Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Осиёи “маҳал” то кай хоҳад гашт?

parchamИн мавзӯи ҳассос ба ҳамагон ошност, вале кам касон омодаанд, дар бораи он ба гунаи ҷиддӣ суҳбат кунанд. Бисёриҳо хомӯширо “сад тило” медонанд, вале гумон аст, сукут роҳе ба сӯйи беҳбуд бошад.

Мавзӯъ маҳалгароист, ки ба гуфтаи нависандаи тоҷик Ҳабиб Саид дар шакли вирус ё ангали “М” ба тамоми рагҳои ҷони миллат хазида, онро бемору нотавону беирода ва ҳатто то ҷое ноумед кардааст. Бархе ин ҳолро нодида мегиранд, бархи дигар ҷиддӣ намешуморанд, қисме онро “навбати осиё”-и як тараф дар посух ба тарафи дигар медонанд ва афроди ангуштшуморе нигаронанд, ки “посух ба посух” то куҷо хоҳад расид.

Шубҳае нест, ки “бомбаи соатӣ”-и ангали “М” ҳанӯз дар замони шӯравӣ гузошта шуд. Бахше аз кишвар, ки дар поёни садаи XIX бо ишғол шуданаш аз тарафи Русияи подшоҳӣ нисбатан дар ҳоли рушд буд, зимни маҳалгароии сулолаи раҳбар пешрафти бештар дид ва бахши дигар аз фарти камтаваҷҷӯҳӣ дар ҳоли нобаробар монд. Давлатмардон замоне ба ислоҳи хато пардохтанд, ки Шӯравӣ дар бистари марг буд.

КЕШИ МАҲАЛ

Умеди хаёлпарастони солҳои 1990, ки истиқлоли кишвар ва иқтисоди озод давои ин беморӣ хоҳанд шуд, ба бод рафт. Баръакс ангали “М” яке аз абзорҳои ҷанги солҳои 1992-97 шуд ва тафриқаро амиқтар кард. Вале ончӣ имрӯз мегузарад, на танҳо такрори хатои гузашта, балки афзудан ба он ва насби “бомба”-и ба маротиб бузургтаре шумурда мешавад.

Шиноси деринаам, яке аз мансабдорони тоҷик, дар суҳбати хусусӣ ин ҳолатро ҳамоно “талоши дастёфт ба рушди баробар” номид. Вай гуфт: “Як чизро фаҳм, ки як давраи таърихӣ ба поён расида, давраи нав сар шудааст ва вазифаи мо аз ҳамаи ҳукуматҳои пешина вазнинтар аст, зеро мо бояд миллатро созем”.

Аммо чунин “миллатсозӣ” чандон саҳеҳ ба назар намерасад, зеро миллатро на гурӯҳи мансабдорони як минтақа, балки ҳамаи ниҳодҳои давлат, порлумон, аҳли илму дину фарҳанг, мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ месозанд. Шояд аз ин ҷост, ки то ҳол талошҳои миллатсозӣ, агар ҳам ҳастанд, бенатиҷаанд ва бахше аз сокинони кишвар худро ҳошиянишину бесоҳиб, бегона ва нозарур ҳис мекунад. Намояндагони дин умадатан дар хидмати давлатанд, аҳли фарҳанг гирифтори мушкилоти худ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар ба ном вуҷуд дорад. Сатҳи бархе аз “миллатсозон” низ аз ояндаи хубе хабар намедиҳад.

“КИМЧИЗАТСИЯ”-И КИШВАР

Яке аз тоифаи “миллатсозон”, ки чанде пеш ба мақоми баландтаре соҳиб шуд, дар мулоқот бо сафири Амрико исрор кардааст, ки барои таҳсил дар ИМА бештар ҷавонони минтақаи ӯ интихоб шаванд. Дар барқияаш, ки Викиликс онро фош кард, сафир чунин дархостро “аҷиб” номидааст. Гузорише нашр шуда буд, ки буҷаи яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон бо ҷамъи буҷаи 13 ноҳияи дигар баробар аст. Расонаҳои ахбори ом таносуби аҳолии ноҳияҳо ва мансабдорони давлатиро, ба қавли Ҷумъа Давлатов, раиси Оҷонсии хидмати давлатии вобаста ба раёсатҷумҳури Тоҷикистон, “кимчизатсия”-и кишвар номиданд.

Аввали моҳи январи имсол Ҷумъа Давлатов дар нишасти хабарияш “кимчизатсия”-ро рад карда, гуфт, “дар таъини мансабдорон бӯе аз маҳалгароӣ нест.” Вай арқомеро овард, ки гӯё 40 дарсади 18 704 хидматчии давлатӣ зодагони вилояти Хатлон, 24% зодагони Суғд ва 8,6 дарсад намояндагони Бадахшонанд.

Агар ин омор ҳамчунин таносуб дар сатҳи сарварии вазорату кумитаҳоро нишон медод, шояд манзара рӯшантар ва “кимчизатсия” комилан рад мешуд. Ё баръакс, комилан тасдиқ. Ба ҳар тартиб, ӯро офарин бояд гуфт, ки мавзӯъро расонаӣ мекунад.

Албатта, одамон зодгоҳашонро дӯст медоранд ва гӯё ин як дилбастагии табиист. Вале вақте онҳо мехоҳанд, аз ин пайванд баҳрабардорӣ кунанд, чун ҳама амали нопок он ба фаҳшу фасод мекашонад.

Зодгоҳ чист? Як силсила шахсонеро мешиносем, ки дар водии Вахш зода шудаанд. Аммо онҳо на зодгоҳи ҳақиқии хеш, балки зодбуми пешини падаронашонро мепарастанд. Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон низ онҳоро зодгоҳи падарон аз ҳам ҷудо мекард, на зодгоҳи ҳақиқияшон. Ба назар мерасад, маҳал бештар нақши парчам ё “исми шаб” (“парол”)-ро мебозад. Вале оё парчам барои кадом майдон ва “исми шаб” барои кушодани кадом дар, худашон медонанд.

ДУРӮҒИ МАНФИАТОМЕЗ

Дар як сӯҳбат бо журналист ва нависандаи маъруф Петр Вайл, ки яке аз дӯстону ҳамовардони Иосиф Бродский буд ва аз худ китоби нодире бо номи “Нубуғи макон” ба мерос гузошт, аз ӯ пурсида будам, дилбастагӣ ба маҳаллеро далел чист? Гуфта буд: “Одамон вақте зодгоҳи худ ё шаҳру деҳеро дӯст медоранд, пеш аз ҳама на барои зебоӣ ё вижагиҳои он аст, балки ба хотири инсонҳоест, ки шахс дар ин ҷо дидааст, ҳамнишин шудааст, бо онҳо хуш гузарондааст. Ин эҳсосоти онҳо ба таври нохудогоҳ ба рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ кӯчонда мешавад ва маҳал мақоми асосӣ мегирад.”

Пас, ин афроде, ки дар хунашон ангали “М” доранд, метавон гуфт, бештар дар фикри худанд, то ғами маҳал. Ва ҳамон гуна ки худхоҳии онҳо ба рӯйи ин ё он маҳал хуршедвор метобад, ранҷишу озори хусусии онҳо низ нохудогоҳ бар фарози зодгоҳи “озордиҳандагон” соя меафканад. “Маро бад дид, зеро фулонҷоиям”, “фулонҷоиҳо бисёр одамони баданд”… Як шоири маъруфи мо ошиқи Эрону Афғонистон буд, вале чун аз намояндагони ин ду кишвар дар рақобат барои ҷойи кор шикаст хӯрд, гуфт, марзи ононро бояд симхор кашид. Ё раҳбаре гуфтааст, ҳамеша гумон мекард, мухолифонаш аз фулон ноҳияанд, баъд аз зуҳури як-ду нафар аз минтақаи дигар гуфт, акнун донист, киҳо дар кишвар душманони аслии ӯянд.

Ба касофати як ё чанд нафар душман хондани ин ё он маҳал ва нафрат варзидан нисбат ба сокинони он ҳамчунон ситоишу парастиши минтақае, бешак аз ангали “М” дарак медиҳанд ва олудагони онро шабеҳи дуздон мекунад. Дигаронро бояд ғорат кард ва адлу додро поймол. Битамом зидди ормони ниёкон. Бадтарин ҳолат вақтест, ки аз ин ангал бо ҳадафҳои сиёсӣ ва судҷӯиҳои тангназаронаи хусусӣ истифода мешавад ва насли калонсол амдан зеҳни ҷавонони бегуноҳро заҳролуд мекунад.

Вақте ки як ҷавон танҳо ба маҳзи ҳамдиёрӣ вазифа мегирад ва ҳамсоли аз ӯ даҳҳо бор донотараш дар Русия кӯчарӯбӣ мекунад ё ҳунарманде бепуштибону бегона мондаву ронда мешавад ва беҳунаре ба курсӣ менишинад, донед, ки ангали “М” дар рагҳои касе бозӣ кардааст, ки ба унвони “хидматгузори халқ” ба мақом роҳ ёфт ва аммо ба ин халқ носипосӣ мекунад. Ва ҳамзамон ноҷавонмарона дар паси номи маҳалли худ пинҳон мешавад.

Ба ин тартиб иддаои маҳал дурӯғест барои рафъи ниёзҳо ва расидагӣ ба холигоҳҳо ва нокомиҳои хеш. Он бештар уқдаи норасидагӣ ва камзарфист. Ё тақлиди ойинавор аз амалкарди бегонаҳое, ки дар тӯли садаҳо дар ин қавм ҷудоӣ андохтанду ҳукумат карданд. Аз ин ҷост, ки онҳо бештар ба тафовутҳо такия мезананд, то умумиятҳо.

ФАРОТАР АЗ ЯК ДЕҲА

Садаи 21 ангошти қолабӣ ё стереотиперо, ки тоҷикон дилбастаи зодгоҳи худанд, ба ҳам зад. Ҳоло садҳо ҳазор нафар дар кишварҳои гуногун ба сар мебаранд. Шояд ин ангошти замони шӯравиро душвориҳои кӯчондани кӯҳистониён ба водиҳо ё хусумат ба ақвоми ҳамсояи кӯчӣ шакл додаанд, чун далели таърихӣ надорад. Қисман зимни тохтутози аҷнабиён ва ҳам бо орзуи азалии зиндагии беҳтар ниёкони мо дар паҳнои бузурге аз соҳилҳои Волга то халиҷи Банғол ва аз Шинҷон то Мисру Марокаш ҳамеша дар ҳаракат будаанд. Сокинони Тоҷикистони имрӯза, агар дуруст таҳқиқ шавад,  пайвандҳое бо Фарғонаву Бухоро ё Марву Балх доранд.

Бархе аз қурбониёни ангалро шояд ноқаноатмандӣ аз муҳит ба ишқи зодгоҳ андохтааст. Ҳамчун охирин паноҳгоҳ. Агар чунин нест, аз ин ҳама ситоишу “оҳу воҳ” чӣ мехоҳанд? Он ҳам нолаҳое аз дурии садҳо фарсах. Яке нишаста дар Веллингтони Зелонди Нав ба номи зодгоҳи худ сафҳа боз мекунад. Сафҳаҳои “Фулони ман”, “Фулонҷоро дӯст медорам”, “Чакидаҳои фулонҷоӣ”, “Ишқи ман – фулонҷо” ба қавле лаб задаанд. Ҳар рӯз аксҳои кӯҳу дараву шаршара ин сафҳаҳоро пур мекунанд. Агар ин ҳама нерӯ барои пажӯҳиши масъалае ё роҳандозии хайрияе ба харҷ мерафт, шояд фоидаи бештар меовард.

Солҳо пеш нависандаи чирадасти тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ дар “Афсонаи деҳи матрук” наққошеро тасвир кард, ки аз хусумату сахтиҳои фазои шаҳр ба танг меояд ва дар ҷустуҷӯи покию роҳат ба деҳааш бармегардад, аммо чизеро, ки меҷуст, он ҷо ҳам намеёбад. Мефаҳмад, ки на аз муҳит, балки аз худ фирор карданист. Коре ношуданӣ. Одамон ба ҳар куҷо, ки раванд, мушкилоти худро бо худ мебаранд. Ва хотираҳои худро. Ва ҳам, агар сироят дида бошанд, ангали “М”-ро низ. Ба навиштаи Ҳабиб Саид, тоҷикон маҳалгароии худро ба Русия низ кӯчондаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешуд, дар мусофират одамон бештар ба қадри ҳамватани худ хоҳанд расид.

Бовар дорам, дар муҳоҷират ҳам зодгоҳпарастӣ фақат як шиори судманд барои афродест, ки аз обҳои тираи он моҳӣ медоранд, мардуми солим бояд аз он парҳез ҷӯянд. Чаро шиор? Зеро аксаран ҳамин гуна ашхос шиори ватанхоҳӣ низ мезананд. Ду чизе ки зидди ҳамдигаранд. Маҳалгаро наметавонад ватандӯст бошад, чун дар пайи баробарии ҳамватанони худ, қатъи назар аз маҳал ва қавмияти онҳо нест. Дар ниҳояти амр ин ҳол ба манфиати давлатдорону давлатдорӣ низ нест ва роҳи лағжонест ба вартаи хатар.

Вале ҷомеа ҳамеша механизме дорад, ки онро аз ангалҳо пок мекунад. Ҷомеа маҳалгароёнро ба интихоби сахте рӯбарӯ хоҳад кард. Ё бо ҳама ё ҷудо аз ҳама. Агар роҳи аввалро баргузиданд, бояд ботини худро поку озода кунанд ва назди виждон ва номуси худ узр хоҳанду савганд диҳанд. Агар роҳи дувумро баргузиданд, бояд аз номи миллат ва бо номи миллат ҳарф заданро қатъ кунанд.

Орзуи дили ман ҳамин аст, ки маҳалгароён ба гурӯҳҳое монанди махавҳо табдил ёбанд, ки ҳамаи мардуми солим на танҳо аз даст додан ба онҳо, балки ҳатто аз диданашон ҳазар кунад. Он гоҳ шояд ин мараз аз ҷомеаи мо дур шавад, зеро ҳеҷ кас махав будан намехоҳад.

ИНСОНГАРОӢ БАРОИ ҲАМА

Давлати Тоҷикистон солҳои охир ба хурдтарин ҷузъиёти ҳаёти  мардуми худ, мисли номгузорӣ ба фарзанд ё саломатии арӯсу домод ва ғайра дахолат мекунад. Аммо фурсате оё нарасидааст, ки иттиҳоми “маҳалгароӣ” дар қонуни ҷазо ҳамин гуна дақиқ ва муфассал пешбинӣ шавад. Дар омади гап, ҳоло даҳҳо нафар аз раҳбарон ва аъзои ҳизби манъшудаи Наҳзати Исломиро аз ҷумла ба маҳалгароӣ айбдор мекунанд. Ҳизбе, ки дар талоши қудрати сиёсӣ ба ҳимояти сокинони кишвар умед мебаст, чӣ гуна метавонад, маҳалгаро бошад? Ҷузъиёти иттиҳом чист ва оё метавонад ба афроди дигари иҷтимоӣ ва ҳатто давлатӣ низ рабт гирад? Маълум нест. То ҳол оё ягон нафари масъул бо чунин иттиҳом муҳокима шудааст ва далел чӣ буда? Оё мансабдоре, ки аз сафири Амрико хоҳиши “аҷиб” кард, ба нақзи ин банди қонун роҳ надод? Суолҳои беҷавоб.

Чун қонунҳо акнун хурдтарин ҷанбаъҳои ҳаётро низ фаро мегиранд, шояд Қонуни танаввуъ ё Қонуни бароарии маҳалҳо ҳам зарур аст, ки бино бар он саҳми ҳар ноҳия дар мақомоти давлатӣ бояд ҳамвазни шумори аҳолии он бошад? Агар ноҳияе 10 ҳазор сокин дорад, 1 вазир ва агар дигарӣ 20 ҳазор – 2 вазир? Ё худ ноҳияе, ки беш аз ҳама ба буҷаи давлат маблағ меорад, соҳиби квотаи бештар дар идораи давлатӣ гардад, чун ҳақ дорад?

Хуб, агар мақсад, ба гуфтаи шиноси ман, “миллатсозӣ” ба маънои nation-building аст, бояд ҳамин гуна бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ гомҳои ҳисобшуда гузошт. Давлатҳои пешрафта дар андешаи шаҳрвандсозиянд. Мансубияти қавмӣ, динӣ ва ҷуғрофиёии ин шаҳрвандон муҳим нест, балки лаёқату тавонмандӣ, қонунсолорӣ ва саҳми онҳо дар пешрафти мамлакат. Барои ин ба ҳамаи маҳалҳо таваҷҷӯҳ бояд яксон бошад ва касе худро бенасибу бегона ҳис накунад. Оре, душвор аст ва азхудгузаштагӣ мехоҳад. Аммо қаҳрамонӣ ва номи таърихист!

Ба ҳар тартиб, ҳанӯз ҳам фурсате ҳаст, ки хатоҳои деринаву баъдина ислоҳ, фазо бозу наву наврӯзӣ шавад ва ангали “М” аз таркиби хун зудуда гардад. Зеро давои саратон ҳанӯз ёфт нашудааст ва танҳо як чиз аст, ки бе ман ҳам медонед.

21.02.2016 - Posted by | Ватан, Маҳалгароӣ, Таърих, Тоҷикистон, Қонун

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: