем, вале ба хостҳову талабҳои ӯ аслан намеандешем.

Фарзанди ман барои навиштани “Ҳолати бехатар” тахаллуси Трент Фалкоро интихоб кардааст, то нигоҳаш ба хештан, аҳли хонавода, дӯстону ҳамдарсонаш бетарафона, бе хотирбинӣ ва аз канор бошад. Боз як ҳувияти дигар. Шояд наметавонист ҳамчун “Исфандиёрҷон” ин ҳамаро ин гуна ошкору самимона нигорад. Равобити мо, тоҷикон, бо падару модар ё хоҳару бародарамон ба гунаест, ки шояд танҳо пас аз марг ҳақиқатро ба худ ё дигарон гӯем. Деворе ҳамеша дар миён аст.

Аммо китоб бештар дилнома, дарднома ва рӯҳномаи худи ӯст. Ҳамон ҷустуҷӯи ҳувияти хештан, дарёфти наху риштаҳои нозуки пайванд бо касони дигар, бо хоку оби сарзаминҳои гуногун ва дур аз ҳам.

Дарёфтам, ки дардҳои дилаш ба андозаи коинотанд. Оғоз доранду поёне на. Ҳар зарраи дардаш аз ҳар ҳуҷайраи ҳастияш берун меоянд. Дили ранҷкашидаи бачаи ҷанги Тоҷикистон, ки ба ҷои бозӣ бо дӯстонаш дар фазои бехатари зери осмони ватан маҷбур ба фирор аз ин ватан шуд, то бо кӯлбораки хурде дар дӯш пайроҳаҳои ғарибиро сипарад. Мисли ҳазорон кӯдаки дигаре, ки рӯди хунини Омуро гузаштанду дар мулки афғон дар хаймаҳои зистанд ва шояд низ мепурсиданд, ки хонаи онҳо куҷост. Ҳеч чизе дар ҷаҳон сахттар аз радду рондашудан нест! Чи дар ватан ва чи берун аз он. Чӣ шуморе аз мо дар ин солҳо рад ва ронда шудем! Чӣ шуморе аз кӯдакону тифлон, ки намедонистанд, дар атрофи онҳо чӣ мегузарад, чаро модарашон пинҳон-пинҳон бо нуки остин ашки чашмонашро пок мекунад ва чеҳраи падараш ин қадар сиҳёу ғамзада гаштааст. Ва онҳо ҳама ба куҷо мераванду мераванд?

Ӯ ҳам ба дуноли хонадон аз дар ба даре, аз кишвар ба кишваре рафт. Ҳанӯз дар ҷое реша нагирифта, ба ҷойи дигар. Ба ҳар шаҳре, ки дар он зист, дил баст, бо ҳар кӣ нишасту бархост, ба ӯ тоҷикона дил дод, акнун дилаш ҳазорпорча асту ҳар пора бо ҳам меҷангад. Барои касе, ки умре дар як хона, як кӯча, ҳамон як шаҳр ва як кишвар зистааст, чӣ қадар сахт аст ёфтани хештан. Вале агар 20 соли умри ҷавону пурхурӯши шумо дар байни чандин хонаву кӯчаву мактабу шаҳру мамлакат ҳисса-ҳисса шуда бошад, ҳувияти шумо ба кадом пайроҳа хоҳад рафт? Бо як дили кӯчаки ҳазорпорча хештанро чӣ гуна хоҳед ёфту шинохт?

Дар ин китоб бо меҳри як фарзанд аз Тоҷикистон ёд мекунад ва мегӯяд, дар ҳар шаҳри дигар, ки мезист, дар хонааш ва дар дилаш Тоҷикистонро дошт. Дар хона тоҷикӣ ҳарф мезад, дар берун русӣ, чехӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ. Бо падару модар як тифли тоҷик буд, лек намедонист, дар берун кӣ бошад, то рад нашавад. Менависад, дар ҳар забон гӯё бо ҳувияти дигаре рӯбарӯ мегашт ва Коляву Диору Стивену Трент бо Исфандиёр даргир мешуданд. Чанд ҳувият ва ҳар кадом мехостанд, бар як тани бечора ҳокими тамом бошанд. Ӯ бо ҳамаи онҳо буд, аммо на аз они ҳеч кадом. Ӯ муросо ва мудоро меҷуст, вале намеёфт. Зеро дар 8-солагӣ аз Тоҷикистон рафт ва дар ҳеч кишвари баъдие ончандон назист, ки барои он кишвар “худӣ” шавад. Аслан, медонист, ки ҷони худро ба гарав ҳам гузорад, барои онҳо 100% “худӣ” нахоҳад шуд. Муҳоҷират ҳамин аст. Аз ватан ки рафтӣ, то дами марг муҳоҷир хоҳӣ монд. Муаллақ айни замину осмон. Шояд барои ҳамин талоши зиёд мекард, ки аз Сашаву Максим камтар набошад. Ё аз Янеку Ҳонза ва Ҷеку Тимотӣ кам наояд. Мисли онҳо бошад. Он гоҳ Исфандиёр нопадид хоҳад шуд. Агар Исфандиёр бимонад, бо инҳо чӣ гуна хоҳад зист? “Ман кистам?” — суоли дигари сахте ба дунболи “Хонаам куҷост?”

Пас аз худҷушиҳо ва худҷӯиҳо, мегӯяд “ҳолати амн”-и худро ёфта ва шинохтааст. То замоне ки яке аз ҳувиятҳо бар ҳамаи дигар пирӯз нагардад, кас аз ҷанги ҷаҳонии онҳо эмин нахоҳад буд. Барои ин ба ӯ зарур омад, ки на танҳо рӯҳан кӯдакии худро дубора ба сар барад, ҳар калимаи бобои худро ба ёд орад ва дар дилаш ҳак кунад, балки таърихи сарзамину мардуми худро омӯзад ва онро оғозгоҳи Одаму Ҳаво тасвир кунад. Ва роҳе ёбад а сӯйи Парвардигори якто ва доно! Амри гузаштаи бузурги худро дар гӯш гирад, ки “Бани одам аъзои якдигаранд” ва “дар офариниш зи як гавҳаранд!”

Намедонам, ҳамчун падар ман барояш коре кардам ё на. Ман то чанд моҳи охир гӯё нобино ва ношунаво будам. Ҳоло китобашро мехонаму чашмонам боз мешаванд ва донаҳои ашкам ба рӯйи сафҳаҳо мечаканд.

Дар шарҳи як ишораи ман ӯ чунин посух дод: “Ман хушбахтам, ки Худованд маро фарзанди Шумо офаридааст. Падар устоди аввалини инсон аст ва ман шодам, ки аз мактаби Шумо гузаштам. Имруз нишаста фикр мекунам, ки бе шумо зиндагие, ки ин қадар сахту мушкил аст, ҳазорон бор мушкилтар мешуд. Ман сипос мегузорам. Додо, ман шуморо хеле hам дуст медорам. Шумо jони ман hастед.Сипос мегузорам ба hарфhои ширинi шумо, ба чеhраи шумо ки ба ман дилбардори медихад, ба суhбатhои пур аз хиради шумо ва а меҳрубонии дили шумо. Худованд шуморо hамеша пур аз хурсанди, саломати, бо дили бегам ва хотири jамъ нигоhдоранд.”

Юсуфи ман бозгашт! Бозгашташ шоду хуҷаста бод! Аммо аз ҳар яки Шумо, агар ин навиштаро хондед, хоҳиш мекунам, ки саре ба сафҳаи ӯ занед ва ташвиқаш кунед. Агар тавонед, китобашро бихаред, агар натавонед, дархост кунед, то бароятон ҳадия кунад. Мегӯяд, ин китобро барои Шумо ва фарзандони Шумо навиштааст. Диёр барои ҳамдиёронаш!

11.10.2015 - Posted by | Ватан, Инсон, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | ,

10 Comments »

  1. Илохо каламаш буррову равшан бод. Номбардори миллат. Комебию муваффакият ераш бод.

    Comment by Парвиз | 12.10.2015 | Reply

  2. Tabriku muborak boshad! Qadami nakhustinash muborak! Sabki padarash hiss meshavad. Az navishtaho bui andesharoniyu jumlabandii tojikona meoyad. Khonai shumo dilhoi most.

    Comment by mardiroh | 12.10.2015 | Reply

  3. Metabrikam ustod Salim va Diyorro!!!!! Xudovand umri Isfandiyorro daroz kunadu asarhoi bisyore ofarad gustoxi nashavad nisbati ustod ammo az on kas ham navisandai behtar shavad!!!!!!!!! Samimona metabrikam va umedvoram ki asarhoi oyandaash ba tojiki niz tarjuma meshavand. Albatta xub ast ki yak TOJIK ba angilisi navisad va ba hamai jahoniyon arzishho va ananahoi milli farhangu madaniyati moro muarrifi kunad, lek tarjumaash ba tojiki boshad yo xati forsi bad nameshavad.
    Umri darozi bobarakat ba harduyaton!!!!!!!!!!!!

    Comment by Salmoni | 12.10.2015 | Reply

  4. Ҳамеша саломату шоду муваффақ бошанд! Умеди санъату ҳунари нави тоҷикон!

    Comment by Eso | 12.10.2015 | Reply

  5. Ҳарчанд китобро нахондаем, аммо боиси хурсандист, ки ҳамсоли мо – як ҷавони тоҷик дар хориҷ чунин китобе менависад. Аҳсант. Номбардори падару модар ва миллат!

    Comment by Shodmon | 12.10.2015 | Reply

  6. Салимчон, чи хабари зебое, ки Исфандиери шумо ба Диераш, ки дилхои хамаи мост, баргаштааст. Аз ашкхоятон, ки руи китобаш фирор кардаанд, мисли он ки бохабарам, чун аз холи хонаводахои мухочирон ва фарзандони дар ба дари онхо, ки хонаву хуввияти худро мечуянду ашк ба домони волидайнашон мерезанд ба хуби ошно хастам. Сипоси фаровон ба писари нозанинатон, ки талош варзидааст, то дардхои хануз хуншорашро бо хамаи мо таксим кунад. Тавони ин корро танхо Юсуфхо мебардоранд… Ва сипоси бепоен ба шумои азиз, ки чашме рушан ба сари фарзандон нишондаед ва хам сирри озод буданро ба онхо омузондаед. Хамаги тансихату шод бошед!

    Comment by Muborak | 13.10.2015 | Reply

  7. Муборак ва роҳат сафеду пурбарор бод, Исфандиёри азиз ! Шуморо ҳам табрик мегӯям, Салимҷон ако, ки дидани кори неку мондагори фарзанд насибатон гардид.

    Comment by Маъсум | 13.10.2015 | Reply

  8. Салом Исфандиёр туро бо навиштани китоби аввалинат табрик мегуем ва ба ту умри дароз ва ба корхои илмиат муваффакиётхои беназир
    орзумандем.Хамеша номбардори падару модари азизат бош.Бо эхтироми оилаи Курбоновхо ва Алимовхо.Худо нигохдоратон бошад.

    Comment by Бибимахтара Алимова | 17.10.2015 | Reply

  9. Хеле хурсанд шудам аз ин хабари хуш. Хар ду падар ва писарро самимона табрик мекунам.

    Comment by Адаш Истад | 30.03.2016 | Reply

    • Сипоси фаровон, Устоди арҷманд! Табрики Шумо рӯҳафзост. Иттифоқан, яке аз китобҳои дӯстдоштаи Исфандиёр дар кӯдакияш маҷмуаи Шумо — “Парвози меъмор” буд.

      Comment by aioubzod | 09.04.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: