Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ниёиши наврӯзӣ

NiyoishБа номи Ҷонофарини бахшанда ва меҳрубон.
Хостам ниёиш ба ту орам дар он лаҳзаи инсофу баробарии рӯзу рӯшнoӣ ва шабу торикие, ки ту офаридӣ. Дар он гоҳе, ки гардунро ба гардиш овардӣ ва паёми баҳору хазон ва маргу зиндагӣ додӣ.

Шод о ай гоҳи куҳан ба дили афсурдаи ман!
Бо насими бомдодӣ фаро каш нафасҳои шайтониро аз найҳои ҷонам, бо оби раҳмати абри найсон бишӯй ашкҳои сӯзонам ва лабхандҳои дуруғинамро.

Бигӯ, ки покӣ меорӣ ба ман ва ҳамагон.
Бигӯ, ки нуру гармӣ меорӣ ба яхистони дилҳо.
Бигӯ, ки ҳанӯз дар ин сарзамин донаи умедро раҳи рустану растану шукуфтан аз зиндони сиёҳи хок ҳаст!
Бигӯ, ки рӯзҳои сарду торики зимистон гузаштаанд ва баҳори сафаркарда бармегардад.
Бигӯ, ки ҳанӯз зиндагӣ дар пеш аст.
Бигӯ, ки хок пас аз моҳҳои сукути сиёҳ обистани ишқу орзу шуд.
Боварам деҳ, ки расидагони баҳор то зимистон хоҳанд зист.

Вале кош ғуссаи ман аз дилсардиҳои фасли сармо бошад.
Кош шодии ин ҳаво аз қаъри ҳастии ман берун ояд.
Шодию рӯшание бахшой, ки дар сияҳтарин гоҳ бо ман бошад.
Аз шодиҳои дуруғ маро наҷот бахш.

Магар шоданд, онҳое, ки беморанду метапанд?
Магар шоданд, онҳое, ки дар зиндони тираанд?
Магар шоданд, онҳое, ки ғарибанд?
Магар шоданд, онҳое, асиранд?
Магар шоданд, онҳое, ки танҳоянд?
Магар шоданд, онҳое, ки гуруснаву ташнаанд?
Магар шоданд раҳгумзадагон?
Магар шоданд бенавоён?

Нуре бахшой!
Осоише бидеҳ дили модари манро, ки сар ба пояш нагузоштам ва аз пойи равонам ба сараш ғаму ғубори ҳиҷрон борид.
Шодӣ бахшой ба мусофирони раҳдуру ранҷуру сарсону саргардон, ки дасти хабисон ба дили дардманди онҳо кӯтоҳӣ кунад.
Дар он гоҳи баробарии рӯзу шабонат хоҳам, ки шодию ғами маро баробари ҳам гардон, то яке арзану дигаре кӯҳ мабод.

Ниёиши рондашудаи биҳиштро мустаҷоб гардон. Омин! Вассалом!

20.03.2016 - Posted by | Каме латра, Наврӯз, Рӯзгор, Фарҳанг, Худшиносй |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: